Мақолаҳо
- Панҷшанбе, 30 Апрел 2026
«ШОҲНОМА» – ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО ВА ЭҲЁГАРИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ (Мулоҳизаҳо дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ)
Назаршоева Чилла, мудири шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик
Б. Искандарови АМИТ, номзади илмҳои филологӣ
«ШОҲНОМА» – ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО ВА ЭҲЁГАРИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ
(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ)
Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи мероси ниёгон, ки ба як рукни калидии сиёсати давлатдорӣ табдил ёфтааст, таваљчуҳи бештар зоҳир мегардад. Яке аз иқдомҳои наҷибу мондагоре, ки дар ин даврони созандагӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардид, баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад.
Ин ташаббусҳои созанда бо фарогирии васеи худ ҳам соҳаи илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва ҳам илмҳои гуманитариро ба як ҷараёни воҳиди маърифатпарварӣ табдил доданд. Масалан, озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» барои ташаккули тафаккури техникӣ, эҷодкорӣ ва навоварии насли ҷавони имрўз заминаи мусоиди таърихӣ фароҳам овард. Дар баробари ин, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҷомеа ҳаракат ё љараёни бузурги китобхониро ба вуҷуд оварда, робитаи инсонро бо ҷаҳони маънавият аз нав эҳё кард.
Иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат дар самти ташкили ин озмунҳо гувоҳи он аст, ки имрӯз дар кишвар миёни фанҳои дақиқ ва илмҳои гуманитарӣ тавозуни комил ва мантиқӣ эҷод шудааст. Агар озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» зеҳни техникӣ ва тафаккури мантиқии насли наврасро сайқал диҳад, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» ҷаҳони маънавӣ, ҳувияти миллӣ ва дунёи ботинии онҳоро ғанӣ мегардонанд.
Ғайр аз ин, дар сатҳи мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ даҳҳо озмунҳои дигар, аз қабили «Луғатдони беҳтарин», «Китобхони беҳтарин» ва озмунҳои фаннӣ гузаронида мешаванд, ки ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ ба илму маориф ва фарҳанг ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи ниҳоии Ҳукумату давлати кишвар ин тарбияи наслест, ки ҳам аз технологияи муосир бохабар бошад ва ҳам решаҳои таърихиву адабии худро амиқ бидонад. Ва имрӯз ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ин озмунҳои маърифативу инноватсионӣ ва ҳамоишҳои зеҳнӣ тамоми табақаҳои ҷомеа тибқи низомномаи муайян иштирок намуда, қувваозмоӣ мекунанд.
Агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, мушоҳида мешавад, ки як марҳилаи муайян фарҳанги китобхонӣ то ҷое ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд ва таваҷҷуҳи мардум ба мутолиаи китоб коҳиш ёфта буд. Аммо имрӯз, баъди чанд соли роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ манзараро комилан дигар мебинем. Имрӯз китобхонаҳои мо дубора ба маркази таваҷҷуҳ ва боргоҳи маърифат табдил ёфтаанд. Ҳузури пайвастаи наврасону ҷавонон дар толорҳои хониш гувоҳи он аст, ки китобхонаҳо дубора соҳиби хонандаи воқеии худ гашта, китоб дубора ҳамдами инсон гардидаст.
Дар қатори ин сайри умумии озмунҳо, иқдоми навбатии Пешвои миллат ин таъсиси озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки маҳз дар соли 35-солагии Истиқлолият оғоз ёфта, барои солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт, хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад. Озмуни «Шоҳномахонӣ» на танҳо як сабқати адабӣ, балки воситаи муқтадири эҳёи хотираи таърихии миллат ва таҳкими пояҳои маънавии давлатдории мо аст.
Қабл аз эълони ин озмун, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як иқдоми дигари таърихиро роҳандозӣ намуданд, ки он бознашри матни муътамади «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар ду ҷилди мукаммал ва тақдими ройгони он ба ҳар як хонаводаи кишвар буд. Ин туҳфаи беназир ба он замина гузошт, ки «Шоҳнома» ба китоби рӯйимизии ҳар як тоҷикистонӣ табдил ёбад.
«Шоҳнома» кони ганҷеро мемонад, ки дар ҳар қабати он мутолиакунанда барояш дунёи нав, фаҳмиши тоза ва ҳикмати ноёбро кашф мекунад. Ин озмун масирест, ки моро ба ҷаҳони аҷдодон, ба зиндагии ҳазорсолаҳо ва ба дарки амиқи таъриху фарҳанг ва забони модарӣ ҳидоят менамояд.
Истиқлолияти давлатӣ давоми мантиқии давлатдории Сомониён ва ормонҳои Фирдавсии бузург аст. Агар ба сохтори «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳаким Фирдавсӣ таърихи моро ба се марҳилаи сарнавиштсоз ҷудо кардааст. Давраи асотирӣ, ки бештар ба таҳаввули ақлу хирад ва ибтидои тамаддуни инсонӣ бахшида шудааст ва махсусияти ин давра дар он аст, ки хирад ҳамчун роҳнамои асосӣ барои баромадан аз ҷаҳолату ваҳшоният муаррифӣ мешавад.
Давраи паҳлавонӣ дарси ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва фидокорӣ дар роҳи ҳифзи марзу бум мебошад. Ин ҷо меҳвари асосӣ Ватан ва ҳифзи он аст ва вожаю ибораҳои ба монанди «ҷавонмардӣ», «паймон» ва «нангу номус» махсусиятҳои ахлоқии ин давра мебошанд. Паҳлавонони ин давра на танҳо барои шуҳрати худ, балки барои нигоҳ доштани шаъну шарафи марзу бум ва ҳифзи он, бо душманони беруна (Тӯрон) мубориза мебаранд. Ва ниҳоят, давраи таърихӣ таҷассумгари низоми давлатдорӣ, адлу дод ва эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ аст, ки ҳастии фарҳангии моро таъйин мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра мо бо тамоми ҷузъиёти ҷашнҳои миллӣ (Сада, Наврӯз, Меҳргон) ва тарзи идораи кишвар ошно мешавем. Ин таҷрибаи таърихӣ барои давлатдории муосири мо ҳамчун сарчашмаи ибрат ва заминаи худшиносӣ хизмат мекунад, зеро пояҳои давлати соҳибихтиёри мо бар ҳамин арзишҳои адолатхоҳӣ ва фарҳангпарварӣ устувор ёфтаанд.
Чаро мо дар ин ҷо аз давраҳои «Шоҳнома» ёдовар шудем? Ба ақидаи мо, вақте ин шоҳасарро аз оғоз то интиҳо қадам ба қадам мутолиа мекунем, як ҳақиқати ҷолиб рӯнамо мегардад ва ҳаќиќат он аст, ки аксари он орзуву ормонҳое, ки Фирдавсии Ҳаким ҳазор сол пеш дар қолаби назм рехта буд, имрӯз дар давраи муосир, яъне дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҷомаи амал мепӯшанд. Ба ибораи дигар, давраи соҳибистиқлолӣ марҳилаи эҳё ва татбиқи пайдарпайи ормонҳои таърихии ниёгони мо аст, аз ин рў лозим мешуморем, ба ин пайвандҳо амиқтар назар кунем:
- Агар дар давраи асотирии «Шоҳнома» сухан аз ташаккули нахустин унсурҳои тамаддун равад, имрӯз мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди эҳёи дубораи илму фарҳанг ҳастем. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» ҳамон ниёзи Фирдавсӣ ба «хирад»-ро дар ҷомеаи муосир таъмин мекунанд.
- Ормони бузурги давраи паҳлавонӣ ин ҳифзи Эронзамин аз парокандагӣ ва истилои аҷнабиён буд. Мо ин ормонро дар замони Истиқлол дар симои Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва иќтидори Артиши миллӣ мебинем, ки кафили амният ва пойдории кишвар мебошанд.
- Дар давраи таърихии «Шоҳнома» Фирдавсӣ бо ҳасрат аз ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ёд мекунад, чун дар замони зиндагии шоир, бар асари ҳуҷуми аҷнабиён ва таассуби он давр, ин суннатҳои куҳан рӯ ба завол буданд ва арзишҳои миллӣ зери фишори фарҳангҳои бегона қарор доштанд. Фирдавсӣ бо қалами худ мехост ин ҷашнҳоро ҳамчун рамзи ҳастии миллат аз боди фаромӯшӣ нигаҳ дорад. Хушбахтона, имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, он орзуву ормонҳои таърихии Ҳаким Фирдавсӣ ҷомаи амал пӯшиданд. Ин ҷашнҳо на танҳо дар сарзамини аҷдодии худ эҳё шуданд, балки мақоми байналмилалӣ гирифта, ҷаҳонӣ гаштанд. Ин маҳз ҳамон баҳори маънавиест, ки Ҳаким Фирдавсии бузург асрҳо боз интизораш буд.
Ҳамин тариқ, озмуни «Шоҳномахонӣ» - ро метавон як ҳамоиши бузурги маънавӣ ва мактаби худшиносии миллӣ номид. Ин озмун як навъ ҳисоботи наслҳои имрӯз дар назди рӯҳи бузурги Ҳаким Фирдавсӣ ва гузаштаи пуршарафи халќи тољик аст.
Мо бо ин иқдом гӯё ба рӯҳи ниёгонамон паём медиҳем, ки он кишваре, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар назм бино кард ва он забоне, ки аз боду борон нигаҳ дошт, имрӯз дар замони соҳибистиќлолӣ соҳиби Парчам, Нишон ва давлатдории воқеӣ аст. Ин озмун пайвандест, ки қалбҳои ҷавони моро бо хиради ҳазорсолаҳо пайваст намуда, моро ба сӯи ояндаи дурахшонтар раҳнамун месозад.
Мо - зиёиён, устодон, омўзгорон ва аҳли илму адаб, вазифадорем, ки ин иқдоми наҷибро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, тамоми неруи маънавии худро ба он равона созем, ки «Шоҳномахонӣ» на танҳо як чорабинии муваққатӣ, балки ба як ҷараёни доимии тарбиявӣ ва созанда табдил ёбад.
Зеро ҷавононе, ки дар рӯҳияи қаҳрамонони Фирдавсӣ тарбия меёбанд, ҳеҷ гоҳ ба инсони беҳадаф, шахси беҳувият ва ё бегонапараст табдил намегардад. Касе, ки аз чашмаи ҳикмати «Шоҳнома» об мехӯрад, қадри Ватан ва муқаддасоти миллиро аз ҳама чиз баландтар медонад ва дар замири ӯ эҳсоси масъулият дар назди наслҳои гузаштаву оянда бедор мешавад.
Мо бояд кӯшиш кунем, ки «Шоҳнома» барои насли ҷавон на танҳо як китоби таърихӣ, балки дастурамали зиндагӣ бошад. Маҳз ҳамин гуна муносибат ба мероси ниёгон кафолат медиҳад, ки Истиқлолияти мо дар заминаи устувори маънавӣ боз ҳам пойдортару шикастнопазир бимонад.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 17 Апрел 2026
САБАҚ АЗ САРГУЗАШТИ ЗАҲҲОК БАРОИ ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ
САБАҚ АЗ САРГУЗАШТИ ЗАҲҲОК
БАРОИ ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН
БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ
Нашр ва тақсими асари ҷаҳоншумули мубаллиғи хирад Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – «Шоҳнома» барои ҳар як хонаводаи тоҷик ҳикмати азимеро соҳиб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муддати қариб 35 соли роҳбарии давлати тоҷикон ва роҳнамоии миллати тоҷик ба сӯйи фардои сазовор ва ҳаёти шоиста, тамоми неку бад, пастию баландӣ ва дӯсту душманро санҷида, таҳлил намуда ба натиҷае расиданд, ки миллати тоҷикро зарур аст, то ба асолати худ, ки дар маънавиёту таърих дошт, дигарбора расад. Ин асолат хирадгаро ва инсонмеҳвар будани ҳаёти ӯ аст ва танҳо дар ҳамин замина метавонад асолати таърихии худро, яъне пешгоми илму маориф, иқтисоду иҷтимоъ буданашро боз гардонад. Яке аз василаҳои дарёфти ин асолати таърихӣ бедор намудани ҳофизаи таърихии фарзандони миллат аст, ки он дар қисмати ба маориф ва фарҳанги миллӣ бахшидашудаи Паёми порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт. Пешвои миллат ин масъаларо таъкидкунон изҳор доштанд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад» [3].
Ҳофизаи таърихиро танҳо ва танҳо тавассути мутолиаи мудаввоми бузургтарин осори илмӣ, таърихӣ ва адабии гузаштагонамон бедор карда метавонем. Бедор намудани хотираи таърихӣ барои табдил додани ҳаёти беҳ ба беҳтар ва беҳтар ба беҳтарин зарур аст, яъне як худ мутолиаи ин осор ҳанӯз барои ояндаи хубро сохтан басанда нест, балки аз он сабақ бояд гирифт ва ин сабақро бо ақл омезиш дода дар амал ҷорӣ бояд намуд. Он вақт метавон гуфт, ки ҳаёти мо бар мабнои хирад сохта шудааст.
Дар ин гузориши кучак мо аз як достони «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар мешавем, ки он сабақи фавқулода ҷиддӣ барои саривақт боздоштани ҳар як нафари наврас, навҷавон ва ҷавон аз мунҳариф шудан аз роҳи рост мебошад. Манзури мо саргузашти Заҳҳоки тиҳимағз аз силсилаи достонҳои «Гуфтор андар достони Мардос» аст, ки муҳтавояш воқеъан ба дарди имрӯзаи мо мехӯрад.
Ҳар рӯзу ҳар ҳафта роҳбарияти олии давлат ва масъулини кор дар ҳар сатҳ ва бо истифода аз тамоми воситаҳо аҳли ҷомеа ва махсусан ҷавонони ноогоҳро аз арзишҳои волои миллӣ огоҳ месозанд, то онҳо ба тамаддуну идеологияи бегона гароиш наёбанд. Ҳарчанд дар ин самт корҳои азиме бо натиҷаҳои назаррас анҷом дода шаванд ҳам, вале таассуф, ки боз ҳам бархе аз навҷавонону ҷавонон қурбони як даста заҳҳоктинатон мегарданд. Омӯзгорону волидайн, муҳаққиқону адибон, ҷомеашиносону уламои дин сабабҳои зиёди ин мушкилотро ошкор сохтаанд ва роҳҳои пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи дурустро низ нишон додаанд ва ҳамаи он қобили қабулу истифода аст. Акнун барои ҳамаи мо зарур аст аз воситаҳои дигаре, ки гузаштагони мо бароямон ба мерос гузоштанд, истифода кунем. Бо иҷрои ин амал боз ҳам ба бедор сохтани ҳофизаи таърихии насли нав бар мегардем. Мехоҳам, то бо даст додани камтарин имконият омӯзгорон ва волидайни муҳтарам саргузашти Заҳҳокро аз «Шоҳонома» барои фарзандону толибилмонашон хонанд, нақл кунанд ва фаҳмонда диҳанд. Барои ин кор камина кӯшиш мекунам дар зимн чанд эпизоди зиндагиномаи Заҳҳокро ба таври сода ба риштаи таҳлил кашам, то хонандаи азиз қодир гардад паёми Фирдавсиро дар ин масъала ба ҷавонон расонда бошад.
Пеш аз ҳама, Заҳҳок фарзанди оилаи нодор ва ҷавони ба луқами нон муҳтоҷ набуд, балки ӯ фарзанди подшоҳ буд ва падараш – Мардос аз шоҳони бунуфузи даври хеш ва худотарс маҳсуб меёфт, чунончи:
Яке мард буд андар он рӯзгор,
Зи дашти саворони найзагузор.
Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард,
Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард.
Ки Мардос номи гаронмоя буд,
Ба доду диҳиш бартаринпоя буд.
[1, с. 23].
Мардосро аз чаҳорпоён ҳазор-ҳазор дар хизмат буд ва мардумро бо уштуру мешу говҳои ҷӯшоӣ таъмин мекард. Касе агар эҳтиёҷ ба ширу равған дошт, аз ҷониби ӯ дастгирӣ меёфт ва мардум дар замони ҳукмрониаш осуда буданд. Аммо ӯро писаре буд бо исми Заҳҳок, ки далер, вале сабуксору нопок. Фирдавсӣ ӯро ҳанӯз дар ибтидои достон «нопок» ҳукм кардаст:
Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,
Далеру сабуксору нопок буд.
[1, с. 23].
Чунин тарзи иттило додан ба хонанда, ки дар аксари достонҳои «Шоҳнома» мушоҳида мегардад, услуби нигориши Фирдавсӣ аст. Маҳз тавассути як-ду байт достонсаро, аз як тараф муносибати худро нисбат ба персонажҳои асосӣ ва вазъу ҳоли тасвиршаванда изҳор медорад ва аз ҷониби дигар, хонандаашро барои дарки минбаъдаи ҳолу вазъ омода месозад. Дар асл бошад, дар айёми навҷавонӣ далериву сабуксори Заҳҳок маълум буд, вале нопокии ӯ ҳанӯз барои хонанда рӯшан набуд. Ҳарчанд, ба он нигоҳ накарда, ки дар айёми навҷавонӣ Заҳҳок шабу рӯз дар болои зин буд ва зинсавориву аспдавонии ӯ на аз роҳи дину ойин, балки аз бузургманишӣ будааст:
Шабу рӯз будӣ дубаҳра ба зин,
Зи роҳӣ бузургӣ на аз роҳи дин.
[1, с. 23].
Пеш аз ин Ҳаким Фирдавсӣ барои хонандааш аз давлату иштиёқи Заҳҳок иттило медиҳад, ки бинобар соҳиби даҳ ҳазор асп буданаш ӯро «Беварасп» ном мебурданд. «Бевар» аз забони паҳлавӣ ба дарӣ «даҳ ҳазор» будаст. Ана ҳамин ҷавони соҳиби даҳ ҳазор аспи тозӣ қурбони дасисаҳои Иблис мегардад.
Иблис рӯзе дар шакли марде хайрандеш ва некхоҳ як саҳар ба пеши Заҳҳок меояд ва бо сухани бисёр ширин ва лаҳни аз ҳадд гуворо бо ӯ суҳбат оғоз мекунад. Заҳҳок дилдодаи хушгуфтории ӯ шуд, вале бадеҳист, ки аз кирдори бадаш огоҳӣ надошт:
Чу Иблис дид, он ки ӯ дил ба бод
Барафканд, аз он гашт бисёр шод.
Фаровон сухан гуфт зебову нағз,
Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз.
[1, с. 23].
Дар ин ҷо як муқоисаро раво мебинем: аз рӯи он иттилое, ки роҷеъ ба ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав дастраси омма аст, маълум мегардад, ки мусоҳибони мағзшӯйи ҷавонон мутахассисони дараҷаи олӣ ҳастанд ва онҳо аз илмҳои равоншиносиву диншиносиву чашмбандӣ (гипноз) пурра бохабар мебошанд. «Иделогҳои ифротгароӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб ҳис намуда, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои нопоку зишти худро, пеш аз ҳама, дар байни ҷавонону наврасон паҳн карда, онҳоро ба ҳар роҳу восита ба худ моил созанд» [2, с. 9]. Дар воқеъ, онҳо ба сатҳи омодагии ҷавонони камҳуш ва сустирода диққати алоҳидаро зоҳир мекунанд ва ҳамоно кори Иблисро анҷом медиҳанд. Иблис низ тамоми ҳунарашро барои аз роҳи рост мунҳариф сохтани Заҳҳок истифода бурд ва аввалин коре, ки кард дили ӯро бо суханҳои нарм ва лафзи ширин моили хеш сохт.
Аз ҷониби дигар, барои муваффақ гаштани Иблис тиҳимағзӣ, яъне бедонишии Заҳҳок кумак кард. Аз ин хотир, кӯдаконро набояд бедониш гузошт! Дар рӯзгоре, ки барои ҷамъоварии ҳама гуна дониш шароит мавҷуд аст, чаро бояд аз он истифодаи васеъ накард?!
Дуюмин қадаме, ки Иблис андар тасхири зеҳну ҳушу дили Заҳҳок анҷом дод, аҳду паймони ӯро гирифтан буд. Иблис мегӯяд, ки ман аҷоибтар суханҳо дорам, вале наметавонам онҳоро бе бастани аҳду паймон ба ту иброз ва ифшо намоям:
Ҳамегуфт: «Дорам суханҳо басе,
Ки онро ҷуз аз ман надонад касе!»
Ҷавон гуфт: «Баргӯю чандин мапой,
Биёмӯз моро, ту эй некрой!»
[1, с. 23].
Заҳҳок, ки як ҷавони аз олами иблисӣ ва бади ҷаҳон бехабар, аз муомилаи айёрона ва дар зоҳир ширини Иблис ба ваҷд омада ӯро «некрой» пиндошт, аммо Иблис махлуқе нест, ки бидуни аҳду паймон ҳадафашро иброз намояд:
Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,
Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст!»
[1, с. 23].
Ҷавони тиҳимағз бидуни андеша ваъдаи вафо медиҳад ва савганди иҷрои ҳар фармони Иблисро мехӯрад:
Ҷавон некдил гашту фармон-ш кард,
Чунон чун бифармуд савганд х(в)ард,
Ки «Рози ту бо кас нагӯям зи бун,
Зи ту бишнавам, ҳар чи гӯӣ сухун»
[1, с. 23].
Дар ин ҷо аллакай ҳамон чоҳе аст, ки ҷавонони корнодида ва донишнаандӯхта аксаран дар он меафтанд ва ягон намуди пушаймонӣ дигар ба онҳо суде намебахшад. Онҳо бозичаи дасти Иблиси ба сурати инсон пайдошуда мегарданд ва иблиссиратҳо дигар ҳар чи хоҳанд нисбати онҳо раво мебинанд. Пеш аз ҳама, ин ҷавононро тавассути мағзшӯйӣ душмани ашаддии миллат, ҳаммиллатон, Ватан, ҳамватанон, арзишҳои аҷдодӣ ва миллӣ месозанд. Онҳоро барои қатлу ғорату террори ҳамватанонашон таҳрик медиҳанд, ақлу ҳуши инсонии онҳоро маҳв сохта, аз онҳо робот месозанд.
Иблис бо Заҳҳок чунин корро раво дид ва баъд аз гирифтани ваъдаву шунидани қасами Заҳҳок нахустин коре, ки барои амалӣ намудани андешаҳои нопоки хеш анҷом дод, андешаи подшоҳ ва фарморавои кишвар шуданро дар мағз ва васвасаи онро дар дилаш ҷо дод:
Бад-ӯ гуфт: «Ҷуз ту касе кадхудой,
Чӣ бояд ҳаме бо ту андар сарой?!»
[1, с. 24].
Ва Иблис дар роҳнамоии разилонаи хеш ба он нуктае мерасад, ки рӯирост Заҳҳокро ба қатли падараш таҳрик медиҳад:
«Бигир ин сари моя даргоҳи ӯй,
Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ӯй.
Гар ин гуфтаи ман ту орӣ баҷой,
Ҷаҳонро ту бошӣ яке кадхудой!»
[1, с. 24].
Дар ин маврид дил ва андешаи Заҳҳок то ба дараҷаи пастарини андешаву ҳис ҳанӯз нарасида буданд, аммо ин замон мавқеъе дар ҳаёти Заҳҳок буд, ки ӯ худ аллакай қудрати андеша кардан надошт. Аз ин ба пас андеша ва амали ӯ дар дасти Иблис буд.
Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,
Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.
Ба Иблис гуфт: «Ин сазовор нест,
Дигар гӯй, к-ин аз дари кор нест!»
[1, с. 24].
Аммо, чуноне ки мардум мегӯяд, «кор аллакай аз кор гузашта буд», зеро Иблис Заҳҳокро ба ваъдаи додагӣ ва савганди хурдагиаш тарсонд:
Бад-ӯ гуфт: «Агар бигзарӣ з-ин сухан,
Битобӣ зи савганду паймони ман,
Бимонда ба гардан-т савганду банд,
Шавӣ хору монад падар-т арҷманд!»
[1, с. 24].
Ҳар як навҷавону ҷавон бояд бидонад, ки савганду ваъдаи ӯ танҳо барои ҳифзи ҳарами хонаводагӣ, марзу буми Ватан, эҳтирому арҷгузории волидайн ва арзишҳои миллӣ аст, на барои ба дӯш гирифтани ваъдаи хиёнат бар ин арзишҳо! Дар акси ҳол, иблисҳо ҷавононро ба савганди хӯрдагӣ, бори охират будани ваъдаву паймони додагӣ ва бенасиб мондан аз роҳату маишати ҷаннат метарсонанд ва бо ин восита амалҳои разилонаи худро анҷом медиҳанд.
Ҳамин тариқ, Иблис розигии Заҳҳокро барои аз байн бурдани падараш гирифта, дар сари роҳи Мардос чоҳ меканад ва ӯро туъмаи он чоҳ месозад. Заҳҳоки падаркуш бар тахти падар мешинад ва Иблис боз ҳам дар қолаби марди ошпаз омада хизматашро барои подшоҳ пешниҳод мекунад. Бо ҳамон разолату ноинсониаш таъомҳои ҳархеларо пухта, барои подшоҳ се маротиба дар як рӯз пешниҳод мекунад то даме, ки подшоҳ подоши хизматашро мепурсад, ки чӣ мехоҳад. Иблис дар ҳамин лаҳза қадам ба сӯи ҳадафи охиринаш мениҳад, яъне барои нест кардани насли инсон талаби аз ду бари китфи Заҳҳок зиёрат карданро пеш мегузорад. Заҳҳок иҷозат медиҳад ва Иблис ду китфи ӯро бӯса карда, баромада ғайб мезанад.
Аз ду китфи Заҳҳок бошад ду мори афъӣ мебароянд ва даҳшати ин ҳолатро метавон тасаввур кард. Дар ин маврид Иблис дар қолаб ва ҷомаи табиб аз нав ба дарбори Заҳҳок ҳозир мешавад ва хизмати худро барои ором бахшидани морҳои афъӣ пешниҳод мекунад. Чунон ки маълум аст, каллаи морҳоро ҳар бор мебуриданд, вале онҳо аз нав пайдо шуда қасди мағзи сари Заҳҳок мекарданд. Барои Иблис ин имконияти аз насли одам халос шудан даст дод ва вай баҳри ором гардондани он ду мор мағзи сари ҷавонони нерумандро тавсия медиҳад. Ҳамин тариқ, ҳар рӯз дунафар-дунафар ҷавонони тануманд ва нерумандро оварда қурбони морони Заҳҳок мекарданд, то ба он вақте ки Коваи Оҳангар барои писари 18-умаш пархошу шӯриш бардошт ва рафта аз кӯҳи Албурз Фаридуни аз нажоди подшоҳони Кайро оварда, Заҳҳокро бо моронаш ба азоби ҷаҳаннам гирифтор намуданд.
Ҳарчанд оқибати Заҳҳоки мордор ва сари мардони майдонро хӯранда сазовори рафтори разилонаи ӯ анҷом ёфта бошад ҳам, вале бояд донист, ки Заҳҳок дар ин вазъият як махлуқе буд, ки қурбони дассисаву разолати Иблис гардид. Тиҳимағзӣ, яъне бедонишию беҷаросатии давраи ҷавониаш ӯро туъмаи морони Иблис сохт.
Иблис ҳанӯз ҳам мавҷуд аст ва он ҳар бор ва дар ҳар ҷо дар қолаби махлуқони одамшакли хушмуомилаву нармсухану чарбзабон зуҳур мекунад. Вале навҷавонону ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки дар олам ба ҷуз аз волидайн, аҳли оила ва ҳамватанонашон барои онҳо касе наздиктар ва ғамхортар пайдо нест.
Аз зиндагинома ва рафтори Заҳҳок бояд бохабар буд ва сабақ гирифт!
Ӯ нахуст дар куштани қиблагоҳаш даст дошт ва пас аз он тамоми бадиҳоро барои фарзанди инсоният раво дид. Ин махлуқи пастфитрат бозичаи дасти Иблиси буд! Барои он, ки кас фирефтаи иблиссифатон нагардад, хоҳ ӯ ҷавон ва хоҳ ӯ калонсол бошад, бояд аз дониш баҳра ва аз хирад кор гирад. Паёми Ҳаким Фирдавсӣ барои мо дар ин достони сабоқомӯз маҳз ҳамин аст.
Манобеи истифодашуда:
- Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 1. – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 792 с.
- Комилов Д.Р., Забиров Ҷ.В. Шинохти ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. – Душанбе: «Соҳибкор», 2020. – 48 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар», шаҳри Душанбе, 16.12.2025.
Варқа Охонниёзов - доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ
Муфассал ...
- Сешанбе, 17 Март 2026
АГАР НАВРӮЗУ РАМАЗОН БО ҲАМ ТАВЪАМ ОЯНД?
Шоинбеков А.А. - ходими пешбари илмии шуъбаи таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ АМИТ, номзади илмҳои таърих
АГАР НАВРӮЗУ РАМАЗОН БО ҲАМ ТАВЪАМ ОЯНД?
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои 2024-2025 ҷашни Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон бо ҳам тавъам омаданд. Соли 2024, 11-март моҳи шарифи мубораки Рамазон даромада то 9-апрел идома ёфт. Соли 2025 бошад моҳи марту моҳи Рамазон пурра бо ҳам баробар омаданд ва рӯзҳои наврӯзӣ дар мобайни моҳи Рамазон омаданд. Имсол бошад моҳи Рамазон 19-феврал оғоз ёфта бо омад - омади рӯзҳои наврӯзӣ (19-20 март) ҷашн гирифта мешавад. Дар таҷрибаи 35 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин се соли таърихӣ бори нахуст омадаанд ва боз баъди 33 сол ҷашни Наврӯзу моҳи Рамазон ба ҳам меоянд.
Пас агар Наврӯзу Рамазон бо ҳам тавъам оянд, онҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Соли 2024 дар арафаи оғози моҳи Рамазон ва фарорасии ҷашни Наврӯз дар миёни мардум овозаҳо паҳн гаштанд, ки ҷашни Наврӯзро пеш аз даромадани моҳи шарифи Рамазон то 11-уми март мегузаронанд ва дар моҳи Рамазон гузаронидани ҷашни Наврӯз раво нест. Ин албатта як овозаи навбатии иғвогаронаи баъзе хурофотгароён буд.
Мутаасифона таъсири тарбияи хурофотгароёна боиси он ҳам гашт, ки рӯзи 22-март соли 2024, дар рӯзи Наврӯз дар моҳи шарифи мубораки Рамазон дар вилояти Москва, шаҳри Красногорск, дар толори консертии «Крокус –сити- Хол» теракти калон рух дод ва дар он дар мадди аввал 4 нафар ва сипас 11 нафар террористро аз Тоҷикистон гумонбар доштанд ва дастгир карданд. Ин як фоҷиаи калон буд, ки дар он наздики 150 нафар кушта ва 600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин воқеаи нангин дар он рӯз дар тамоми олам паҳн гашту ҳафтаҳо ва моҳҳо дар хусуси он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизион ва матбуоти давр гап мерафт. Ин қасдан як сетсенарияи пешакӣ буд ё не?, то ҳоло ҳам чизе гуфта наметавонем, вале айбдоршавандагонро як зумра ҷавонони тоҷик маҳсуб донистанд ва дар паси панҷара якумр шинонданд. Пас гап дар Рамазон, дар Наврӯз дар Ислом набудаст, гап дар мост, ки мо бо чигуна тафаккур тарбия ёфтаем.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айбе, ки аст дар мусулмонии мост.
Дар он рӯзҳо ҳама гӯш ба қимор буданд, ки сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҷашн дар ин рӯзҳои воқеаи нангин чӣ кор мекунанд? Бахсус сарвари кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воқеаи «Крокус – сити - Хол» чи гуна вокуниш медиҳад? Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ки қаблан аз ин ҳодиса борҳо аз минбари Созмони Миллали Мутаҳид баромад карда ҳамеша таъкид намудаанд, ки “тероризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне терорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, изҳор ҳамдарии худро баён сохт вале дар баробари ин дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз, он рӯзҳою он сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, зеро ки Наврӯз ба ягон дин, ба ягон ақида, ба ягон идеология рабт надорад, ин як ҷашни сирф мардумист, ки таърихи зиёда аз 6 ҳазорсола дорад.
Ҳақиқатан ҳам, чуноне ки мо ҳамагон шоҳиди ҳол шудем, соли 2024 дар Ҷумҳурии Точикистон Наврӯз аз ҳар сола дида боз ҳам бо шукӯҳу шаҳомати баланд гузашт. Наврӯз дар ҳар як идораю муассисаҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, шаҳракҳою ҷомоатҳо, ноҳияҳою шаҳрҳо марҳила ба марҳила, навбат ба навбат гузашта, дар охир дар маркази вилоятҳо ва маркази Ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Бахусус дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони баландпоя консерти хеле бошукӯҳ гузашт, ки дар ҷамъбасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон боз таъкид намуд, ки мақсади Наврӯз фақат покию поктинатӣ аст, қалбҳои худро бояд аз кинаю кудурат пок созем. Мо бояд шукрона кунем, ки дар фазои сулҳу амонӣ дар кишвари соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаем ва мо ҳуқуқи маънавии ҳаққи хурсандӣ карданро дорем.
Дар ВМКБ низ таҳти роҳбари Раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ рӯзи 23-юми март дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ консерти калон бо иштироки васеи мардум, баргузор гардид. 26-уми март бошад дар варзишгоҳи марказӣ бозиҳои варзишӣ гуштингирӣ, волейбол, дави миллӣ, арғамчинкашӣ, вазнбардорӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Тӯҳфаҳои зиёд ба ғолибони мусобиқаҳо дода шуданд. Он сол на ин ки аз вилояти Суғду Хатлон балки аз Ҷумҳурии Узбекистон низ паҳлавонон ва судяҳо дар мусобиқаи гӯштингирии ВМКБ ширкат варзиданд.
Иди Рамазон низ бо тамоми расму ойинҳои хоси худ анҷом ёфт. Он рӯзҳо ҳамагон шоҳиди ҳол будем, ки касе ба касе кор надошт. Рӯзагир аз паси кори худу рӯзахур аз пайи кори худ. Ҳама дар осудагӣ, аз пайи рӯзгору зиндагии хеш.
9-марти соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат мулоқот карда аз ҷумла оид ба моҳи шарифи Рамазон чунин гуфт: «Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу менамоям. Бояд гуфт, ки ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад. Тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад. Аз ин рӯ, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад».
Дар соли 2025 чуноне ки дар боло зикр намудем, тибқи тақвими қамарӣ моҳи Рамазон аз 1 - уми март оғоз ёфта то 30 - юми март идома дошт ва рӯзҳои наврӯзӣ дар мобайни моҳи Рамазон омаданд. Ва ин аллакай соли дуюм буд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи Рамазону ҷашни Наврӯз ба ҳам тавъам меомаданд.
Бо даромади моҳи мубораки Рамазон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон 28 - уми феврали соли 2025 мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин иди шариф табрику муборакбод намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд. Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳамматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллӣ, яъне дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории навини худ қарор дорад. Мусаллам аст, ки дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нақши муҳим мебозанд. Ба ибораи дигар, қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам расму ойинҳои аҷдодиву суннату анъанаҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои эътиқодӣ дар хизмати осоишу оромӣ ва саодати мардуми Тоҷикистон қарор дода шаванд. Зеро онҳо ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазирӣ фарҳанги миллии моро ташкил медиҳанд. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки моҳи мубораки Рамазонро дар шароити амну осоиш истиқбол мегирем ва дар фазои озоди эътиқодӣ зиндагӣ мекунем.....
Ин моҳ арзишу ҳикматҳои зиёди сабақомӯз дорад.
Яке аз онҳо парҳезгориву покӣ, ғалаба бар нафс ва худдорӣ кардан аз бадиву зишткорӣ мебошад....
Боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву шуҳрат миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз хислатҳои дигари ин моҳи муборак мебошад....
Садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст....Бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо, об баровардан ба маҳалли зисти ҳамдиёрон ё обод кардани манзили зисти оилаҳои камбизоату муҳтоҷ нисбат ба ҳар амали таассубомез арзиши зиёди маънавию иҷтимоӣ ва манфиату савоби бештар дорад....
Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгори худи ӯ мегардад, худдорӣ намояд.
Азбаски моҳи шарифи Рамазон дар соли 2025 дар моҳи март даромад ва моҳи марту ҷашни Наврӯз сароғози кишту корӣ баҳориянд, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар суханҳои табрикотии хеш бахшида бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон таъкид намуд, ки мо бояд ҳар як рӯзи баҳорро бо меҳнати ҳалол, кишту кори баҳорӣ паси сар кунем, то ки файзу баракати меҳнати мо боз ҳам зиёда гардад.
Чуноне ки дар боло зикр намудем, дар соли 2025 ҷашни Наврӯз дар мобайни моҳи мубораки Рамазон омад, ки онро дар ин сол ҳам дар Тоҷикситони соҳибистиқлол бо шукӯҳу шаҳомати зиёдтар таҷлил карданд.
Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол агар аз назари Конститутсионӣ назар андозем, тибқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Маънои дунявӣ маҳз ҳамин аст, ки дин аз давлат ҷудо аст ва эътиқодҳою амалҳои динӣ озодона бе дахолат кардан ба корҳои давлатӣ мустақилона, худихтиёрӣ анҷом дода мешаванд.
Дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-марти соли 2009 «Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул шудааст. Дар моддаи 20-уми ин қонун нишон дода шудааст, ки ҳар як инсон ва шаҳрванд ҳуқуқи ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин дода шудааст. Иштирок дар ибодати динӣ, гузаронидани ҷашну маросимҳо ихтиёрӣ ва озод аст, вале дар доираи қонун. Ҳуқуқи гузаронидани ҷашнҳо маҳдуд нашудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ҷашнҳо расман иҷозат додааст ва баръакс арзишҳои ахлоқию инсонии онҳоро тарғибу ташвиқ мекунад.
Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки дар онҳо кафолати озодии виҷдон пурра дода шудааст.
Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханронияш қайд кардааст: «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст. Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд».
Ҳамчунин ӯ дар табрикоти телевизионии худ бахшида бо фарорасии ҷашни Наврӯз иброз дошт, ки имсол аз ҳарсола дида мо бояд бештар корҳои неку савоб анҷом диҳем, зеро ки ду ҷашни бузург, бо ҳам тавъам омаданд ва аз мо саховатмандиро талаб мекунанд. Ҳам дар китобҳои ориёиҳои ҳиндуиронӣ (Авесто ва Ригведа) ва ҳам дар таълимоти Ислом саховатмандӣ мавқеи калидӣ дорад.
Беҳуда нест, ки худи Пешвои миллат дар ин ҷашнҳо ва сафарҳои кории худ ба вилоятҳою ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дармондагону табақаҳои осебпазири ҷомеа ятимону бепарасторон вохуриҳо ташкил карда, онҳоро ба зиндагӣ раҳнамою умедвор сохта ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳо мебахшад.
Тамоми муассисаҳою идораҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар рӯзҳои ҷашн бахусус дар ҷашни Наврӯзу Рамазон аз ҳолу аҳволи дармондагон хабар гиранд ва ба онҳо кӯмакҳои моливу пулӣ расонанд.
Дар Паёми имсола Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Э. Раҳмон махсус қайд кард, ки воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.
Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад.
Имсол ду ҷашни бузург боз бо ҳам меоянд, боз бо ҳам ошноянд. Моҳи мубораки Рамазон мебарояд, анҷом меёбаду ҷашни оламафрӯзӣ Наврӯз оғоз мегардад. Ин рӯзҳои бузурги рамзӣ, руҳияи инсонию масъулияти шаҳрвандии моро боз ҳам баландтар мебардоранд.
Аз суханрониҳои Пешвои миллат баръало дида мешавад, ки хурду бузургӣ мамлакат метавонанд озодона ҳар ду ҷашнро бо ҳамон хусусиятҳои хоси аслиашон таҷлил кунанд. Муҳимаш ин ки аз чаҳорчубаи моҳияти аслии ин ҷашнҳо набароянд ва ба зиёдаравию, исрофкорӣ ва хурофотгароӣ роҳ надиҳанд. Баръакс бо омадани ин ду ҷашн, ки ҳар ду моро ба покию поктинатӣ, корҳои савоб, амалҳои нек, хайру баракат, тақвою парҳезгорӣ, адлу инсоф ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ водор месозанду ҳидоят мекунанд, мо бояд аз ин рӯзҳо ба маротиб истифода барем. Зеро, ки дарозумратарин инсон бо ҳам тавъам омадани ин ду ҷашнро дар ҳаёти худ се маротиба мебинад, дигарҳо бошанд як ё ду бор.
Аз суханрониҳою амалҳои амалии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар баҳсе ба миён намеояд, ки агар ҷашни Наврӯзу Рамазон бо ҳам дар Тоҷикистон ба ҳам оянд мо чӣ кор кунем? Фақат кори савобу нек!
Муфассал ...
- Душанбе, 16 Март 2026
ТАҚДИРИ НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ СССР
ТАҚДИРИ НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ СССР
Дар миёни мардум ва ҳатто аҳли илм андешаҳо ва назарҳои гуногун роҷеъ ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, 1917-1991) мавҷуданд. Бархе мегӯянд, ки ҷашни мазкур бе ягон маҳдудият таҷлил мешуд ва таҷлили он аксаран ба хоҳиши худи мардум вобастагӣ дошт. Қисмати дигар бар он ақидаанд, ки таҷлили Наврӯз маҳдуд буд ва он ҳамчун иди динӣ ҳатто манъ ҳам шуда буд. Мо дар ин гузориш баъзе санадҳои расмӣ ва обзориро дастраси хонанадагони гиромӣ мегардонем ва таъкид мекунем, ки масъала пажӯҳиши мукаммалро аз муҳаққиқон ва таҳлилгарон интизор аст.
Ва як масъалаи дигар: санадҳои пешниҳодшударо бо вазъи имрӯзаи ҷомеа ва махсусан, таҷлили маросимҳои Наврӯз муқоиса карда, хулосаи воқеӣ баровардан вазифаи мост, то ба қадри дастовардҳои даврони Истиқлол ва ибтикороти наҷиби Пешвои муаззами миллат дар эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ бештар расида тавонем.
СССР дар ибтидо ба Наврӯз назари нек дошт ва соли 1925 аз ҷониби ҳукумати марказӣ қарори махсус қабул шуд, ки дар он илова бар идҳои инқилобӣ, таҷлили чанд иди динӣ ва миллӣ дар сатҳи давлатӣ ба нақша дохил гардид ва Наврӯз яке аз ҳамин ҷашнҳо буд. Аммо, қарори мутазаккир танҳо дар тӯли се соли аввали амалишавиаш риоя гардиду халос ва аз соли 1928 сар карда, таҷлили идҳои динӣ ва миллӣ зери фишор ва таъқиб қарор дода шуд. Дар расонаҳо аллакай гузоришу мақолаҳо, талабҳо ва дархостҳои манъи идҳои миллию динӣ садо додан гирифтанд. Бадеист, ки ин талабҳо асосан ва куллан ба ҷамоҳири сокинонашон мусаламон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна, Тотористон, Қафқоз (ва хосса Озарбойҷон) дахл доштанд. Толибони ин тартибот талаб мекарданд, ки ҷашнҳои мазкурро ба идҳои инқилобӣ иваз бояд кард.
Тақвияти фаъолияти зиддинаврӯзӣ (ва дигар ҷашнҳои миллию динӣ) асосан бо ба майдони сиёсат омадани ҳаракате бо номи «Союз воинствующих безбожников» (СВБ) – «Иттиҳоди бехудоёни мубориз» (ИБМ) зиёд гардид. Оғози фаъолияти ИБМ ба соли 1921 баробар меояд ва ба он таъсиси ҷамъияти бидуниҳизбии атеистҳои Воронеж асос гузошт. Дар фарогир сохтани фаъолияти ин ҷамъият нашри рӯзномаи «Безбожник» («Бехудо», с. 1922) нақши зиёд бозид. Дар гирди он дастаи мухбирон ва рӯзноманигорони ситезаҷӯ ҷамъ омада, бо тамоми ҳунарашон зидди ҳар гуна падидаи миллӣ ва эътиқодӣ муборизаи беамон ба роҳ андохтанд. Чунин ситезаҷӯӣ ба руҳия ва идеологияи ҳизби ҳукмрон мувофиқ омад ва дар моҳи сентябри соли 1923 Комиссияи зиддидинии Кумитаи Марказии ҳизб таъсиси чунин доираҳои атеистиро умедбахш ҳисобид. Аллакай баъд аз қариб як сол, моҳи августи соли 1924 дар Масква ҷамъияти дӯстони рӯзномаи «Безбожник» таъсис дода шуд. Аз тасвири фаъолияти густурдаи ИБМ худдорӣ карда, танҳо баъзе самтҳои онро номбар мекунем, ки худ гувоҳи ҳаракатҳои ситезаҷӯёни он мебошанд:
- Муборизаи идеологӣ: Нашри адабиёт, рӯзнома ва маҷаллаҳо бо забонҳои гуногун дар таблиғи бехудоӣ дар байни аҳолии мусалмон.
- Фишори маъмурӣ: Бастани масҷидҳо, мактабҳо, мадрасаҳо ва мусодираи амволи онҳо, табдил додани биноҳои динӣ ба клубҳо ва осорхонаҳо.
- Инқилоби фарҳангӣ: Мубориза бо расму оинҳои анъанавӣ ва ҷойгузин намудани онҳо бо идҳои инқилобӣ.
- Омода намудани неруи зеҳнӣ (кадрӣ): Таъсиси ячейкаҳои маҳаллии ИБМ ва омода кардани таблиғгарони атеист аз байни ҷавонони маҳаллӣ.
Мубориза бо Наврӯз ва маросимҳои он аз ҷумлаи вазифаҳои калидии ИБМ буд. Мувофиқи санадҳои дастрас, соли 1929 аллакай ҳамаи идҳои динӣ ва миллӣ аз рӯйхати идҳои давлатӣ ихроҷ гардиданд ва дастаҳои ИДМ дар рӯзҳои ид гурӯҳҳои худфаъолияти ихтиёриро сомон дода, назорати манъи Наврӯзро ҳавлӣ ба ҳавлӣ ва маҳал ба маҳал ба роҳ монданд. Дар сурати оростани ҳатто як дастурхони фақиронаи наврӯзӣ аз ҷониби касе аз аъзои комсомол ё ҳизби коммунистӣ, ин дастаҳо ӯро ошкор сохта, ба маҳкамаи мардумӣ мекашиданд.
Соли 1937, пас аз қабули Конститутсияи нави ИҶШС, таҷлили ҳама гуна идҳои динӣ ва миллӣ, аз ҷумла Наврӯз комилан манъ карда шуд. Ин манъи расмӣ барои 20 сол эътибор дошт ва пас аз марги Сталин (роҳбари онвақтаи ИҶШС), ҳамаи идҳои динӣ ва миллӣ, аз ҷумла иди Наврӯз, пинҳонӣ барқарор шуданд. Яъне, таҷлили Наврӯз дар доираи оила дигар таъқиб намешуд.
Яке аз сабабҳои чунин бархӯрд бо Наврӯз ин буд, ки идеологҳои давр дар андешаи мутобиқ сохтани баъзе идҳои миллӣ барои тарғиб ва таҳкими сиёсати давлати шуравӣ буданд. Таҳлилгарон мисолеро дар ин самт сабт кардаанд, ки ҷолиби таваҷҷуҳ аст: Ҳукумати марказӣ тасмим гирифт, ки ҳамчун санҷиш 6 марти соли 1966, ки ба якшанбеи аввали моҳи март рост меомад, дар марказҳои вилояти Ленинград ҷашни миллии русии «Масленица»-ро зери номи дигар – «Хайрбод бо зимистони русӣ» ҷашн гирифта шавад ва Наврӯз бошад, 20 марти ҳамон сол бо номи «Истиқболи баҳор» таҷлил намоянд. Барои маълумоти хонанда илова карданамон даркор аст, ки ҷашни «Хайрбод бо зимистони русӣ» дар таърихи муайяншуда таҷлил шуда буд, вале ҷашнгирии «Истиқболи баҳор» пас аз як сол итифоқ афтод.
Шоҳидони ҳол ва санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои 1967, 1968 ва 1969 ҷашни Наврӯз то андозае бо шаҳомати махсус дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардида буд ва ин «дилгармии ногаҳонӣ»-и роҳбарони вақтро ба сиёсати ИҶШС дар Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Эрон алоқаманд медонанд. Соли 1965 сафари шоҳи онвақтаи Эрон – Ризо Паҳлавӣ ба ИҶШС анҷом гардид буд ва мегӯянд, ки ҳангоми мулоқот бо котиби генералии ИҶШС Л.И. Брежнев шоҳи Эрон дар бораи тақвияти робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар изҳори назар карда, дар мавзуи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни таърихӣ таъкид ва хоҳиши алоҳида намуда будаст. Тирамоҳи соли 1968 сафари расмии Л.И. Брежнев ба Эрон ба нақша гирифта шуда буд ва албатта, чунин муносибатҳо наметавонистанд ба сиёсати дуҷониба таъсир нарасонанд.
Дар як муддати на онқадар тӯлонӣ, аниқтараш то солҳои 1975 ҷашни Наврӯзро мардум дар доираи оила ва маҳал таҷлил мекарданд ва бадеист, ки ин кор дар партави чашмпӯшии Ҳизби ҳоким ба таҷлили чунин анъанаҳо ба вуқуъ меомад. Пас аз ин давра, яъне баъди нимаи дуюми солҳои 70-уми асри гузашта таҷлили ин ҷашн дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ боз аз сари нав маҳдуд гардид. Бовуҷуди он, расонаҳои расмӣ ҳар сол дар сани 21-уми март матнҳои табрикотии идонаро ба нашр мерсонданд ва барномаҳои алоҳида тавассути телевизионҳои маҳаллӣ, бо маҳдудият бошад ҳам, пахш мегардидагӣ шуданд.
Наврӯз равнақ ва манзалати худро танҳо дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба даст овард ва бешак, дар эҳёи суннату маросимҳои Наврӯз, ба иди миллӣ ва байналмилалӣ табдил додани он нақши Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти он, Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон бидуни қиёс аст.
Дар масъалаи тақдири Наврӯз дар даврони СССР дар Тоҷикистони мо бошад, ҳаминро такрор кардан зарур аст, ки ин раванд бояд ба таври мукаммал ва босанад таҳқиқ шавад.
Манбаъҳои истифодашуда:
- Коновалов Б. Н. Союз воинствующих безбожников // Вопросы научного атеизма. – М., 1967. –Вып. 4. – С. 63-93.
- Покровская С. В. Союз воинствующих безбожников СССР: организация и деятельность (1925-1947). – М., 2018. – 158 с.
- Сабироглу, Физули. Мифы советского времени о Новруз байрамы, от 21 марта 2016 г., https://vzglyad.az/news/57875/news.html санаи вуруд: 03.03.2026.
- Союз воинствующих безбожников СССР // Атеистический словарь / Абдусамедов А. И., Алейник Р. М., Алиева Б. А. и др. – 2-е изд., испр. и доп. – М.: Политиздат, 1985. – С. 240-241
Варқа Охонниёзов,
доктори илмҳои филологӣ
Муфассал ...