wrapper

АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
 11 июни соли 2026 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аттестатсияи хатми магистрантони шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ баргузор гардид.
 
Дар аттестатсияи давлатии хатм магистрони ихтисосҳои «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои комплекси агросаноатӣ» ва «Туризм ва меҳмондорӣ» иштирок намуданд.
 
Дар ҷараёни имтиҳон довталабон сатҳи баланди омодагии касбӣ, дониши мукаммали назариявӣ ва маҳорати истифодаи равишҳои муосири таҳлили масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро нишон доданд. Зимни посухҳо ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, идоракунии корхонаҳо, рушди соҳаи сайёҳӣ ва самтҳои муосири таҳқиқоти иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
 
Натиҷаҳои имтиҳон нишон доданд, ки магистрон қобилияти таҳлили равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия, асоснок намудани хулосаҳои илмӣ ва истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотиро дар ҳалли масъалаҳои касбӣ доро мебошанд.
 
Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ ҳамаи иштирокчиён имтиҳонро бомуваффақият супорида, ба талаботи барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои интихобшуда ҷавобгӯ будани сатҳи омодагии худро тасдиқ намуданд. Натиҷаҳои бадастомада аз сатҳи баланди омодасозии кадрҳои илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, идоракунӣ ва сайёҳӣ дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Маъмурияти институт докторантон PhD ва магистрантонро ба муносибати бомуваффақият супоридани имтиҳони давлатӣ табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таълимӣ ва касбӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.