Навидҳои рӯз
- Чоршанбе, 20 Май 2026
АЗ НОАДОЛАТИҲОИ ТАЪРИХӢ БА АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
АЗ НОАДОЛАТИҲОИ ТАЪРИХӢ БА АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
Дар солҳои 20-30-юми қарни гузашта ҳазорҳо нафар дар барпокунӣ, бунёдгузорӣ ва барқароркунии сохти нави ҷомеавӣ (сотсиалистӣ) ва давлати заҳматкашон ба номи СССР ҷони хешро аз даст доданд. Онҳое, ки дар бунёдгузории ин давлат ҷоннисориҳо карданд, тамоми ҳаёту ҳастии худро ба ин сохту ба ин давлат бахшиданд, оқибат бо тӯҳмату ноадолатиҳои замон ба коми марги ин сохту ин давлат гирифтор шуданд.
Аз ҷумла бунёдгузорони Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Состиалистии Тоҷикистон (соли 1924), Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистии Тоҷикистон (соли 1929), Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва яке аз поягузорони фарҳанги навини сотсиалистии халқи тоҷик Нисор Муҳаммад аз зумраи он шахсоне буданд, ки дучори қурбониҳо (репрессия)-ияи солҳои 30-юми асри гузашта шуданд.
Гарчанде, ки ин абармардон қурбони ноадолатиҳои таърихӣ гаштанду номашон “сиёҳ”гашт, онҳо бо ҷоннисориҳо дар ин гардиши муҳими таърихӣ, халқу миллати худро аз вартаи гумномӣ ва нестшавӣ наҷот дода, дар харитаи дунё ҷумҳуриеро бо номи Тоҷикистон номнавис намуданд.
Дар солҳои 50-уми қарни гузашта гарчанде, ки номи неки ин шахсон барқарор гашту онҳоро аз нав “сафед” карданд то соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон номи неки онҳо ҳамоно дар “сояи таърих” бе нишон монд.
Расо қариб баъд аз як аср маҳз бо шарофати ба даст овардани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикору ташабусси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи неки ин фарзонафарзандон (Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум) на фақат аз нав зинда гардонда шуд, балки онҳоро ҳамчун бунёдгузорони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистии Тоҷикистон эътироф карда ба онҳо унвони баландтарини фахрии Қаҳрамони халқи тоҷик дода шуд.
Беҳуда нест, ки ибораи ҳикматомезу пандомези халқи тамаддунофари тоҷик “Бузургонро бузургон зинда медоранд” ҳамеша дар миёни мардум вирди забон аст. Ҳақиқатан ҳам фақат бузургон қодиранд, ки бузургонро зинда медоранд.
Маҳз бузургии фарзонафарзанди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва аст, ки Ӯ на фақат бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон, асосгузори сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон, наҷотбахши миллат, балки ҳамчун шахси бузурги таърихию эҳёгари таърих бузургони миллатро бузург медорад. Ҳақиқатан ҳам вақте ки миллат соҳиб дорад, таърих зинда мемонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як ноадолати таърихиро бо адолати таърихӣ иваз намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар таърихи башарият боқимондаҳои устухонҳои шахсони таърихӣ аз қабили Напалеон Бонапарт, Тарас Шевченко, Симон Боливар ба ватанаш баргардонда шуданд. Ё ин ки капсулаи хоке аз турбати Мустафо Камол Ататурк ва Махатма Ганди гирифта шуда дар гӯшаю канораҳои Туркия ва Ҳиндустон ҳамчун рамзи якпорчагии давлат бурда шуданд.
Дар фарҳанги ориёиҳо, аз ҷумла тоҷикон низ ҳанӯз аз замонҳои қадим ойине вуҷуд дошт, ки ҳар касе ки ба ҷойи дур ба сафар мебаромад, бо худ мушти хоки ватани худро мегирифт, то ки мабодо дар сафар вафот кунаду аз хоки ватанаш бенасиб монад. Аз ин хотир касоне, ки дар ғурбат вафот мекарданд, мушти хоки ватанро ба рӯйи турбаташ мерехтанд.
Хушбахтона, имрӯз 19 май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар маросими истиқболи аз оромгоҳи Донскойи Федератсияи Россия овардани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсус ва чеҳраи барҷастаи фарҳанги таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.
Пас аз маросими ҷаноза дар Масҷиди марказии ҷомеи ш. Душанбе, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода шуд.
Ин маросим нишонаи равшану возеҳи арҷгузории бевоситаи Пешвои Миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба хизматҳои таърихии Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсус ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд.
Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Яке аз рӯзноманигорони варзида Қурбон Аламшоев, ки муҳаққиқи бевоситаи асарҳои тарҷумаҳолӣ ва фаъолияти сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур аст, хеле хуб нигоштааст, ки: “фарзандони Тоҷикистон ба оғӯши ватанашон баргаштанд”. Шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” шиори амалии Пешвои миллатамон буда, мо бояд аз Сарвари давлатамон ибрат гирем ва ҳамагон ҳеҷ гоҳ қаҳрамонию ҷоннисориҳои фарзонафаррзандони халқи тоҷикро фаромӯш накунем.
Ин амали наҷибонаи Пешвои миллат як бори дигар дар арсаи сиёсӣ робитаи дӯстию ҳамдигарфаҳмиии Россию Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар гардонд. Хуллас, ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати тарихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Шоинбеков Аловиддин - ходими пешбари шуъбаи
таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии
- Чоршанбе, 20 Май 2026
номзади илмҳои филологӣ Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновнаро ба муносибати солгарди мубораки зодрӯзашон аз самими қалб таҳният мегӯянд.
Маъмурият, ходимон ва тамоми кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олими пуркору нуктасанҷ, ходими пешбари шуъбаи забон, номзади илмҳои филологӣ Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновнаро ба муносибати солгарди мубораки зодрӯзашон аз самими қалб таҳният мегӯянд.
Шаҳло Саиднуриддиновна аз зумраи он шахсиятҳое мебошад, ки бо меҳнати софдилона, масъулияти баланди касбӣ ва донишу биниши густурдаи илмӣ солҳои дароз вазифаҳои гуногуни пурмасъули Институтро ба уҳда дошта, дар рушди илми филология ва забоншиносии муосир содиқона хидмат мекунад.
Нигоҳе ба пайроҳаи эҷодиву пажӯҳишӣ ва фаъолияти кории Шаҳло Саиднуриддиновна гувоҳи он аст, ки ў ҳам дар ҷодаи илм ва ҳам фаъолияти касбиаш ба натиҷаҳои пурмаҳсул ва дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Масири илмии муаллима аз таҳсил дар бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев оғоз ёфта, минбаъд бо Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Хидматҳои арзандаи ў дар вазифаҳои ходими илмӣ (2008-2013), котиби илмӣ (солҳои 2013-2019) ва муовини директори Институт оид ба илм ва таълим (солҳои 2019-2026) гувоҳи садоқат ба касб ва маҳорати баланди кордонию ташкилотчигии ў мебошанд.
Шаҳло Саиднуриддиновна ҳамчун олими нуктасанҷ ва муҳаққиқи ботаҷриба дар соҳаи этнолингвистика ва забоншиносии когнитивии муосир, дар пажӯҳиши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) саҳми босазо гузоштаанд. Ў муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва асарҳои бунёдӣ мебошад, ки дар таҳаввули забоншиносии муосир ва кашфи дидгоҳҳои нави илмӣ саҳми босазо дорад.
Асарҳои пурарзиши Шаҳло Саиднуриддиновна, аз ҷумла монографияи «Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики», маҷмӯаи мақолаҳои «Дом, где живёт история» (2024) ва таҳқиқоти навбатии бунёдӣ таҳти унвони «Концепт ДОМ в лингвокогнитивной картине мира и традиционных представлениях шугнано-рушанской группы памирских языков» (2026) маҳсули заҳматҳои чандинсола ва ҷустуҷӯҳои амиқи илмии ў мебошанд.
Махсусан, пажӯҳишҳои Шаҳло Саиднуриддиновна дар самти забоншиносии когнитивӣ ва омӯзиши консепти «хона» дар гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ, ки дар арафаи дифои рисолаи докторӣ қарор дорад, дар илми забоншиносии муосир падидаи нав ва ҷолиб маҳсуб меёбад. Ин таҳқиқот на танҳо паҳлуҳои забонии ин мафҳумро равшан месозад, балки ҷаҳонбинии когнитивӣ ва тафаккури таърихии мардуми Бадахшонро дар қолаби илмӣ нишон медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки Шаҳло Саиднуриддиновна дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим буданаш, на танҳо ҳамчун роҳбари кордону бомаҳорат, балки ҳамчун як шахсияти фурӯтану инсонпарвар, масъулиятшинос ва содиқи кори хеш вазифаҳои пурмасъули худро иҷро менамуд ва бо принсипҳои баланди ахлоқӣ ва адолатпарварӣ дар байни ҳамкорон соҳиби эҳтироми хоса гардид.
Ҳамчунин, фаъолияти Шаҳло Некушоева ҳамчун котиби илмии Шурои диссертатсионии назди Институт шоистаи таҳсину қадршиносӣ аст. Хидматҳои ў дар ин ҷода, бахусус дар роҳнамоии довталабону муҳаққиқони ҷавон, ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои илмӣ ва пешниҳоди маслиҳатҳои муфид барои ҳар як пажӯҳишгар пурарзиш мебошанд.
Муаллимаи гиромӣ, бароятон умри пурфайзу баракат ва саодати ҷовидониро хоҳонем. Бигзор, соли ҷорӣ дар фаъолияти илмии Шумо соли гардиши куллӣ ва расидан ба ќуллаҳои мақсуди илмиву эҷодӣ гардад. Таманнои онро дорем, ки самараи пажӯҳишҳои бунёдии Шумо ҳамчун дастоварди нодири забоншиносии муосир пазируфта шуда, роҳи Шуморо ба сӯи уфуқҳои тозаи докторӣ ва унвонҳои баланди илмӣ ҳамвор созад.
Солгарди мавлуд муборак бошад!
Муфассал ...
- Чоршанбе, 20 Май 2026
САБАҚИ ТАЪРИХ ДАР ПАРТАВИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ МИЛЛӢ
САБАҚИ ТАЪРИХ ДАР ПАРТАВИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ МИЛЛӢ
Таърихи ҳар миллате баргирифта аз лаҳзаҳои сарнавиштсозе аст, ки на танҳо саҳифаҳои гузаштаро варақ мезананд, балки раванди ояндаро низ равшан месозанд. Барои миллати тоҷик асри ХХ даврони озмоишҳои сангину фоҷиаҳои бузург ва дар айни ҳол, асри шаклгирии давлат ва миллати муосир буд. Дар ин масири пурфарозунишеб, фарзандони фарзонае ба амсоли Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ҷони хешро нисор намуданд, то Тоҷикистон ҳамчун як воҳиди сиёсӣ, ҳамчун давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд намуда, аз он дигар маҳв нагардад.
Бозгардондани хоки ин ду қаҳрамони миллӣ аз Маскав ба пойтахти Тоҷикистон ва истиқболи бевоситаву самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи кишвар як лаҳзаи пур аз эҳсосот барои тамоми шаҳрвандони кишвар гардид. Ин пешвози роҳбари давлат як воқеаи одии сиёсӣ ё ташрифоти маъмулӣ набуд. Он нишондиҳанда ва намунаи волои адолати таърихӣ, эҳёи хотираи миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои озодихоҳӣ аст. Ин рӯйдод собит намуд, ки миллати тоҷик ҳаргиз фидокории фарзандони хешро фаромӯш намекунад. Истиқболи расмӣ ва низомии хоки қаҳрамонони миллат нишон дод, ки истиқлолияти имрӯзаи мо маҳсули муборизаҳои сангини дирӯз аст ва қадрдонии он, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар аст.
Барои дарки амиқи ин рӯйдоди дар асл таърихӣ, лозим аст, ки ба вазъияти солҳои бистуму сиюми асри гузашта нигоҳе андозем. Ба он давраи таърихие, ки марзбандиҳои милливу ҳудудӣ дар Осиёи Марказии соли 1924, манфиатҳои миллати тоҷик дидаву дониста поймол шуданд. Дар чунин шароити ҳассос ва бӯҳронӣ ба майдони сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ворид гаштанд. Шириншоҳ Шоҳтемур бо дониши амиқи сиёсӣ ва заковати хосу забондонии хеш тавонист дар сатҳи Маскав собит намояд, ки тоҷикон унсури аслии тамаддуни ин минтақа ҳастанд ва ҳуқуқи доштани як ҷумҳурии мустақилро доранд. Маҳз талошҳои хастанопазири ӯ бо ҳамсафонаш боис шуд, ки соли 1929 Тоҷикистон аз мақоми як ҷумҳурии худмухтор ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёбад.
Нусратулло Махсум ба унвони Раиси Кумитаи марказии иҷроияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон тамоми тавон ва нуфузи худро барои сохторсозии давлатӣ, якпорчагии ҳудуди тоҷикон ва мубориза бо бесаводӣ равона кард.
Онҳо афроде буданд, ки манфиатҳои миллаташонро бар дастурҳои идеологии марказ – Маскав тарҷеҳ дода, бо ин ҷасораташон боиси норозигии мақомоти онвақтаи давлати шуравӣ гаштанд. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки агар заҳматҳо ва исоргариҳои ин ду қаҳрамон дар солҳои 1924-1929 намебуданд, имрӯз вуҷуди давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон зери савол буд.
Солҳои сиюми асри ХХ, дар таърихи шуравӣ бо номи “репрессияҳои сталинӣ” маъруф аст ва он боиси ба коми оташ кашидани як қатор зиёиён ва ходимони сиёсии тоҷик гашт. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум низ зери чархи ин сохтори даҳшатбор монданд. Онҳоро бо иттиҳоми воҳии “миллатгароӣ” ва “зиддиинқилобӣ” боздошт намуда, соли 1937 дар шаҳри Маскав тирборон намуданд. Ҷасади онҳо дар гӯристони дастҷамъии Донской ба хок супурда шуду номашон тайи даҳсолаҳо аз саҳифаҳои расмии таърих дур андохта шуд. Нуқтаи авҷи ин фоҷиа дар он буд, ки ин ду қаҳрамон на танҳо ҷонашонро барбод доданд, балки хокашон низ дар ғурбат, дур аз он Ватане, ки барояш ҷонфишонӣ намуданд, маҳҷур ва бенишон монд.
Танҳо пас аз дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди эҳёи давлатӣ оғоз гардида, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мушарраф гардиданд. Варақ ва авҷи ин сиёсат арҷгузорӣ, маҳз ба Ватан – Тоҷикистон баргардондани хоки ин шаҳидон гардид.
Дар ин раванд бояд махсус қайд намуд, ки дар дипломатия ва ташрифоти сиёсӣ, ҳузури бевоситаи Роҳбари аввали давлат дар фурудгоҳ барои истиқболи пайкар ё хоки як шахсият, ҳовии паёми хеле амиқе аст. Ин рафтори Пешвои миллат нишондиҳандаи эҳтироми кулли давлат ба таърихи худ аст, яъне Тоҷикистони муосир худро вориси қонунии созандагони ин сохтор медонад ва сипоси худро ба онҳо ба таври амалӣ иброз медорад. Ин як дарси ватандӯстие барои насли наврас аст: замоне, ки Роҳбари давлат дар баробари хоки шаҳидони роҳи озодиву истиқлолии миллати хеш сари таъзим фуруд меорад, дар замири онҳо ҳисси ифтихори миллӣ бедор мешавад. Инчунин ин амали Сарвари кишвар хати батлоне кашид бар тамоми тӯҳматҳо ва сиёзнависиҳое, ки дар даврони шуравӣ нисбати ин қаҳрамонони миллат раво дошта шуда буд.
Маросими истиқбол дар фурӯдгох бо шукӯҳ ва шаҳомати вижаи низомӣ ва миллӣ бургузор шуд ва ҳузури ходимони сиёсӣ, аҳли илму адаб, ҷавонон ва пайвандони қаҳрамонон нишон дод, ки ин рӯйдод як дарди умумимиллӣ ва дар айни замон як ифтихори бузурги умумимиллист.
Сарвари кишвар бо нишони эҳтиром ба рӯҳи шаҳидони роҳи озодӣ иззату эҳтироми самимии худро ба ҷо овард, ки ин иқдомашон ҳамчун саҳифаи таърихӣ дар хотири миллат ҳамчун рамзи арҷгузории хос боқӣ мемонад. Ва мо бо ифтихори беандоза метавонем гуфт, ки хоки қаҳрамонони миллат на танҳо ба Ватан баргашт, он ба хонаи аслии худ – ба қалби ҳар як ватандор баргашту ҷойгузин гашт.
Маросими истиқбол дар фурудгоҳ бо шукӯҳ ва шаҳомати вижаи низомӣ ва миллӣ баргузор шуд. Ҳузури аҳли илму адаб, ходимони сиёсӣ, ҷавонон ва пайвандони қаҳрамонон дар ин маросим нишон дод, ки ин рӯйдод як дарди умумимиллӣ ва дар айни ҳол як ифтихори умумимиллист, зеро дар шароити замони муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, доштани мафкураи устувори миллӣ ва шинохти қаҳрамонони миллат барои ҳар як давлат рӯзмарра аст. Бозгашти хоки ин ду шахсияти маъруфи таърихӣ, ки зодагони минтақаҳои мухталифи Тоҷикстон буданд, вале барои як ҳадаф – Тоҷикистони мустақилу ягона мубориза бурда, ҷон фидо намуданд, рамзи ваҳдати шикастнопазири миллат аст.
Ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар ба мо хотиррасон менамояд, ки озодиву истиқлол бо чи заҳматҳое ба даст омадаанд.
Ин рӯйдод пирӯзии ҳақиқати таърихиро бар зулмоти фаромӯшӣ собит сохт ва нишон дод, ки Тоҷикистони муосир давлате соҳибтамаддун ва қадршинос аст, ки гузаштаи худро азиз медораду бар пояи он ояндаи худро месозад.
Сарвари кишвар бо нишони эҳтиром ба рӯҳи шаҳидони роҳи озодӣ иззату эҳтироми самимии худро ба ҷо овард, ки ин иқдомашон ҳамчун саҳифаи таърихӣ дар хотири миллат ҳамчун рамзи арҷгузории хос боқӣ мемонад.
Мо бо сарфарозӣ ва ифтихори беандоза метавонем изҳор намоем, ки хоки фарзандони қаҳрамони миллат на танҳо ба оғӯши Ватан бозгашт, балки ба манзили аслии худ, ба қалби пурмеҳри ҳар як ватандор роҳ ёфта, ҷовидона ҷойгузин гардид.
Зиҳӣ бод Пешвои муаззаму фарзонаи миллат, ва ҷовидон орому мунаввар бод рӯҳи поки қаҳрамонони сарсупурдаи Ватан, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърих ва қалби мардум абадан зинда хоҳад монд.
АРДАБАЕВА Мадина – ходими илмии шуъбаи таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи акдадемик Баҳодур Искандарови АМИТ
Муфассал ...
- Чоршанбе, 29 Апрел 2026
ШАХСИЯТ ДАР МИЗОНИ ВАҚТ (бахшида ба 80-умин солгарди муаллим Қурбонасейн Худоиев)
ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар, доктори илмҳои филологӣ,
директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи
академик Б. Искандарови АМИТ
ШАХСИЯТ ДАР МИЗОНИ ВАҚТ
(бахшида ба 80-умин солгарди муаллим Қурбонасейн Худоиев)
Инсонҳои ҳақиқатан муътабару иззатманд онҳоеанд, ки аз ҳузурашон кас баҳра мебарад. Онҳо ба таърифу тавсиф эҳтиёҷ надоранд, зеро зиндагӣ, рафтор ва осори онҳо беҳтарин шиносномаи шахсияташон аст. Онҳо дар хотираи ҷомеа ҷой мегиранд ва ба як меъёри ахлоқӣ табдил меёбанд, ки дигарон худро бо он месанҷанд.
Гарчанде ин гуна шахсиятҳо дар ҷомеа ангуштшуморанд, таъсири онҳо ба ҷомеа амиқ аст. Онҳо мисли чароғҳоеанд, ки торикиро мешикананд ва роҳро равшан месозанд. Бо ҳузури онҳо муҳит ранги дигар мегирад, зиндагӣ маънои тоза пайдо мекунад ва умед дар дилҳо реша медавонад. Барои замониёни худ онҳо манбаи итминон ва эътимоданд ва барои ояндагон мояи ифтихор ва ибрат. Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки инсон на бо он чӣ мегӯяд, балки бо он чӣ мекунад, дар саҳифаҳои зиндагӣ сабт мегардад. Ва танҳо онҳое, ки миёни сухан ва амал тавозун меёбанд, метавонанд ба мартабаи ҳақиқии иззат ва эътибор бирасанд.
Муаллим Қурбонасейн Худоиев аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои камёб маҳсуб меёбад. Дар миёни шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар номи муаллим барҳақ бо як эҳсоси самимияти хос, эҳтироми амиқ ва эътирофи умумӣ садо медиҳад. Ин аз он далолат мекунад, ки баъзе номҳо танҳо ба як инсон тааллуқ надоранд, балки ба як давра, ба як андеша ва ба як мактаби фикрӣ мубаддал мегарданд. Чунин шахсиятҳо бо ҳузури худ на танҳо зиндагии худро, балки фазои маънавии ҷомеаро низ ғанӣ мегардонанд.
Қурбонасейн Худоиев имрӯз даҳаи ҳаштуми умри худро бо саломатии устувор, зеҳни равшану тафаккури тоза тай мекунад. Аммо ин танҳо идомаи биологии умр нест, ин як навъ идомаи рисолат аст. Гӯё чархи замон ӯро на аз рӯйи тасодуф, балки ба хотири нафъовар буданаш, ба хотири ҳузури созандааш дар амон нигоҳ доштааст. Зеро дар фалсафаи зиндагӣ умри дароз танҳо вақте арзишманд мегардад, ки бо маъно, бо амал ва бо хизмат ҳамроҳ бошад.
Агар ба саҳифаҳои таърихи даврони шӯравӣ назар афканем, кам ба назар мерасад, ки як олими ҷавон бо чунин эътирофи баланд, яъне бо медали «Ихтироъкори СССР» сарфароз гардида бошад. Аммо муаллим ин мукофотро на чун нишони истеъдод, балки оғози як масъулияти бузург пазируфт. Шояд маҳз ҳамин эътироф дар вуҷуди ӯ эҳсоси ҳамешагӣ ба пеш рафтанро парвариш дод, эҳсоси он ки инсон бояд ҳамеша аз худ бештар талаб намояд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи камол бошад. Ва ҳамин рӯҳия буд, ки ӯро дар ҳар шароит, новобаста аз душвориҳо, дар сафи пеш қарор медод: меомӯхт, то бифаҳмад ва меомӯзонд, то ба фаҳми дигарон бирасонад.
Фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, махсусан дар солҳои вазнину пуртазоди таърихӣ, худ гувоҳи як ҷасорати маънавӣ ва масъулияти амиқи шаҳрвандист. Барои ӯ омӯзгор будан танҳо иҷрои вазифа не, балки ин як рисолати ватандорӣ буд. Ӯ ба оянда на бо нигаронӣ, балки бо боварӣ менигарист ва ин бовариро дар замири шогирдонаш низ мекошт. Зеро оянда танҳо бо умед сохта намешавад, он ба омӯзиш, ба дониш, ба тарбия ва ба шахсият ниёз дорад.
Ташкили нахустин озмоишгоҳи химия дар факултети илмҳои табиӣ на танҳо як иқдоми ташкилотӣ, балки як амали рамзӣ буд, гузоштани пояҳои илм дар муҳите, ки ба рушд ниёз дошт. Озмоишгоҳ танҳо макони таҷриба нест, он фазоест, ки дар он тафаккур шакл мегирад, саволҳо таваллуд мешаванд ва ҷавобҳо кашф мегарданд. Шогирдоне, ки дар он ҷо парвариш ёфтаанд, имрӯз дар ниҳодҳои бузурги илмӣ, аз ҷумла дар Институти химия ва Институти биологии Помир, фаъолият доранд. Ин худ далели он аст, ки меҳнати устод танҳо дар замони худ маҳдуд намешавад, он дар наслҳо идома меёбад.
Дар нигоҳи фалсафӣ, шахсиятҳое чун Қурбонасейн Худоиев на танҳо омӯзгор, балки пуле миёни гузашта ва ояндаанд. Онҳо таҷрибаро ба дониш ва донишро ба мерос табдил медиҳанд. Ҳузури онҳо дар ҷомеа мисли решаҳои амиқест, ки дарахти маърифатро устувор нигоҳ медоранд. Ва маҳз бо ҳамин гуна инсонҳо ҷомеа пеш меравад, балки маъно пайдо мекунад.
Шахсиятҳои кордидаву таҷрибаандӯхта дар чорчӯби танги як ихтисос маҳдуд намемонанд. Таҷрибаи зиндагӣ ба онҳо меомӯзад, ки ҳақиқати ҳастӣ бисёрҷанба аст ва дарки он танҳо аз роҳи як самти илмӣ имконпазир нест. Аз ҳамин ҷост, ки чунин инсонҳо тадриҷан аз доираи ихтисоси худ фаротар рафта, ба масоили фарогири ҷомеа рӯ меоранд. Барои онҳо зиндагии шоистаи мардум, суботи иҷтимоӣ ва ояндаи устувори миллат на танҳо мавзуи андеша, балки меҳвари масъулият мегардад. Зеро дарки амиқи зиндагӣ инсонро ба ин хулоса меорад, ки илму дониш вақте арзиш пайдо мекунад, ки ба манфиати ҷомеа хидмат намояд.
Дар ҳамин замина, фаъолияти Қурбонасейн Худоиев намунаи равшани пайванди илм бо андешаи миллӣ ва масъулияти сиёсист. Ӯ зарур донист, ки донишу таҷрибаи касбии худро бо арзишҳои милливу давлатӣ ҳамоҳанг созад ва аз ин роҳ дар пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар саҳмгузор бошад. Ин интихоби ӯ тасодуфӣ набуд, балки натиҷаи як ҷаҳонбинии пухта буд, ки дар он илм ва ҷомеа аз ҳам ҷудо нестанд, балки якдигарро такмил медиҳанд.
Қабули масъулияти муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ӯ идомаи табиии рисолати шаҳрвандӣ ба шумор мерафт. Ӯ то ба синни нафақа расидан бо сарбаландӣ ва садоқат ин вазифаи пурмасъулро ба иҷро расонд. Ин гуна хизмат, ки бар пояи самимият ва эҳсоси баланди масъулият бунёд ёфтааст, беэътино намемонад.
Аз ин рӯ, давлату ҳукумат ва хусусан Сарвари дурандеши кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти қобилият ва садоқати ӯ раёсати пурраи Кумитаи иҷроияи ҳизбашонро дар вилоят ба зиммааш во гузоштанд. Зеро Раиси ҲХДТ нағз медонистанд, ки аз оғози таъсисёбии ҳизб ӯ ҳамчун узви фаъоли он дар таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои ҳизбӣ саҳми назаррас гузоштааст. Фаъолияти ӯ танҳо ба сатҳи маъмурӣ маҳдуд набуда, бештар ба сатҳи маърифатӣ ва иҷтимоӣ тамаркуз дошт: суҳбат бо омӯзгорон, роҳнамоӣ ба донишҷӯён, кор бо ҷомеа ва тақвияти худшиносии шаҳрвандон. Ӯ хуб дарк мекард, ки сиёсат танҳо идоракунӣ нест, балки пеш аз ҳама, тарбияи шуур ва ташаккули андешаи ҷамъият аст.
Дар воқеъ ҳам, даврони роҳбарии ӯ корҳои созмондиҳӣ ва ташкилии ҳизб ранги нав гирифтанд. Ҷалби неруҳои беҳтарин, таҳкими сафҳо ва фаҳмонидани ҳадафу арзишҳои ҳизб ба мардум ба як раванди пайваста табдил ёфт. Натиҷаи чунин фаъолияти мақсаднок дар афзоиши назарраси шумораи аъзои ҳизб дар вилоят таҷассум ёфта, аз чанд ҳазор то ба маротиб бештар гардид. Аммо муҳимтар аз рақамҳо, он рӯҳия ва эътимодест, ки дар ин давра дар ҷомеа ба вуҷуд омад.
Ҳузури ӯ дар Анҷуманҳои V–X ҳизб ва интихоб шуданаш ба ҳайати Кумитаи иҷроияи марказӣ дар солҳои 2004-2009 низ далели эътирофи саҳми ӯ дар пешрафти сатҳи ҷумҳуриявист. Ин ҳама нишон медиҳад, ки шахсиятҳое чун ӯ на танҳо дар як самт, балки дар чандин арса метавонанд таъсиргузор бошанд. Чунин инсонҳо пайванди миёни андеша ва амал, миёни илм ва сиёсат, миёни шахсият ва ҷомеа мебошанд.
Бояд бо итминон, бо масъулият ва бо эҳсоси адолати таърихӣ эътироф намуд, ки дар эътидоли вазъи печидаву пурошӯби солҳои навадуми асри гузашта саҳми шахсиятҳое чун Қурбонасейн Худоиев воқеан бесобиқа ва фаромӯшношуданист. Он солҳо на танҳо имтиҳони давлатдорӣ, балки имтиҳони виҷдон, ирода ва хиради шахсиятҳо буданд. Дар чунин марҳалаҳо маҳз инсонҳои дорои ҷаҳонбинии васеъ, донишҳои амиқ ва таҷрибаи ғании зиндагӣ метавонанд нақши ҳалкунанда бозанд. Зеро ҳалли буҳронҳо пеш аз ҳама ба ақл, таҳлил ва масъулияти инсон ниёз дорад.
Қурбонасейн Худоиев аз зумраи он шахсиятҳост, ки донишро бо хирад ва таҷрибаро бо дурандешӣ пайванд дода, дар лаҳзаҳои душвортарин ба сифати гиреҳкушои масъалаҳо баромад кардааст. Барои чунин инсон илму дониш танҳо воситаи дарёфти ҳақиқат нест, балки абзори хидмат ба ҷомеа аст. Ӯ аз он олимоне мебошад, ки дар рӯзҳои сахт дар канори мардум меистад ва дар рӯзҳои осуда низ аз онҳо дур намешавад. Яъне, шахсияте, ки ҳам дар буҳрон роҳнамо аст ва ҳам дар субот такягоҳ.
Маҳз аз ҳамин дидгоҳ, пешниҳоди нахустин барномаҳои солимгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон дар ВМКБ, аз ҷониби ӯ як иқдоми одӣ набуд, балки як посухи хирадмандона ба ниёзҳои замон маҳсуб меёфт. Ӯ хуб дарк мекард, ки ояндаи ҳар ҷомеа аз ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии ҷавононаш вобаста аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба насли наврас барои ӯ як на вазифаи маъмулӣ, балки як рисолати миллӣ буд.
Ҳамзамон, мардум хуб дар ёд доранд, ки ӯ аз аввалин ташаббускорони баррасии мавзуи наҷоти иқтисодии кишвар тавассути идома ва анҷоми сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Дар он замон, ки бисёриҳо ба фардо бо тардид менигаристанд, чунин андешаҳо ҷасорат ва дурандешии фавқулода талаб мекарданд. Зеро сохтмони ин неругоҳ на танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ, балки як рамзи истиқлолият ва худкифоии миллӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан низ Сарвари давлат ин иншоотро ҳастиву нестии миллат номиданд, ки ин худ гувоҳи дурустии он андешаҳои пешакӣ ва стратегист, ки шахсиятҳое мисли Худоиев Қурбонасейн матраҳ намуда буданд.
Заҳмату хизматҳои ӯ дар рушди соҳаи маориф низ аз ҷумлаи он саҳифаҳои пурифтихорест, ки бо ҳарфҳои заррин дар таърихи маърифати кишвар сабт шудаанд. Ӯ ба таълим на танҳо ҳамчун раванд, балки ҳамчун асоси ҳастии миллат менигарист. Зеро миллате, ки маърифат дорад, метавонад ҳама мушкилотро паси сар намояд. Бо ҳамин рӯҳия, ӯ дар тарбияи кадрҳо, боло бурдани сатҳи дониш ва тақвияти худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузошт.
Ин талошҳо бенатиҷа намонданд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хизматҳои шоёни ӯ, ӯро бо унвони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” сарфароз гардонид. Ҳамчунин, барои саҳмаш дар таҳкими ваҳдат, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва таблиғи арзишҳои инсонгароёна ӯ бо ордени “Дӯстӣ” ва дигар ифтихорномаҳои сатҳҳои гуногун қадрдонӣ гардид.
Хулас, шахсиятҳое чун Қурбонасейн Худоиев на танҳо иштирокчиёни таърих, балки офарандагони онанд. Онҳо бо андешаи амиқ, бо амали содиқона ва бо эҳсоси баланди масъулият на танҳо мушкилоти замони худро ҳал мекунанд, балки барои наслҳои оянда роҳ ва намуна мегузоранд. Ҳаёт ва фаъолияти онҳо исбот мекунад, ки вақте дониш бо виҷдон ва таҷриба бо ватандорӣ ҳамроҳ мегардад, шахсият ба неруи созандаи таърих табдил меёбад.
Муфассал ...