Мақолаҳо

- Чоршанбе, 04 Июн 2025
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН РУДИ ВАХШ
Хосият Худоёрбекзода - унвонҷуйи шуъбаи фолклор ва
адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба
номи Баҳодур Искандарови АМИТ
ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН РУДИ ВАХШ
(дар ҳошияи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оиб ба ҳифзи пиряхҳо)
“Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, балки дар нигоҳдории устувории иқлими минтақа нақши калидиро иҷро намуда, барои ҳифзи иҷлими глобалӣ низ аҳамияти муҳим доранд...Умед дорам,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи саривақтии ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба обу иқлим бахусус ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи босамару оқилонаи об беш аз пеш талош хоҳад кард.”- аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо. (30.05.2025)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ин неъмати Тоҷикистонро дар баробари манбаи бузурги обии минтақа будан, ҳамзамон нигоҳдорандаи устувории иқлим маънидод намуданд. Пирях ва обҳои аз он ҷорришаванда сарвати бебаҳои табиати Тоҷикистон мебошанд ва таъкиди Приезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба аҳли ҷаҳон бар он аст, ки ин сарвати табииӣ тоҷикон, ки талаботи тамоми мардумони минтақаро қонеъ менамояд бояд дар дастҷамъи ҳифз шуда, обҳо оқилона ҳифз карда шаванд.
Нисбат ба ин сарватҳои бузурги миллат-пирях ва об дар Тоҷикистон эҳтироми хосаи хурду бузург ҳувайдост. Ин арҷгузорӣ нахуст аз фарҳанги пурғановати гузаштагони миллати тоҷик сарманша мегирад ва баъдан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба обу пирях низ таъсиргузори ин фаҳмишу аррзишҳо мебошнд. Андар бузургии ин ду неъмат дар эҷодиёти шифоҳии мардум ва маълумотҳои хаттиву адабиётҳо панду андарзу шеъру тарона, гуфторҳову васфномаҳои бешумор арзи ҳастӣ доранд . Яке аз чунин вассофони ободии диёр ва тараннумгари обҳои сарзамин шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар мебошад,ки зода ва тарбиятёфтаи куҳистони Ватан буда, аз обҳои мусаффои сарзамин илҳомгирифта мебошад. Дар ашъори ӯ васфи дарёҳову чашмасорон ва рудҳои Тоҷикистон мавқеи хоса доранд. Мирсаид Миршакар дар асри гузашта (1912-1993 ) зиндагӣ, кору фаъолият дошт ва чун фарзанди дурандеш, шоири тавоно, инсони заҳматписанд муҳимияти ин неъмати беназири табиат-обро дарк намуда, нақши онро дар пешбурди ҳаёт ва ояндадорӣ бо маҳорати баланд ба қалам додааст. Чунин тасвирҳо дар эҷодиёти шоир бешумор астанд, вале мо тараннуми бузургии руди Вахшро дар ашъори шоир мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Мирсаид Миршакар зодаи макони чашмасорони Ватан, фарзанди Боми Ҷаҳон мебошад. Дар миёни куҳҳои гардунрас ба воя расида, аз заҳмату талошҳои одам дар роҳи пайдо намудани ризқу рузии ҳалол басо огоҳ буд. Камзаминии минтақаи куҳӣ, кандани руду ҷуйборҳо баҳри ҳосилнокии заминро шоҳид буд. Қадру манзалати обшорону дарёву рудҳои ватанро хуб медонист. Ин аст, ки шеърҳояш дар худ зебогии диёр ва меҳру самимиятро нисбат ба обу хоки сарзамин таҷассумгар мебошанд. Шоир даҳҳо шеъру достонро ба дарёву рудҳои Ватанаш бахшидааст ва ҷонбахшии ин неъмати беҳамтои табиатро бараъло эҳсос ва дарк намудааст.Яке аз чунин додагиҳои бузурги табиати Ватан дарёи Вахш мебошад, ки дар ашъори шоир мавқеи муҳим дорад. Инчунин ҳузури шоир дар раванди сохтмони иншоот дар дарёи Вахш ба ашъори ӯ таъсири созгор намудааст. Тули солҳои 1932- 1934 Мирсаид Миршакар аз ҷониби Кумитаи марказии ҷавонони Тоҷикистон ба сохтмони Канали бузурги Вахш барои кор фиристонда мешавад . Дар ин ҷо Мирсаид Миршакар ба ҳайси сармуҳаррири рузномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” кор карда, мафтуни Вахши нозанин мегардад.
Вахш
Маънии номи туро эй руди Вахш
Ҳар касе аз руи ақлу фаҳми худ
Шарҳ дод.
Он яке “ваҳшӣ” туро номида буд,
Дигаре “пурхашм”,
Сеюм “бадниҳод”...
Бишнав аз ман маъниятро :
-Руди Вахш-
Ганҷбахшу
Хайрбахшу
Нурбахш!
Дар эҷодиёти шоир мавқеи дарёву рудҳои Ватан басо моҳирона тасвир шудаанд, вале дарёи Панҷ, ки аз қуллаҳои осмонбуси зодгоҳи шоир оғоз меёбад ва дарёи Вахш, ки сарманшаи даҳҳо ободкориҳост, дар ашъори Мирсаид Миршакар ҷойгоҳи махсусро доранд. Бо ҳар як ҷараёну мавҷҳои пуртуғёни дарёи Панҷ, ки пайваста аз санг ба санге ҷаҳида, ҳамеша дар ҷушу хуруш аст, шоир аз хурдӣ ошноӣ дошт, аммо дарёи Вахш, ки ҳастии ин об ҷонбахшандаи пахтазорону боғоти кишвар аст, шоирро зимни фаъолияти эҷодияш мафтуни худ гардонида буд. Ба ҳар ду дарё шеъру достонҳои зиёд бахшидааст. Ҳангоми сармуҳаррири рузномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” кор карданаш Мирсаид Миршакар на танҳо ҳамчун эҷодкор,балки ба ҳайси коргари оддӣ низ фаъолият дошта, бо заҳматкашон ҳамсуҳбат гардида, маълумоти бештаре гирифта, худи Вахшро сарчашмаи илҳоми хеш ном бурдааст.
Сарчашмаи илҳоми ман
Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман,
Руди қудратбахшу неъматбахши ман.
Ҳамчу фарзанди ту дар базми сухан
Гул кунад ҳарфам чу гуям :-Вахши ман!
...Шод мегардам, бубинам лаҳзае
Мавҷҳои шуху хушнуди туро.
Ҷуш зан ! Дилдодаю дил бастаям
Мавҷҳои хашмолуди туро ..
Ифтихори Тоҷикистон руди Вахш
Мавҷ зан! Дар мавҷҳоят зиндагист!
Шоир Вахшро на танҳо сарчашмаи илҳоми худ ва мояи ифтихор ном бурдааст, балки дар шеъри дигар маҳбубияти беинтиҳои худро ба ин дарё изҳор дошта, Вахшро дорои неруи пурқудрат маънидод менамояд.Қудрати дарёро дар сероб намудани даштҳои ташналаб, ҷон бахшидани лолазорону ранг бахшиданиҳои табиат баён месозад. Дар ашъори шоир Вахш –офарандаи неругоҳҳо, тавлидкунандаи барқ аст. Имрузҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ватан низ дарёи Вахш ин рисолати табииӣ худро бештар амалӣ намуда истодааст. Шоир ғановати табиати Ватанро дар ҷушу туғёни оби Вахш мебинад. Ин маъни дар шеъри “Нағз мебинам туро” бо ихлоси бепоён тасвир гардидааст.
Нағз мебинам туро
Руди шухи тунду тези куҳсор
Нағз мебинам туро!
Қодир туӣ! бе вуҷудат хира ранги лолазор.
Пеш рав!
Дар интизорат Гэс-ҳо
Даштҳои ташналаб дар интизор.
Аз ту тобистони мо серу ғанист
Аз ту гулпуш ҳаст айёми баҳор ...
Бозистодан барои туст марг
Пеш рав, бо наъра хурда печутоб.
Ҳар чӣ садди шоҳроҳат гар шавад
Маҳву нобудаш намо чун инқилоб.
Нағз мебинам туро...
Дар шеъри дигар гуиё имрузи ҳастии Вахш тасвир шуда бошад, на Вахши як аср пеш. Хизматҳои ин дарёи дар ҳақиқат таърихӣ барои Ватан муҳим ва беназир аст. Имрузҳо низ хизмати ин дарёи нурбахш ва муҳимияти он натанҳо барои сокинони Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ бағоят калон аст.
Коргар
....То шавад ободтар шаҳру деҳот,
Рузгори мо равад то боз пеш,
Нури дил-афруз меорам ба даст,
Гавҳаросо аз дили дарёи хеш
Давлатам гуфто, ки бандам роҳи Вахш,
Ҳамчу фарзанди падар бастам камар.
Медиҳам гар ваъда меорам ба ҷо
Аз раҳи сидқу сафо чун коргар.
Фаслҳо мегузаранд. Наслҳо ба воя мерасанд, танҳо Вахш ҳамоно дар зери боду борону офтоб бо беқарории худ ҷараён дорад. Ҳамоно дар хизмати одамон аст ва ин оби Ватан баракат дорад , ҳусни зиндагиро зеботар менамояд.

- Чоршанбе, 04 Июн 2025
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ ВАҲДАТ, ИТТИҲОД, ЯКПОРЧАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАНД
Назрӣ Офаридаев - доктори илмҳои филология,
сарходими шуъбаи забонҳои помирии Институти
илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - КАФИЛИ ВАҲДАТ, ИТТИҲОД, ЯКПОРЧАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАНД
Асосгузори Сулҳу Ваҳдаҳти миллӣ, Пешвои миллат, Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бемуболиға яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, аллакай чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.
Фаъолияти сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ ва дохилӣ баррасии васееро талаб мекунад. Ба арсаи сиёсат омадани эшон дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодире буд,ки ватанпарасте дар шароити душвор ба майдон омад, дар гирудори ҳаводиси мураккаб обу тоб ёфт ва бошандагони Тоҷикистон соҳиби Пешвои миллат гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи сиёсӣ аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Академик Евгений Примаков дар бораи сарвари кишвари мо навишта буд: « Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва мамлакатро бо роҳи дуруст бурд. Ҳамчунин вай дар муътадилсозии авзои дохилӣ мусодат намуд».
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин хизматҳои Эмомали Раҳмонро ҳамчун намуна барои роҳбарони халқҳову мамолики дигар таъкид намуда гуфта буд: « Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда,дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду чаҳди ў аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст,ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанич дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оиди ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои биёр халқҳову мамолики дигар».
Метавон даҳҳо иқтибоси дигарро аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи Пешвои муаззами миллат овард, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва фаълияти пурсамари эшонро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки баргузор гардидани иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ ва ба сари кудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон руйдоди тақдирсозе буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи бўҳронӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд. Истиқрори Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омиле буд, ки соҳибистиқлолӣ ва ҳувияти кишвари моро ҳамчун давлати миллӣ ва пояяҳои давлатсозии миллиро устувор сохт.
Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносиботи байналхалқӣ ворид гардида, бо роҳи инкишофи ботадриҷи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сўи рушд ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад. Барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум шароити муайяне фароҳам омад. Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муайян гардида, дар ин замина корҳои бузурге дар самтҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ анҷом дода шудаанд.
Вақте сухан аз истиқрори Сулҳу субот ва Ваҳдат меравад, қабл аз ҳама мо бояд омилҳоеро муаян намоем, ки дар истиқрори Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва раванди созандагю бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд. Метавон чанде аз муҳимтарин омилҳоро дар раванди истиқрори сулҳи тоҷикон номбар кард, ҳар кадоме аз онҳо нақши муайянеро дар давраи тақдирсози кишвар ифо намудаанд ва ҳар кадоме аз инҳо барасии ҷудогонаро талаб мекунад. Маъмулан, дар ин замина се омили муҳимтаринро метавон зикр кард.
Якум, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду омили дар зер номбаршуда баробар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд.
Дуюм, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини ў иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ намуд;
Сеюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷўёнаи кишварҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо дар истиқрор ва бе бозгашт намудани сулҳ саҳми арзандае гузоштаанд.
Муссалам аст, ки шахсият дар раванди просесси мураккаб ва тақдирсози сиёсӣ масъулияти бузурге ба дўш дорад. Комёбӣ дар раванди сиёсӣ аз бисёр ҷиҳат ба кордонӣ, мулоҳизакорӣ, дилсўзӣ, фарҳанги сиёсӣ ва кору амали шахсият вобаста аст.
Тавре маълум аст, Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи ҷангзада Афғонистон дар тули зиёда аз ҳазор километр сарҳад дорад. Ҳифзи сарҳад заиф шуда буд ва табиист, ки дар даврони бўҳронӣ ва пурфоҷиа, ки тақдири халқ дар вартаи парешонӣ ва ноумедӣ афтода буд, ба чунин шахсияте зарурат пайдо шуд, ки халқро бо амал ва кору фаъолияти пурсамари худба ояндаи нек умедвор созад. Ба шахсияте зарурат пайдо шуд, ки фалсафаи сулҳ ва оштии миллиро дар ниҳод ва қалби ҳар як сокини Тоҷикистон парвариш намояд. Сиёсати мусолиҳаро чӣ дар арсаи бйналмилалӣ ва чӣ дар дохили кишвар ташвиқу тарғиб намояд. Дар он рӯзҳои муқовимати мусаллаҳона, ки боварии мардум нисбат ба ҳамдигар то дараҷае коста шуда буд, шахсияте лозим буд, ки ҷони худро ба хатар гузошта, чун сарвари кишвар ҳамаро бо як чашм дида, ҳарфи созиш, ифоқа, уҳувват, бародарӣ ва сабру таҳаммулро шиори худ қарор дода, умеду бовариро барои ояндаи нек дар зеҳну тафаккури ҳар як сокини Тоҷикистони ҷангзада ба вуҷуд орад. Бешубҳа, бо боварии том ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин гуна шахсиятро дар симои Сарвари ҷавони давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо азму талоши ватандорӣ, бо масъулияти олӣ ва ҷасорати бузурги сиёсӣ дар даврони бўҳронии Тоҷикистон ва барои халқ хеле вазнин ва пурташвиш ба сари ҳокимият омад. Ў масъулияти бузургеро бар дўш гирифт, ки аз он тақдири ояндаи давлати ҷавони миллӣ вобастагӣ дошт. Барои президент дар баробари масъулият ҷасорати бузурге низ дозим буд, ки дар чунин давраи вазнин зимоми давлатдориро ба даст гирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро он вақт лозим буд, ки борҳо ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба нуқоти доғи ҷумҳурӣ сафар намояд. Хати маши сулҳофаринии худро ба мардум расонад. Таваҷҷўҳ ва дили мардуми озурдахотирро нисбати сиёсати давлати марказӣ гарм намуда, тафаккури оштӣ ва созишро дар ҷомеъа бедор созад ва таҳким бахшад. Ҷомеаи дар он давра парешон ва ба манотиқи муқовимат табдилёфтаи ҷанубу шарқи Тоҷикистон таҳти таъсир ва нуфузи ғояҳои мухталифи сиёсӣ қарор дошт. Бо давлати марказӣ робитаи камтар доштанд, роҳҳо ва купрукҳо хароб гардида буданд. Як қисми мардум аз фаъолияти ҳукумати марказӣ иттилооти каме дар ихтиёр доштанд. Боварии як қисми қишри ҷомеа низ бар асари бесарусомониҳо нисбат ба ҳукумат коста шуда буд. Дар ҳамин гунна шароити бўҳронӣ танҳо шахсияте метавонист, то ғояи асосии худро ғояи сулҳ эълон намояд, мардумро сарҷамъ кунад ва дар ақлу зеҳни ҳар як сокини кишвар рўҳияи созандагию бунёдкорӣ ва ифтхори ватандориро бедор намояд. Аз иҷрои ин вазифаи бузург ва пурмасъулият Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ баромад. Аз ин рӯ, халқ дар шахсияти ў роҳбар ва сарвари олиҳиммати худро пайдо намуд. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тимсоли ифтихори ватандорӣ барои мардум табдил ёфт ва иродаи мардумро дар истиқрори сулҳ ва пиёда намудани сиёсати мусолиҳаи миллӣ ба таҳриқ овард, зеҳни мардумро дигаргун сохт ва иродаи ўро ҷанбаи созандагию бунёдкорӣ дод.
Чеҳраи сиёсии шахсият дар давраҳои мухталифи таърихӣ бо шеваю усулҳои гуногун таборуз меёбад. Баъзан кор ва заҳмати бунёдкоронаи халқ ба мақоми шахс вобаста дониста мешавад. Аз сўи дигар комёбиҳои назарраси и ё он кишварро ба ин ё он шахсият нисбат дода, дар натиҷа шахсияти роҳбар ба дараҷае бардошта мешавад, ки ҳатто аз заминаи воқеӣ дур шуда, ба дараҷаи ғайритабии расонда мешавад ва дар ҷомеа тафаккури шахспарастӣ зуҳур мекунад. Вале нақши шахсияти Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти амалии худ чун лидери эътирофшудаи умумимиллӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо намуд. Ўро зиндагӣ ва вазъи мушаххаси таърихӣ-сиёсӣ ба майдон овард. Ўро вазъияти мураккаб обу тоб дод, нерў ва қобилияти роҳбарии ўро чун лидерӣ умумимиллӣ инкишоф дод. Халқ дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвареро дарёфт, ки дорои ҷасорати бузург ва иродаи мустаҳкам ва дар айни замон дорои дилсўзии хоса мебошад, ки ин сифатҳои сиёсатмадорӣ ва инчунин дили бебоку беғаши ба ҳайси сиёсатмадори дилсоф, некбин, тозафикр аз назари ҷомеаи байналмиллалӣ низ дур намонд.
Вазъи фалокатбори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷанбаи маҳалгароӣ низ дошт, зарурати зуҳури лидери умумимиллиро ба вуҷуд овард. Хусусияти хоси ҷуғрофии Тоҷикистон, ҳайати этникии аҳолии он, рўҳия ва тафаккури қабилгароӣ ва маҳалчигӣ, низоми пештараи тотолитарӣ ба зуҳури лидери умумимиллӣ монеъ мегардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки зуҳури дидери умумимиллӣ аз бисёр ҷиҳат ба сифатҳои шахсии сарварон низ вобастагӣ дорад. Сифатҳои шахсии роҳбар аз назари мардум бояд дур намонад. Халқ лидери худро бояд хуб донад. Ба кори ў, ба фаъолияти амалии ў баҳо дода тавонад. Аз тарафи дигар зуҳури лидери умумимиллӣ ба тафаккури миллӣ ва ифтихороти миллӣ иртибот дорад. Зеро ифтихори миллӣ, ки дар муҳаббат ба Ватан ва таъриху фарҳанги он зоҳир мегардад, дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар то андозае инкишоф ёфт ва барои рушди тафаккури умумимиллӣ дар ҷомеа заминаи муаян ба вуҷуд омад. Аз ин рў тафаккури умумимиллӣ метавонад, лидери умумимиллиро тарбия намояд.
Бояд гуфт, ки лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Ва имрўз бо боварии том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми ақшори ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокинони Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон шахсияти тозанумўе гардид дар фазои сиёсии Тоҷикистон ва давлатҳои муштаракулманофеъ. / аз байни он қишри ҷомеа ба майдон омад, ки дар замони Шўравӣ дар мақомоти болоии ҳизбу ҳукумат кор накардааст. Аз ин рў шахси мустақил ва дар айни ҳол бо мардум наздиктар аст. Ва тобеи гурўҳҳои мухталифи мақомоти пештараи боло ва номенклатураи болоии ҳизби ҳукмрони вақт робитаи наздик надорад. Бинобар ин дар тасмимгириҳои худ комилан мустақил аст. Симои нуронӣ, суханронӣ, хоксорӣ, таваҷҷўҳи аҳли ҷомеаро ҳамвора ба тарафи ў бештар ҷалб менамуд.
Дар давраи муқовимати қувваҳои мухталиф шахсияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои ҷонибдорони давлат, балки барои мухолифини ҳамонвақта низ ҷолиби таваҷҷўҳ ва дастгирӣ буд. Роҳбарони ҷониби мухолифин дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахсеро пайдо намуданд, ки бо ў музокира намудан мумкин аст, зеро ў мухолифинро на душман, балки ҳамватанони худ ҳисоб кард, ақоиди сиёсии онҳоро эҳтиром намуда, барои бозкушоии гиреҳҳои мухолифат саъю талош варзид.
Ибрати шахсӣ, ҳусни ният, масъулиятшиносӣ, муқаддас шинохтани манофеи давлату миллат, тафаккури умумимиллӣ, пойбанди арзишҳои демократӣ, эътрофи ғояҳои гуногуни сиёсӣ ва гуногунандешӣ дар ҷомеа, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мегардиданд, ба рўҳия ва тафаккури собиқ мухолифин низ таъсир расонданд.
Истиқрор ва таҳкими Ваҳдати миллӣ самтҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоию сиёсии ва иқтисодии мамлакатро фаро гирифт ва фазои мусоиди рушдро фароҳам овард.




Таблиғи масъулиятшиносӣ дар даврони тақдирсози Ватан самти асосии фаъолияти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт. Маҳз ибтикори шахсӣ ва масъулияти бузург барои тақдири халқу Ватан ба Сарвари давлат имконият дод,ки ба боварии кулли мардуми Тоҷикистон арзанда гардад.
Имрўз тоҷикистониён дар фазои сулҳу оромӣ ба меҳнати бунёдкорона машғуланд ва итминон доранд, ки ба оромии кишвар осебе намерасад. Зеро Ваҳдат омили муҳими тараққиёти ояндаи мамлакат ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар истиқрори суббот ва рушди мўътадили ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси шахсияти маъруфи давраи ҷадиди таърихи халқи тоҷик, лидери эътирофшудаи умумимиллӣ ва ходими намоёни сиёсати байналмилалӣ нақши бузурги созандагиро баҳри ояндаи неки кишвар бар дўш дошта, сокинони Тоҷикистонро дар атрофии худ муттаҳид карда, ба меҳнати бунёдкорона барои ободии Ватан даъват менамояд.Таҳти роҳбарии эшон дар мамлакат барномаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ мегарданд. Дар Тоҷикистон давлати миллии иҷтимоӣ бунёд мегардад, ки аз пуштибонии ақшори васеи мардум бархурдор аст.
Эмомалӣ Раҳмон бе шубҳа лидери умумимиллӣ мебошад. метавонад. Дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ миллат ба сарвари эътирофшудаи умумимиллӣ эҳтиёҷ дорад, Лидери умумимиллӣ - Пешвои миллат кафили Иттиҳод, Якпорчагӣ ва Ҳамраъии ҷомеаи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат мебошад.

- Душанбе, 26 Май 2025
ЗИҲӢ, ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ, РУСТАМИ АСРИ НАВ
Хосият Худоёрбекзода - унвонҷуйи шуъбаи фолклор
ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба
номи Баҳодур Искандарови АМИТ
ЗИҲӢ, ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ, РУСТАМИ АСРИ НАВ
Кори Рустам Рустамона ҳаст!
Боз фарзанди миллати тоҷик аз минбари баланд баромад намуд, барои ҷаҳониён эҳдо кард. Эҳдо аз сулҳу осоиштагӣ, аз варзишу танумандӣ, аз ҳамкориву ҳамдиливу ҳаммаромӣ. Ифтихорот ва сарбаландӣ ҳаст. Барҳақ аст шеъри устод Абдуллоҳи Раҳнамо, ки
Дар он минбар на танҳо Рустами фарзанди Раҳмон буд
Дар он соат, дар он минбар, тамоми Тоҷикистон буд.
Бале, дар он минбари баланд бо ҳузури ҷавонсолори миллат тамоми Тоҷикистон ҳузур дошт, зеро аз мароми миллати тоҷик сухан карда шуд. Рустами Эмомалӣ пешниҳоди худро оид ба “Рузи ҷаҳонии футбол”,ки танҳо тараннуми ҳаёти солим ва танумандӣ ҳаст,тақвият бахшид. Ин фарзонаҷавони тоҷик арзишҳои меҳварии футбол, - ҳаммаромӣ, пешбурди фаъолияти дастаҷамъӣ, раванди одилонаи бозӣ ва эҳтироми ҳамдигариро бо усулҳои фаъолияти Созмони Миллати Муттаҳид ҳамсон гуфт ва он чизе ки гуфта шуд, инъикос аз фарҳанги ниёгони милати тоҷик буд, ки вассофи ҳамдигарфаҳмиву дустиву адолат ва танумандиву қаҳрамонӣ буданд.
Ҷавони тоҷик андар тахти шоҳони ҷаҳон биншаст,
Ки андар олами имкон хаёле ғайриимкон буд.
Ба фарҳанге, ки дар васфаш ба ҷузъ аҳсант натвон гуфт,
Ба тадбире, ки армони ниёкони пурармон буд.(А.Раҳнамо)
Бояд гуфт ки пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ, фарзанди миллати тоҷикро СММ пазироӣ намуда,вобаста ба он қатънома қабул кард. Кунун ин пешниҳоди муҳими Рустами Эмомалӣ - Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро оламиён таҷлил менамоянд. Ҳамасола 25 май дустдорони футбол бо ҳам омада, рузи ҷаҳонии футболро танин менамоянд.
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ вобаста ба таҷлили 25 май ҳамчун рузи ҷаҳонии футбол,бори нахуст, моҳи феврали соли 2024 баён гардида буд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат ҷонибдории амиқро пайдо намуд. Сокинони синну соли гуногун бо баргузории роҳпаймоии оммавӣ, ки моҳи марти соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ҳаммаромии худро бо муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишон доданд. Дар ин раҳпаймоӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуданд. Ин амал дар баробари ҳамовозӣ ва ҷонибдории пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон бозгу аз он буд, ки хурду бузурги Тоҷикистон нақши варзишу танумандӣ ва ҳаёти солимро дар пешбурди ҷомеа ва ҳаёти ҳаррузаи худ бараъло эҳсос доранд ва варзишро як рукни фарҳанги миллӣ ва омили солимии ҷомеаву миллат медонанд. Дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ иштирокчиён –сокинони Тоҷикистон, бо болидахотирии том ва ҳаммаромӣ нишон доданд,ки бозии футбол қодир аст, ҷавонони давлатҳои дунёро,новобаста аз синну сол, нажод ва миллат, ойину эътиқод, бо ниятҳои нек, ҷиҳати дастгирии ҳаёти солим ва танумандӣ бо ҳам орад.
Бозии футбол, ки дар ҷаҳон мухлисону дустдорони бешумор дорад,метавонад бо ҷолибияти худ тамоми монеаҳову нофаҳмиҳоро аз байн бибарад, одамонро наздиктар бисозад. Бозии футбол дорои неруи сарҷамъкунанда ва муттаҳидкунанда мебошад,тақозои тарбияи ҷисму руҳи солимро дорад. Ривоҷи бозии футбол дар марҳилаи кунунии ҳассоси ҷаҳон,ки дар он ҳаргуна гурруҳҳои зидди арзишҳои неки инсонӣ тақвият ёфтаистодаанд,басо муҳим мебошад. Тавассути равнақи ин бозии шавқовар метавон руҳияи ҷавононро ба ахлоқи ҳамида,эҳтироми ҳамдигарӣ ва интихоби дурусти ҳаёт ҷалб намуд. Футбол таърихи куҳан дорад ва чандин насли башарро бо тарғиби тарзи ҳаёти солим тарбия намудааст.
Пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ -Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон,Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,раиси шаҳри Душанбе низ маҳз аз чунин афкор сарманша мегирад.Ҳадафи ин фарзонаҷавони миллати тоҷик – муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо манзури чунин пешниҳод низ он аст,ки тавассути таҷлили рузи ҷаҳонии футбол ҷавонони давлатҳои гуногун боз бо ҳам оянд. Рузи ҷаҳонии футбол боз як баҳонаву воситаи навбатиест баҳри ваҳдатороиву ваҳдатсароиву ваҳдатсозии мардумони дунё,ки дар марҳилаи кунунии таърих ба он ниёзи зиёд аст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мадди аввал худ варзишгар аст, вассофи ҳаёти солим ва танумандӣ, дустдори ин намуди бозии варзишӣ ва аз ин рӯ шавқу рағбатро нисбати муҳимият ва мавқеи футбол дар ҳаёти ҷавонон аз ҳама бештар дарк менамояд. Ин пешниҳод –эълони рузи ҷаҳонии футбол, аз нахуструзи қабули Қатънома натоиҷи неку самарабахш дорад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ фарзанди ғаюри миллати тоҷик, варзишгари комгору сиёсатмадори ҷавони ҷаҳони муосир хуб дарк дорад,ки дар ин айёми нооромиҳои Шарқу Ғарб месазад,ки теъдоди чорабиниҳои муттаҳидкунандаву баҳамоварандаи аҳли башар бештар бошанд. Ин пешниҳод аз умқи дили инсондустонаи ин ҷавонписари миллати тоҷик- муҳтарам Рустами Эмомалӣ руҷуъ кардааст, ки танҳо нияти неку самимият ва маҳбубияти хосаро нисбат ба мардумони дунё таҷассумгар мебошад.
Бо дарки чунин ниятҳои неки фарзанди модари тоҷик, 7 майи соли ҷорӣ Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Рустами Эмомалӣ -Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта,вобаста ба он қатъномаро ба тасвиб расонид.Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид шудааст.
Манзури чунин пешниҳоди ба нафъи мардумони дунё дар ин айёми пуртаззод басо саривақтӣ мебошад ва бори дигар шаҳодат аз он аст,ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарки масоили муҳими ҷаҳонӣ ҳамқадами замони худ,фарзанди даврони худ аст. Дастгирии ин гуна пешниҳод дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҷавонони Тоҷикистонӣ ва кулли мухлисони ин намуди бозии варзишӣ мояи ифтихор аст.Таҷлили Рузи ҷаҳонии футбол ҳамзамон боиси он аст,ки теъдоди мухлисони футбол зиёд ва дар маҷмуъ дустдорони ҳаёти солим афзоиш ёбад.
Дар Тоҷикистон Рузи ҷаҳонии футбол бо Рузи ҷавонони Тоҷикистон ҳамқадам аст. Тавҳамии Рузи ҷавонони Тоҷикистон ва Рузи ҷаҳонии футбол ҳамбастагии ҷавонию варзишро баёнгар мебошад. Бешак футболи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии ватан на танҳо ба ҳайси бозии варзишии шавқовар, балки ҳамчун воситаи муаррифии миллат,вассофи солимият дар мамлакат, рағбат ва шавқ дар ҷодаи ташфиқу тарғиби фарҳанги варзиш, ҳамзамон ҳамчун ҳамқадами замони худ будани ҷавонони Тоҷикитонӣ шинохта мешавад. Бозии футболбозони тоҷик низ ба марҳилаи нави рушди хеш расидааст. Ҳар як голи футболбозони тоҷик ва бозии пирузонаи онҳо боиси фараҳмандии хурду бузурги Тоҷикистон мебошад.
«Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», ки бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» амалӣ гардиданд, албатта ба рушди футбол дар мамлакат таъсири худро расониданд. Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии ин барномаҳо рушд бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад. Ҳамзамон дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди амал қарор доранд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт муҳими Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбанд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 28 декабри соли 2024 омадааст, ки “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои иштирокчии мусобиқаро марҳила ба марҳила бо тӯбҳои футболбозӣ ва дигар лавозимоти варзишии футбол таъмин менамоянд”
Ба ҳамин зайл варзиш дар мамлакат ба як рукни фарҳанг табдил ёфта, ба рушди футбол таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад.Ҷоиз ба гуфтан аст, ки рушди футболи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Ватан низ бо номи муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавҳамии комил дорад. Маҳз ин варзишгару сиёсатмадор футболи тоҷикро дубора ҷон ва қабои нав бахшид.
Имрузҳо ин ҷавонписари худогоҳи миллат, муҳтарам Рустами Эмомалӣ самараи заҳматҳои худро андар рушди футболи Тоҷикистон ва рушду таваҷҷуҳ ба он дар сатҳи ҷаҳонро ба даст овард. Аз минбари баланд судманд будани пешниҳоди худро, ба нафъи аҳли башар будани онро, инъикоси арзишҳои неки инсонӣ дар онро исботи амиқ намуд.
Дар рузи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавони худогоҳи миллат боз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба маромҳои инсондустонаи мадуми тоҷик ҷалб намуд. Ин беҳтарин туҳфа дар ин иди ояндасозони Ватан ва дар ҳақиқат Рустами як Тоҷикистони бузург.
Аҳсан ба фарзанди сазовори падар!

- Сешанбе, 20 Май 2025
ПАЙГИРИИ ДОНИШ ВА САҲМИ ИЛМӢ
Назаршоева Чилла – мудири шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик
Б. Искандаров, номзади илмҳои филология
ПАЙГИРИИ ДОНИШ ВА САҲМИ ИЛМӢ
Инсоният ба шарофати илму дониш ба пешрафт ва тараққиёти назаррас ноил мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки кушодани уфуқҳои наву ҷадид вазифаи асосии мардон маҳсуб мешавад, вале бо вуҷуди ин, нақши ҷинси зан дар рушди илм ва дастгирии онҳоро набояд нодида гирифт. Бахусус, дар ҷаҳони муосир ва махсусан дар ҷомеаи филологӣ, саҳми зан дар баробари дигар фаъолиятҳои давлатӣ дар соҳаи илм низ хеле назаррас аст ва занони олим дар фаъолияти илмии худ басо ғайратманду пурмасъул мебошанд.
Яке аз шахсиятҳое, ки бо фаъолияти пурсамар ва хидматҳои назаррасаш баҳри рушди илми тоҷик, хосатан соҳаи забоншиносӣ ва помиршиносӣ саҳмгузор мебошад, номзади илми филология, ходими калони шуъбаи забонҳои помирӣ, муовини директор оид ба илм ва таълим Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна мебошад.
Шаҳло Саиднуриддиновна 20-майи соли 1972 дар шаҳри Хоруғ таваллуд ёфта, фарзанди шашуми оилаи зиёии Некушоевҳо, ки яке аз оилаҳои соҳибфарҳанг ва соҳибэҳтиром маҳсуб мешавад, ба воя расида соҳибмаълумоту соҳибкасб мегардад. Қиблагоҳашон Некушоев Саиднуриддин - табиби номии мардуми Бадахшон буданд, ки имрӯз ҳам аз фаъолияти баланди касбӣ доштан, кордонӣ ва садоқату эҳтироми ӯ нисбати касбу пешааш, мардум ба некӣ ва бо таассуроти баланд дар борааш ҳарф мезананду ёд меоранд.
Таҳсили ибтидоиро Некушоева Шаҳло дар мактаби миёнаи №7-и ба номи Ю. Гагарин (ҳоло ба номи Шоҳҷон Шонаврузов) оғоз намуд ва баъди хатми мактаби миёна, соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев дохил шуда, дар факултети филологияи тоҷик бахши шарқшиносӣ таҳсил мекунад. Соли 1998 бо ихтисоси шарқшинос донишгоҳи мазкурро хатм намуда роҳи худро дар соҳаи омӯзгорӣ ва илм оғоз мекунад.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии Шаҳло Некушоева аз муаллимаи калони кафедраи шарқшиносии факултети филологияи тоҷик (2013) оғоз ёфтааст ва минбаъд тақдиру фаъолияти илмиаш бо Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров пайванд гардида, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумлаи ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии (2008), котиби илмӣ (2013-2019), муовини директор оид ба илм ва таълими ҳамин боргоҳи илм (аз соли 2019 то ҳол) ифои вазифа мекунад. Некушоева Шаҳло, ки майлу рағбати беандоза ба илм дошт ва роҳи илмро пеша гирифт, тайи чанд сол дар мавзуи лексикаи соҳаи рӯзгордорӣ таҳқиқоти илмӣ бурда, соли 2010 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики шугнано-рушанской группы памирских языков” дифоъ мекунад ва сазовори дараҷаи унвони номзади илм мегардад, ки бо ин дастоварди илмӣ ба ганҷинаи илми тоҷик саҳми арзандаашро ворид месозад.
Минбаъд илмро барояш муҳимтарин ва ҷолибтарин пеша касб карда, дар таҳқиқу пажуҳиши масъалаҳои гуногуни забонҳои помирӣ, бахусус гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ машғул мегардад. Саҳми Некушоева Шаҳло дар рушди илм, бахусус пажуҳиши помиршиносӣ ва нигаҳдошти фарҳанги мардуми Помир хеле назаррас аст. Осори илмии ӯ на танҳо барои муҳаққиқону олимон, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба фарҳанги Помир таваҷҷуҳ доранд, манбаи арзишманде ба ҳисоб меравад. Таҳқиқоти ӯ дар соҳаҳои лексикология, этнолингвистика ва консептология барои фаҳми амиқи фарҳанги мардуми кӯҳистони Бадахшон кӯмак мерасонад ва ба рушди илмӣ дар ин соҳаҳо мусоидат мекунад.
Аз ҷумлаи дастовардҳои илмии Некушоева Шаҳло монографияи «Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики (на материале шугнано-рушанской группы языков) (2019)», муҳовараи русӣ-шуғнонӣ ва англисӣ-шуғнонӣ (Русско-шугнанский и англо-шугнанский разговорник) дар ҳаммуаллифӣ бо А.А. Сергиенко) (2023), маҷмуаи мақолаҳо таҳти унвони «Дом, где живёт история: культурные ценности через призму лексических единиц (2024)» ҳамчунин китобҳои публитсисташ дар ҳаммуаллифӣ бо М. Броимшоева таҳти унвони «Саёҳате ба Бартанг (2014)» ва «Офтобпарасти пур аз меҳр (2020)», ки дувуминаш ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз ҳунармандони машҳури кишварамон – рассом Аҳмади Мансур бахшида шудааст, номбар кардан мумкин аст.
Монографияи Некушоева Шаҳло «Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики (на материале шугнано-рушанской группы языков)» на танҳо маҷмуи лексикаи рӯзгордории мардуми Помири Ғарбиро фаро мегирад, балки ҷиҳати фарҳангии ин минтақаи таърихиро низ равшан инъикос мекунад. Дар мақолаҳои худ, ба монанди «К происхождению и свойствам некоторых предметно-бытовых терминов шугнанского языка» (2005), «Некоторые особенности культа кузнечного ремесла у народов Западного Памира» (2018) ва ғ. номбурда ба таҳқиқи истилоҳот ва анъанаҳои фарҳангии мардуми Помир мепардозад ва ба монанди инҳо мақолаҳои дигаре, ки дар маҳаллаҳои илмии ватанӣ ва байналмилалӣ нашр гардидаанд, метавон ҳамчун намунаи равиши илмии ӯ дар фаҳмиши фарҳанги моддию маънавии сокинони Помир ва таъсири он ба забонҳои ин мардуми бостонӣ донист.
Айни замон Шаҳло Некушоева пажуҳишро дар яке аз самтҳои муосири забоншиносӣ – забоншиносии когнитивӣ идома дода, дар доираи мавзуи “Лингвокогнитивные аспекты концепта ДОМ в шугнано-рушанской группе памирских языков” ба навиштани рисолаи докторӣ машғул аст ва осоре, ки марбут ба ин соҳаи забоншиносӣ рӯи чоп омадаст ва меояд, нишондиҳанда ва таҷассумгари ин арзишҳо ва анъанаҳои фарҳангӣ дар забон ва фаҳмиши мардумон мебошанд.
Имрўз Шањло Некушоева дар баробари анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчун роҳбари илмӣ раҳнамои чандин шогирдону докторантон ва магистрантони ҳам Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров ва ҳам Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев мебошад. Таҳти роҳбариаш 1 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадиро ҳимоя карда 4 нафар рисолаи магистриро дифоъ карданд ва алъон се нафар докторанти (PhD) таҳқиқоти илмиро дар масъалаҳои лексикаи забони шуғнонӣ анҷом медиҳанд.
Ҳамчун роҳбари илмӣ, Шаҳло Некушоева дорои ҳамаи он сифатҳое мебошад, ки ҳар як олим дар замони муосир бояд доро бошад: дониши амиқ дар соҳаи интихобшуда, таҷриба дар анҷом додани таҳқиқот ва дарки тамоюлҳои илмии муосир, инчунин қобилияти банақшагирии кор ва идоракунии вақти худ ва шогирдонаш. Ҳамчунин ӯ майл дорад усулҳои нави мубрами лингвистиро дар кори таҳқиқотӣ ба кор гирад ва ташаббусҳои эҷодӣ ва навовариҳоро дастгирӣ менамояд, ки барои самаранок роҳнамоӣ кардани шогирдон ва ба натиҷаҳои баланди илмӣ ноил гардидан кӯмак мерасонанд.
Барои шогирдонаш муаллима Некушоева Шаҳло оинаи ибратомӯз буда, ҳар калом, ҳар назар ва ҳар насиҳаташ ҳамчун раҳнамои бузург дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳо хизмат мекунанд.
Чун рӯзи мавлуд як фурсати муносибе ҳаст барои иброз кардани муҳаббату эҳтиром ва эҳсосоти самимӣ, бо истифода аз ин фурсат ба муаллимаи азиз Шаҳло Саиднуриддиновна саломатӣ, хушбахтӣ, муваффақиятҳо дар пажуҳишу эҷоди илмиашон, ҳамчунин илҳом ва шодиву нишоти зиёдро таманно мекунам. Бигзор зиндагиашон, ки баҳравар аз илму донишу маърифат аст, барои насли минбаъда, бахусус барои олимони ҷавон намунаи ибрат бимонад.