wrapper

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ АЗ ИДЕЯ ТО НАТИҶА: РОҲНАМО БА НАВИШТАНИ КОРИ ИЛМИИ БОСИФАТ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД

  Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз семинари илмӣ таҳти унвони «Аз идея то натиҷа: роҳнамо ба навиштани кори илмии босифат» баргузор гардид. Ҳадафи семинар баланд бардоштани савияи таҳқиқотии магистрону докторантон, рушди фарҳанги илмнигорӣ ва ташаккули малакаи таҳияи корҳои илмӣ тибқи меъёрҳои академӣ мебошад.

  Семинарро номзади илмҳои филологӣ, муовини директори Институт Некушоева Шаҳло С. гузаронид. Дар ҷараёни барномаи илмӣ мавзуъҳои муҳими марбут ба принсипҳои илмнигорӣ, сохтор ва мантиқии кори илмӣ, тарзи дурусти таҳияи гипотеза, интихоб ва татбиқи усулҳои таҳқиқотӣ, инчунин масъалаҳои услубшиносӣ ва қоидаҳои таҳрири матни илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

  Некушоева Ш.С. таъкид намуд, ки кори илмӣ танҳо як санади расмӣ барои ҳимоя ё гирифтани дараҷа нест, балки шакли муоширати илмӣ ва воситаи саҳмгузорӣ дар рушди андешаи илмӣ ба шумор меравад. Ӯ инчунин ба таври муфассал дар бораи марҳилаҳои асосии таҳияи кори илмӣ, яъне аз интихоби мавзӯи тадқиқотӣ, то навиштани хулосаву тавсияҳо изҳори назар намуд ва ба иштирокчиён намунаҳои амалӣ пешниҳод кард.

  Дар рафти семинар магистрону докторантон баҳсҳои ҷолибу пурмазмун анҷом дода, таҷрибаи шахсии худро дар робита ба мушкилоти мавҷуда ҳангоми таҳияи корҳои илмӣ баён намуданд. Онҳо ҳамчунин роҳҳои такмили малакаи таҳқиқотӣ, усули дурусти истинод ба манбаъҳо, усули муқоисавӣ ва таҳлили мундариҷаи илмиро муҳокима карданд.

  Дар анҷоми семинар байни иштирокчиён муҳити озоди илмиву эҷодӣ ба вуҷуд омад, ки дар он ҳар як муҳаққиқ тавонист андешаи шахсии худро дар бораи нақши таҳқиқоти босифат дар рушди илму фарҳанг баён намояд.

  Бо суханони ҷамъбастӣ Некушоева Шаҳло С. ба зарурати таҳкими савияи илмии ҷавонон, риояи ахлоқи илмӣ ва масъулияти шахсӣ дар раванди эҷодиёти илмӣ таъкид карда, чунин чорабиниҳоро яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти таълимӣ ва тадқиқотии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров арзёбӣ намуд.