wrapper

Ходими илмии шуъбаи фолклор
ва адабиёти ИИГ АМИТ
Наврузова Ҳ.Ш.
 
ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИЯТПАРВАРОНАИ ҶАНОБИ ОЛӢ - ТУҲФАИ АРЗАНДА ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Гузаштӣ бар касе, к - ӯ бар ту зулме кард, бо ӯ кун,
Ки бахшиш беҳтарин давлат бувад дар олами фонӣ.
Ба рағми он касе, к - ӯ душманӣ варзад, ту некӣ кун,
Бизан бар ҷони ӯ ханҷар ба некӯкориву эҳсонӣ.
 
Оре, авф кардан яке аз бузургтарин хислатҳои неки инсонӣ ба шумор рафта, нишонаи қувваи ботинӣ, бузургдилӣ ва инсондӯстӣ мебошад. Яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва башардӯстона ба ҳисоб рафта, бо мақсади нишон додани раҳму шафқат ва фароҳам овардани имконияти ислоҳ барои шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қабул карда мешавад.
 
Авф на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки зуҳури инсондӯстӣ ва имконияти нав барои оғоз кардани зиндагии шоиста ва муфид барои ҷомеа мебошад.
 
Авф нишонаи заъф нест. Баръакс, барои бахшидан инсон бояд иродаи қавӣ ва қалби бузург дошта бошад. На ҳар кас метавонад аз гуноҳ гузашта, муносибати некро нигоҳ дорад. Авф амали ҷавонмардона аст, ки бузургии шахсро нишон медиҳад.
 
Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандони худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.
 
Қабули қонуни авф нишонаи сиёсати инсондӯстона ва ғамхорӣ нисбат ба шаҳрвандон буда, барои таҳкими суботи ҷомеа ва тарбияи эҳтиром ба қонун мусоидат мекунад.
 
Дар Тоҷикистон бори охир моҳи марти соли 2025 авфи тақрибан нуҳсад зиндонӣ эълон шуд. Аз он пеш, моҳи сентябри соли 2021 ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият, ёздаҳуним ҳазор кас аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ 16 июн лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
 
Қонуни авф ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 (шаш ҳазору ҳафсаду сию се) нафар кам карда мешавад.
 
Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 (панҷсаду ҳафт) нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 (дусаду чилу ҳашт) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 (дусаду панҷоҳу нуҳ) нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 (яксаду сию чор) нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 (наваду нуҳ) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 (сию панҷ) нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
 
Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
 
Ин тасмими Пешвои миллат бори дигар собит сохт, ки инсондӯстӣ ва бахшиш аз волотарин арзишҳои сиёсати Сарвари давлати мо мебошанд. Авфи ҳазорон нафар нишонаи равшании қалби бузург ва ғамхории падаронаи президенти мамалакат нисбат ба ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ин иқдоми наҷиб ба оилаҳои зиёд нуру шодӣ бахшида, ба гуноҳкорон имкони дубораи баргашт ба ҳаёти солим ва созандаро медиҳад.