wrapper

Институт

Институт

ХУРОФОТ ҶУЗЪИ ЗИНДАГӢ ВА Ё ОФАТИ ОН АСТ?

ИМОМНАЗАР ҲАҚНАЗАР – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

ХУРОФОТ ҶУЗЪИ ЗИНДАГӢ ВА Ё ОФАТИ ОН АСТ?

 ...

ИДОМА

Зарурати шинохти дурусти хурофот ва механизми мондагории он

 Ба назар мерасад, ки дар замони муосир, дар баробари ҷомеаи мо(чӣ ниҳодҳои давлатӣ, чӣ ҷамъиятӣ ва чӣ динӣ) саволи хеле ҷиддӣ қарор гирифтааст, ки бо ин селаи хурофоту таассуби офотӣ шуда, чӣ тавр бояд бархурд кард? Оё имкони зудудашудан он  ва ё “созгор” кардани қисми “камзарари он” бо замон вуҷуд доранд? Дидгоҳи ҷомеашиносона нишон медиҳад, ки ба хотири ояндаи бақои фарҳангҳо, аз ҷумла адён, то ҳадди имкон берун кардани омилҳои зиёновари хурофотӣ, ҳамчун амри зарурӣ, усулӣ мебошад [2]. Ба итминони мо, дар баробари  иқдомҳои умумӣ, аз қабили баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, ба хусус, ҷавонони синни мактабӣ, донишгоҳӣ, иқдомоти амалӣ, ба мисли корҳои фаъолиятҳои равшаннамоӣ, фаҳмондадиҳӣ, тариқи ташкили мулоқотҳои рӯ ба рӯи байни доираҳои илмӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ оғоз шаванд, ки бе ниҳоят муҳим мебошанд.

 Хурофот дар умум монеаи рушди фикрии ҷомеаҳо дар пешбурди зиндагии моддӣ бошад ҳам, аммо аз сӯи дигар, он ба мисли микробҳои муфиду музири табиат ба таҳлили дақиқу мӯшикофона, ба эҳтиёткорӣ низ эҳтиёҷ дорад. Зеро дар ин таҳлил ҳифзи таодул дар байни ҷаҳони моддӣ, равонӣ ва маънавӣ (маънавиёт, ки лузуман танҳо динӣ намебошад Ҳ.И.) ҳам дар миён аст, ки кори ҳам мушкил ва ҳам муаммои асосӣ боқӣ мемонад.

 Дар ин мавриди андешаи яке аз поягузорони илми сотсиология Э. Дюркгейм, “шинохти объективии ҳодисахои чамъиятиро вобаста ба арзиши онҳо бояд арзёбӣ кард” ҳам ба маврид аст.

 Барои шинохти дурусти хурофаҳои музир ва “бе зарар” бояд дар назар дошт, ки дар даруни одамон як ҳолати равонӣ, ки дар берун ҳақиқате надорад, “мавқеъ дорад”, вале бо ҳамон қувва хайёл, барои ҳама чиз тафсирҳо месозанд, ки аслан “муаммо”-и асосии ҳамон вуҷуди инсонро нишон медиҳад. Ҳофизи бузург ин матлабро хеле орифона дарёфта буд[5];

 Вуҷуди мо муаммоест Ҳофиз,

 Ки таҳқиқаш фусун асту фасона

 Ҳамин тариқ, манбаҳои асосии хурофот, аз як сӯ надоштани огоҳӣ маълумот, донишу илм дар мавриди воқеиятҳои ҷаҳони атроф ва аз сӯи дигар, набудани кӯшиш барои расидан ба он аст, яъне ба ибораи фалсафӣ “ҷаҳли мураккаб”, ки дар байти зерини шоире хеле равшан ташреҳ шудааст:

 Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,

 Дар ҷаҳли мураккаб абадудаҳр бимонад

 (Ва иловаи замон ба он;),

 Он кас, ки надонад ва нахоҳад, ки бидонад,

 Ҳайф аст, ки чунин ҷонвар зинда бимонад.

 Дар даврони мо, чунон, ки онро фаъолияту таблиғоти аксари ҷараёнҳои навзуҳури динӣ ( ки аксари кулашон гувоҳи бозгашти “қудрати сиёсии динианд ва на лузуман маърифати динӣ” Ҳ.И.), низ возеҳан нишон медиҳад, ки ба муқобили фарҳангу мероси ҷаҳонишудаи миллӣ, нобиғагони тафаккури сатҳи ҷаҳонии он, ба хотири ҷаҳонбинии гуманистии сатҳи башарӣ доштан ва ба хотири пардабардорӣ аз хурофоту қиссаҳои афсонавии “ҳақнамо”, ҳамлаҳо бештар шудаанд[2].

 Ҳарчанд, адён бо сеҳру ҷоду, ҷодугарӣ ҳам сатҳӣ (рӯякӣ) мубориза карда бошанд (сӯзондани ҷодузанҳо, соҳирону, олимон, ба шаклҳои мухталиф нобуд кардани рақибон, ба номи мушрику мулҳид, кофарону ғ.а, барангехтани ҷангҳои зиёди мазҳабӣ (ҷанги 72 миллати Ҳофиз), намунаи он мебошанд), вале ин ба манфиати поксозии адён набуда, балки ҳамеша барои бартарафкунии “рақобат”-ҳо дар ҷаҳони моддӣ ва хусусан, назорати мафкураи омма будааст[17]. Дар ҳаёти воқеии ҷомеаҳо, хурофот ҳамоно дар хидмати синфе, гурӯҳе, ки дар байнашон синфи ба истилоҳ “рӯҳоният” мақоми аввалиндараҷа дорад, мавқеи устуворашро аз даст надодааст. Гузашта аз он, тамоми афкору аъмоли худи диндорон низ комилан зери андешаҳои хурофотӣ қарор гирифта, имону рисолати аслии эътиқодро ҳам хеле тира сохтааст.

 Зарур ба ишора аст, ки дар исломи тақвият ёфта, табақаи махсуси диндорони мавқеъ гирифта, низ худро бо тақлиди нодуруст ” руҳонӣ” номиданд. Ин тақлид аз Юсқуф (Поп) ва арбобони динии Калисои Рум буд, ки худро аз дигарон ба Худо ва Пайомовар “муқарриб”, яъне рӯҳонӣ медонистанд ва ҳокмияти мутлақи диниро молу салоҳияти худ медонистанд ва ин мавқеъро маҳз аз ҳисоби ҳамон хурофотпароканӣ ҳам ба даст овардаанд. Дар ҳоле, ки вожаи “руҳонӣ” танҳо ба теъдоди хеле маҳдуди орифон, аҳли ирфон гуфта мешуд, на ба фақеҳону арбобону муллоёни сатҳи мухталиф, ки танҳо барои анҷоми умури динӣ барои диндорон масъуланд[1].

 Барои мисол, арбобону ходимони дини насронӣ дар “қонунӣ” кардани ҳукуматҳо нақши асосӣ доштаанд, интихоб ва таъйину машруияти подшоҳон дар дасти попҳо буд. Дар пайравӣ аз ин, дар намунаи таърихии мо ( масалан, ҳукумати Сафавиён (1502—1736), бо далели бартарии арзишҳои динӣ дар ҷомеа ва пайванди сиёсат бо дин, ҳокимияти сиёсӣ “муқаддас ва маъсум”(орӣ аз ҳар гуна гуноҳ) эълон шуд. Ба таври содда, хурофот ҳамчун абзори сиёсӣ, ба хотири итоати бе чуну чаро аз ҳокимият, онро ба сатҳи як фарзи динӣ бардошта, хурофоту бидъатҳои навро ҳам  сохтаанд. Яъне ҳамин арбобони динии ба истиллоҳи нодурусти “рӯҳониён”-и ба сиёсат омехта шуда, “аз номи Худои Коинот”, вале аз диду хости худ, ҳар гуна фатвоҳои аҷибу ғариб содир мекарданд, ки мондагории он дар замони мо, ҳам тааҷҷубовар ва ҳам хатарноктар боқӣ мемонад.

 Дар умум, тамоми нақли ривоятҳову ҳадисҳову қиссаҳои фаровони таърихӣ-диниро аз назари инсони замони муосир, ба соддагӣ ба категорияи  “хурофоти таърихӣ” метавон нисбат дод, зеро тамоми он фақат аз гузашта ва ё аз оянда, ки ҳар дуи он, мавҳуму норавшананд, қисса мекунад, вале дар бораи замони ҳол, ё воқеиятҳои заминиву замонӣ дар онҳо нуктае ҳам ёфт намешавад. Ва ҳоло чанде аз хурофаҳои муосирро, яъне созгории онҳоро ба тафаккури инсони мудерн, дар ҳоле, ки ҳуши маснъӯӣ ҳам “дар роҳ аст”, барои доварии бетарафона меоварем.

 Дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам, одамон бар он боваранд, ки фалонӣ аз баландие афтиду осебе надид, чун фариштагон, ё Худо ӯро “наҷот доданд”, ё фалон кор анҷом шуд, чунки “баракат дошт” ва ё моли дуздӣ ва зулмҳо “баракат надоранд”. Аз он тараф ҳам то ҷое дида мешавад, дуздон, золимон ҳам бештар мехуранд, ҳам “баракат доранд”, дар маконҳо ва шароити беҳтарин ҳам зиндагӣ мекунанд. Ё фалониро Худо “дӯст дорад” фалониро Худо “задаст”, Худо ба фалонӣ фарзанд дод, ба дигарӣ надод ва ғайра тафсироти хаёлӣ. Ва ё гаронии нархи бозор, ки соддатарин қонуни бозор, арзаву тақозо аст, дар китобҳои қадима, “нархҳо дар дасти Худоянд”, шарҳ дода шудааст ва ғайра[7]. Дар ҳоле, ки ҳамаи ин аз тариқи риояи ҳамон қавонини табиӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, физиологӣ “танзим” шуда, қобили шарҳ низ мебошанд.

 Масалан, дар рӯзҳои мо, яке аз “олимон”и маъруфи динӣ, ба хотири  “муқаддассозӣ” (реклама)-  заминҳои Қум (Эрон), ба асоси ривояти ҷаълӣ (хурофотӣ) иддаои “илмӣ” мекунад, ки “дунё ҳашт дари биҳишт дорад, ки се тояш ба Қум во мешаванд...” яъне ҳарчӣ бештари одамон барои “мустақиман” вориди биҳишт шудан”, барои қабр бо сарфи калон заминҳо харанд...

 Дар таърихи дунёи ғарбии қарни 19, замоне, ки дар он ҷо бар зидди бемориҳои кушанда, аввалин ваксинҳо кашф шуданд, калисо зиддияти шадид нишон дод ва олимонро бо гуноҳи “дахолат дар кори Худо” маҳкум кард. Яъне бемориҳои кушандаи оммавӣ ҳам “хости Худоянд ва дасти Худоро касе наметавонад, боздорад”[7].

 Дар фарҳанги исломӣ чунин намунаҳо бе ҳисобанд ва ҳар хоҳишманд метавонад онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустанад ва расонаӣ шуда пайдо кунад [18]. Масалан, арбоби баландмақоме аз минбар  мегуяд, ки лашкари ислом дар яке аз ғазавот (ҷангҳо) бе об монд, ҳама беҳол ба замин уфтоданд. Лашкаркашон назди Паёмовар рафтанду роҳи наҷот ҷустанд. Паёмовар даҳ ангушташро поин карданд, ки аз ҳар яки он об ҷорӣ шуд, чунон фаровон, ки ҳамаи лашкариён, чорпоен хурданду сер шуданду тамоми зарфҳоро ҳам пур карданду, вале об ҳамоно ҷорӣ буд... Ва ё яке охундҳои расмӣ дар Эрон ташвиқу таблиғ мекунанд, ки “занҳои иронӣ бояд бо мардони араб робитаи ҷинсӣ кунанд, то фарзандонашон сайидзода таваллуд шаванд”.

 Ходими баландмақоми динӣ дар маҳфиле, барои “афзудани имони исоли дигар пайравон”, қиссаҳое ба номи “ҳақиқат” мекунад. Дар маҳфиле пардае рӯи девор бо сурати ду шер овезон буд ва як замон шерон аз парда поин омаданду яке аз душманони ҳазрати Алиро покиза хурданду ва пас боз ба ҳамон парда “баргаштанд ва акс шуданд” ва аз ин  одам ягон“осоре” боқӣ намонд... Ё авлиёҳо бо ҳайвонот ба забони ҳайвонот “сухан” мекарданду ғайра.

 Дар ҷои дигар, халифаи муслимин дар минбар буд, ки аждаҳое дохили он шуд, ки ҳама аз ин шок шуданд. Ҳазрат ба мадум гуфт, ки “ ин бо ман кор дорад... ва дар гушаш “чизе” гуфту аждаҳо берун рафт... Пас ба мардуми ҳайратзада гуфт, ки “ ин мушкили хонаводагӣ  бо ҳамсараш дошт, омад машварат гирифту рафт... ”.

 Дар фарҳанги суннатии исломӣ, дар умум ва бо таассуфи бузург, нисбати инсон як назари камбинонаи хурофӣ пойдор монадааст, ки аз ҷаҳони берун аз он хеле фарқкунанда мебошад. Ба як мисоли воқеӣ назар мекунем; агар барои модаре, ки фарзандашро аз даст додааст, барои тасаллияташ бигӯянд, ки “ӯро Худо назди худ хост”, шояд як хурофоти “дурусту ахлоқӣ” ва барои замоне оромибахш ҳам намояд. Аммо агар он бо истифода аз боварҳои мазҳабӣ вориди фарҳанг шавад, танҳо мафкураи шаҳидпарвариро тақвият медиҳад ва онро як амри “муқаррарӣ”, “оддӣ” мекунад. Намунаи возеҳи он дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар тӯли 45 соли ҷанг, беш аз 3 млн аҳолии аз ҳама тарафҳои даргириҳои дохилӣ, бо як шиори “Аллоҳу акбар” кушта шударо “шаҳид” хондан, намунаи возеҳи он аст. Бояд таъкид шавад, ки бо такя ба ҷаҳонбинии суннатӣ, “анъанавӣ, “кӯшишҳои интиқоли чунин мафкура ба ҷомеаи тоҷикистонӣ” ҳам вуҷуд дорад[18]. Намунаи дигар фарҳанги “суннатӣ”, ки зери таъсири он, аксари диндорони маишатандеш ва табъан хурофаандеш қарор доранд, ин одамонро вобаста аз ҷинсияташон, бештар ҳамчун “нар” ва “мода” дидан аст, яъне қоил набудани зану мард, ҳамчун инсони баробар[6], ки боиси таззоди бештар бо ҷаҳони воқеии маданӣ гардидааст.

 Ваъзи “муътамади”яке аз “ба ном олими дин ”-ро шоҳид шудем, ки истидлол мекард;  “...худованд се намуди ҳайвон халқ кардааст, яке барои борбарӣ, дигаре барои ғизои инсон ва саввуми зан дар сурати инсон, барои рафъи “ваҳшонияти мардон”..., ки хеле шармовар, нанговар ва ғамангез аст, аммо инҳо танҳо намунаҳоеанд аз хирмани бузурги хурофотандешӣ ва тааассуб ки, аз ҳар яки мо андешаи ҷиддитар мехоҳад[18].

 Албатта манзур аз овардани ин намунаҳои фаровони китобӣ ҳам шуда, ба нияти интиқод, ё беэҳтиромӣ ба ин иддае аз арбобони динӣ, ё пайравони “омиёна” ҳам набуда, танҳо як ишора ба тарзи тафаккури боқӣ монда ва  қазовати солими он аст.

 Сарнавишт, тақдир, қисмат, шанс, соати нек, бад, бахт иқбол ва ғайра ҳам аз қисмҳои таркибии ҳамон хурофасозианд ва дар тамоми дунё ҳам, ба ҳар сатҳ дида мешавад, ки дар маҷмӯъ ботил, пуч, ва дуруғ аст, аммо ба онҳо чунон мақом додаанд, ки бархурди ақлониро дар ин мавридҳо (дар тиб, биология, равоншиносӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, ...)ба дур андохтааст[7]. Дар ҷомеаи мо ҳанӯз қиссаҳо, ривоёту достонҳои ғайримантиқӣ, мақоми хос, ба иборае, барои иддае шиор аз шуур мавқеи хеле болотар доранд, дар ҳоле, ки ақли мудерн, дигар ҳеҷ чизи исботношуданиро намепазирад, аз ҷумла муъҷизотро. Агар фарзан, дар ҷаҳони муосир,  алҳол100 проблемаи асосӣ мавҷуд бошанд, ба ягонтои онон аз тариқи адёну мазоҳиб посухи ақлонӣ, мантиқие пайдо намешавад.

 Ба таври дигар, аз назари илмӣ ва таҷрибаву воқеият, ҳар кас бо ақлу ҷисмаш сарнавишташро месозад, ки барои инсони мудерн хеле муҳим ҳам аст, ба иборае “сарнавиштро бояд дар сар навишт ва аз сар навишт”.

 Аслан дар олам неруҳое ҳастанд, ки дар асарашон ба асоси қавонини табиат, тасодуфҳои неку бад рух медиҳанд. Масалан касе дар замони муайян ба коре, амале машғул бошад ва дар берун ҳодисаи дигари хуб, ё баде рух медиҳад, ки ба кори ӯ алоқае надорад ва ё баръакс[13]. Вале одамон бо ҳамон қувваи хайёл онҳоро ба ҳамдигар нисбат медиҳанд, ки “ман бинобар иҷрои фалон кор боиси он ҳодиса шудам ва ғайра, яъне ин тасодуфҳо ва тақорунҳои (дар як замон баробар омадани ҳодисаҳо) неку бадро ба таври хурофӣ шарҳ медиҳанд. Яъне ҳамон шанс (иқбол) оқибате аст, на сабаб (вақте маълул на илал, сабабу оқибат ҷойиваз мешаванд ва дар хаёли худ чизеро шахсиятбахшӣ (персонификатсия) мекунанд, яъне ҳамон хурофасозӣ мебошад. Яке аз марказҳои тадқиқотии ғарбӣ расман эълон додааст, ки агар касе мӯъҷизаеро аз назари илмӣ, таҷрибӣ, ё роҳи дигар исбот кунад, 1 млн доллар ҷоиза медиҳад, аммо дар тӯли ин замон касе ҳозир нашудааст, “исботи” мӯъҷизаеро пешниҳод кунад. Бо вуҷуди таҳаввулоти бузург дар ҷаҳонбинии башари муосир, тағйиротҳои куллӣ дар сатҳи огоҳии иҷтимоӣ ва фардӣ, ҳанӯз ҳам, ҳар кадоме аз адёну мазоҳиб иддао доранд, ки “ҳақиқат” фақат бо онҳост, ки оқибатҳои гарони чунин тарзи ифротии хурофот, бештар, дар кишварҳои  марбут ба ислом ба мушоҳида мерасанд.

 Тавре ба соддагӣ мушоҳида мешавад, дар ҷомеаи замони гузариши тоҷикистонӣ, истихораву сеҳру фолу ҷодугарӣ ҳам хеле ривоҷ пайдо кардааст, ки ба ҷуз таъсирасонии манфиатхоҳонаи “рӯҳониёни қудсӣ” ба равони одамони камогоҳ, заъифирода ва хидматгорони зеҳну хайёл, ягон пояи муътамад надорад. Аммо фарзи мисол, агар асли дуои истихора (фол аз рӯи китоб) “талаби хайр аз Худо” бошад, вале “амалӣ” шудани он ба асоси назарияҳои илмҳои марбут ба равони инсон, аз тамаркузи комили равони худи шахс ба ҳамон “объекти дуо”, ба ибораи дигар, тамаркуз барои “бедор кардани Худои худ дар ботини худ” вобаста аст. Яъне Худованд инсонро чунон халқ кардааст, ки ҳар фард қодир аст(агар бо тамоми вуҷудаш бихоҳад) бо Худои “худ” робитаи бевосита барқарор кунад”, оромише пайдо кунад, вале на ба василаи шахси дигарӣ, ба ҳар ному мақоме, ки бошад ва ин нуктаи асосӣ ва нозуки муаммои равонӣ ҳам мебошад. Аммо одамон ба ба ҷои он, ки фикр кунад, дар мушкили зиндагӣ ва дарёфти роҳи ақлонии талоше кунанд, ба истилло, бо ҳамон неруи ботиниашон ба “даргоҳи Худои асил дуо кунанд”, ба назди шахси фосид, ҷодугар, фиребгар, шарлатан, ба номи мулло ё “рӯҳоние” мераванд, ки барояшон “китоб боз кунанд”, фол бинанд ва ғайра ва он ҳам дар ивази пулу моли калон анҷом шавад, ки ҷузъ маҳзи хурофа чизе таъбир шуда наметавонад.

 Ба қавли А. Эйнштейн “душвортарин кор фикр кардан, ба кор гирифтани ақл аст”. Мо ҳазор кори дигар мекунем, то ки заҳмати фикр карданро ба худ роҳ надиҳем ва ақлро ба чизи дигар (хайёл) иваз кунем.

 Файласуфи машҳур Р. Декард мегӯяд, ки “мардум аз Худо аз камбуди ҳама чиз гилла доранд ( пулу дороӣ, бахту иқбол ва ғайра, вале аз камбуди ақл касе гилла надоранд”. Гумон мекунанд, ки Худо ҳамон ақлро барои мо “хеле зиёд додааст”, аммо тавре мебинем, истифодаи он дар ҳамон сатҳи хеле поинтар аз қувваи хайёл боқӣ мондааст. Сабаб дар он аст, ки ақлро бо чизи дигар ҷонишин мекунем, зеро ҳамон табақаҳои манфиатдор, бо истифодаи зудбовариву камогоҳиҳои мо, барои мо, ба ҷои ақлу таҷриба роҳи “осонтаринро”, яъне хурофотпарастиро нишон медиҳанд.

Зарурати  равшангарӣ ва муқовимат бо хурофоту тааассубгароӣ

 Дар назари сатҳӣ зарурати мубориза бар зидди ин ду падида, чандон “ҷиддӣ” ба назар намерасад, яъне касе, ё гурӯҳе агар мехоҳад ба чизе қиссае, афсонае, хурофоте боварманд бошад ( масалан, касе аз хоб бо пои чап, дигарӣ бо рост мехезад ва), ё ба чизе тааассуб варзад, ба дигарон зараре надорад. Аммо агар ба таври дақиқтар таҳлил шавад, зиндагии рузмараи мо ғарқаи хурофоту таассуботи “ҷиддитар” аст, ки мисли ғубори ғализ пеши чашмамонро гирифта бошад ҳам, вале мо онро “дарку эҳсос намекунем”, чӣ расад ба ташхиси он аз бофтаҳои фалсафӣ, илмӣ ва ҳатто динӣ[8]. Масалан хурофотпрасте оберо ба номи “давоӣ”, ё “мӯҷъза”, е ғизоеро “барои шифо” ва ё гиёҳеро “барои беморие тавлид мекунад, ки аслан сиҳӣ намебошад ва мардуми зиёдеро ҳам бемор мекунад ва ё шорлотане бо “сеҳру ҷоду”, ки аслан чарбзабонии фиребанда аст, аз одамон “ақлдуздӣ ва пулдуздӣ” мекунад, ё чизҳои ҳамонанди он ва онҳоро фиреб медиҳад, бадбахт мекунад, ҳам бояд сарфи назар шаванд?

 Оё ҷудо кардани хурофаҳо ба муфиду музир зарур аст? Яъне он идда хурофаҳои инфиродӣ, ки ба монанди “дорунамо, пласебо”, бо механизми равони дохилӣ барои одамоне оромише медиҳанд ва дар пайванди иҷтимоии байни одамон, дар таодули ҷомеа як нақше доранд, ки онро дар состсиология  вазифагароӣ, “функсияи иҷтимоӣ” меноманд, ҳам ҳаққи будан доранд ё не?

 Аммо як чиз возеҳ аст, ки тамоми хурофаҳо зоҳиран “кумаккунанда”, оромбахш бошанд ҳам, аммо дар асл “дорунамо”, яъне пласебо”- анд, яъне ба ҷузъ оромии муваққатии фиребанда, ба ҷузъ мураккабтар кардани ҳолат, на сабаби дардро мебаранд, на саломат меоранд.

 Хурофот мисли як “сохтори иҷтимоӣ”-и ниҳодина шуда, дар ҷомеа нақшофарин бошад ҳам, ин нақш ба ҳар сурат ва дар умум, нишонае аз нақши мусбат надоштааст. Аммо он ба шакли “мудерн” пайдо шуда метавонад, ки боз дугонагӣ (дуализм)-и ҷаҳони моро нишон медиҳад, ба мисли илм, шибҳи илм, рост дуруғ, воқеият, хайёл ва ғайра, ки бояд дар мадди назар гирифта шавад.

 Дар замони мудерн, дар таҷрибаҳои маънавии башар, аз ҷумла ҷомеаи тоҷикистонӣ  ҳам консепсияи “ маънавият ва табиатгароӣ” и дар пояи илмӣ ба мавқеи болотар равон аст. Ба назар мерасад, ки ҳар чӣ бештари андешмандон, равшанфикрон ба мафҳуми ақл ( яъне таҷриба ва бурҳон), ба истидлолу мантиқ руҷӯъ ва такя мекунанд[5].

 Аз сӯи дигар, ҷаҳонбинии ғайри илмӣ ва ғайри мантиқӣ чунон дар бофтаи фарҳанги миллӣ ҷо гирифтааст, ки ба таври умум ва яку якбора аз байн бурдани тамоми анвои хурофаҳо ва ба ҷои он мавқеъ додани ҷаҳонбинии нав кори мушкилтарин, ё худ савол-муаммои асосие аст, ки дар баробари ҷомеаи имрӯзии тоҷикистонӣ қарор гирифтааст. Ба ибораи дигар, ба соддагӣ ва якборагӣ ҷомеи комилан “идеалӣ”, бе тааассубу хурофот сохтан ҳам ношуданӣ менамояд, аммо чизе, ки имкон ва зарур аст, расондани огоҳии бештар, равшангарӣ аст.

 Ба эътирофи аксари донишмандони ватанӣ, ба монанди Асадзода Назрӣ, ҳанӯз ҳам дар афкори умум ва ҳатто дар зеҳни аҳли илму адабу зиёи ҷомеаи тоҷикистонӣ, дарки "асрори офариниш", тасвири ҷаҳон ва ҷойгоҳи инсон дар он куллан бунёдӣ (ортодоксалӣ) боқӣ мемонад ва агар касе аз нигоҳи илмӣ ба он эроде ё интиқоде бигирд, ба вокунишҳои пинҳону ошкоро рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, дар ин гуна муҳити “фарҳангӣ” ва дар доираи чунин ахлоқи миллӣ ба тамоми падидаҳо на аз дидгоҳи илмиву мантиқӣ ва ҳатто шахсӣ, балки маҳз аз равзанаи суннатӣ менигарад”[6]. 

 Дар ҷои дигар, ҳам ин таҳлилгари дақиқназар илова мекунад; “Мушкили дидгоҳи суннатӣ ва шуури ҷамъии мо дар он аст, ки бунёди фаталистӣ, мифоложӣ, вопасгароёна, ғайриилмӣ ва ҳатто ғайримиллӣ аст. Ин яке аз омилҳои боздорандаи рушди миллист”[6].

 Ҳамин тавр, агар бо ин падидаҳо, ба хотири тағйири чунин фазои ирратсионалӣ таҳлили нақодона ва равшангариву огоҳӣ сурат нагирад, ҷомеаро ба рукуд ва ояндаи хатарнок ҳам такон дода метавонад[2], ки бозгашт аз он ба ҷаҳони мадании муосир ба маротиб гаронтару мушкилтар хоҳад буд.

 Илова бар он, таърихи миллии мо мушкилоту маҳдудиятҳо, ба мисли ҳазор соли бедавлатӣ, истеъморҳо ва нотавонӣ, зулму бегонапарастӣ, беадолатӣ ва ғайра сифатҳои боздоранда рӯҳияи миллиро пушти сар кардааст, дар ҷаҳонбинии миллӣ асари ҷиддӣ боқӣ гузоштааст[12]. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки мақоми ҷомеаи донишбунёд барои муқовимат бо фазои ғайрирастионалӣ , аз ҷумла, дар сатҳи макотибу хонавода ба маротиб болотар рафтааст.

 Аммо аз тарафи дигар, тавре пештар ишораҳо шуда буданд, хурофот абзори манфиатбарон аст, ки дар мисоли ҷомеаи мо ҳамон арбобони гуногунсатҳи динианд ва бояд донист, ки онҳо ин абзори бе миннатро ҳамеша бозтавлид ва қувват медиҳанд ва онро ба соддагӣ раҳо нахоҳанд кард, ки муборизаро ҳам бо он хеле сахту мушкил месозад.

 Аммо оғози муқовимат мумкин ва муҳимтар аз он, зарур аст. Ба қавли файлсуф, сотсиологи машҳур, К. Поппер (1992-1994) “...вақте борони сел меояд (манзур аз ҷаҳонбинии ирратсиоаналӣ Ҳ. И.), мо чатр мегирем, яъне бо борон агар коре карда натавонем, худро ва дигариро маҳфуз нигоҳ дошта метавонем”.

 Агар ба муҳиммияти муқовимат бар зидди  хурофоту таассубгароӣ диққати ҷиддитар равона нашавад, он камарзиш ё “камзарар” дониста шавад, оқибаташ инсонҳоро ба сатҳи махлуқони бетафовут ба зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ, ба бардагони “камхарҷ”, вале барои табақаи ҳавасманд ба он, “сердаромад” ва тобеъони бечуну чаро табдил дода метавонад.

 Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои зиёди ақидатӣ, созгории он бо хиради инсон, маводи таҳлилӣ ва баҳсҳои зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки гувоҳи авҷи хурофоти дар замони гузариши ҷомеаи тоҷикистонӣ ҳам мебошад, ки хулосаи ҳамаи онро бо диди ҷомеашиносона бо дигарон дар миён мегузорем. Аммо қабл аз ҷамъбандӣ бояд дар назар дошт, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ дар фазои се фарҳанг; ориёӣ (тоҷикӣ), исломӣ(арабӣ) ва ғарбӣ (аврупоӣ, шуравӣ) зиндагӣ мекунад. Аз ин ҷумла, фарҳанги исломии аз ҷазираи Арабистон омада, нисбатан фарҳанги баста буда ва аз фарҳангҳои берун қариб чизеро нагирифтаст, аз ин рӯ онро фарҳанги такманбаӣ ва баста, вале барои фарҳанги ориёӣ таҳмилшуда номидан мумкин аст, ки муқовимат бо хурофоти бо ин фарҳанг ҳамроҳ омадаро ба маротиб душвортар месозад. Мутобиқи ин фарҳанги ҳанӯз бештар тасаллут дошта, дар мафкураи мо нисбат ба мардумони хеле пешрафтаи ғарбӣ, як навъ ҳасодату бадбинии хурофотӣ ҳам вуҷуд дорад, ки ҳамаи он дар тафаккури мо бо вожаи “кофар” ҷамъбандӣ мешавад. Вале дар воқеият, бештару бештар пойбанди тамоми дастовардҳои илмӣ, технологӣ, маънавии ҳамин кишварҳои пешрафта боқӣ мемонем. Зеро онҳо ҳатто дар динҳояшон ислоҳоти мутобиқ ба воқеияти замонҳоро ворид кардаанд, яъне ҳар мафкура, ба хусус, диниву дунявиро дуруст дар ҷои худ гузоштанд, ба ибораи дигар аз ҳам ҷудо карданд, ки яке аз омилҳои появии рушду пешрафташон ҳам мебошад. Аммо дар ҷомеаи тоҷикистонӣ, барои тағйироти ҷидии ҷаҳонбинии ғайриратсионалӣ, ки сирри ҳама гуна пешрафт ҳам дар он нуҳуфта мебошад, кӯшишу андешаи камтар ба назар мерасад. Ҳамоно барои наслҳо бештар “фалсафаи бофандагишудаи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии суннатии чанд қарнҳо пеш гузаштаро”дар ивази фарҳанги асили ҳамзистии дар ҷаҳони “умумӣ шаванда”талқин мешавад. Зарурати дигаре, ки муқовиматро бо ҷаҳонбинии ирратсионалӣ ҳамеша таъкид месозад, ин Ҳамчунон дар ҷои аслии худ шинондани сиёсат, илму фарҳанг ва дин мебошад [1]. Танҳо дар ин ҳолат имкони воқеии рушди ҷомеа, пешрафти кишвар ва таҳкими давлат ва субобти ҷомеаи он таъмин шуда метавонад.

 Нуктаи дигари қобили таъкиди хеле ошкоро ин аст, ки агар мафкураи мардум, сатҳи тафакури ҷомеа, чунин хурофоту таассубу бегонапарстиро мепарварад, эҳтимоли рӯзе ба сараш омадан хеле боло мебошад, ки мақоли маъруфи моро ки “аз кӯза бурун таровад ҳар он чӣ дар ӯст”- ро ба хотир меорад. Монеаи аслӣ дар баробари тамоми дигар падидаҳои номатлуб, ки натиҷаи ҷаҳонбинии хурофотӣ, вопасгаро ҳам мебошанд, бетарафӣ, мушоҳидакории пассиви аксари аъзои андешаманди ҷомеа аст, ки ҳамчун бадтарин душман барои ҳар миллату давлат ҳам собит шудааст. Ба хусус, бетарафӣ ва мушоҳидакории аҳли илму дониш, зиёиён, кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра( ки хеле зиёд ҳам ҳастанд), на фақат тааассуфовар, хиҷолатовар аст, балки хатари аз даст рафтани шансу имконоти пас аз ҳазораҳо муяссар шударо низ воқеитар мекунад.

 Ногуфта намонад, ки яке аз сабабҳои ба мағзи иддае аз ҷомеа “нарафтани ” таблиғоти зидди хурофӣ ва таассубгароӣ, ин хало (вакум), ё фосилаи тӯлонии байни диндорони маишатандеш (оммиёна) ва аҳли илму зиё ва маориф аст, ки бояд механизмҳои бартараф кардани он фавран ва ҷиддан  андешида шаванд. Аз ҷумла, оғози таблиғоти ақлгароӣ (ратсионализм) ва мафҳумҳои вобаста ба он (ҳуқуқу озодиҳо, илму маърифат, маориф...), бояд бар пояи барномаҳои махсус, бар иловаи низоми маориф (ки ҳатмӣ аст), аз “диндорони маърифатандеш ё олимона” , диндорони “мӯтадил”зери кори кор гирифта шавад, ки аҳли фаҳм ва қобили дарки он мебошанд.

 Ба қавли нуктасанҷонаи Н. Асадзода “ҳар миллате , ки ба ҷои талош кардан дуо карданро роҳи мушкилоти худ медонад ва аз ин тариқ умедвори тағйироти муҷизаосову натиҷаҳои зудрасу безаҳмат аст, аслан миллати масъулиятпазиру роҳатталаб ва тақдирпарастест, ки роҳ ба ҷое нахоҳад бурд...”[6]

 Аз таҳлили анҷомшуда ба натиҷаи умумие расидем, ки дар муқобили ин селаи хурофоту таассубгаро, ки чӣ дар сатҳи афрод ва чӣ дар сатҳи ҷамъӣ нақши вопасгаро, боздоранда дорад, муқовимати барномарезӣ шуда, як амри зарурӣ, усулии давлати демократӣ ва дунявӣ ва худи замон, ки дар он маҳбубтарин мафкура, ба номи либерализм, бо шакли амалии он, ҳокимияти демократӣ мебошад, воқеиятест раднопазир. Бинобар ин, ба назар мерасад, ки зарурати таҳия ва қабули қонуни махсуси зидди хурофаҳову тааассубот, ба унвони Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат бо хурофоту тааассубот дар ҷомеа” ба миён омадааст. Раванди таҳлил ба натиҷаи дигаре ҳам расонд, ки хурофот ва таассуби аз он ба вуҷудоянда, аслан ва комилан офоти ҳаёти иҷтимоӣ, монеаи асосии тафаккур ва ҷаҳонбинии “замонавӣ”- ии хеле фаро рафта мебошанд, ки муқовимат бо онро ба сатҳи муаммои асосии ҳалталаб, ба амри ниҳоят зарурии ҷомеа ва давлат бардоштааст. Зеро ба қавли Лоиқи бедордил;

 Рафтем дар тааассуби худ то гулӯ фурӯ,

 Рафтанд ҳеҷ будагон аз мо фаро чаро?

АДАБИЁТ

  1. Абдулкарим Суруш, Офоту хурофот, Мадрасаи Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ/Румӣ, School of Rumi, www.youtube.com/@schoolofrumi2794,21.03.2020
  2. Абдуллоҳи Раҳнамо. «Хатари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?» Душанбе 2021(чопи сеюм), С.43
  3. Алӣ Ризоқулӣ, Ҷомеашиносии нухбакушӣ, Теҳрон:Нашри Най,(1377) 1998
  4. Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣ, Лос­- Анҷелес, 2014, с. 71
  5. Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти форсу тоҷик. Душанбе, 2023, https:www//merosikhati.tj/tj
  6. Асадзода Назрӣ, Маҷаллаи академии илмию оммавӣ “Илм ва Ҷомеа”-№1 (19),2020
  7. Богданов А.И., Исаков И.В. МИФ И СУЕВЕРИЕ // Современные проблемы науки и образования. – 2015. – № 1-1. ;URL: https://science-education.ru/ru/article/view?id=19139 (дата обращения: 16.01.2025).
  8. Исомиддин Шарифзода, Паёмадҳои хушунатборе, ки аз сиёсикунонии дину бовар маншаъ мегиранд. Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/pajomadhoi-hushunatbore-ki-az-sijosikunonii-dinu-bovar-mansha-megirand/
  9. Муҳаммад Ғиёсуддин, “Ғиёс- ул- луғот”, Душанбе, “Адиб”, китобхонаи электронии ДДОТ,lib.tgpu.tj,санаи дохилкунӣ12.2020
  10. Муҳамадзода Н.Д., Заминаҳои паҳншавии таассубгароӣ дар марҳилаи муосири инкишофи Тоҷикистон, https://phlosophical.tnu.tj
  11. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ,28.12. 2024
  12. Сайфулло Муллоҷон, Хурофот ва илми таърих, https://qalamonline.net/
  13. Саенко Ю.В. Психология суеверий/Саенко Ю.В.-М: Академия, 2008, 201 с.
  14. Степанов А.М.,Клоков К.Б., «Оценка потенциальной конфликтогенности… с местным населением» // Научные труды Северо-Западного института управления РАНХиГС. 2019. Т. 10. № 4 (41). С. 61–69
  15. Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Нашриёти «Советская энсиклопедия, Москва, 1969
  16. Ҳақназар И., “Илми бе амал арзише надорад”, Маҷалаи илмҳои гуманитарӣ, № , 2024, саҳ. 86 ва рӯзномаи “Минбари халқ”, № 35, аз 08. 2024
  17. Ятимов С.  , “Илм ва амният”, Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа”, №2 (6), 2017

 

Муфассал ...

ИСТОРИЧЕСКАЯ ПАМЯТЬ В ФОРМИРОВАНИИ ИДЕНТИЧНОСТИ

Ардабаева Мадина - научный сотрудник

отдела истории, археологии и этнографии

ИИГ НАНТ

 

ИСТОРИЧЕСКАЯ ПАМЯТЬ В ФОРМИРОВАНИИ ИДЕНТИЧНОСТИ

«Пробуждение исторической памяти играет

весьма важную роль в укреплении национального

чувства граждан, особенно молодёжи, которая

является будущим нации и государства»1.

Э. Рахмон. Послание Президента Республики

Таджикистан Маджлиси Оли, 2025

   Мысль, сформулированная в Послании, задаёт отправную точку для разговора об исторической памяти не как об отвлечённом понятии, а как о явлении, напрямую связанном с настоящим и будущим общества. Вынесенная в эпилог, эта формулировка не подводит итог, а, напротив, открывает пространство для дальнейшего размышления о том, каким образом прошлое продолжает присутствовать в современной жизни и влияет на формирование общественных ориентиров.

  В условиях глобализации обращение к исторической памяти перестаёт быть простым возвращением к прошлому. На фоне активного культурного обмена и изменения ценностных установок именно память становится тем основанием, которое помогает обществу сохранять целостность и чувство принадлежности. Через осмысление исторического опыта формируется понимание собственных корней и вырабатывается представление о направлениях дальнейшего развития.

   Теоретическое осмысление социальной природы памяти было предложено в первой половине XX века французским социологом Морисом Хальбваксом, одним из основоположников концепции коллективной памяти. В своей фундаментальной работе «Социальные рамки памяти» он последовательно показал, что память не является замкнутым внутренним переживанием отдельного индивида, но возникает, формируется и сохраняется в пространстве социальных связей. По его утверждению, «память не существует вне общества; она всегда коллективна и формируется в рамках тех групп, к которым принадлежит индивид»4. Тем самым Хальбвакс заложил основы понимания памяти как живого социального механизма, посредством которого общество удерживает свой исторический опыт, передаёт ценности и обеспечивает преемственность культурного бытия из поколения в поколение.

   Развивая это направление, французский историк и культуролог Пьер Нора обратил внимание на те формы, в которых коллективная память закрепляется и становится зримой. В 1980-е годы он ввёл в научный оборот понятие «места памяти», понимая под ними не только конкретные объекты, но и символические, институциональные и ритуальные формы сохранения прошлого. Согласно его утверждению: «когда живая память ослабевает, общество вынуждено создавать особые места, предназначенные для её сохранения»3. Такие «места памяти» — будь то памятники, памятные даты, ритуалы или устойчивые культурные образы — становятся своеобразными опорами исторического сознания, позволяя обществу поддерживать связь с прошлым и сохранять целостность своей идентичности в условиях исторических перемен.

   Значительный вклад в развитие теории исторической и культурной памяти внесла немецкий исследователь Алейда Ассман, рассматривающая память как ключевой механизм культурной преемственности. В её интерпретации память выступает не только формой хранения прошлого, но и активным инструментом его осмысления в настоящем. По утверждению Ассман, «культурная память обеспечивает связь между прошлым и настоящим, позволяя обществу сохранять своё наследие и идентичность»2. Такое понимание позволяет рассматривать историческую память не как простую совокупность зафиксированных фактов, а как сложную систему эмоциональных, ценностных и символических связей, через которые формируется чувство принадлежности, укрепляется коллективная идентичность и поддерживается историческая непрерывность культурного развития.

   В данном теоретическом ракурсе обращение к исторической памяти приобретает особую значимость для понимания современной траектории развития Таджикистана. После обретения государственной независимости в 1991 году перед обществом встала задача выработки устойчивых оснований национальной идентичности, предполагающей осмысление исторического наследия и механизмов культурной преемственности. В этом контексте актуализация древней истории персидско-таджикской цивилизации, прежде всего эпохи Саманидов, заняла важное место в формировании национального исторического нарратива. Фигура Исмаила Самани закрепилась в общественном сознании как символ государственности и исторической непрерывности, демонстрируя, каким образом обращение к прошлому включается в процессы конструирования коллективного самосознания.

   Наряду с этим существенное значение имеет осмысление событий более близкого исторического прошлого (1992-1997 гг), которые составляют сложный и противоречивый пласт коллективного опыта, коллективной памяти. Работа с этим периодом в публичном и образовательном пространстве ориентирована не на воспроизведение конфликтных интерпретаций, а на формирование установок, связанных с сохранением стабильности и общественного согласия. Для значительной части общества память об этих событиях сохраняет болезненный характер, однако именно аналитическое осмысление пережитого позволяет выявить уязвимость социальных связей и значение институционального и ценностного баланса.

   Особое место в этом процессе занимает молодёжь, для которой данный исторический период выступает не личным переживанием, а объектом интерпретации. Его изучение осуществляется не только через хронологию и фактологию, но и через обращение к индивидуальным судьбам и человеческому опыту. Такой подход способствует формированию более сложного и многомерного понимания прошлого, в котором история воспринимается как совокупность человеческих решений и последствий, а не как абстрактная последовательность событий.

  Вместе с тем обращение к травматическим страницам истории каждого народа сопряжено с определёнными эмоциональными рисками. Для участников событий воспоминания могут сохранять высокий уровень психологической напряжённости, тогда как у молодого поколения возможны отчуждение или поверхностное восприятие при отсутствии контекстуального и методического сопровождения. В этой связи особую значимость приобретает сочетание образовательных и культурных форм работы с прошлым, учитывающих не только когнитивный, но и эмоциональный уровень восприятия исторического материала.

   В данном контексте публичное обсуждение сложных периодов истории требует взвешенности и методологической строгости. Односторонние интерпретации способны воспроизводить линии напряжённости, тогда как аналитически выверенный подход предполагает сопоставление различных источников, обращение к свидетельствам очевидцев и использование художественных и культурных форм, позволяющих представить прошлое через призму индивидуального опыта, а не идеологических схем.

   В результате историческая память утрачивает характер отвлечённого понятия и начинает функционировать как инструмент социального анализа и нормативной ориентации. Через неё общество осмысливает накопленный опыт, формулирует выводы и вырабатывает модели поведения, ориентированные на предотвращение деструктивных сценариев. Для молодёжи этот процесс имеет принципиальное значение, поскольку именно в данный период формируются не только знания, но и ценностные установки, определяющие отношение к обществу и государству.

   Образовательные и культурные инициативы, реализуемые на государственном уровне, направлены на институционализацию этих установок, превращая историческую память в фактор социального регулирования. Через изучение национальной истории и литературы, участие в памятных практиках и культурных мероприятиях передаются не только сведения о прошлом, но и представления о социальной ответственности и исторической преемственности.

   Историческое знание в данном контексте выполняет также функцию межпоколенческой связи. Осмысление достижений и ошибок предыдущих поколений расширяет горизонты индивидуального выбора, позволяя соотносить личные решения с более широкими социальными процессами. Одновременно формируется устойчивость к упрощённым интерпретациям и искажённым версиям прошлого, что способствует развитию критического мышления и самостоятельной оценки исторических нарративов (например, современная оценка ВОВ в европейских странах).

   Через литературу, устную традицию, памятные символы и культурные образы историческая память включается в повседневную культурную практику, приобретая эмоциональную и ценностную глубину. В этом качестве она способствует укреплению ощущения принадлежности к единому историческому пространству и поддерживает непрерывность культурного опыта.

   Таким образом, историческая память Таджикистана предстает не как объект исключительно академического интереса, а как действенный элемент формирования национальной идентичности, социальной согласованности и устойчивого развития. Она обеспечивает возможность осмысления прошлого без его абсолютизации и использования исторического опыта в качестве ресурса для понимания и решения задач настоящего и будущего.

   В этом контексте обращение к исторической памяти выходит за рамки теоретического осмысления и приобретает характер практического ориентира, задающего направления общественного и культурного развития. Современные формы исторического опыта всё чаще фиксируются не только в академическом дискурсе, но и в официальных текстах, отражающих представления государства о ценностях, приоритетах и механизмах социальной консолидации. В этой логике особый интерес представляет Послание Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли 2025 года, в котором тема исторической памяти рассматривается не как абстрактная категория, а как фактор формирования национального самосознания, прежде всего в контексте работы с молодым поколением. Обращение к данному тексту позволяет проследить, каким образом теоретические подходы к коллективной и культурной памяти находят отражение в современном государственном дискурсе и трансформируются в конкретные смысловые и нормативные установки.

 

Литература:

  1. Рахмон, Э. Послание Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан. — Душанбе, 2025. — URL: https://www.president.tj (дата обращения: 2025).
  2. Ассман, А. Культурная память: письмо, память о прошлом и политическая идентичность в высоких культурах древности / пер. с нем. — М.: Языки славянской культуры, 2004. — 368 с.
  3. Нора, П. Между памятью и историей. Проблематика места памяти // Франция — память. — СПб.: Издательство Санкт-Петербургского университета, 1999. — С. 17–50.
  4. Хальбвакс, М. Социальные рамки памяти / пер. с фр. — М.: Новое издательство, 2007. — 352 с.
Муфассал ...

ҶАШНИ САДА – РАМЗИ РУШНОӢ ВА ГАРМӢ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

ҶАШНИ САДА – РАМЗИ РУШНОӢ ВА ГАРМӢ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

   Имрӯз 29 январи соли 2025 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров бо ҳамкории Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва Маркази илмии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷашни Сада — рамзи рушноӣ ва гармӣ дар фарҳанги тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ ва доираҳои вобаста иштирок намуданд. Бо иштироки муовини Раиси ВМКБ чорабинӣ аҳаммияти хосаро ба худ қабул кард, зеро ин ҳузур нишонаи таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти вилоят ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии миллӣ буда, ҳамзамон ба густариши ҳамкории ниҳодҳои илмӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати эҳё ва таҳкими анъанаҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид.

   Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикоти директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров (АМИТ), доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар ва директори Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков (АМИТ), доктори илмҳои биологӣ Абдулназаров Абдулназар расман оғоз ёфт.

   Қаландариён Ҳ. С. зимни суханронии худ аҳамияти таҳқиқи этимологии калимаи «Сада»-ро таъкид намуда, зикр карданд, ки дар сурати таҳлили решаи вожа аз лиҳози этимологӣ бисёр паҳлуҳои арзишманди ин ҷашни ниёгон барои мо равшантар мегарданд ва бархе саволҳои марбут ба маъно, рамз ва ҷойгоҳи Сада дар низоми фарҳанги миллӣ метавонанд посухи мушаххас пайдо кунанд. Устод гуфтаҳои худро бо истинод ба абёти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тақвият бахшида, Садаро ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо рӯшноӣ, гармӣ ва неруи созанда шарҳ дод. Ҳамзамон, оид ба сарчашма ва пайдоиши ҷашни Сада як силсила ғояҳои ҷолибу дорои аҳамияти таҳқиқотӣ пешниҳод намуданд, ки бар пояи муқоисаи далелҳои манобеи таърихӣ, ишораҳои адабӣ ва таҳлилҳои забоншиносӣ ба шарҳи генезис ва густариши ин суннати куҳан равона гардида буданд; муҳим он аст, ки чунин дидгоҳҳо то имрӯз дар сарчашмаҳои адабӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба ин шакл ба таври мукаммал матраҳ ва во нахӯрдаанд.

   Директори Институти биологии Помир, доктори илмҳои биологӣ Абдулназаров Абдулназар, қайд намуданд, ки арзиши ин ҷашн аз қадимулайём дар соҳаи кишоварзиву зироаткорӣ мақоми хоса дошта, он ҳамчун паёми оғози гармӣ ва бедории табиат барои деҳқон рамзи умед ба соли ҳосилхез, фаровонии ризқ ва муваффақияти корҳои саҳроӣ маҳсуб мешуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки Сада на танҳо ҷашни маросимӣ, балки таҷассуми таҷрибаи ҳазорсолаи мардум дар шинохти гардиши фаслҳо, эҳтироми табиат ва фарҳанги меҳнат мебошад; ҳамин гуна анъанаҳо имрӯз низ метавонанд дар таҳкими маърифати экологӣ ва муносибати масъулона ба сарватҳои табиӣ нақши муассир дошта бошанд.

   Ҳамчунин аз номи муовини Раиси ВМКБ Амирбекзода Ҳабибулло суханони табрикотӣ садо дода, ҷойгоҳи Садаро ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва мероси маънавии тоҷикон таъкид намуданд. Ӯ иброз доштанд, ки эҳё ва гиромидошти чунин ҷашнҳои бостонӣ барои пойдории ваҳдати фарҳангӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва ҳифзи мероси ғайримоддӣ аҳамияти калон дорад, ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ дар ин самт метавонад ба муаррифии арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷомеа ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

   Таъкид гардид, ки маҳз арзишҳои нодиру мардумии Сада сабаб шуданд, ки ин ҷашн дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардад. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо саъйу талоши Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Сада зимни баргузории иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касенеи Ҷумҳурии Ботсвана (аз 5 то 9 декабри соли 2023) расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардид.

   Дар ҷараёни мизи мудаввар маърӯзаҳои зерин шунида ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

   Исмоилов Мутриб, номзади илмҳои кишоварзӣ, котиби илмии Институти биологии Помир, дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Сада: рамзи ҷовидонаи хуршед, оташи муқаддас ва нек омадани баҳор барои кишоварзӣ» Садаро аз дидгоҳи табиатшиносӣ ва кишоварзӣ маънидод намуд. Ӯ нишон дод, ки ин ҷашн ҳамчун нишонаи оғози гармӣ ва ҳаракати нави табиат дар тафаккури мардумӣ бо умеди ҳосили нек ва баракати ризқ пайванд дорад. Баромадкунанда ҳамчунин таъкид кард, ки арзишҳои Сада метавонанд имрӯз ҳам барои тақвияти маърифати экологӣ ва муносибати масъулона ба замин аҳамияти амалии худро нигоҳ доранд.

   Шоинбеков Аловидин, ходими калони илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, дар маърӯзаи «Ҷашнҳои мушобеи Сада» масъалаи ҳамсонӣ ва умумиятҳои ҷашни Садаро бо баъзе суннатҳои ҷашнӣ дар фарҳангҳои минтақаӣ таҳлил намуд. Ӯ хусусиятҳои маросимӣ, унсурҳои рамзӣ ва заминаҳои таърихии чунин ҷашнҳоро муқоиса карда, ба нақши онҳо дар ҳифзи хотираи фарҳангӣ ва пойдории ҳувияти миллӣ ишора кард. Дар натиҷа, баромад як тасаввури фарохтарро аз ҷойгоҳи Сада дар низоми ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод пешниҳод намуд.

   Қудратбекова Нилуфар, мудири шуъбаи чорводорӣ ва чарогоҳҳои Маркази илмии кишоварзии Помир (Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон), дар маърӯзаи «Сада – мужда диҳад аз Наврӯз» робитаи мантиқии Садаро бо давраи омодагӣ ба Наврӯз ва оғози фасли кори саҳроӣ шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар фарҳанги анъанавӣ Сада барои аҳли чорводорӣ ва кишоварзӣ як навъ “нишонаи тақвимӣ” буда, ба танзими корҳои хоҷагидорӣ, истифодаи чарогоҳҳо ва тадбирҳои мавсимӣ мусоидат мекард. Баромадкунанда ҳамчунин ба аҳамияти эҳёи суннатҳои дурусти муносибат бо чарогоҳ ва табиат дар шароити имрӯз ишора намуд.

   Тошмамадова Фарзона, ходими хурди илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, дар маърӯзаи «Инъикоси ҷашни Сада дар роман “Сарои санг”-и Ато Мирхоҷа» паҳлуҳои адабӣ ва бадеии ин ҷашнро баррасӣ кард. Ӯ нишон дод, ки чӣ гуна унсурҳои Сада — рамзҳои нур, оташ, гармӣ ва умед — дар матни роман ба ҳайси василаи ифодаи ҷаҳонбинӣ ва хотираи фарҳангӣ истифода шудаанд. Баромад таҳлили далелноки пайванди ҷашн бо тасвирҳои фолклорӣ ва маъноофаринии бадеиро пешниҳод намуд.

   Мизи мудаввар бо мубодилаҳои илмӣ, саволу ҷавоб ва баҳсу баррасӣ дар бораи ҷойгоҳи ҷашни Сада дар ҳаёти инсон, арзишҳои ин ҷашни бостонӣ дар фарҳанги кишоварзӣ ва инъикоси он дар адабиёти тоҷик аз ҷониби иштирокдорон анҷом пазируфт.

 

Муфассал ...