wrapper

МАҲИФИЛИ ХИРАД ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

29 апрели соли 2026 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳфили илмиву адабии «Хирад» таҳти унвони «Ҷилои истиқлол дар оинаи шеъри Лаълҷубаи Мирзоҳасан» бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дар фазои гарму хотирмон баргузор гардид.

Ин маҳфил на танҳо як нишасти адабӣ, балки таҷассуми эҳтиром ба сухан, фарҳанг, истиқлол ва арзишҳои маънавии миллат буд. Зеро маҳз Истиқлоли давлатӣ ба фарҳангу адабиёти тоҷик неруи тоза бахшида, барои эҳёи худшиносии миллӣ, гиромидошти мероси маънавӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои эҷодкор заминаи мусоид фароҳам овард.

Чорабиниро директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ Қаландариён Ҳ.С. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, дар бораи ҷойгоҳи адабӣ ва маънавии Шоири халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Лаълҷубаи Мирзоҳасан андешаҳои арзишманд баён кард. Ӯ таъкид намуд, ки ашъори шоир ойинаи равшани истиқлол, худогоҳии миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ буда, дар тарбияи маънавии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, нақши муассир дорад.

Сипас, Лаълҷубаи Мирзоҳасан бо суханронии самимӣ ва қироати ашъори дилнишину пурэҳсоси худ ба маҳфил рангу таровати тоза бахшид. Сухани шоир, ки аз меҳри Ватан, дарди замон, зебоии инсон ва рӯҳи истиқлол сарчашма мегирад, ба дилҳои ҳозирин таъсири амиқ гузошт. Ӯ ҳамчунин аз таҷрибаи эҷодии худ ёдовар шуда, дар бораи нақши адабиёт дар бедории фикрӣ ва маънавии ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён намуд.

Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо қироати шеърҳои пурмазмуни шоир фазои чорабиниро боз ҳам зебову рӯҳбахш гардониданд. Қироати онҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, самимият ва завқи адабӣ сурат гирифта, нишон дод, ки осори Лаълҷубаи Мирзоҳасан дар миёни насли ҷавон низ ҷойгоҳи хос дорад.

Дар идомаи чорабинӣ олимону муҳаққиқон ва аҳли адаб бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Дар суханрониҳо масъалаҳои инъикоси арзишҳои миллӣ, васфи Ватан, ҷойгоҳи истиқлол дар ташаккули ҷаҳонбинии эҷодии шоир, забони бадеӣ, образофаринӣ ва вижагиҳои ҳунарии ашъори ӯ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, донишҷӯён ва дӯстдорони адабиёт порчаҳои дигар аз ашъори шоирро бо маҳорати баланд қироат намуда, маҳфилро ба як базми воқеии сухану маърифат табдил доданд. Ҳар қироат бо самимият ва эҳтиром ба сухани шоир садо дода, фазои толорро саршор аз эҳсоси ифтихор, меҳри Ватан ва зебоишиносӣ мегардонид.

Дар фарҷоми маҳфил миёни ҳозирин ва Шоири халқии Тоҷикистон суолу ҷавоби ҷолиб сурат гирифт. Иштирокчиён доир ба эҷодиёт, таҷрибаи зиндагӣ, илҳом, рисолати шоир ва ҷойгоҳи адабиёт дар ҷомеаи муосир саволҳои гуногун пешниҳод намуданд. Ин гуфтугӯ ба маҳфил самимияти бештар бахшида, робитаи зиндаи шоирро бо хонандагону дӯстдорони сухан боз ҳам равшантар намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби дӯстдорони адабиёт пешниҳод гардид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи вижае барои нашри ашъори устод таъсис дода шавад, то насли наврас ва доираи васеи хонандагон аз ганҷинаи пурғановати эҷодиёти ӯ бештар баҳра бардоранд.

Маҳфили илмиву адабии «Хирад» дар умум ба як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ табдил ёфта, бори дигар нишон дод, ки сухани асил, шеъри ватандӯстона ва андешаи созанда дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа нақши бузург доранд.