Ба ифтихори зодрӯзи муҳаққиқи шинохта ва забоншиноси барҷаста, номзади илмҳои филология, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров — хонум Шаҳло Саиднуриддиновна Некушоева
Дар фазои маънавӣ ва илмии кишвар, ки беш аз ҳарвақта ниёз ба чеҳраҳои донишманд, хирадманд ва фидоии илм дорад, шахсияти Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна ҳамчун як намунаи олии муҳаққиқи замони муосир, дорои мақому манзалати хоса мебошанд.
Фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, ки ба омӯзиш ва ҳифзи забонҳои камомӯзшудаи помирӣ бахшида шудааст, на танҳо саҳми гаронбаҳо дар илми филология ба шумор меравад, балки дар ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ низ нақши арзанда мегузорад.
Шаҳло Некушоева ҳамчун пажӯҳишгари хирадманд бо тафаккури таҳлилӣ, масъулияти илмӣ ва диди амиқи этнолингвистӣ, мактаби мустақили илмии худро таъсис дода, дар рушду таҳкими он саҳми назаррас доранд. Ҳиссаи мондагори номбурда дар таҳқиқоти лексикаи рӯзгории шуғнониву рӯшонӣ дар доираҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ бо эҳтиром пазируфта шудааст.
Дар асоси рисолаи номзадии худ, инчунин тавассути асарҳои монографӣ, луғатномаҳо ва мақолаҳои илмӣ, Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна тавонистаанд доираи васеи мутахассисон ва муҳаққиқонро бо захираҳои забонӣ ва фарҳангии Помир ошно созанд.
Ҳамзамон бо фаъолиятҳои таҳқиқотӣ, яке аз самтҳои муҳими кори муҳаққиқи арзанда роҳнамоӣ ва роҳбарии илмии насли ҷавони муҳаққиқон мебошанд. Бо дастгирии Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, даҳҳо шогирд, магистрант ва унвонҷӯ ба таҳқиқоти илмӣ ҷалб гардидаанд ва бо роҳнамоии илмии ӯ комёбиҳои шоён ба даст овардаанд.
Бо фазилатҳои олии инсонӣ, малакаи баланди илмӣ ва садоқати комил ба рисолати пажӯҳишгарӣ, шахсияти Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна дар ҷомеаи илмӣ мавқеи устувор ва намунаи ибрат барои дигарон маҳсуб мешавад.
Асарҳои илмии чопшудаи муҳаққиқ, аз ҷумла монографияҳо ва мақолаҳои нашршуда дар маҷаллаҳои бонуфузи ватаниву байналмилалӣ, шомили таҳқиқотҳое мебошанд, ки барои омӯзиши консептҳои фарҳангӣ, забонӣ ва тафаккури мардумони кӯҳистон асоси илмии боэътимод мебошанд.
Айни замон низ таҳқиқоти Шаҳло Саиднуриддиновна дар самти забоншиносии когнитивӣ бо ҷиддияти илмию методӣ идома дорад ва мавзӯи доктории таҳти унвони “Лингвокогнитивные аспекты концепта ДОМ в шугнано-рушанской группе памирских языков” яке аз самтҳои наву муҳим дар илми забоншиносӣ ба ҳисоб меравад.
Ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқи муҳтарами соҳаи филология ва ходими фидоии илм — Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна, ҳайати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров бо камоли самимият ва эҳтиром беҳтарин таманниёт ва орзуву дуоҳои некро иброз медорад.
Орзуманди онем, ки рӯзгори ин шахсияти пурифтихор ҳамеша саршор аз саломатии комил, нерӯи тоза, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои пайдарпай бошад. Бигзор муҳаббати шогирдон, эҳтироми ҳамкорон ва арҷгузории аҳли илм ҳамқадами ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти илмиву таҳқиқотии эшон бимонад.
Бо эҳтироми амиқ ва сидқии илмӣ,
Ҳайати илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров,
ҳамчунин шогирдон ва дӯстдорони илму фарҳанг