wrapper

МАҲФИЛИ “ХИРАД” ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

  Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ маҳфили навбатии “Хирад” баргузор шуд. Дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Охониёзов Варқа Дустович бо суханронии ҷолиб дар мавзӯи «Забон ҳамчун нишондиҳандаи фарҳанг» баромад намуд.

  Зимни суханронии ифтитоҳии худ, директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар таъкид намуданд, ки забондонӣ нишонаи фарҳанг, худшиносӣ ва андешаи солими инсон аст. Қудрати сухани дуруст на танҳо воситаи баён, балки нишондиҳандаи сатҳи дониш, ахлоқ ва зеҳни инсон мебошад. Суханро бояд бо андеша, эҳтиром ва дар чаҳорчӯби ахлоқи муошират баён намуд, то ҳамеша соҳиби нуфуз ва эҳтиром дар ҷомеа бошем.

  Дар идомаи суханронӣ, директори ИИГ АМИТ қайд карданд, ки сухан метавонад неруи созанда ё вайронгари ҷаҳони инсон бошад. Устод Қаландариён Ҳ.С. зикр намуданд, ки сухани дуруст нишонаи андешаи пок ва фарҳанги баланди инсон аст. Таъкид гардид, ки сухани дуруст на танҳо фаҳмидани ҳақиқат, балки расондани он ба дигарон бо шеваи мутаносибу боэҳтиром аст. Ибрози фикр бояд ҳамеша дар чорчӯби ахлоқи муошират, адолати сухан ва эҳтироми ҳамсуҳбат сурат гирад. Илова гардид, ки тавоноии ибрози дурусти фикр аз дониш, фарҳанги забонӣ ва ҷаҳонбинии инсон вобаста аст.

  Дар ҷараёни суханронии худ устод Варқа Дустович ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи имрӯза, аз ҷумла тарзи дурусти истифодаи забон дар муҳити илмӣ ва иҷтимоӣ, риояи этикаи суханварӣ ва муносибати тарафайн ҳангоми муошират таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки забони модарӣ на танҳо воситаи гуфтор, балки рукни асосии худшиносии миллӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба гуфтаи устод, дар муҳити илмӣ ва ҳам ғайрилмӣ, истифодаи дурусти забон на танҳо барои расонидани фикр, балки барои ифодаи дақиқи мафҳумҳо, риояи услуби адабӣ ва таҳкими фарҳанги илмию забонӣ аҳамияти калон дорад. Ӯ зикр кард, ки донишманд бояд на танҳо дониши илмӣ, балки фарҳанги гуфтору навишторро низ доро бошад, зеро андешае, ки бо забони ноҷо баён мегардад, арзиши худро аз даст медиҳад.

  Доктори илмҳои филологӣ Варқа Дустович ҳамчунин илова намуд, ки муоширати солим танҳо дар асоси эҳтиром ва ахлоқи гуфтор имконпазир аст. Сухан вақте таъсир дорад, ки бо ният ва ҳисси пок баён шавад. Забон василаи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни инсонҳост. Агар мо онро бо эҳсоси масъулият истифода барем, сухан метавонад дилҳоро наздик созад, ихтилофро аз миён бардорад ва муҳити дӯстонаву эҷодиро ба вуҷуд оварад.

  Дар маҳфил ҳамаи кормандон, омӯзгорон ва докторантони Институт ширкат варзида, пас аз суханронии устод Варқа Дустович як муҳокимаи созандаву пурмазмуни пур аз саволу ҷавоб баргузор гардид. Ширкаткунандагон аз муҳтавои маънавии маҳфил изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани фарҳанги сухан ва маърифати забонӣ ниҳоят судманд арзёбӣ карданд.