wrapper

Конференсия

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «САРВАРОНИ СИЁСӢ» ТАҲТИ УНВОНИ «ОЛИМИ СИЁСАТМАДОР»

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «САРВАРОНИ СИЁСӢ» ТАҲТИ УНВОНИ «ОЛИМИ СИЁСАТМАДОР»
 
Тибқи нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ, маҳфили навбатии «Сарварони сиёсӣ» таҳти унвони «Олими сиёсатмадор» баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ академики АМИТ, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев иштирок ва суханронӣ намуд.
 
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Институти илмҳои гуманитарӣ оид ба илм ва таълим, доктори илми филология Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир оғоз бахшида, оиди хизматҳои шоёни Фелалиев Акрамшо ба ҳайси сиёсатмадор, вазифаи ӯ дар Маҷлиси намояндагони маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намуд. Ҳамзамон, номбурда оиди бартарӣ ва мушкилоти дар сатҳи сиёсат фаъолият кардани олим андешаронӣ намуд.
 
Сипас муовини директори Институти биологии Помир, номзади илмҳои биология Гулбахт Хуҷаназарова суханронӣ намуда, дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти илмии Фелалиев Акрамшо маълумот дод ва барои корҳои минбаъдаи ӯ комёбиҳоро таманно намуд.
 
Дар рафти ҷаласа собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Акрамшо Фелалиев дар мавзуи «Самараи заҳмат - пирӯзист» маърузаи муфассал ироа намуд. Мавсуф дар баромади худ доир ба масъалаҳои муҳимми илму маориф, нақши илми муосир дар рушди ҷомеа ва сиёсати созандаи давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ гузориш пешниҳод намуд. Баромадкунанда махсусан таъкид дошт, ки кадрҳои ҷавони имрӯза бояд дар баробари содиқ будан ба ҷодаи илм, ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ба сиёсати созандаи давлат ҳамеша содиқ бимонанд.
 
Зимни баромад академик А. Фелалиев ба аҳаммияти пайванди ногусаринии илм ва сиёсат, саҳми фаъоли ҷавонон дар пешрафти кишвар ва зарурати истифодаи технологияву донишҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
 
Маҳфил дар фазои озоду самимӣ ва мубоҳисавии илмӣ ҷараён гирифт. Иштирокчиён ва ходимони илмӣ имконият пайдо карданд, ки ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, доир ба масъалаҳои гуногуни илмӣ ва ҷамъиятӣ мубодилаи афкор намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ, роҳбарият ва иштирокчиёни маҳфил ба академик Акрамшо Фелалиев барои суҳбати судманд, андешаҳои арзишманди илмию сиёсӣ ва маслиҳатҳои муфид изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Муфассал ...

МАҲФИЛИ ХИРАД ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

МАҲФИЛИ ХИРАД ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
 
 26 майи соли 2026 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфили илмиву адабии «Хирад» бахшида ба 25 соли фаъолияти илмию адабии доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дар мавзуи «Нақши адабиёт дар рушди афкори солими ҷомеа» бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дар фазои гарму хотирмон баргузор гардид.
 Маҳфил на танҳо як нишасти адабӣ, балки таҷассуми эҳтиром ба сухан, фарҳанг, истиқлол ва арзишҳои маънавии миллат буд.
 Чорабиниро муовини директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ оид ба илм доктори илми филология Абдулназарзода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба давстовардҳои бузурги даврони Истиқлолият, пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир суханронӣ карданд. Ҳамзамон доир ба фаъолият ва нақши доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дар пешбурди Институти илмҳои гуманитарӣ андешаронӣ намуданд. Мавсуф таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди илм, адабиёт ва худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
 Сипас, директори Институти биологии Помир Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар дар мавзуи “Илм, амал ва хоксорӣ пешаи ӯст” баромад намуд. Зикр гардид, ки илм танҳо дар ҳамбастагӣ бо амал ва маърифат метавонад ба рушди ҷомеа мусоидат намояд. Қаландариён Ҳ.С. ҳамчун муҳаққиқи соҳибмактаб тавонистааст, ки донишро бо таҷрибаи зиндагӣ ва хидмати содиқона ба илму фарҳанги миллӣ пайванд диҳад.
 Сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони д.и.филол. Охонниёзов В.Д. дар мавзуи “Рисолати олим дар тақвияти хирад” қайд намуданд, ки рисолати асосии олим танҳо ба анҷом расонидани корҳои илмӣ маҳдуд набуда, пеш аз ҳама дар тарбияи маънавии ҷомеа, рушди тафаккури солим ва ҳифзи арзишҳои асили миллӣ ифода меёбад. Мавсуф ҳамзамон фаъолияти илмии д.и.ф. Қаландариёнро намунаи содиқонаи хизмат кардан ба илму фарҳанги миллӣ арзёбӣ намуд.
 Сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ, д.и.филол. Н.Офаридаев дар мавзуи “Муҳаққиқи асил ва адабиётшиноси навҷӯ” баромад намуда, фаъолияти илмиву таҳқиқотиии Қаландариён Ҳокимро ҳамчун намунаи талошҳои пайгирона дар роҳи омӯзиши мероси адабӣ махсус зикр намуд.
 Декани факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи М.Назаршоев Беҳроншон Ҷ. дар мавзуи “ Қаландариён Ҳоким муҳаққиқи “Хизонаи омира” баромад намуда, қайд кард, ки осори илмиии ӯ ҳамчун сарчашмаи муҳим арзиши баланди илмӣ ва амалӣ дорад. Таъкид гардид, ки хизматҳои ӯ дар рушди адабиётшиносӣ ва густариши худшиносии миллӣ саҳми назаррас дошта, дар таҳкими пояҳои маънавиии ҷомеа аҳамияти бузург доранд.
 Директори ИИГ доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳ.С. дар мавзуи «Нақши адабиёт дар рушди хиради инсонӣ» баромад намуда таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи муосир ҳифз ва омӯзиши адабиёти миллӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Маҳз тавассути омӯзиши мероси адабӣ метавонад ҷавононро дар руҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намуд.
 Дар идомаи чорабинӣ олимону муҳаққиқон ва аҳли адаб бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намудаанд.
 Дар фарҷоми маҳфил иштирокдорон натиҷагирӣ намуданд, ки гиромидошти хизматҳои олимон ва омӯзиши осори илмиии онҳо барои рушди фарҳанг, тақвияти тафаккури миллӣ ва тарбияи насли донишманду худогоҳ бисёр муҳим мебошад.
Маҳфили илмиву адабии «Хирад» дар умум ба як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ табдил ёфта, бори дигар нишон дод, ки сухани асил ва андешаи созанда дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа нақши бузург доранд.
Муфассал ...

Баргузории маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

Баргузории маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-адабии “Хирад” доир гардид. Ин нишасти илмиву фарҳангӣ бо иштироки ходимони барҷастаи илму адаби кишвар - Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва адиби варзида, сармуҳаррири маҷаллаи фахрии “Садои Шарқ” Ато Мирхоҷа баргузор шуд.

Дар кори маҳфил доираи васеи зиёиён, аз ҷумла кормандони илмии Институти илмҳои гуманитарӣ, ходимони Институти биологии Помири ба номи академик Х. Юсуфбеков, намояндагони бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин алоқамандони илму адаб ширкат варзиданд.

Маҳфилро директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз намуд. Мавсуф ҳузури меҳмонони арҷмандро ба боргоҳи илм хайрамақдам гуфта, аҳамияти баргузории чунин нишастҳоро дар рӯзҳои ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ зарурӣ арзёбӣ кард. Инчунин дар бораи рӯзгор, осори гаронбаҳо ва фаъолияти густурдаи адабиву иҷтимоии Муҳтарам Ҳотам ва Ато Мирхоҷа ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, саҳми онҳоро дар рушди шеъру адаби муосири тоҷик ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ баланд арзишдор намуд.

 Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам бо маърӯзаи ниҳоят ҷолиб, амиқи илмӣ ва пажӯҳишӣ таҳти унвони “Ҷуғрофияи Помир дар сарчашмаҳои ориёӣ” баромад намуд. Мавсуф бо такя ба далелҳои раднопазири таърихӣ, матнҳои куҳани ориёӣ, «Авесто», катибаҳои мехӣ ва пажӯҳишҳои ҷуғрофиву бостоншиносии донишмандони маъруфи шарқшиноси ватаниву хориҷӣ, иштирокчиёнро бо ҷойгоҳи хос, муқаддас ва стратегии минтақаи Помир дар тамаддуни ориёӣ шинос кард.

Дар маърӯза алоҳида таъкид гардид, ки номвожаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофии ин сарзамини куҳанбунёд дар асарҳои қадимаи таърихӣ на танҳо ҳамчун ҳудуди ҷуғрофӣ, балки чун рамзи устуворӣ, маркази рӯҳоният ва гаҳвораи тамаддуни аҷдодии эронинажодҳо сабт шудаанд. Муҳтарам Ҳотам унсурҳои асосии асотириву табиии минтақаро таҳлил намуда, собит сохт, ки Помир дар хотираи таърихии қавмҳои ориёӣ мақоми меҳварӣ дошта, ҳифзи ин хотира барои имрӯзи мо аҳамияти бузурги худогоҳӣ дорад.

Пас аз хотимаи маърӯзаи асосӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” Ато Мирхоҷа суханронӣ карда, дар бораи робитаи зичи шеъру адаби имрӯз бо таъриху фарҳанги бостонии миллат изҳори назар намуд. Мавсуф қайд кард, ки адабиёти муосир бояд аз чашмаи зулоли таърихи куҳан ва устураҳои ориёӣ об бихӯрад, то битавонад ҳуввияти миллиро дар ҷаҳони муосир устувор нигоҳ дорад.

Дар ин замина, Ато Мирхоҷа ба донишмандон ва пажӯҳишгарони ҷавон тавсияҳои судманд дода, зарурати омӯзиши амиқи илмӣ ва мунаққадони осори як зумра шоирону адибони ҳавзаи адабии Бадахшонро, ки дар ганҷинаи адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштаанд, махсус таъкид намуд. Саҳми ин адибон дар ҳифзи сунатҳои каломи бадеъ ва инъикоси обуранги маҳаллӣ яке аз мавзӯъҳои муҳим барои рисолаҳои илмии оянда арзёбӣ шуд.

Инчунин, байни ходимони илмӣ ва меҳмонон мубодилаи афкори судманд ва баҳси гарми илмӣ сурат гирифт. Коршиносон, муҳаққиқон ва иштирокчиёни маҳфил доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ, аз ҷумла умумиятҳои фарҳангии қавмҳои ин минтақа, пажӯҳиши этнографӣ ва ҳифзи мероси заминшиносиву (геологӣ) таърихии Помир саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби маърузачиён ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. Ҷамъомадагон якдилона қайд карданд, ки чунин баррасӣ барои устувор намудани пояҳои илми миллӣ ва шинохти дурусти гузаштаи дурахшони тоҷикон заминаи мусоид мегузорад.

Маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихи бостонии тоҷикон анҷом ёфт. Ин нишаст бори дигар собит намуд, ки пайванди илм ва адабиёт дар даврони Истиқлолият метавонад ба сохтмони маънавии ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон хизмати арзишманд намояд.

Баёнияи маҳфил ва пешниҳодҳо:

Матну маводи маърузаи Муҳтарам Ҳотам барои истифода дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институт тавсия карда шавад.

Ҳамкориҳои Институти илмҳои гуманитарӣ бо Иттифоқи нависандагон дар самти тарғиби адабиёту таърихи миллӣ боз ҳам густурдатар гардад.

 

Муфассал ...

ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ

МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 Дар Института илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон доир гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти илмӣ-ташкилӣ, ҷараёни таҳқиқоти бунёдӣ ва бахусус, масъалаҳои муҳими кадрӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

 Яке аз бандҳои асосии ҷаласаро масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва тақвияти ҳайати илмии муассиса ташкил дод. Раиси Шӯрои олимон д. и. филол, Қаландариён Ҳ. С. таъкид намуданд, ки сиёсати кадрӣ дар Институт пеш аз ҳама ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди касбии олимон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд нигаронида шудааст.

 Дар ин робита, нахуст масъалаи аз вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим озод гардидани Некушоева Шаҳло Саиднуридиновна мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавсуф бо хоҳиши худ ва ба мақсади тамаркузи комил ба фаъолияти таҳқиқотӣ, анҷом додани корҳои ниҳоии эҷодӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои ҳимояи рисолаи доктории худ аз ин мансаб канор рафт. Раиси Шӯрои олимон саҳми арзишманди Ш.С. Некушоеваро дар рушди равандҳои таълимӣ ва илмии муассиса тайи солҳои фаъолияташ баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ дар ҷодаи кашфиёти нав ва ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмияшон комёбиҳо таманно намуданд.

 Ҷиҳати таъмини давомнокии идоракунии илмӣ ва пешбарии нақшаҳои стратегии муассиса, номзадии доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ба вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим пешниҳод гардид. Тибқи талаботи низомнома, раванди овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Аъзои Шӯрои олимон бо назардошти таҷрибаи ғании илмӣ, малакаҳои ташкилотчигӣ ва дастовардҳои назарраси пажӯҳишӣ номзадии мавсуфро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Дар натиҷа, Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ба ин вазифаи масъул интихоб гардид.

 Раиси Шӯрои олимон д. и. филол,, директори Институт Қаландариён Ҳ. С. зимни суханрониашон қайд намуданд, ки ин тағйироти кадрӣ ба мақсади таҳкими низоми идоракунии илм, вусъат бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълим дар аспирантураву докторантура (PhD) амалӣ мешавад. Аз муовини нави илмӣ талаб карда шуд, ки ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба илм, сифати нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва назорати қатъии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Шӯрои олимон изҳори боварӣ намуд, ки таҷрибаи А. Абдулназарзода ба рушди минбаъдаи илмҳои гуманитарӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот, коллективи муассиса муовини нави директорро бо ин масъулияти нав табрику таҳният гуфта, ба Абдулназар Абдулқодир саломатии бардавом ва неруи тозаи эҷодӣ таманно намуда, ҳамзамон ба Некушоева Шаҳло Саиднуридиновна барои заҳматҳои шабонарӯзиаш ҷиҳати рушди Институт изҳори сипос намуданд.

 Тамоми масоили дар ҳар як Шурои олимон баррасигардида барои фаъолияти самараноки Института илмҳои гуманитарӣ нигаронида мешаванд.

 

Муфассал ...