wrapper

Институт

Институт

Ба ифтихори зодрӯзи муҳаққиқи шинохта ва забоншиноси барҷаста, номзади илмҳои филология, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров — хонум Шаҳло Саиднуриддиновна Некушоева

Ба ифтихори зодрӯзи муҳаққиқи шинохта ва забоншиноси барҷаста, номзади илмҳои филология, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров — хонум Шаҳло Саиднуриддиновна Некушоева
 
     Дар фазои маънавӣ ва илмии кишвар, ки беш аз ҳарвақта ниёз ба чеҳраҳои донишманд, хирадманд ва фидоии илм дорад, шахсияти Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна ҳамчун як намунаи олии муҳаққиқи замони муосир, дорои мақому манзалати хоса мебошанд.
     Фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, ки ба омӯзиш ва ҳифзи забонҳои камомӯзшудаи помирӣ бахшида шудааст, на танҳо саҳми гаронбаҳо дар илми филология ба шумор меравад, балки дар ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ низ нақши арзанда мегузорад.
     Шаҳло Некушоева ҳамчун пажӯҳишгари хирадманд бо тафаккури таҳлилӣ, масъулияти илмӣ ва диди амиқи этнолингвистӣ, мактаби мустақили илмии худро таъсис дода, дар рушду таҳкими он саҳми назаррас доранд. Ҳиссаи мондагори номбурда дар таҳқиқоти лексикаи рӯзгории шуғнониву рӯшонӣ дар доираҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ бо эҳтиром пазируфта шудааст.
    Дар асоси рисолаи номзадии худ, инчунин тавассути асарҳои монографӣ, луғатномаҳо ва мақолаҳои илмӣ, Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна тавонистаанд доираи васеи мутахассисон ва муҳаққиқонро бо захираҳои забонӣ ва фарҳангии Помир ошно созанд.
     Ҳамзамон бо фаъолиятҳои таҳқиқотӣ, яке аз самтҳои муҳими кори муҳаққиқи арзанда роҳнамоӣ ва роҳбарии илмии насли ҷавони муҳаққиқон мебошанд. Бо дастгирии Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, даҳҳо шогирд, магистрант ва унвонҷӯ ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб гардидаанд ва бо роҳнамоии илмии ӯ комёбиҳои шоён ба даст овардаанд.
     Бо фазилатҳои олии инсонӣ, малакаи баланди илмӣ ва садоқати комил ба рисолати пажӯҳишгарӣ, шахсияти Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна дар ҷомеаи илмӣ мавқеи устувор ва намунаи ибрат барои дигарон маҳсуб мешавад.
    Асарҳои илмии чопшудаи муҳаққиқ, аз ҷумла монографияҳо ва мақолаҳои нашршуда дар маҷаллаҳои бонуфузи ватаниву байналмилалӣ, шомили таҳқиқотҳое мебошанд, ки барои омӯзиши консептҳои фарҳангӣ, забонӣ ва тафаккури мардумони кӯҳистон асоси илмии боэътимод мебошанд.
   Айни замон низ таҳқиқоти Шаҳло Саиднуриддиновна дар самти забоншиносии когнитивӣ бо ҷиддияти илмию методӣ идома дорад ва мавзӯи доктории таҳти унвони “Лингвокогнитивные аспекты концепта ДОМ в шугнано-рушанской группе памирских языков” яке аз самтҳои наву муҳим дар илми забоншиносӣ ба ҳисоб меравад.
     Ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқи муҳтарами соҳаи филология ва ходими фидоии илм — Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, ҳайати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров бо камоли самимият ва эҳтиром беҳтарин таманниёт ва орзуву дуоҳои некро иброз медорад.
      Орзуманди онем, ки рӯзгори ин шахсияти пурифтихор ҳамеша саршор аз саломатии комил, нерӯи тоза, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои пайдарпай бошад. Бигзор муҳаббати шогирдон, эҳтироми ҳамкорон ва арҷгузории аҳли илм ҳамқадами ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти илмиву таҳқиқотии эшон бимонад.
 
Бо эҳтироми амиқ ва сидқии илмӣ,
Ҳайати илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров,
ҳамчунин шогирдон ва дӯстдорони илму фарҳанг
Муфассал ...

ПАЙГИРИИ ДОНИШ ВА САҲМИ ИЛМӢ

 
Назаршоева Чилла – мудири шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик
Б. Искандаров, номзади илмҳои филология
 
ПАЙГИРИИ ДОНИШ ВА САҲМИ ИЛМӢ
 
     Инсоният ба шарофати илму дониш ба пешрафт ва тараққиёти назаррас ноил мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки кушодани уфуқҳои наву ҷадид вазифаи асосии мардон маҳсуб мешавад, вале бо вуҷуди ин, нақши ҷинси зан дар рушди илм ва дастгирии онҳоро набояд нодида гирифт. Бахусус, дар ҷаҳони муосир ва махсусан дар ҷомеаи филологӣ, саҳми зан дар баробари дигар фаъолиятҳои давлатӣ дар соҳаи илм низ хеле назаррас аст ва занони олим дар фаъолияти илмии худ басо ғайратманду пурмасъул мебошанд.
     Яке аз шахсиятҳое, ки бо фаъолияти пурсамар ва хидматҳои назаррасаш баҳри рушди илми тоҷик, хосатан соҳаи забоншиносӣ ва помиршиносӣ саҳмгузор мебошад, номзади илми филология, ходими калони шуъбаи забонҳои помирӣ, муовини директор оид ба илм ва таълим Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна мебошад.
Шаҳло Саиднуриддиновна 20-майи соли 1972 дар шаҳри Хоруғ таваллуд ёфта, фарзанди шашуми оилаи зиёии Некушоевҳо, ки яке аз оилаҳои соҳибфарҳанг ва соҳибэҳтиром маҳсуб мешавад, ба воя расида соҳибмаълумоту соҳибкасб мегардад. Қиблагоҳашон Некушоев Саиднуриддин - табиби номии мардуми Бадахшон буданд, ки имрӯз ҳам аз фаъолияти баланди касбӣ доштан, кордонӣ ва садоқату эҳтироми ӯ нисбати касбу пешааш, мардум ба некӣ ва бо таассуроти баланд дар борааш ҳарф мезананду ёд меоранд.
     Таҳсили ибтидоиро Некушоева Шаҳло дар мактаби миёнаи №7-и ба номи Ю. Гагарин (ҳоло ба номи Шоҳҷон Шонаврузов) оғоз намуд ва баъди хатми мактаби миёна, соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев дохил шуда, дар факултети филологияи тоҷик бахши шарқшиносӣ таҳсил мекунад. Соли 1998 бо ихтисоси шарқшинос донишгоҳи мазкурро хатм намуда роҳи худро дар соҳаи омӯзгорӣ ва илм оғоз мекунад.
      Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии Шаҳло Некушоева аз муаллимаи калони кафедраи шарқшиносии факултети филологияи тоҷик (2013) оғоз ёфтааст ва минбаъд тақдиру фаъолияти илмиаш бо Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров пайванд гардида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумлаи ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии (2008), котиби илмӣ (2013-2019), муовини директор оид ба илм ва таълими ҳамин боргоҳи илм (аз соли 2019 то ҳол) ифои вазифа мекунад. Некушоева Шаҳло, ки майлу рағбати беандоза ба илм дошт ва роҳи илмро пеша гирифт, тайи чанд сол дар мавзуи лексикаи соҳаи рӯзгордорӣ таҳқиқоти илмӣ бурда, соли 2010 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики шугнано-рушанской группы памирских языков” дифоъ мекунад ва сазовори дараҷаи унвони номзади илм мегардад, ки бо ин дастоварди илмӣ ба ганҷинаи илми тоҷик саҳми арзандаашро ворид месозад.
       Минбаъд илмро барояш муҳимтарин ва ҷолибтарин пеша касб карда, дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои гуногуни забонҳои помирӣ, бахусус гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ машғул мегардад. Саҳми Некушоева Шаҳло дар рушди илм, бахусус пажуҳиши помиршиносӣ ва нигаҳдошти фарҳанги мардуми Помир хеле назаррас аст. Осори илмии ӯ на танҳо барои муҳаққиқону олимон, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба фарҳанги Помир таваҷҷуҳ доранд, манбаи арзишманде ба ҳисоб меравад. Таҳқиқоти ӯ дар соҳаҳои лексикология, этнолингвистика ва консептология барои фаҳми амиқи фарҳанги мардуми кӯҳистони Бадахшон кӯмак мерасонад ва ба рушди илмӣ дар ин соҳаҳо мусоидат мекунад.
     Аз ҷумлаи дастовардҳои илмии Некушоева Шаҳло монографияи «Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики (на материале шугнано-рушанской группы языков) (2019)», муҳовараи русӣ-шуғнонӣ ва англисӣ-шуғнонӣ (Русско-шугнанский и англо-шугнанский разговорник) дар ҳаммуаллифӣ бо А.А. Сергиенко) (2023), маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони «Дом, где живёт история: культурные ценности через призму лексических единиц (2024)» ҳамчунин китобҳои публитсисташ дар ҳаммуаллифӣ бо М. Броимшоева таҳти унвони «Саёҳате ба Бартанг (2014)» ва «Офтобпарасти пур аз меҳр (2020)», ки дувуминаш ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз ҳунармандони машҳури кишварамон – рассом Аҳмади Мансур бахшида шудааст, номбар кардан мумкин аст.
       Монографияи Некушоева Шаҳло «Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики (на материале шугнано-рушанской группы языков)» на танҳо маҷмуи лексикаи рӯзгордории мардуми Помири Ғарбиро фаро мегирад, балки ҷиҳати фарҳангии ин минтақаи таърихиро низ равшан инъикос мекунад. Дар мақолаҳои худ, ба монанди «К происхождению и свойствам некоторых предметно-бытовых терминов шугнанского языка» (2005), «Некоторые особенности культа кузнечного ремесла у народов Западного Памира» (2018) ва ғ. номбурда ба таҳқиқи истилоҳот ва анъанаҳои фарҳангии мардуми Помир мепардозад ва ба монанди инҳо мақолаҳои дигаре, ки дар маҳаллаҳои илмии ватанӣ ва байналмилалӣ нашр гардидаанд, метавон ҳамчун намунаи равиши илмии ӯ дар фаҳмиши фарҳанги моддию маънавии сокинони Помир ва таъсири он ба забонҳои ин мардуми бостонӣ донист.
      Айни замон Шаҳло Некушоева пажуҳишро дар яке аз самтҳои муосири забоншиносӣ – забоншиносии когнитивӣ идома дода, дар доираи мавзуи “Лингвокогнитивные аспекты концепта ДОМ в шугнано-рушанской группе памирских языков” ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст ва осоре, ки марбут ба ин соҳаи забоншиносӣ рӯи чоп омадаст ва меояд, нишондиҳанда ва таҷассумгари ин арзишҳо ва анъанаҳои фарҳангӣ дар забон ва фаҳмиши мардумон мебошанд.
     Имрўз Шањло Некушоева дар баробари анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун роҳбари илмӣ раҳнамои чандин шогирдону докторантон ва магистрантони ҳам Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров ва ҳам Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев мебошад. Таҳти роҳбариаш 1 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадиро ҳимоя карда 4 нафар рисолаи магистриро дифоъ карданд ва алъон се нафар докторанти (PhD) таҳқиқоти илмиро дар масъалаҳои лексикаи забони шуғнонӣ анҷом медиҳанд.
      Ҳамчун роҳбари илмӣ, Шаҳло Некушоева дорои ҳамаи он сифатҳое мебошад, ки ҳар як олим дар замони муосир бояд доро бошад: дониши амиқ дар соҳаи интихобшуда, таҷриба дар анҷом додани таҳқиқот ва дарки тамоюлҳои илмии муосир, инчунин қобилияти банақшагирии кор ва идоракунии вақти худ ва шогирдонаш. Ҳамчунин ӯ майл дорад усулҳои нави мубрами лингвистиро дар кори таҳқиқотӣ ба кор гирад ва ташаббусҳои эҷодӣ ва навовариҳоро дастгирӣ менамояд, ки барои самаранок роҳнамоӣ кардани шогирдон ва ба натиҷаҳои баланди илмӣ ноил гардидан кӯмак мерасонанд.
      Барои шогирдонаш муаллима Некушоева Шаҳло оинаи ибратомӯз буда, ҳар калом, ҳар назар ва ҳар насиҳаташ ҳамчун раҳнамои бузург дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳо хизмат мекунанд.
      Чун рӯзи мавлуд як фурсати муносибе ҳаст барои иброз кардани муҳаббату эҳтиром ва эҳсосоти самимӣ, бо истифода аз ин фурсат ба муаллимаи азиз Шаҳло Саиднуриддиновна саломатӣ, хушбахтӣ, муваффақиятҳо дар пажуҳишу эҷоди илмиашон, ҳамчунин илҳом ва шодиву нишоти зиёдро таманно мекунам. Бигзор зиндагиашон, ки баҳравар аз илму донишу маърифат аст, барои насли минбаъда, бахусус барои олимони ҷавон намунаи ибрат бимонад.
Муфассал ...

ТАБРИКОТИ САМИМИИ ҲАЙАТИ ИНСТИТУТ Ба муносибати зодрӯзи муҳтарам Қурбонхонова Н.М. — номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров

ТАБРИКОТИ САМИМИИ ҲАЙАТИ ИНСТИТУТ
Ба муносибати зодрӯзи муҳтарам Қурбонхонова Н.М. — номзади илмҳои филология,
мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Баҳодур Искандаров
 
Муҳтарам Қурбонхонова Нуриҷаҳон!
 
     Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо бо рӯзи мавлудатон — рӯзи таҷассумгари оғози зиндагӣ, рушд, комёбиҳо ва ибтикороти илмии шахсияти Шумо, табрику таҳният мегӯем. Ин рӯзи муборак барои мо — ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров, фурсати хубест барои арҷгузорӣ ба хидматҳои илмӣ, фарҳангӣ ва инсонии Шумо, ки тайи солҳои зиёд дар рушди илми фолклоршиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик саҳми арзанда гузоштаед.
       Шумо ҳамчун муҳаққиқи соҳибмактаб ва роҳбари соҳа на танҳо ба таври мунтазам корҳои илмӣ-ташкилотиро роҳбарӣ менамоед, балки бо маҳорату малакаи баланди филологӣ як намунаи ибрат барои муҳаққиқони ҷавон ва кормандони илмӣ маҳсуб мешавед. Шахсияти Шумо бо омезиши маърифат, фурутанӣ ва масъулиятшиносии касбӣ таҷассум ёфтааст, ки имрӯзҳо дар муҳити илмӣ хеле камёб аст.
     Фаъолияти пурсамари Шумо дар пажӯҳиши фолклори шифоҳӣ, тасниф ва таҳлили жанрҳои мардумӣ, омӯзиши ҳикматҳои мардумӣ ва иртиботи онҳо бо адабиёти классикӣ, на танҳо саҳми муҳими илмӣ, балки арҷгузорӣ ба мероси маънавии миллат мебошад. Корҳои илмии Шумо дар маҷмӯъ як хазинаи беназири таҳқиқотӣ ва манбаи боэътимоди омӯзишӣ барои донишмандон ва муҳаққиқони соҳаи филология арзёбӣ мегардад.
      Аз ҷониби дигар, бо роҳбарии пурмасъулияти Шумо шуъбаи фолклор ва адабиёт дар тӯли чанд соли охир ба як воҳиди фаъол, ташаббускор ва натиҷагири илмӣ табдил ёфтааст. Маҳз таҳти раҳнамоии Шумо як қатор иқдомоти илмӣ, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва таҳияву нашри асарҳои бунёдӣ амалӣ шуданд, ки аз сатҳи баланди ташкилотчигӣ ва ҷаҳонбинии илмии Шумо дарак медиҳанд.
      Шумо инчунин ҳамчун инсони боодоб, хоксор ва некандеш, бо сухани нарм ва қалби гарму меҳрубон муҳити кориро боз ҳам самимӣ ва созанда нигоҳ медоред. Муоширати Шумо ҳамеша илҳомбахш аст, ҳар сухани Шумо сабақ, ва ҳар ибораатон меҳру эҳтиромро дар қалби дигарон бедор месозад. Ин хислатҳои баланд Шуморо дар дили на танҳо шогирдон, балки тамоми ҳамкорон маҳбуб гардондаанд.
      Ба муносибати зодрӯзатон, бо эҳсоси самимӣ ба Шумо саломатии комил, иқболи баланд, умри дарозу пурбаркат, илҳоми ҷовидона ва дастовардҳои нави илмӣ-фарҳангиро таманно дорем. Бигзор ҳар рӯзе, ки аз пайи ин рӯз меояд, саршор аз шодиву нишот, саодат ва баракати рӯзгор бошад. Ҳар нақшаи Шумо дар роҳи илм муваффақ шавад ва ҳар ибтикори Шумо бо дастгирӣ ва натиҷаҳои назаррас рӯ ба рӯ гардад.
 
Зодрӯз муборак бошад, муҳтарам Қурбонхонова Нуриҷаҳон!
Бо эҳтироми амиқ ва сидқан самимӣ,
ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров
Муфассал ...