wrapper

Шоинбеков А.А. - ходими пешбари илмии шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ АМИТ, номзади илмҳои таърих

 

АГАР НАВРӮЗУ РАМАЗОН БО ҲАМ ТАВЪАМ ОЯНД?  

 

  Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои 2024-2025 ҷашни Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон бо ҳам тавъам омаданд. Соли 2024, 11-март моҳи шарифи мубораки Рамазон даромада то 9-апрел идома ёфт. Соли 2025 бошад моҳи марту моҳи Рамазон пурра бо ҳам баробар омаданд ва рӯзҳои наврӯзӣ дар мобайни моҳи Рамазон омаданд. Имсол бошад моҳи Рамазон 19-феврал оғоз ёфта бо омад - омади рӯзҳои наврӯзӣ (19-20 март) ҷашн гирифта мешавад. Дар таҷрибаи 35 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин се соли таърихӣ бори нахуст омадаанд ва боз баъди 33 сол ҷашни Наврӯзу моҳи Рамазон ба ҳам меоянд.

  Пас агар Наврӯзу Рамазон бо ҳам тавъам оянд, онҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна ҷашн мегиранд?

  Соли 2024 дар арафаи оғози моҳи Рамазон ва фарорасии ҷашни Наврӯз дар миёни мардум овозаҳо паҳн гаштанд, ки ҷашни Наврӯзро пеш аз даромадани моҳи шарифи Рамазон то 11-уми март мегузаронанд ва дар моҳи Рамазон гузаронидани ҷашни Наврӯз раво нест. Ин албатта як овозаи навбатии иғвогаронаи баъзе хурофотгароён буд.

  Мутаасифона таъсири тарбияи хурофотгароёна боиси он ҳам гашт, ки рӯзи 22-март соли 2024, дар рӯзи Наврӯз дар моҳи шарифи мубораки Рамазон дар вилояти Москва, шаҳри Красногорск, дар толори консертии «Крокус –сити- Хол» теракти калон рух дод ва дар он дар мадди аввал 4 нафар ва сипас 11 нафар террористро аз Тоҷикистон гумонбар доштанд ва дастгир карданд. Ин як фоҷиаи калон буд, ки дар он наздики 150 нафар кушта ва 600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин воқеаи нангин дар он рӯз дар тамоми олам паҳн гашту ҳафтаҳо ва моҳҳо дар хусуси он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизион ва матбуоти давр гап мерафт. Ин қасдан як сетсенарияи пешакӣ буд ё не?, то ҳоло ҳам чизе гуфта наметавонем, вале айбдоршавандагонро як зумра ҷавонони тоҷик маҳсуб донистанд ва дар паси панҷара якумр шинонданд. Пас гап дар Рамазон, дар Наврӯз дар Ислом набудаст, гап дар мост, ки мо бо чигуна тафаккур тарбия ёфтаем.

        Ислом ба зоти худ надорад айбе,

        Ҳар айбе, ки аст дар мусулмонии мост.

  Дар он рӯзҳо ҳама гӯш ба қимор буданд, ки сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳои ҷашн дар ин рӯзҳои воқеаи нангин чӣ кор мекунанд? Бахсус сарвари кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воқеаи «Крокус – сити - Хол» чи гуна вокуниш медиҳад? Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ки қаблан аз ин ҳодиса борҳо аз минбари Созмони Миллали Мутаҳид баромад карда ҳамеша таъкид намудаанд, ки “тероризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне терорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, изҳор ҳамдарии худро баён сохт вале дар баробари ин дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз, он рӯзҳою он сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, зеро ки Наврӯз ба ягон дин, ба ягон ақида, ба ягон идеология рабт надорад, ин як ҷашни сирф мардумист, ки таърихи зиёда аз 6 ҳазорсола дорад.

  Ҳақиқатан ҳам, чуноне ки мо ҳамагон шоҳиди ҳол шудем, соли 2024 дар Ҷумҳурии Точикистон Наврӯз аз ҳар сола дида боз ҳам бо шукӯҳу шаҳомати баланд гузашт. Наврӯз дар ҳар як идораю муассисаҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, шаҳракҳою ҷомоатҳо, ноҳияҳою шаҳрҳо марҳила ба марҳила, навбат ба навбат гузашта, дар охир дар маркази вилоятҳо ва маркази Ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Бахусус дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони баландпоя консерти хеле бошукӯҳ гузашт, ки дар ҷамъбасти он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон боз таъкид намуд, ки мақсади Наврӯз фақат покию поктинатӣ аст, қалбҳои худро бояд аз кинаю кудурат пок созем. Мо бояд шукрона кунем, ки дар фазои сулҳу амонӣ дар кишвари соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаем ва мо ҳуқуқи маънавии ҳаққи хурсандӣ карданро дорем.

  Дар ВМКБ низ таҳти роҳбари Раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ рӯзи 23-юми март дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ консерти калон бо иштироки васеи мардум, баргузор гардид. 26-уми март бошад дар варзишгоҳи марказӣ бозиҳои варзишӣ гуштингирӣ, волейбол, дави миллӣ, арғамчинкашӣ, вазнбардорӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Тӯҳфаҳои зиёд ба ғолибони мусобиқаҳо дода шуданд. Он сол на ин ки аз вилояти Суғду Хатлон балки аз Ҷумҳурии Узбекистон низ паҳлавонон ва судяҳо дар мусобиқаи гӯштингирии ВМКБ ширкат варзиданд.

  Иди Рамазон низ бо тамоми расму ойинҳои хоси худ анҷом ёфт. Он рӯзҳо ҳамагон шоҳиди ҳол будем, ки касе ба касе кор надошт. Рӯзагир аз паси кори худу рӯзахур аз пайи кори худ. Ҳама дар осудагӣ, аз пайи рӯзгору зиндагии хеш.

  9-марти соли 2024  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат мулоқот карда аз ҷумла оид ба моҳи шарифи Рамазон чунин гуфт: «Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу менамоям. Бояд гуфт, ки ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад. Тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад. Аз ин рӯ, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад».

  Дар соли 2025 чуноне ки дар боло зикр намудем, тибқи тақвими қамарӣ моҳи Рамазон аз 1 - уми март оғоз ёфта то 30 - юми март идома дошт ва рӯзҳои наврӯзӣ дар мобайни моҳи Рамазон омаданд. Ва ин аллакай соли дуюм буд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи Рамазону ҷашни Наврӯз ба ҳам тавъам меомаданд.

  Бо даромади моҳи мубораки Рамазон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон 28 - уми феврали соли 2025 мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин иди шариф табрику муборакбод намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд. Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳамматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи ташаккул ва такомули давлати миллӣ, яъне дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории навини худ қарор дорад. Мусаллам аст, ки дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ арзишҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нақши муҳим мебозанд. Ба ибораи дигар, қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам расму ойинҳои аҷдодиву суннату анъанаҳои миллӣ ва ҳам арзишҳои эътиқодӣ дар хизмати осоишу оромӣ ва саодати мардуми Тоҷикистон қарор дода шаванд. Зеро онҳо ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазирӣ фарҳанги миллии моро ташкил медиҳанд. Мо бояд ҳамеша шукрона кунем, ки моҳи мубораки Рамазонро дар шароити амну осоиш истиқбол мегирем ва дар фазои озоди эътиқодӣ зиндагӣ мекунем.....

  Ин моҳ арзишу ҳикматҳои зиёди сабақомӯз дорад.

  Яке аз онҳо парҳезгориву покӣ, ғалаба бар нафс ва худдорӣ кардан аз бадиву зишткорӣ мебошад....

  Боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву шуҳрат миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз хислатҳои дигари ин моҳи муборак мебошад....

  Садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст....Бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо, об баровардан ба маҳалли зисти ҳамдиёрон ё обод кардани манзили зисти оилаҳои камбизоату муҳтоҷ нисбат ба ҳар амали таассубомез арзиши зиёди маънавию иҷтимоӣ ва манфиату савоби бештар дорад....

  Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгори худи ӯ мегардад, худдорӣ намояд.

  Азбаски моҳи шарифи Рамазон дар соли 2025 дар моҳи март даромад ва моҳи марту ҷашни Наврӯз сароғози кишту корӣ баҳориянд, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар суханҳои табрикотии хеш бахшида бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон таъкид намуд, ки мо бояд ҳар як рӯзи баҳорро бо меҳнати ҳалол, кишту кори баҳорӣ паси сар кунем, то ки файзу баракати меҳнати мо боз ҳам зиёда гардад.

  Чуноне ки дар боло зикр намудем, дар соли 2025 ҷашни Наврӯз дар мобайни моҳи мубораки Рамазон омад, ки онро дар ин сол ҳам дар Тоҷикситони соҳибистиқлол бо шукӯҳу шаҳомати зиёдтар таҷлил карданд.

  Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол агар аз назари Конститутсионӣ назар андозем, тибқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Маънои дунявӣ маҳз ҳамин аст, ки дин аз давлат ҷудо аст ва эътиқодҳою амалҳои динӣ озодона бе дахолат кардан ба корҳои давлатӣ мустақилона, худихтиёрӣ анҷом дода мешаванд.

  Дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-марти соли 2009 «Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул шудааст. Дар моддаи 20-уми ин қонун нишон дода шудааст, ки ҳар як инсон ва шаҳрванд ҳуқуқи ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин дода шудааст. Иштирок дар ибодати динӣ, гузаронидани ҷашну маросимҳо ихтиёрӣ ва озод аст, вале дар доираи қонун. Ҳуқуқи гузаронидани ҷашнҳо маҳдуд нашудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ҷашнҳо расман иҷозат додааст ва баръакс арзишҳои ахлоқию инсонии онҳоро тарғибу ташвиқ мекунад.

  Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки дар онҳо кафолати озодии виҷдон пурра дода шудааст.

  Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханронияш қайд кардааст: «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст. Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд».

  Ҳамчунин ӯ дар табрикоти телевизионии худ бахшида бо фарорасии ҷашни  Наврӯз иброз дошт, ки имсол аз ҳарсола дида мо бояд бештар корҳои неку савоб анҷом диҳем, зеро ки ду ҷашни бузург, бо ҳам тавъам омаданд ва аз мо саховатмандиро талаб мекунанд. Ҳам дар китобҳои ориёиҳои ҳиндуиронӣ (Авесто ва Ригведа) ва ҳам дар таълимоти Ислом саховатмандӣ мавқеи калидӣ дорад.

  Беҳуда нест, ки худи Пешвои миллат дар ин ҷашнҳо ва сафарҳои кории худ ба вилоятҳою ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дармондагону табақаҳои осебпазири ҷомеа ятимону бепарасторон вохуриҳо ташкил карда, онҳоро ба зиндагӣ раҳнамою умедвор сохта ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳо мебахшад.

  Тамоми муассисаҳою идораҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки дар рӯзҳои ҷашн бахусус дар ҷашни Наврӯзу Рамазон аз ҳолу аҳволи дармондагон хабар гиранд ва ба онҳо кӯмакҳои моливу пулӣ расонанд.

  Дар Паёми имсола Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Э. Раҳмон махсус қайд кард, ки воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.

  Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

  Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

  Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад.

  Имсол ду ҷашни бузург боз бо ҳам меоянд, боз бо ҳам ошноянд. Моҳи мубораки Рамазон мебарояд, анҷом меёбаду ҷашни оламафрӯзӣ Наврӯз оғоз мегардад. Ин рӯзҳои бузурги рамзӣ, руҳияи инсонию масъулияти шаҳрвандии моро боз ҳам баландтар мебардоранд.

  Аз суханрониҳои Пешвои миллат баръало дида мешавад, ки хурду бузургӣ мамлакат метавонанд озодона ҳар ду ҷашнро бо ҳамон хусусиятҳои хоси аслиашон таҷлил кунанд. Муҳимаш ин ки аз чаҳорчубаи моҳияти аслии ин ҷашнҳо набароянд ва ба зиёдаравию, исрофкорӣ ва хурофотгароӣ роҳ надиҳанд. Баръакс бо омадани ин ду ҷашн, ки ҳар ду моро ба покию поктинатӣ, корҳои савоб, амалҳои нек, хайру баракат, тақвою парҳезгорӣ, адлу инсоф ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ водор месозанду ҳидоят мекунанд, мо бояд аз ин рӯзҳо ба маротиб истифода барем. Зеро, ки дарозумратарин инсон бо ҳам тавъам омадани ин ду ҷашнро дар ҳаёти худ се маротиба мебинад, дигарҳо бошанд як ё ду бор. 

  Аз суханрониҳою амалҳои амалии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар баҳсе ба миён намеояд, ки агар ҷашни Наврӯзу Рамазон бо ҳам дар Тоҷикистон ба ҳам оянд мо чӣ кор кунем? Фақат кори савобу нек!

Маводҳои дигар дар ин бахш: « ТАҚДИРИ НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ СССР