Мақолаҳо
- Чоршанбе, 01 Ноябр 2023
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Боре дар семинаре, дар маркази кишварамон, дар мавзӯи рушди сектори хусусӣ иштирок доштам, ки ба он коршиносони босалоҳият, аз кишварҳои аврупоӣ низ ҳамчун мураббиён даъват шуда буданд, чанде аз соҳибкорони мо гиллае пеш оварданд, ки гӯё мушкилоти рушди соҳа ба ниҳоят “сахтгир” будани низоми қонунии кишвар рабт дорад.
Коршиноси хориҷӣ, аз кишвари Олмон, ки гардонадаи ин семинар ҳам буд, монеъҳҳои пеши роҳи рушди босуръаттари сектори хусусиро ба замони мураккаби ба ном гузариш дар кишвари тозаистиқлол, менталитети хоси насли ин замони мураккаби гузариш ва сабабҳои дигар вобаста ба нишон дод. Бояд гуфт, ки далелҳои овардаи ин коршинос, бо ироаи намунаҳои кишварҳои дигари минтақа, воқеан ҳам қавӣ буданд, ки яке аз онҳо то ба ҳол дар хотирам нақш бастааст. Вай гуфт, ки ман бо аксари қонунҳои кишвари шумо ошноӣ дорам ва бояд бигӯям, ки Конститутсия мамлакати шумо, яке аз конститутсияҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ аст, зеро дар таҳияи он коршиносони беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ аз мамолики пешрафта ҷалб шуда буданд. Барои шумо танҳо зарур аст, ки онро ҳамчун манбаи асосии низоми қавонини мамлакат, бо тамоми ҷиддият дар ҷомеаатон риоя кунед”.
Ман ҳамчун як шаҳрванд, бидуни муболиға аз ин эътирофу дидгоҳи мантиқии як коршиноси хориҷӣ воқеан ҳам ифтихор кардам, зеро татбиқи Қонуни асосии мамлакат дар асл ҳам масъулияти тамоми аҳли ҷомеа ва ҳам ҳар фарди оно мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи Тоҷикистон, то замони истиқлолияти он, панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) Конститутсияҳо қабул гардида буданд, аммо танҳо Конститутсия замони соҳибистқлолии кишвар ва ҳатто иловаву тағйиротҳои он, аз тариқи референдуми умумихалқӣ қабул гардиданд, яъне ба ибораи дигар, онро тамоми сокинони кишвар таҳия ва қабул кардаанд. Аз он замон, рӯзи Конститутсия дар саросари кишвар, ҳамчун ҷашни санади олитарини кишвар, кафили озодиҳо ва зиндагии бо саодати тамоми тоҷикистониён бо тантанаи хос таҷлил мегардад.
Аксари сокинони кишвар дар хотир доранд, ки дар авохири солҳои 80 ум, авҷи ҷунбишҳои бозсозӣ дар фазои иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, дар мавриди қабули “конститутсия миллӣ” баҳсҳои зиёд авҷ гирифта, дар ин маврид аз аввали соли 1990 кор оғоз ҳам гардида буд. Аммо ба сабаби парешонии зиёди дар ҷомеаи кишвари он солҳо, ба истиллоҳ вазъи буғранҷу буҳронӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии ба сари миллат боркарда шуда ба амал омада ягон ниҳод аз ӯҳдаи ин кори муҳим баромада натавонист. Дар чунин вазъи мураккабтарини сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳолати ҷанги дохилӣ, кишвар комилан ба вартаи нобудии тамом расонда шуд. Маҳз дар чунин вазъ, Сарвари давлат, киштиии дар ҳоли ғарқшавӣ, ба номи Тоҷикистонро наҷот дод ва дар мавриди таҳияи Конститутсияи мамлакат иқдомоти заруриро зери даст гирифт, ки яке аз намунаҳои возеҳ аз қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ояндабинии сиёсии ин шахсияти сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон мебошад, ки онро ҳар касе, ҳар қадар талош ҳам кунад, нодидаву эътироф накардан наметавонад.
Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат, дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол беҳтарин дастовардҳои таърихи конститутсионализми мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитрӣ, сохти муосир ва созгор ба ҷаҳони воқеии муосир инъикос гардиданд. Ин имкон фароҳам сохт, ки ин санади олиии давлатӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовор арзёбӣ гардида, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон ворид карда шуд.
Бо қабули Конститутсия ҳамраъйии аксари аҳолии тамоми маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон (бе истисно) маълум гардида, заминаи ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Ҳарчанд дар он замони бесарусомонии тамоми кишварро фаро гирифта аксари сокинони парешонгашта ва ба гурӯҳҳову ҷиноҳҳо тақсим карда шуда,ба мазмуну моҳияти арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфта дуруст сарфаҳм намерафтанд ва ё иддае онро ба иллати надидани ояндаи норавшану тирагардондашудаи кишвар ҷиддӣ ҳам намегирфтанд. Аммо як нуктаро ҳамагон дақиқ эҳсос карда буданд, ки танҳо қабули Конститутсия, сарқонуни мамлакат, ки бо тақозои ҷаҳони душворпешгӯишавандаи муосир, дар замони пур аз таҳаввулоти босуръат, дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва ба сари пойи худ истод кардани давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамчун шанси ягонаи ҳифзу устувории минбаъдаи он мебошад.
Иддае, ки ба дарки моҳияти давлатдории худӣ ва миллати куҳанфарҳангу созанда боварии комил доштанд, дар атрофи Роҳбари ҷавону ояндабини миллат Эмомалӣ Раҳмон гирд омаданд, ин кори заруритаринро муваффақона пеш бурданд ва сафи онҳо ба тадриҷ афзуда, дар ниҳоят тамоми миллатро фаро гирифт. Зеро дар ин санади олии кишвар, дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст, ҳамраъйии миллат дар масъалаҳои тақдирсоз, аз қабили асосҳои сохтори конститутсионӣ – хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷии он, инчунин ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ифода гардид.
Яке аз мушаххасоти хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани он нишонаи саҳми худи сокинони мамлакат дар таҳия ва баррасии умумихалқии он ва аз ҷониби дигар, масъулияти ҳамин сокинонро дар баробари ин санади олии давлатӣ,тақдири худи давлат нишон медиҳад.
Қобили таъкиди махсус аст, ки пояҳои асосии давлатдорӣ дар муқадимаи ин санади олии мамлакат, аз лиҳози асосҳои ҳуқуқӣ ба таври зерин мушаххас шудаанд, ки арзиши онро ба сатҳи олӣ расондааст. Яъне халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор донистан,таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намудан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурдан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳои сокини Ватани аҷдодиро эътироф кардан, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додан ва дигар усулҳои появӣ, ки ин гувоҳи мақоми олӣ ва шикастнопазирии сарқонуни кишвар мебшад.
Яке аз мушаххасоти дигари қобили зикри Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, мушаххас шудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат мебошад, ки онро моддаи 1-и он барои тамоми ҷаҳон возеҳ эълом медорад, ки; Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ба назари шахсии мо, маҳз бо эълом доштани чунин асосҳои сохтории давлат, Тоҷикистон яке аз кишварҳои ояндаддор, бо сиёсати иҷтимоии дохили давлатӣ ва сиёсати хориҷии бо усули “дарҳои боз” аз ҷониби аксари кулли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавриди эътироф ва эҳтиром қарор гирифта, тамоми созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилаллӣ бо Тоҷикистон, бо ҳусни эътимод ҳамкориҳои тарафайнро ба роҳ мондаанд. Зеро давлати соҳибистиқлоли мо, бо эълом доштани мафҳумҳои асосии сохтори давлатии худ, ба хусус, сохти демократии далатдории дар пояи ҳуқуқ бино ёфта ва муҳимтар аз ҳама, сохтори дунявияти худ ва амалан нишон додани ин усулҳои зикршуда, таваҷҷӯҳи ҷомеаи мутараққии ҷаҳониро ба худ ҷалб карда тавонист. Таври мисол, пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии аз ҷониби роҳбарияти сохти олии кишвар дар СММ ироа гардида, аз дидгоҳи мо, маҳз ба ҳамин моддаи калидии якум вобастагии мустақим дорад.
Дар зимн як намунаи таърихиро, ки барои мо ҷолиб буд, ба қазовати хонандагони муҳтарам ҳам ҳавола карданием. Дар авоили қарни 20, яке аз олимони Ирон ба номи Мусташори Дувла, пас аз сафарҳои тӯлонӣ ба мамолики Ғарб ва ошноии комилбо тарзи зиндагии ғарбиёна ва стҳи рушди он, пас аз сафар ба Ирон баргашта, китобе навишт ба унвони як калима- “Қонун”. Тавре гуфта мешавад, агар тамоми ташреҳоту мисолҳои андешаҳои дигар сарфи назар шаванд, мағзи гапи он рисолаи кӯчак ба тариқи хулоса чунин аст, ки мо шарқиён чизе, ки надорем ва онро хеле зарур ҳам дорем, ҳамон мафҳуми “қонун” аст бо маънои мукаммал ва асоии он. Ва агар мо “амалан қонун медоштем” (на дар рӯи қоғаз) ва он ҳатман риоя мешуд, тамоми мушкилоти мо, ки аз ҳамон “набудани қонун” (яъне риояи он) ҳам маншаъ мегиранд, ба соддагӣ мисли, тамоми ҷаҳони мутамаддин ҳал мешуданд”.
Дар зимн, ба назари мо, ёдоварии он зарур аст, ки дар ҷаҳони имрӯз, барои ҳар яки мо зарур аст, ки ҳамеша андешаеро дар фикру мағз дошта бошем, ки мо соҳиби давлати соҳибихтиёри худӣ ҳастем, беҳтарин Конститутсияи сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшударо дорем, ки дар пояи он низоми мукаммали қонунии муосиро ҳам дорем. Ҳамчунон Пешвои эътирофшудаи миллату тамоми тоҷикони дунёро дорем, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии миллӣ, рушди кишварро ва бисер дастовардҳои дигаре дорем, ки бисёриҳо надоранд. Масъулияте, ки барои тамоми мо, сокинони кишвар боқӣ мемонад, ин саҳмгирии дар татбиқи бе чуну чарои низоми қавонини кишвар, ҳифзи дастоварҳои беназири истиқлолият, ба монанди Консттиутсия ваҳдати комили миллӣ, ва саҳмгирии дилсӯзона дар роҳи таъмини рушди босуръатари Ватани аҷдодӣ, ва дар шакли ободтару шукуфотар ба наслҳои ояндаи худ ба мерос мондани он аст.
Ҳақназар Имомназар- ходими илмии Институти илмхои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Точикистон.
Сабоиева Ҷамила- ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассал ...
- Душанбе, 30 Октябр 2023
Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон - омили пешрафти давлатдорӣ
Аз рӯзҳои аввали эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ, масъалаи қабул кардани Конститутсияи нав ба миён гузошта шуд. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷиҳат зарур буд, ки он низоми ҳуқуқӣ ва сохти идоракунии давлатро муайян мекард. Барои ҳамин ҳанӯз дар солҳои 1990 - 1991 роҳҳои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар шакли лоиҳаи Конститутсия аз тарафи олимони тоҷик таҳия гардид. Ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи таърихи конститутсияҳои қаблӣ ки солҳои 1929, 1931, 1937, ва 1978 қабул гардиданд, ба назар гирифта шуд. Моҳи феврали соли 1992 лоиҳаи Конститутсия ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз ин 22 апрели соли 1992 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Аммо бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар нимаи дуввуми соли 1992 ин кор ба таъхир гузошта шуд.
Соли 1993 дар шароити нав, Комиссияи конститутсионӣ ба кори худ идома дод ва моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи нав дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид. Аз 25-уми сентябр то 6 ноябри соли 1994 дар сар то сари ҷумҳурӣ раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард ва зиёда аз 87,59 фоизи овоздиҳандагон ба тарафдории қабул кардани Конститутсияи нав овоз доданд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тайғиру иловаҳо ворид гардиданд.
Аҳамияти асосии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки он Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона эълон намуд, ва ҳамин тавр шакли давлатдории мамлакат муайян гардид. Шакли идоракунӣ ҳамчун идоракунии президентӣ эълон карда шуд. Муҳимияти дигари Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он буд, ки он Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намуд. Яъне эътиқод ба дин озод эълон шуд ва дар баробари ҳамин дахолати диндоронро ба системаи сиёсӣ манъ намуд. Кафолати озодии виҷдон таъмин шуд ва фаъолияти ҳизбҳо дар доираи қонун таҳия гардид.
Конститутсия гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравиро таъмин намуда, барои фаъолияти сиёсӣ фазои қонуниро муҳайё намуд ва ҳама гуна маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро манъ кард. Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намуда, онҳоро зери ҳимояи давлат қарор медиҳад. Таҳлили қабули Конститутсияи замони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон нишон дод, ки он низоми нави давлатиро муқаррар кард ва барои иштироки бевоситаи мардум дар ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Саидасанов Юсуф – ходими илмии Институти илмҳои гумманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муфассал ...- Ҷумъа, 27 Октябр 2023
ДОДХУДО КАРАМШОЕВ: УМРЕ ДАР ТАЛОШИ ПАЖӮҲИШ, ҲИФЗ ВА НИГАҲДОРИИ ЗАБОНҲОИ КУҲАН ДАР ТОҶИКИСТОН (Ёдномаи олим)
ДОДХУДО КАРАМШОЕВ: УМРЕ ДАР ТАЛОШИ ПАЖӮҲИШ, ҲИФЗ ВА НИГАҲДОРИИ ЗАБОНҲОИ КУҲАН ДАР ТОҶИКИСТОН
(Ёдномаи олим)
...Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи
сарзамин ва марзу бумӣ аҷдодӣ, мероси бойи
фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург
ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огаҳӣ
надоранд, ҳеч гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди
замони худ шуда наметавонанд.
Эмомалӣ РАҲМОН.
НАХУСТТОҶИКИ ПОМИРШИНОС
Донишманди зиндаёд, забоншиноси маъруф, профессор Додхудо Карамшоев аз ҷумлаи он олимони тоҷик аст, ки шӯҳрати ӯ ҳанӯз дар даврони зиндагияш на танҳо дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, балки дар бисере аз мамолики Шарқ низ паҳн шуда буд. Вай аз миёни шарқшиносони тоҷик нахустин пажӯҳишгар аст, ки ба таҳқиқи забонҳои куҳани помирӣ рӯ овард ва дар муддати кӯтоҳ дар ин соҳа ба яке аз олимони номвар табдил ёфта буд. Бо кӯшиши профессор Карамшоев асарҳои муҳими забоншиносӣ ва луғатҳои комил арзи вуҷуд карданд, ки кунун на танҳо барои забоншиносон, балки барои тамоми шарқшиносон ҳамчун роҳнамое барои омӯхтани забонҳои помирӣ хизмат мекунанд.
“Ҳамчун олим ва луғатшиноси моҳир устод ҳама вақт мехостанд, ки ягон воҳиди забонӣ аз пеши назари муҳаққиқ дур намонад. Нисбати забонҳои помирӣ, ки аслан хат надоранд ва ба ҷамъ кардани маводҳои забонӣ ва фолклорӣ эҳтиёҷ доранд, устод тамомои донишу ақлу заковати худро сарф карда буд. Ӯ умед дошт, ки ин забонҳо соҳибхат мешаванд, то ки дар оянда фарҳангҳои соҳавӣ, этимологӣ ва энсиклопедиро сохта тавонанд ва нашр кунанд ва ояндагон аз он баҳра бигиранд”, менависад дар бораи хидматҳои таърихии олим ва ниятҳои якумраи вай профессор М.Аламшоев[1]. Ба гуфтаи профессор Назрӣ Офаридаев устоди Донишгоҳи шаҳри Хоруғ “помиршинсоӣ ба ҳайси як шохаи бузурги эроншиносӣ яке аз самтҳои шарқшиносӣ мебошад ва профессор Карамшоев аз ҷумлаи тоҷикон ва соҳиби яке аз ин забонҳо аз нахустин кадрҳои маҳаллӣ аст, ки ба омӯзиши амиқи илмии ин забонҳо пардохтааст”. Вай афзуд “то Карамшоев мутахассисони аслии ин забонҳо аслан олимони рус ва англисизабон буданд ва марказҳои омӯзишии ин забонҳо низ берун аз ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Маскав ва собиқ Ленингради Русия, ҳамчунин Амрико, Англия, Фаронса фаъолият мекарданд”.
ЗИНДАГИНОМАИ ОЛИМ
Додхудо Каоамшоев 5 майи оли 1932 дар деҳаи баландкӯҳи Баҷуви ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҶСС Тоҷикистон дар оилаи деҳқони колхозчӣ таваллуд шудааст. Вақте синни ӯ ба сенздаҳ мерасад, дар миёни Германияи фашистӣ ва Шӯравии сотсиалистӣ ҷанги беамон сар мезавнад. Падараши Додхудо яке аз авввалинҳо ба ҷабҳа меравад ва дар ҳамон ҷо баъди чанде ба ҳалокат мерасад. Ин факт аз он шаҳодат медиҳад, ки бачагии олими оянда бо мушкилии сахте пушти сар мешавад. Вақте Додхудо мактаби ҳафтсолаи деҳаашро бо баҳои аъло хатм мекунад, ӯро бо як хурсандиву шодӣ ҳамчун омӯзгор ба мактаби деҳ даъват мекунанд. Ҳамин тавр Додхудо аз овони наврасӣ ба кори таълиму тарбия мегузарад, ки барои кори ояндани илмияш заминаи хубе мегардад. Аммо ӯ таҳсилро як сӯ намонда ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ғоибонаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ месупорад. Дар марҳилаи нахусти ҷавонии хеш вай на танҳо омузгориии мактаб, муҳасилии омӯзишгоҳ, балки вазифаи ҷамъиятии котиби комсомоли мактаби хешро низ ба уҳда мегирад.
Вай то соли 1952 дар деҳа монда сипас ба Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) дохил шуда ихтисосои муаллими забон ва дабиёти тоҷикро бо дипломи аъло аз худ мекунад.
Ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ таваҷҷӯҳи Додхудои ҷавонро забонҳо ва гӯишҳои мухталифи Помир ба худ зиёд ҷалб мекунанд. Вале барои ӯ бештар он ҳайратовар буд, ки олимони хориҷӣ ба омӯзиши ин забонҳо таваҷҷӯҳи зиёд мекарданду дар байни олимони миллии тоҷик ҳанӯз касе ба омӯхтани онҳо даст назада буд. Карамшоев бо азми комил соли 1957 шомили аспирантураи шӯъбаи эроншиносии Институти забоншиносии АУ СССР дар шаҳри Ленинград шуда то соли 1960 таҳсил намуд ва аз мактаби машҳури эроншиносии Ленингарди собиқ гузашт. Дар тӯли ин солҳо вай барои созмон додани зербанои манбаъҳои омӯзиши системаноки забонҳо ва гӯишҳои мавҷудаи Бадахшон заминаи хуби итилоотӣ фароҳам сохт. Муҳаққиқи Карамшоев шогирд, дӯст ва ҳамнишини чунин олимони маърфи помиршинос мисли В.С. Соколова, И. И.Зарубинин, А.Л.Грюнберг, М. Н. Боголюбов,
И. И. Цукерман, А.К.Писарчик, Р. Х. Додихудоев, С. Н. Соколова, И. Стеблин-Каменский ва дигарон буд. Дониш, таҷрибаву маҳорат ва малакаи аз онҳо гирифта тамоми умр барои ин пажуҳишгар рӯшангаре буд мисли чароғи дастӣ.
АСРОРИ ЗАБОНҲОИ КУҲАНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲД БАРОИ ҲИФЗИ ОНҲО
“Ба арсаи илм омадани Додхудо Карамшоев дар самти омӯзиши забону фарҳанги кӯҳистони Помир паёмадҳои назаррасро ба бор овард. Зеро то солҳои шастуми қарни гузашта омӯзиши илмии забонҳои помирӣ маркази расмии худро надошт ва забонҳои помирӣ дар доираи омӯзиши забонҳои гурӯҳи эронӣ таҳқиқ мешуданд. Адами мавҷудияти маркази алоҳидаи илмӣ таҳқиқу баррасии мукаммал ва тибқи нақша сурат гирифтаро таъмин намекард”, мегӯяд доктори илмҳои филологӣ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ профессор Назрӣ Офаридаев. Зимни фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи забон ва дабиёти ба номи Рӯдакӣ дар тӯли солҳои 1963 - 1967 Карамшоев барои таъсиси сектор ё бахши забонҳои помирӣ дар дохили ин пажӯҳишгоҳ ва бо кадрҳои хуб таъмин кардани ин бахш хидматҳои сазоворе кардааст. Тавре профессор Н.Офаридаев ёдовар мешаванд, таъсиси сектор ё бахши помиршиносӣ кори саҳле набуд ва масъала бо миёнравии президенти онвақтаи АУ Тоҷикистон М.Осимӣ ба назди котиби КМ ПК Тоҷикистон Ковал ҳалли худро пайдо карда дар таъсиси ин бахш нақши директори вақти Институти забон ва дабиёти тоҷик Н.Маъсумӣ низ хеле бузург будааст. Ва албатта ҳамаи ин муваффақиятҳо бидуни кӯшишҳои устод Карамшоев ба даст намеомаданд.
Ба гуфтаи дуктур Шамсиддин Солеҳов, муъовини раиси Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе, дар замони Шӯравӣ таъсиси бахши помиршиносӣ кори саҳле набуд ва барои ин кор мудохилаи Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон лозим буд.
Вай мегӯяд: "Шояд ҳамаи ин муваффақиятҳо бидуни кӯшишҳои устод Карамшоев ба даст намеомаданд”.
Соли 1974 ин бахш бо саъйи устод Карамшоев ба шӯъбаи помиршиносӣ табдил ёфт ва мутахассисони зиёдтареро фаро гирифт. Бо ривоҷ гирифтани фаъолияти шӯъба, афзоиши кормандони илмии он, фаро гирифтани доираи васеътар мавзӯоти илмӣ дар помиршиносӣ зарурати боз ҳам тавсеа додани он ба амал омад. Устод Карамшоев чунин андеша мекард, ки ин шӯъба бояд дар маҳали корияш, яъне дар ҷои воқеъшавии забонҳо ё дар “лабораторияаш”амал кунад ва танҳо дар он ҷо метавонад самари бештаре орад.
Устод Карамшоев бидуни кадом шак бунёнгузори шуъбаи помиршиносӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Таъсиси шӯъбаи помиршиносӣ ба ривоҷи фаъъолияти он, афзоиши шумори кормандони илмӣ, фаро гирифтани доираи васеътари мавзӯъоти илмӣ дар заинаи помиршиносӣ мусоъидат кард.
Устод Карамшоев ҳамеша дар такопӯ буд ва мекӯшид, ки омӯзиши забонҳои куҳани шарқии эронӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон роиҷ ҳастанд, тавсеъа ёбад.
Ба андешаи вай, ин шуъба мебоист дар маҳалле, ки ин забонҳо роиҷанд, ё ба истилоҳ дар "озмоишгоҳи табиъии" забонҳои бадахшонӣ, фаъъолият кунад ва он гоҳ метавонист самари бештаре ба бор оварад.
Бо ин андеша, устод Карамшоев бо роҳбарони вақти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мавзӯъи ба Бадахшон кӯч додани шӯъбаи помиршиносиро матраҳ кард. Ҳамин тавр, аз соли 1989 шуъбаи помиршиносӣ фаъъолияти худро дар шаҳри Хоруғ оғоз кард.
Аз моҳи сентябри соли 1991 дар заминаи ин шӯъба дар шаҳри Хоруғ Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар Бадахшон таъсис шуд, ки он низ самараи саъю кӯшиши пруфесур Карамшоев унвон мешавад.
Суханони муҳаққиқи таърихи забонҳои эронӣ шарқшиноси маъруф М.И. Оранский :“Ба арсаи илм ворид гардидани гурӯҳи мутахассисоне, ки барояшон ин забонҳо модарӣ мебошад, дар инкишофи ин соҳаи эроншиносӣ марҳилаи нави ояндадор боз мекунад” дар шахси Карамшоев татбиқи худро ёфтанд.
Карамшоев дар таҳия ва қабули нахустин Қонун дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширктаи фаъол дошт ва пешниҳодҳои ӯ роҷеъ ба ҳифзи қонунии забонҳои куҳан дар Тоҷикистон дар ин қонун дарҷ ёфтанд. Ҳамчунин профессор Карамшоев яке аз мураттибони алифбои кириллиасоси забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
КАРАМШОЕВ ПОЯГУЗОРИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ ДАР БАДАХШОН
Донишёр Карамшоев дар назди роҳбарияти вақти АУ Тоҷикистон масъалаи ба Помир кӯчондани шӯъбаи помиршиносиро асоснок кард. Далелҳои ӯ бе қилу қол пазируфта шуданд ва аз соли 1989 шӯъбаи помиршинсоӣ фаъолияти худро дар шаҳри Хоруғ оғоз кард. Дар тӯли ин солҳо роҳбари ин бахш буда, дар омӯзиши забонҳо ва гӯишҳои помирӣ, фолклори мардуми он ва дигар масоили умдаи эроншиносӣ дар мисоли забонҳои помирӣ нақши сазовор гузоштааст.
Аз моҳи сентябри соли 1991 дар заминаи шӯъбаи помиршиносӣ Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АУ ҶТ дар ВМКБ таъсис шуд, ки бешак, бидуни саъю кӯшиши профессор Карамшоев, коре буд амри маҳол.
Бо супориши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АУ ҶТ дар Помир, ки ба таъсиси он профессор Карамшоев асос гузоштааст, дар қаламрави Боғи Ботаникии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои барҳавои худ шуд. Ҳамакнун дар ин пажӯҳишгоҳ на танҳо масоили забон ва адабиёти мардуми Бадахшон, балки таърих, этнография (мардумшиносӣ), иқтисод, ҷуғрофия, геология ва ҳоказоро низ меомӯзанд.
Тавре профессор, доктори улуми филологӣ директори Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии шаҳри Хоруғ марҳум Шодихон Юсуфбеков гуфта буданд “ҳоло дар шӯъбаи помиршиносие, ки устод Карамшоев як замоне таъсис дода буданд, олимон ва таҳқиқгарон аз куллияи манотиқи Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Язгулом, Бартанг, Ванҷу Дарвоз фаъолият мекунанд ва боиси фахр аст, ки бархе аз шогирдони устод имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳо ва муассисоти илмии гуногуни кишварҳои Русия, Инглистон ва Амрико кору фаъолият мекунанд.
Сардори шӯъбаи забонҳои помирии Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АУ ҶТ доктори илмҳои филологӣ профессор ва шогирди бевоситаи профессор Карамшоев Муқбилшоҳ Аламшоев мегӯяд “шодравон Карамшоевро ҳамчун лексиколог ва лексикограф дар Тоҷикистон ва берун аз он мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд”. Ба гуфтаи ин олим “луғатсозӣ кори аз ҳама мушкилтарин дар забоншиносӣ аст, вале устод Карамшоев ба мушкилие нанигариста беҳтарин луғатро мураттаб сохтааст”. Бузургтарин кори илмие, ки устод Карамшоев дар тӯли солҳо анҷом додааст, ин таҳия ва мураттаб кардани “Луғати сеҷиладаи шуғнонӣ - русӣ” аст, ки дар Сарредаксияи адабиёти шарқи Нашриёти “Наука” - и шаҳри Москва ба нашр расидаст. Ин луғат дар вақташ аз ҷониби забоншинсосои номии шӯравии собиқ баҳои баланд гирифта буд.
САБКИ КОРУ РАФТОРИ ОЛИМ
Муаллифи ин сатрҳо шоҳид аст, ки устод Карамшоев ҳамеша новобаста дар куҷо ва бо кӣ нишаста аст, каламу коғаз дар даст дошт ва ҳар калимаи наверо, ки дар забон мешунид, сабт мекард ва ҳамоно онро ба картотека дохил менамуд. Вай ба шогирдонаш мудом таъкид мекард: “Шогирдонам, шитобед, қаламу коғазро гиред. Маводҳои забонӣ ва фолклориро ҷамъ намоед, забони тозаи мо дар ниҳоди пирон ва мӯйсафедон нуҳуфтааст, забонҳои помирӣ низ мисли ин мӯйсафедон астанд, пагоҳ дер мешавад”.
Профессор Муқбилшоҳ Аламшоев, аз шогирдони устод Карамшоев, мегӯяд дар тӯли умри беш аз ҳафтодсолаи худ пруфесур Карамшоев ба манотиқи гуногуни Бадахшон сафарҳои ҳайъатҳои илмиро созмон дода ва осори шифоҳии мардумро ба забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва порсӣ гирдоварӣ кардааст.
Ба гуфтаи вай, маводди ҷамъовардаи устод Карамшоев он қадр зиёд аст, ки бархе аз он то ҳанӯз ҳатто аз нигоҳи илмӣ омӯхта нашудаанд.
“БОЗИИ БУЗУРГ” ВА ЗАБОНҲОИ ПОМИРӢ
Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳамакнун панҷ забони қадимаи эронӣ - шуғнонӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ ба изофаи забони порсӣ (шеваҳои дарвозӣ ва ишкошимӣ) роиҷанд, ки ба ин забонҳо беш аз 240 ҳазор нафар такаллум мекунанд.
Профессор Карамшоев ба манотиқи гуногуни Бадахшон сафарҳои ҳайъатҳои илмиро созмон дода осори шифоҳии мардумро ба забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва порсӣ гирдоварӣ кардааст.
Помиршиносӣ ба унвони яке аз шохаҳои умдаи эроншиносӣ аз охири қарни 19, аз замони шиддат гирифтани ихтилофот миёни имперотуриҳои Русия ва Инглистон дар мавриди тақсими қаламрави Бадахшон ё ончи имрӯзҳо "Бозии бузург" номида мешавад, шакл гирифт.
Ҳадафи аслии ин риштаи эроншиносӣ омӯзиши забонҳо, адабиёт, таърих, мардумшиносӣ ва равоншиносии гӯяндагони забонҳои помирӣ будааст, ки ҳоло бештар дар қаламрави Тоҷикистон, Покистон, Ҳинд ва Афғонистон роиҷанд.
Бар асоси Қонуни забон, ки дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, ҳифз ва омӯзиши илмии забонҳои помирӣ аз ҷумлаи фаъъолиятҳоест, ки давлат бояд аз он ҳимоят кунад.
Ҳамчунин, баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон таваҷҷуҳи хориҷиён ба омӯзиши забонҳои помирӣ афзоиш ёфтааст. Масъулони Анҷумани гардишгарии табиию фарҳангии Помир (PECTA), мегӯянд, ки дар солҳои охир шумори ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки барои омӯзиши забонҳои куҳани помирӣ ба Бадахшон ворид мешаванд, ба маротиб афзудааст.
Забоншиносон мегӯянд барои омӯзиши амиқи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ (ки мардуми дараи Яғноб дар шимоли Тоҷикистон ба он такаллум мекунанд) истифода аз осори илмии профессор Карамшоев аҳаммияти бештаре касб мекунад.
АСАРҲОИ ҶОВИДОНӢ
Ато Мирхоҷа, шоъири тоҷик, мегӯяд: "Дар баробари кори илмӣ профессор Карамшоев ҳамчун шахсияти иҷтимоъӣ дар бораи таърих, фарҳанг, одобу русуми иҷтимоъӣ ҳамеша дар расонаҳо ва миёни мардум на танҳо суханронӣ мекард, балки навишта ва асарҳои зиёде пешниҳод менамуд.
"Устод Карамшоев хеле сермаҳсул буданд ва доираи мавзӯоти навиштаҳои вай аз баъзан аз забоншиносӣ ҳам берун меомаданд. Вай тақрибан 400 асари илмиро дар шакли мақола, китоб ба мерос мондааст.
Вале дар баробари кори илмӣ профессор Карамшоев ҳамчун ходими ҷамъиятӣ дар мавзуоти таърих фарҳанг, одоб ҳамеша дар васоити ахбори омма ва дар байни мардум баромад мекард.
Муаллифи ин сатрҳо бохабар аст, ки чӣ тавр як китоби таълифкардаи профессор Карамшоев дар ҳаммуаллифӣ бо генерали рус В. Харкавчук таҳти уновни “Пограничники и жители Памира” барои ба эътидол омадани вазъ дар Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳвандии дохилӣ дар Тоҷикистон (1992 - 1993) чи гуна нақши бузурге бозид. Марзбонони рус, ки ҳифозати марз дар Бадахшонро беш аз 100 сол ба дӯш доштанд ва ин корро повиҷдонона иҷро мекарданд, дар он солҳо андаке аз анъанати дустӣ ва ҳамкорӣ дур рафтанд. Ҳодисаи ба ҳоли худ мондани марз, аз он гузарондани афроди гуногуни мусаллаҳ, дар рустоҳои марзӣ бегуноҳ ба қатл расондани ҷавонон ва муташанниҷ кардани вазъ аз ҷониби сарбозони рус ва қувваҳои ба имдоди онҳо омада хеле зиёд шуд. Профессор Карамшоев теъдоди зиёди маълумотҳо дар бораи фаъолияти марзбонони рус дар Тоҷикистон, анъанаоти дӯстии онҳо бо сокинони Бадахшон маводи зиёди архивӣ, ҳикояҳо, ёддоштҳои марзбонони мустафъиро ҷамъ оварда, онро бо ҳаммуаллифии генерали рус В.Харкавчук - сардори марзбонони рус дар Помир ба нашр расонд. Баъди ба чоп расидани китоб устод аз байни шаҳравнадони тоҷик, афроди соҳибэҳтиром ва афсарони рус як ҳайате амсоли гурӯҳи ташвиқотӣ - тарғиботӣ ташкил карда аз застава ба застава мерафтанд ва дар бораи оинҳои дӯстии миёни мардуми маҳаллӣ ва марзбонони рус сӯҳбат мекарданд ва сипас китобро ройгон тавзеҳ мекарданд. Ин иқдоми ҷамоатчигии професоор Карамшоев бисёр муассир буд ва муомилаи марзбонон нисбати марз ва мардуми маҳаллӣ ба куллӣ тағйир ёфт.
Дар ин бино дар болои яке аз дарҳо навишта шудааст: “Кабинети кории профессор Д.Карамшоев”. Дар ин кабинет тамоми осори профессор Д. Карамшоев гирд омадаааст. Аз ҷумлаи шогирдони устод Карамшоев танҳо дар ин пажӯҳишгоҳ 5 доктори илм, 14 номзади илм ва 18 ходими илмӣ фаъолият дошта ҳар соле аз натиҷаи даҳҳо тадқиқоти муҳим китобҳо ба чоп мерасонанд.
Дар ҳоли ҳозир роҳбарияти кишвар масъалаи омӯзиши амиқи забонҳои кӯчак ва азбайнрафтаистода, таҳкими забони адабӣ ва расмии тоҷикӣ дар Вилояти Бадахшонро ба миён мегузорад. Ҳамчунин баъди касби истиқлоли Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба омӯзиши забонҳои помирӣ афзоиш пайдо кард. Дар ин росто омӯзиши амиқи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ва идомаи фаъолияти илмии профессор Карамшоев аҳамияти бештаре касб мекунад.
Забонҳои куҳани тоҷикӣ дар Бадахшон ва Зарафшон бузургтарин дороии ТОҷикистонанд, ки бояд ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби ҳар як соҳибмиллат ҳифз шаванд. Беҳуда ҷаноби олӣ Помирро осорхонаи зиндаи забонҳо ном набурд.
Профессор Додхудо Карамшоев барои ояндагон мероси бебаҳое гузоштааст. Тавре ҳамеша худи ӯ таъкид мекард, дар шароити ҳозираи ҷаҳонишавӣ забонҳои куҳани Тоҷикистон метавонанд аз байн раванд. Вале мо бояд ба ин роҳ надиҳем ва ҳар яке чун олми шаҳири мо сарсупурдаи ҳифзи ин забонҳо бошем.
Қурбонидин АЛАМШОЕВ,
Номзади илмҳои таърих.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 06 Октябр 2023
САҲМИ ЗАБОНИ ТОЧИКӢ ДАР РУШДИ АФКОРИ ИЛМӢ ВА ФАРҲАНГИИ МАРДУМИ БАДАХШОН
Минтақаи Бадахшон аз кадимулайём гаҳвораи қавмҳои ориёӣ буда, дар каламрави он халқиятҳои мухталифи эронитабор шуғниҳо, рӯшониҳо, вахониҳо, риниҳо (ишкошимиҳо), язгуломиҳо ва ғайра умр ба сар мебаранд, ки ҳар яке аз онҳо бо гуйишҳои гуногуни эронӣ такаллум мекунанд. Ин вижагии Бадахшонро ба назар гирифта, муаррихон ва забоншиносон Помирро осорхонаи этнолингвисти қаламдод намудаанд . Бояд тазаккур дод, ки то охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ дар Бадахшон дар баробари забонҳои маҳаллӣ забони форсӣ-тоҷикӣ мавқеи хосаро ишғол мекард ва забони мазкур барои босавод намудани мардуми ин минтақа ва рушд бахшидани улуми мухталиф аз қабили адабиёт, забон, тиб, нуљум, таърих, фалсафа, улуми мазҳабӣ, наққошї, хушнависӣ ва ғайра нақши босазое бозидааст. Профессор Додихудо Карамшоев зимни пажуҳишоти худ перомуни густариш ва мавкеи забони форсӣ- точикӣ дар қаламрави Бадахшон дуруст тазаккур додаанд: «Забони тоҷикӣ дар Бадахшон ба унвони забони иртиботи байни ақвоми мухталифи ин сарзамин роиҷ аст ва ба ин восита мардуми Бадахшон арзишҳои фарҳангӣ ва суннатҳои қавми ориёиро бо ду забон ҳифз мекарданд. Забони помирӣ дар зиндагии мардум ба суратҳои мухталиф истифода мешавад. Чи шеъри фолклорӣ ва чи шеъри адабӣ бештар ба забони форсӣ-тоҷикӣ суруда шуда ва бинобар ин, тамоми ақвоми ин минтақа бо ин забон ошно ҳастанд. Аксари жанрҳои адабӣ, яъне ғазал, рубоӣ, мухаммас, достонҳои динӣ ва ирфонӣ дар Бадахшони бисёрзабон ғолибан ба форсӣ-тоҷикӣ навишта ва паҳн мешаванд ва бисёре аз расм ва ойинҳо ва аз ҷумла маросими «Чароғравшан», ки дар шаби савум баъд аз вафоти шахс баргузор мешавад, низ ба форсӣ-тоҷикӣ анҷом мешавад. Дуоҳо ва фотиҳаҳое, ки дар ҷашни арӯсӣ ва таваллуди кӯдак, маросими шурӯи хонасозӣ ва ворид шудан ба хонаи ҷадид хонда мешаванд, низ ба ин забон аст. Аммо баъзе аз анвои шеър ба забони маҳаллӣ низ суруда шудаанд. Аз жанрҳои мансури адабӣ қисса ва афсона, нақл ва ривоят, латоиф ва ғайра гоҳ ба забони помирӣ ва гоҳ ба забони форсӣ-тоҷикӣ гуфта мешаванд. Ҳамчунин, зарбулмасал ва мақол ва чистонҳо, ки аз жанрҳои кӯчаки фолклорї маҳсуб мешаванд, низ ба забони форсӣ ва ҳам ба забони маҳаллӣ нақл шудаанд. Замоне ки Ҳаким Носири Хусрав бо мақсади таблиғ намудани ақоиди исмоилия роҳи Бадахшонро пеш гирифтанд, ин мутафаккири бузург мардуми ин сарзаминро бо забони форсӣ-дарӣ ҳидоят намуданд ва барои онҳо даҳҳо ҷилд китобҳои пурарзишро дар мавзуоти фалсафӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва ғайра ба забони форсӣ- тоҷикӣ таълиф намуданд, ки ин осори гаронбаҳо дар тӯли беш аз ҳазор сол дар хидмати мардуми кӯҳистони Бадахшон мебошад. Тавре Мискин Майҳанпараст тазаккур додаанд: «Носири Хусрави Қубодиёнӣ низ аз ҷабри яғмогарони салҷуқӣ ба Бадахшон паноҳ бурдааст... Ӯ дар Шуғнон, Бартанг, Рӯшон, Вахон, Сариқул, Кайрон ва Мунҷон аз ҷониби мардум гарм ва самимона пазироӣ медид ва суҳбатҳои ў ҳама ҷо бо забони шевои дарӣ дар ҷараён будааст». Ё донишманди тоҷик Азиз Мирбобоев доир ба густариши забони форсӣ-тоҷикӣ дар қаламрави Бадахшон ва маҳбубияти Ҳаким Носири Хусрав дар миёни мардуми ин сарзамин мефармояд: «Ошноии ақвоми ин вилоят бо забони форсӣ то ҳадде будааст, ки Носири Хусрави Кубодиёнӣ дар қарни 6-и ҳиҷрӣ тавонист мардуми ин вилоётро аз тариқи забони форсӣ ба мазҳаби исмоилия ташвиқ кунад. Чунонки аз ривоёт ва ашъори фолклорӣ, ки ҳанӯз ҳам дар байни моварои Помир ривоҷ дорад, маълум аст, мардуми ин сарзамин бо Носири Хусрав ба форсӣ такаллум мекарданд. Ва имрӯз мақоле «форсӣ шакар аст»-ро ба вай мансуб медонанд. Мазҳаби исмоилия, ки забони катаби аслии он форсӣ буд, барои тарвиҷи забони форсӣ дар ин ҳавза кумак кард».
Забони тоҷикӣ дар қаламрави Бадахшон ва соир кишварҳои ҳамҷавор дар тӯли асрҳои мухталиф на танҳо ҳамчун забони илм, адаб, дину мазҳаб, балки ҳамчун забони байналмилалӣ ва байни қавмӣ хидмат намудааст. Яъне, агар қавмҳои мухталифи Бадахшон бо ҳамдигар ва ё бо намояндагони миллатҳои дигар ҳамсуҳбат мешуданд, ҳатман аз забони тоҷикӣ истифода мебурданд. Рушди забони тоҷикӣ дар Бадахшон дар тӯли асрҳои гуногун шароити мусоид фароҳам овард, ки дар ин кишвар сарчашмаҳои муҳимми форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла дастнависҳо дар мавзуоти мухталиф ба вуҷуд оянд, ки имрӯз теъдоди онҳо дар Бадахшон ба ҳазорҳо нусха (дастнавис ва чопи сангӣ) мерасад. Ин сарчашмаҳои хаттии форсӣ-тоҷикӣ бо ду роҳ дар Бадахшон арзи вуҷуд кардаанд. Аввал ин, ки замоне ки муҳассилини бадахшонӣ барои таҳсили илм роҳи мадориси Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афѓонистон, Самарқанд ва Бухороро пеш мегирифтанд, пас аз фарҷоми таҳсил онҳо китобҳои заруриро бо забони тоҷикӣ-форсӣ нусхабардорӣ намуда, бо худ ба Бадахшон меоварданд. Дувум, пас аз баргаштани муҳассилин онҳо дар зодгохи худ макотибҳои омӯзиширо таъсис дода, теъдоди зиёди кутуби форсӣ-тоҷикиро китобат намуда, миёни мардум паҳн мекарданд. Ин амали шоистаи нассохон имкони мусоид фароҳам овард, ки дар Бадахшон ҳунари наќќошӣ ва хушнависӣ низ рушд ёбанд ва хаттотон ва наққошони машҳур ба воя расанд. Барои собит кардани ин фикрҳо мехостем иттилооти чанд дастнависи форсӣ- тоҷикии дар Бадахшон дастраснамударо мавриди баррасӣ қарор диҳем:
Нусхаи аввал «Нисоби Шайх Саъдӣ» ном дошта, аз ҷониби Улфатшох ибни Сайид Хукуматшоҳ дар Бомбайи Ҳиндустон бо фармоиши пир Сайид Фаррухшоҳ ибни Шоҳпартовӣ китобат шудааст, ки котиб дар охири дастнавис зикр кардааст: <<Тамат, тамом шуд Нисоби Шайх Саъдӣ» алайхирраҳмон валғуфрон. Катаба мин ядулзаъиф фақир-ул-хақир, хоки пойи ҷамии дарвешон Сайид Улфатшоҳ ибни Сайид Ҳукуматшоҳ таҳрир ёфт, фӣ явмул ҷумъа, нуздаҳуми шаҳри ҷумодиулохир саннаи 1275 (1858-1859) дар шаҳри Бомбай буд. Тамат тамом».
Нусхаи дувум «Иршодоти Мавлоно Шоҳ Ҳасан Алӣ ва Мавлоно Шоҳ Алишоҳ» унвон дошта, аз ҷониби пир Шоҳ Ҳусайн дар шаҳри Пунои Ҳиндустон нусхабардорӣ шудааст. Пир Шоҳ Ҳусайн дар дастнавис зикр мекунад: «Ин чанд хатти шикастаи баста ба дасти нотамоми камина Сайид Шоҳ Ҳусайн валади Мирзо Муҳаммад Қосим аз валои Бадахшон аз сабаби фармоиши Сайид Қобилшоҳ валади Сайид Носиршоҳ дар мулки Ҳиндустон дар мавзеи шаҳри Пуна ба итмом пазируфт... Явми ҷумъа, чаҳоруми моҳи Зулҳиҷҷа, саннаи 1327 буд, ки тамом ёфт».
Дар асри ХІХ ва ибтидои ХХ дар Бадахшон ба шарофати тарвиҷи ҳунари нассохӣ, пахш гардидани теъдоди зиёди осори форсии илмӣ, адабӣ ва ҳунарӣ дар ин сарзамин илми таърихнигорӣ низ рушд кард ва дар Бадахшон чанд тан аз муаррихон ба воя расиданд, ки бо кӯшиши онҳо асарҳои таърихӣ оид ба таърихи Бадахшон ба забони ноби форсӣ-тољикӣ таълиф гардиданд. Дар ин давра, яъне соли 1880-81 милодӣ дар замони њукмронии Юсуфалихон аз ҷониби пир Сайид Фаррухшоҳ маснавии «Таърихи шоҳони Шуѓнон» таълиф гардид, ки донишманди мазкурро метавон яке аз аввалин муаррихон ва поягузорони илми таърих дар Бадахшон эътироф кард. Пир Сайид Фаррухшоҳ асари худро ба назм ва ба забони тоҷикӣ эљод намуда, дар он доир ба шарҳи ҳоли ҳашт нафар шоҳони Шуғнон иттилооти пурарзиш медиҳад. Ҳамчунин, аз ин донишманд то замони мо ашъори зиёди људогонае ба ёдгор мондаанд, ки онҳо ба мавзуъҳои таърихӣ ва инъикоси авзои иҷтимоии Бадахшони асрҳои гузашта бахшида шудаанд.
Дар ин давра аз ҷониби донишмандони дигар Курбон Мухаммадзода (Охон Сулаймон) ва Муҳаббатшоҳзода (Сайид Шохфитур) як асари мукаммал ва пурарзиш бо номи «Таърихи Бадахшон» ба забони тоҷикӣ таълиф гардид, ки ин асар дар чаҳор дафтар навишта шуда буд, ки он таърихи Бадахшонро аз замони Шоҳи Хомӯш то Юсуфалихонро дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар ин аср як асари таърихии муаррих Ҳайдаршоҳи Муборакшоњзода «Таърихи мулки Шуғнон» ва Фазлалибеки Сурхафсар бо номи “Таърихи Бадахшон”ба забони тоҷикӣ тасниф шуданд, ки онҳо дар илми таърихнигории муосир ба хотири равшан сохтани таърихи ҳукмронии чиниҳо дар Шуғнон, сукунати оташпарастон дар Бадахшон, таърихи шоҳони Шуғнон ва ба Русия ҳамроҳ гардидани Помир дорои аҳамияти муҳим мебошанд. Метавон хотиррасон намуд, ки ҳар яке аз ин асарҳо дорои арзиши хосси илмӣ буда, ба таърихи тираи асрҳои собиқи Бадахшон равшанӣ меандозанд.
Дар баробари осори таърихӣ дар Бадахшон бо инкишоф ёфтани забони тоҷикӣ адабиёти тоҷик рушд намуда, шоирони зиёд тарбия ёфтанд ва осори манзуми худро ба забони тоҷикӣ эҷод намуданд, ки метавон шоирони машҳури Бадахшон ба мисли Саййид Фаррухшоҳ, Мубораки Вахонӣ, Саййид Ҷаъфар, Мирзоибоди Шидзӣ, Шоҳфутур Муборакшоҳзода ва дигаронро ном бурд, ки онҳо ашъори худро ба забони тоҷикӣ таълиф намуданд. Ҳамчунин бо баракати густариш ёфтани забони тоҷикӣ дар Бадахшон дар ин сарзамин мактабҳо ба вуҷуд омада, онҳо барои босавод гардондани мардум саҳми босазо гузоштанд.
Хуллас забони тоҷикӣ дар ҳаёти мардуми Бадахшон дар тўли асрҳо саҳми босазо гузошта буд. Маҳз ин забон буд, ки бадахшониён босавод гардиданд ва дар макотиб таҳсили илм намуданд ва ҳар гурӯҳе дар соҳаҳои гуногун соҳибкасб гардиданд.
Умед Мамадшерзодшоев
Ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Муфассал ...