wrapper

Шакармамадов О. Н. – номзади илмҳои филологӣ, ходими

илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ

ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

ТАҶАССУМИ АФКОРИ МАЪНАВИЮ ФАЛСАФИИ

ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ПАЁМ

 

   Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегиву сиёсӣ буда, самтҳои асосии давлатӣ ва дурнамои рушди кишварро муайян месозад. Вале дар паси ифодаҳои расмии ин ҳуҷҷат ғояҳо ва арзишҳои фалсафии амиқ нуҳуфтаанд, ки ҷаҳонбинӣ, идеология ва мақсади таърихии давлатро ифода мекунад. Паёми навбатӣ, ки 16-уми декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, низ дорои чунин паҳлуҳои фалсафист.

   Агар мафҳуми Паём ирсол намудан, хабар расонидан, пайғом овардан бошад, аз ҷониби дигар, чун ҳамасола дар меҳвари Паём сарҷамъ мешавем, он бешубҳа ифодагари даъват намудани халқи азизи тоҷик ба муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва якдилӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат Паёмро на танҳо як санади сиёсиву иқтисодӣ, балки ҳамчун як изҳори амиқи фалсафӣ дар бораи рисолати давлат, мақоми инсон, ваҳдати миллӣ ва рушду созандагӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

   Мо шоҳиди он ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мунтазам ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. Албатта, мушкилиҳову норасоиҳое, ки имрӯз дар ҷомеа ҷой доранд ва Сарвари давлат низ онҳоро ишора намуданд, инҳо омили муқаррарӣ барои тамоми ҷомеаи дунё мебошанд, ки ҳаррӯза ба он дучор мегарданд ва набояд ба ин норасоиҳо аз назари танқидӣ баҳо диҳем, балки ҳар як шаҳрванд, ки ҳисси ватандӯстӣ дорад бояд андеша кунад, ки барои ҳалли чунин мушкилиҳо кадом ҳисса ё саҳми худро гузошта метавонад.

   Сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ пояи сулҳу субот, устувории давлат ва истиқлолият мебошанд, ки аз ин бора Пешвои азизи мо пайваста таъкид менамоянд. Имрӯз мушоҳида мекунем, ки мардуми бофарҳанги тоҷик ба саховатмандӣ ва дастгирии якдигар ва эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир менамояд ва ин яке аз хислатҳои нек мебошад, ки таърихан дар ниҳоди халқи тоҷик ҷой дошта, фалсафа ва маънавиёти мардуми ориёитаборро бозгӯӣ мекунад. Бесабаб нест, ки имрӯз дар арсаи байналхалқӣ миллати тоҷик ҳамчун халқи сулҳҷӯю инсонпарвар, халқе, ки таъриху фарҳанги куҳан дорад, шинохта мешавад. 

   Нуктаи дигаре, ки Роҳбари кишвармамон ишора намуданд, таваҷҷуҳи бештаре ба илми замонавӣ ва гирифтани дониши мукаммал буда, даст кашидан аз хурофоту ҷаҳолат мебошад, ки барои пешравии ҷомеа яке аз монеаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Кишварҳои пешрафта имрӯз бештар ба сармояи инсонӣ такя мекунанд ва аз ҳисоби ақлу дониш, ки аз ҳама чиз гаронтар аст, иқтисодиёти худро пеш бурда истодаанд. Ҳикмати халқ “Ба осиёби дигарон об рехтан”, ки Пешвои миллат зикр намуданд, маҳз ба ҳамин маънӣ ишора меравад, ки мо ба нафъи дигарон хизмат карда истодаем. Кишварҳои дигар аз ҳисоби қувваҳои меҳнат, захираҳои табиии худамон, ки мо онҳоро истифода карда наметавонем, бозору иқтисодиёти худро ғановат карда истодаанд. Аз ин ҷиҳат, ҳар яки моро водор месозад, то ба таълиму тарбияи насли наврас, фарзандони худ диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро рушду нумуи кишварамон маҳз аз илми муосир ва ақлу заковати мо вобаста аст.

   Яке аз андешаҳои маъруфтарини Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Он ки дур афтад зи асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори асли хеш”, ки баргашт ба худшиносиро талқин мекунад, яъне чун инсон ба дунёи моддӣ меояд, ба зиндагии дунявӣ гирифтор мешавад ва аз асли маънавии худ дур мегардад. Аммо дар қалби инсон як ангезаи ботинӣ ҳаст, ки ҳамеша ӯро водор мекунад, то аҷдод, реша ва ҳақиқати аслии худро ҷӯяд. Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо сокинону фаъолони кишвар ва дар Паёми хеш пайваста таъкид бар он мекунад, ки аз фарҳангу таърихи худ бархурдор бошем, расму ойини аҷдодии худро ҳифз намоем новобаста аз он, ки дар ҷаҳони муосир, аз як сӯ, технологияи рақамӣ бо суръат равнақ ёфта, дар ҳаёту рӯзгорамон  бевосита ворид мегардад, аз ҷониби дигар, дар фазои бархӯрди фарҳангҳо ва номусоидии ҷаҳон қарор дорем.    

   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои паҳлуҳои гуногун буда, дар баробари сиёсати амалии давлатӣ асосҳои фалсафии инсонгароӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва созандагиро инъикос мекунад, ки ин ғояҳо афкори маънавию фалсафии халқи тоҷикро дар замони муосир таҷассум менамояд ва ҳамчун пояи идеологии давлат ва ҷомеа барои наслҳои имрӯзу фардо аҳаммияти муҳими таърихӣ доранд.