Шоҳназар Мирзоев – ходими пешбари шуъбаи
забонҳои помирии ИГН ба номи
академик Б. Искандарови АМИТ
РАҲНАМО
16 декабри соли 2025 дар қасри парлумон Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бо паёми навбатии ҳарсола дар назди вакилони мардумӣ баромад намуда оиди натиҷахои ба даст омада ва нақшахои дар пешистода суханронӣ намуда, қайд намуданд, кӣ дар ин муддат халқи тоҷик ба бисёр комёбихо ноил гардид. Аз он ҷумла дар самти рохсозӣ, самти маориф ва тандурустӣ, энергетика ва иқтисодиёт пешравихое хубе ба даст омаданд.
Чи хеле ки аз таърих маълум аст, Германия ки саркунандаи ҷанги дуйуми ҷахонӣ буд дар ин ҷанг мағлуб шуд. Итиходи Шуравӣ, ИМА, Британия ва Франсия ки ғолиби ин ҷанг шуданд, Германияро ба чор қисмат тақсим намуданд. Баъдан се қисмати аз тарафи ИМА, Британия ва Франсия ишғолшуда дар якҷоягӣ Республикаи Федеративии Германияро ташкил доданд. Вазияти иқтисодии РФГ бисёр вазнин буд, зеро дар натиҷаи ҷанг иқтисодиёти ин мамлакат тамоман хароб гардида буд. Ба бозори РФГ аз дигар мамолик молҳои ниёзи мардум дохил мешуд ва РФГ ба бозори фуруши молҳои ғайриватанӣ табдил ёфт. Дар ин ҳол хукумати ФРГ ба мардуми немис чунин муроҷиат кард, ки онҳо бояд маҳсулотеро ки дар ватанашон истеҳсол мешавад, харидорӣ кунанд. Зеро фақат бад- ин восита онҳо метавонанд саноати ватаниро барқарор намоянд ва мардуми немисро бо ҷойи кор таъмин намоянд. Маҳз бо чунин роҳи пешгирифташуда РФГ дар муддати начандон тулонӣ ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати саноат тарақикардатарин табдил ёбад.
Дар собиқ ҷумхуриҳои Итиҳоди Шуравӣ ҳам пас аз байн рафтани давлати абарқудрати Шуравӣ чунин ҳолат буд. Ба ҷуз ин дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт, ки тарафдори он душманони дохила ва берунаи Тоҷикистон буданд. Онҳо хоҳони он буданд, ки Точикистон бояд аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун мешуд. Иқтисодиёти Тоҷикистон қариб ки тамоман хароб гардида буд. Вале маҳз бо сайу кӯшиши бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ватандустии мардуми тоҷик ин фитнагариҳои хоинони миллат амалӣ нагардиданд ва Тоҷикистон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва бо бисёр мамолики ҷахон алоқаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад.
Дар паёми навбатӣ Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронияш гуфтанд, ки мо ба осиёби бегонагон об рехта истодаем. Агар мо ин гуфтаҳоро бодиққат таҳлил намоем, хақиқати ҳол бараъло зоҳир мегардад.
Бинед аз тарафи муздурони тоҷик , ки дар хориҷи Ватан кор мекунанд , чи қадар пул вориди Тоҷикистон мешавад. Ин пул аз як тараф дохил мешаваду аз тарафи дигар боз берун меравад. Коре бояд кард ки ин пули дохилшуда берун нараваду дар худи Тоҷикистон истифода шавад. Албатта дар шароити ҳозира мамолики ҷахон бо ҳам аз ҷихати иқтисодӣ сахт алоқаманданд ва бе ин алоқа, буданашон аз имкон берун аст. Вале имрӯзҳо бисёр давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дигар давлатҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ мутеи худ созанд ва бад ин сон молҳои истеҳсокардашонро дар бозори ин давлатҳо ба фурӯш бароранд. Ин ҳолат як давлатро мутеи давлати дигар месозад ва сиёсати ҷаҳонӣ хам маҳз ба ин роҳ нигаронида шудааст. Барои ҳамин ҳам мардуми тоҷик набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳад ва доимо ҳушёр бошад, зеро бадхоҳони мамлакат то кунун дар каминанд ва фурсати муносибро ҷуёнанд.
Имрузҳо мо агар маҳсулоти дар бозорҳои Ватанамон ба фурӯш баровардашударо бодиққат таҳлил намоем, мебинем ки аз нисф зиёди он мол моли хориҷӣ мебошад. Яъне мо бо дастони худамон бозорҳои ватаниямонро ба бозорҳое табдил дода истодаем ки дар онҳо моли хориҷи ба фурӯш меравад, ки ин на ба манфиати ватанамон аст.
Тоҷикистони мо мамлакате аст, ки аз бойигариҳои заминӣ маҳрум нест. Гиёҳои табобатӣ, обҳои гарми шифобахш, канданиҳои фоиданок, ҳайвоноти нодир, сангҳои қиматбаҳо, обҳои ошомиданӣ, энергетика, элементхои химявии камёб ва дигар чизҳо. Барои аз худ кардани ин бойигариҳо бояд ба илмҳои дақиқ такя намуд, то ки дар оянда олимоне ба руи кор оянд ки ин захираҳои табииро ба манфиати мардуми тоҷик равона созанд. Олимонро бошад маҳз маориф ба воя мерасонад. Барои ҳамин ҳам Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати авалиндараҷаро маҳз ба пешбурди маориф ва илм равона кардааст.
Чих еле ки аҷдодони мардуми форсу- тоҷик гуфтаанд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадре ту яке ҳазор гардад.
Бинед ки мардуми фарҳангдусти тоҷик аз давраҳои куҳан боз мавқеи илмро дар пешрафти хаёти ҷамиятӣ муаян намудааст. Маҳз бо ҳамин восита ин халқ дар ҷаҳони кунунӣ мавқеи мустаҳкам дорад ва ҷаҳониён инро эътироф мекунанд. Барои ҳамин бояд мо ин роҳи пешгирифтаи аҷдодонамонро давом дода, кишварамонро ба яке аз давлатҳои аз ҳар ҷиҳат тарақикардатарини ҷаҳон табдил дихем. Барои ба ин мақсад расидан бояд ба алоқамандии илму амал , ки такондиҳандаи пешрафти ҷамият мебошанд такя намуд. Асоси илм бошад аз мактаб интиҳо мегирад. Бад ин сабаб ҳам пешвои миллат диққати авалиндараҷаро маҳз ба пешрафти маориф ва илм дода истодааст.