wrapper

ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар, доктори илмҳои филологӣ,

директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи

академик Б. Искандарови АМИТ

 

ШАХСИЯТ ДАР МИЗОНИ ВАҚТ

(бахшида ба 80-умин солгарди муаллим Қурбонасейн Худоиев)

 

Инсонҳои ҳақиқатан муътабару иззатманд онҳоеанд, ки аз ҳузурашон кас баҳра мебарад. Онҳо ба таърифу тавсиф эҳтиёҷ надоранд, зеро зиндагӣ, рафтор ва осори онҳо беҳтарин шиносномаи шахсияташон аст. Онҳо дар хотираи ҷомеа ҷой мегиранд ва ба як меъёри ахлоқӣ табдил меёбанд, ки дигарон худро бо он месанҷанд.

Гарчанде ин гуна шахсиятҳо дар ҷомеа ангуштшуморанд, таъсири онҳо ба ҷомеа амиқ аст. Онҳо мисли чароғҳоеанд, ки торикиро мешикананд ва роҳро равшан месозанд. Бо ҳузури онҳо муҳит ранги дигар мегирад, зиндагӣ маънои тоза пайдо мекунад ва умед дар дилҳо реша медавонад. Барои замониёни худ онҳо манбаи итминон ва эътимоданд ва барои ояндагон мояи ифтихор ва ибрат. Дар ниҳоят, метавон гуфт, ки инсон на бо он чӣ мегӯяд, балки бо он чӣ мекунад, дар саҳифаҳои зиндагӣ сабт мегардад. Ва танҳо онҳое, ки миёни сухан ва амал тавозун меёбанд, метавонанд ба мартабаи ҳақиқии иззат ва эътибор бирасанд.

Муаллим Қурбонасейн Худоиев аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои камёб маҳсуб меёбад. Дар миёни шахсиятҳои маъруфу маҳбуби кишвар номи муаллим барҳақ бо як эҳсоси самимияти хос, эҳтироми амиқ ва эътирофи умумӣ садо медиҳад. Ин аз он далолат мекунад, ки баъзе номҳо танҳо ба як инсон тааллуқ надоранд, балки ба як давра, ба як андеша ва ба як мактаби фикрӣ мубаддал мегарданд. Чунин шахсиятҳо бо ҳузури худ на танҳо зиндагии худро, балки фазои маънавии ҷомеаро низ ғанӣ мегардонанд.

Қурбонасейн Худоиев имрӯз даҳаи ҳаштуми умри худро бо саломатии устувор, зеҳни равшану тафаккури тоза тай мекунад. Аммо ин танҳо идомаи биологии умр нест, ин як навъ идомаи рисолат аст. Гӯё чархи замон ӯро на аз рӯйи тасодуф, балки ба хотири нафъовар буданаш, ба хотири ҳузури созандааш дар амон нигоҳ доштааст. Зеро дар фалсафаи зиндагӣ умри дароз танҳо вақте арзишманд мегардад, ки бо маъно, бо амал ва бо хизмат ҳамроҳ бошад.

Агар ба саҳифаҳои таърихи даврони шӯравӣ назар афканем, кам ба назар мерасад, ки як олими ҷавон бо чунин эътирофи баланд, яъне бо медали «Ихтироъкори СССР» сарфароз гардида бошад. Аммо муаллим ин мукофотро на чун нишони истеъдод, балки оғози як масъулияти бузург пазируфт. Шояд маҳз ҳамин эътироф дар вуҷуди ӯ эҳсоси ҳамешагӣ ба пеш рафтанро парвариш дод, эҳсоси он ки инсон бояд ҳамеша аз худ бештар талаб намояд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи камол бошад. Ва ҳамин рӯҳия буд, ки ӯро дар ҳар шароит, новобаста аз душвориҳо, дар сафи пеш қарор медод: меомӯхт, то бифаҳмад ва меомӯзонд, то ба фаҳми дигарон бирасонад.

Фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, махсусан дар солҳои вазнину пуртазоди таърихӣ, худ гувоҳи як ҷасорати маънавӣ ва масъулияти амиқи шаҳрвандист. Барои ӯ омӯзгор будан танҳо иҷрои вазифа не, балки ин як рисолати ватандорӣ буд. Ӯ ба оянда на бо нигаронӣ, балки бо боварӣ менигарист ва ин бовариро дар замири шогирдонаш низ мекошт. Зеро оянда танҳо бо умед сохта намешавад, он ба омӯзиш, ба дониш, ба тарбия ва ба шахсият ниёз дорад.

Ташкили нахустин озмоишгоҳи химия дар факултети илмҳои табиӣ на танҳо як иқдоми ташкилотӣ, балки як амали рамзӣ буд, гузоштани пояҳои илм дар муҳите, ки ба рушд ниёз дошт. Озмоишгоҳ танҳо макони таҷриба нест, он фазоест, ки дар он тафаккур шакл мегирад, саволҳо таваллуд мешаванд ва ҷавобҳо кашф мегарданд. Шогирдоне, ки дар он ҷо парвариш ёфтаанд, имрӯз дар ниҳодҳои бузурги илмӣ, аз ҷумла дар Институти химия ва Институти биологии Помир, фаъолият доранд. Ин худ далели он аст, ки меҳнати устод танҳо дар замони худ маҳдуд намешавад, он дар наслҳо идома меёбад.

Дар нигоҳи фалсафӣ, шахсиятҳое чун Қурбонасейн Худоиев на танҳо омӯзгор, балки пуле миёни гузашта ва ояндаанд. Онҳо таҷрибаро ба дониш ва донишро ба мерос табдил медиҳанд. Ҳузури онҳо дар ҷомеа мисли решаҳои амиқест, ки дарахти маърифатро устувор нигоҳ медоранд. Ва маҳз бо ҳамин гуна инсонҳо ҷомеа пеш меравад, балки маъно пайдо мекунад.

Шахсиятҳои кордидаву таҷрибаандӯхта дар чорчӯби танги як ихтисос маҳдуд намемонанд. Таҷрибаи зиндагӣ ба онҳо меомӯзад, ки ҳақиқати ҳастӣ бисёрҷанба аст ва дарки он танҳо аз роҳи як самти илмӣ имконпазир нест. Аз ҳамин ҷост, ки чунин инсонҳо тадриҷан аз доираи ихтисоси худ фаротар рафта, ба масоили фарогири ҷомеа рӯ меоранд. Барои онҳо зиндагии шоистаи мардум, суботи иҷтимоӣ ва ояндаи устувори миллат на танҳо мавзуи андеша, балки меҳвари масъулият мегардад. Зеро дарки амиқи зиндагӣ инсонро ба ин хулоса меорад, ки илму дониш вақте арзиш пайдо мекунад, ки ба манфиати ҷомеа хидмат намояд.

Дар ҳамин замина, фаъолияти Қурбонасейн Худоиев намунаи равшани пайванди илм бо андешаи миллӣ ва масъулияти сиёсист. Ӯ зарур донист, ки донишу таҷрибаи касбии худро бо арзишҳои милливу давлатӣ ҳамоҳанг созад ва аз ин роҳ дар пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар саҳмгузор бошад. Ин интихоби ӯ тасодуфӣ набуд, балки натиҷаи як ҷаҳонбинии пухта буд, ки дар он илм ва ҷомеа аз ҳам ҷудо нестанд, балки якдигарро такмил медиҳанд.

Қабули масъулияти муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ӯ идомаи табиии рисолати шаҳрвандӣ ба шумор мерафт. Ӯ то ба синни нафақа расидан бо сарбаландӣ ва садоқат ин вазифаи пурмасъулро ба иҷро расонд. Ин гуна хизмат, ки бар пояи самимият ва эҳсоси баланди масъулият бунёд ёфтааст, беэътино намемонад.

Аз ин рӯ, давлату ҳукумат ва хусусан Сарвари дурандеши кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти қобилият ва садоқати ӯ раёсати пурраи Кумитаи иҷроияи ҳизбашонро дар вилоят ба зиммааш во гузоштанд. Зеро Раиси ҲХДТ нағз медонистанд, ки аз оғози таъсисёбии ҳизб ӯ ҳамчун узви фаъоли он дар таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои ҳизбӣ саҳми назаррас гузоштааст. Фаъолияти ӯ танҳо ба сатҳи маъмурӣ маҳдуд набуда, бештар ба сатҳи маърифатӣ ва иҷтимоӣ тамаркуз дошт: суҳбат бо омӯзгорон, роҳнамоӣ ба донишҷӯён, кор бо ҷомеа ва тақвияти худшиносии шаҳрвандон. Ӯ хуб дарк мекард, ки сиёсат танҳо идоракунӣ нест, балки пеш аз ҳама, тарбияи шуур ва ташаккули андешаи ҷамъият аст.

Дар воқеъ ҳам, даврони роҳбарии ӯ корҳои созмондиҳӣ ва ташкилии ҳизб ранги нав гирифтанд. Ҷалби неруҳои беҳтарин, таҳкими сафҳо ва фаҳмонидани ҳадафу арзишҳои ҳизб ба мардум ба як раванди пайваста табдил ёфт. Натиҷаи чунин фаъолияти мақсаднок дар афзоиши назарраси шумораи аъзои ҳизб дар вилоят таҷассум ёфта, аз чанд ҳазор то ба маротиб бештар гардид. Аммо муҳимтар аз рақамҳо, он рӯҳия ва эътимодест, ки дар ин давра дар ҷомеа ба вуҷуд омад.

Ҳузури ӯ дар Анҷуманҳои V–X ҳизб ва интихоб шуданаш ба ҳайати Кумитаи иҷроияи марказӣ дар солҳои 2004-2009 низ далели эътирофи саҳми ӯ дар пешрафти сатҳи ҷумҳуриявист. Ин ҳама нишон медиҳад, ки шахсиятҳое чун ӯ на танҳо дар як самт, балки дар чандин арса метавонанд таъсиргузор бошанд. Чунин инсонҳо пайванди миёни андеша ва амал, миёни илм ва сиёсат, миёни шахсият ва ҷомеа мебошанд.

Бояд бо итминон, бо масъулият ва бо эҳсоси адолати таърихӣ эътироф намуд, ки дар эътидоли вазъи печидаву пурошӯби солҳои навадуми асри гузашта саҳми шахсиятҳое чун Қурбонасейн Худоиев воқеан бесобиқа ва фаромӯшношуданист. Он солҳо на танҳо имтиҳони давлатдорӣ, балки имтиҳони виҷдон, ирода ва хиради шахсиятҳо буданд. Дар чунин марҳалаҳо маҳз инсонҳои дорои ҷаҳонбинии васеъ, донишҳои амиқ ва таҷрибаи ғании зиндагӣ метавонанд нақши ҳалкунанда бозанд. Зеро ҳалли буҳронҳо пеш аз ҳама ба ақл, таҳлил ва масъулияти инсон ниёз дорад.

Қурбонасейн Худоиев аз зумраи он шахсиятҳост, ки донишро бо хирад ва таҷрибаро бо дурандешӣ пайванд дода, дар лаҳзаҳои душвортарин ба сифати гиреҳкушои масъалаҳо баромад кардааст. Барои чунин инсон илму дониш танҳо воситаи дарёфти ҳақиқат нест, балки абзори хидмат ба ҷомеа аст. Ӯ аз он олимоне мебошад, ки дар рӯзҳои сахт дар канори мардум меистад ва дар рӯзҳои осуда низ аз онҳо дур намешавад. Яъне, шахсияте, ки ҳам дар буҳрон роҳнамо аст ва ҳам дар субот такягоҳ.

Маҳз аз ҳамин дидгоҳ, пешниҳоди нахустин барномаҳои солимгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон дар ВМКБ, аз ҷониби ӯ як иқдоми одӣ набуд, балки як посухи хирадмандона ба ниёзҳои замон маҳсуб меёфт. Ӯ хуб дарк мекард, ки ояндаи ҳар ҷомеа аз ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва маънавии ҷавононаш вобаста аст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба насли наврас барои ӯ як на вазифаи маъмулӣ, балки як рисолати миллӣ буд.

Ҳамзамон, мардум хуб дар ёд доранд, ки ӯ аз аввалин ташаббускорони баррасии мавзуи наҷоти иқтисодии кишвар тавассути идома ва анҷоми сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Дар он замон, ки бисёриҳо ба фардо бо тардид менигаристанд, чунин андешаҳо ҷасорат ва дурандешии фавқулода талаб мекарданд. Зеро сохтмони ин неругоҳ на танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ, балки як рамзи истиқлолият ва худкифоии миллӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан низ Сарвари давлат ин иншоотро ҳастиву нестии миллат номиданд, ки ин худ гувоҳи дурустии он андешаҳои пешакӣ ва стратегист, ки шахсиятҳое мисли Худоиев Қурбонасейн матраҳ намуда буданд.

Заҳмату хизматҳои ӯ дар рушди соҳаи маориф низ аз ҷумлаи он саҳифаҳои пурифтихорест, ки бо ҳарфҳои заррин дар таърихи маърифати кишвар сабт шудаанд. Ӯ ба таълим на танҳо ҳамчун раванд, балки ҳамчун асоси ҳастии миллат менигарист. Зеро миллате, ки маърифат дорад, метавонад ҳама мушкилотро паси сар намояд. Бо ҳамин рӯҳия, ӯ дар тарбияи кадрҳо, боло бурдани сатҳи дониш ва тақвияти худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузошт.

Ин талошҳо бенатиҷа намонданд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хизматҳои шоёни ӯ, ӯро бо унвони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” сарфароз гардонид. Ҳамчунин, барои саҳмаш дар таҳкими ваҳдат, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва таблиғи арзишҳои инсонгароёна ӯ бо ордени “Дӯстӣ” ва дигар ифтихорномаҳои сатҳҳои гуногун қадрдонӣ гардид.

Хулас, шахсиятҳое чун Қурбонасейн Худоиев на танҳо иштирокчиёни таърих, балки офарандагони онанд. Онҳо бо андешаи амиқ, бо амали содиқона ва бо эҳсоси баланди масъулият на танҳо мушкилоти замони худро ҳал мекунанд, балки барои наслҳои оянда роҳ ва намуна мегузоранд. Ҳаёт ва фаъолияти онҳо исбот мекунад, ки вақте дониш бо виҷдон ва таҷриба бо ватандорӣ ҳамроҳ мегардад, шахсият ба неруи созандаи таърих табдил меёбад.

 

Маводҳои дигар дар ин бахш: « Даҳ мақолае, ки арзиши даҳ асар доранд