wrapper

САБАҚИ ТАЪРИХ ДАР ПАРТАВИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ МИЛЛӢ

  Таърихи ҳар миллате баргирифта аз лаҳзаҳои сарнавиштсозе аст, ки на танҳо саҳифаҳои гузаштаро варақ мезананд, балки раванди ояндаро низ равшан месозанд. Барои миллати тоҷик асри ХХ даврони озмоишҳои сангину фоҷиаҳои бузург ва дар айни ҳол, асри шаклгирии давлат ва миллати муосир буд. Дар ин масири пурфарозунишеб, фарзандони фарзонае ба амсоли Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ҷони хешро нисор намуданд, то Тоҷикистон ҳамчун як воҳиди сиёсӣ, ҳамчун давлат дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд намуда, аз он дигар маҳв нагардад.

  Бозгардондани хоки ин ду қаҳрамони миллӣ аз Маскав ба пойтахти Тоҷикистон ва истиқболи бевоситаву самимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи кишвар як лаҳзаи пур аз эҳсосот барои тамоми шаҳрвандони кишвар гардид. Ин пешвози роҳбари давлат як воқеаи одии сиёсӣ ё ташрифоти маъмулӣ набуд. Он нишондиҳанда ва намунаи волои адолати таърихӣ, эҳёи хотираи миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои озодихоҳӣ аст. Ин рӯйдод собит намуд, ки миллати тоҷик ҳаргиз фидокории фарзандони хешро фаромӯш намекунад. Истиқболи расмӣ ва низомии хоки қаҳрамонони миллат нишон дод, ки истиқлолияти имрӯзаи мо маҳсули муборизаҳои сангини дирӯз аст ва қадрдонии он, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар аст.

 Барои дарки амиқи ин рӯйдоди дар асл таърихӣ, лозим аст, ки ба вазъияти солҳои бистуму сиюми асри гузашта нигоҳе андозем. Ба он давраи таърихие, ки марзбандиҳои милливу ҳудудӣ дар Осиёи Марказии соли 1924, манфиатҳои миллати тоҷик дидаву дониста поймол шуданд. Дар чунин шароити ҳассос ва бӯҳронӣ ба майдони сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ворид гаштанд. Шириншоҳ Шоҳтемур бо дониши амиқи сиёсӣ ва заковати хосу забондонии хеш тавонист дар сатҳи Маскав собит намояд, ки тоҷикон унсури аслии тамаддуни ин минтақа ҳастанд ва ҳуқуқи доштани як ҷумҳурии мустақилро доранд. Маҳз талошҳои хастанопазири ӯ бо ҳамсафонаш боис шуд, ки соли 1929 Тоҷикистон аз мақоми як ҷумҳурии худмухтор ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёбад.

  Нусратулло Махсум ба унвони Раиси Кумитаи марказии иҷроияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон тамоми тавон ва нуфузи худро барои сохторсозии давлатӣ, якпорчагии ҳудуди тоҷикон ва мубориза бо бесаводӣ равона кард.

  Онҳо афроде буданд, ки манфиатҳои миллаташонро бар дастурҳои идеологии марказ – Маскав тарҷеҳ дода, бо ин ҷасораташон боиси норозигии мақомоти онвақтаи давлати шуравӣ гаштанд. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки агар заҳматҳо ва исоргариҳои ин ду қаҳрамон дар солҳои 1924-1929 намебуданд, имрӯз вуҷуди давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон зери савол буд.

  Солҳои сиюми асри ХХ, дар таърихи шуравӣ бо номи “репрессияҳои сталинӣ” маъруф аст ва он боиси ба коми оташ кашидани як қатор зиёиён ва ходимони сиёсии тоҷик гашт. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум низ зери чархи ин сохтори даҳшатбор монданд. Онҳоро бо иттиҳоми воҳии “миллатгароӣ” ва “зиддиинқилобӣ” боздошт намуда, соли 1937 дар шаҳри Маскав тирборон намуданд. Ҷасади онҳо дар гӯристони дастҷамъии Донской ба хок супурда шуду номашон тайи даҳсолаҳо аз саҳифаҳои расмии таърих дур андохта шуд. Нуқтаи авҷи ин фоҷиа дар он буд, ки ин ду қаҳрамон на танҳо ҷонашонро барбод доданд, балки хокашон низ дар ғурбат, дур аз он Ватане, ки барояш ҷонфишонӣ намуданд, маҳҷур ва бенишон монд.

  Танҳо пас аз дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раванди эҳёи давлатӣ оғоз гардида, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мушарраф гардиданд. Варақ ва авҷи ин сиёсат арҷгузорӣ, маҳз ба Ватан – Тоҷикистон баргардондани хоки ин шаҳидон гардид.

  Дар ин раванд бояд махсус қайд намуд, ки дар дипломатия ва ташрифоти сиёсӣ, ҳузури бевоситаи Роҳбари аввали давлат дар фурудгоҳ барои истиқболи пайкар ё хоки як шахсият, ҳовии паёми хеле амиқе аст. Ин рафтори Пешвои миллат нишондиҳандаи эҳтироми кулли давлат ба таърихи худ аст, яъне Тоҷикистони муосир худро вориси қонунии созандагони ин сохтор медонад ва сипоси худро ба онҳо ба таври амалӣ иброз медорад. Ин як дарси ватандӯстие барои насли наврас аст: замоне, ки Роҳбари давлат дар баробари хоки шаҳидони роҳи озодиву истиқлолии миллати хеш сари таъзим фуруд меорад, дар замири онҳо ҳисси ифтихори миллӣ  бедор мешавад. Инчунин ин амали Сарвари кишвар хати батлоне кашид бар тамоми тӯҳматҳо ва сиёзнависиҳое, ки дар даврони шуравӣ нисбати ин қаҳрамонони миллат раво дошта шуда буд.

  Маросими истиқбол дар фурӯдгох бо шукӯҳ ва шаҳомати вижаи низомӣ ва миллӣ бургузор шуд ва ҳузури ходимони сиёсӣ, аҳли илму адаб, ҷавонон ва пайвандони қаҳрамонон нишон дод, ки ин рӯйдод як дарди умумимиллӣ ва дар айни замон як ифтихори бузурги умумимиллист.

  Сарвари кишвар бо нишони эҳтиром ба рӯҳи шаҳидони роҳи озодӣ иззату эҳтироми самимии худро ба ҷо овард, ки ин иқдомашон ҳамчун саҳифаи таърихӣ дар хотири миллат ҳамчун рамзи арҷгузории хос боқӣ мемонад. Ва мо бо ифтихори беандоза метавонем гуфт, ки хоки қаҳрамонони миллат на танҳо ба Ватан баргашт, он ба хонаи аслии худ – ба қалби ҳар як ватандор баргашту ҷойгузин гашт.

  Маросими истиқбол дар фурудгоҳ бо шукӯҳ ва шаҳомати вижаи низомӣ ва миллӣ баргузор шуд. Ҳузури аҳли илму адаб, ходимони сиёсӣ, ҷавонон ва пайвандони қаҳрамонон дар ин маросим нишон дод, ки ин рӯйдод як дарди умумимиллӣ ва дар айни ҳол як ифтихори умумимиллист, зеро дар шароити замони муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, доштани мафкураи устувори миллӣ ва шинохти қаҳрамонони миллат барои ҳар як давлат рӯзмарра аст. Бозгашти хоки ин ду шахсияти маъруфи таърихӣ, ки зодагони минтақаҳои мухталифи Тоҷикстон буданд, вале барои як ҳадаф – Тоҷикистони мустақилу ягона мубориза бурда, ҷон фидо намуданд, рамзи ваҳдати шикастнопазири миллат аст.

  Ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар ба мо хотиррасон менамояд, ки озодиву истиқлол бо чи заҳматҳое ба даст омадаанд.

  Ин рӯйдод пирӯзии ҳақиқати таърихиро бар зулмоти фаромӯшӣ собит сохт ва нишон дод, ки Тоҷикистони муосир давлате соҳибтамаддун ва қадршинос аст, ки гузаштаи худро азиз медораду бар пояи он ояндаи худро месозад.

  Сарвари кишвар бо нишони эҳтиром ба рӯҳи шаҳидони роҳи озодӣ иззату эҳтироми самимии худро ба ҷо овард, ки ин иқдомашон ҳамчун саҳифаи таърихӣ дар хотири миллат ҳамчун рамзи арҷгузории хос боқӣ мемонад.

  Мо бо сарфарозӣ ва ифтихори беандоза метавонем изҳор намоем, ки хоки фарзандони қаҳрамони миллат на танҳо ба оғӯши Ватан бозгашт, балки ба манзили аслии худ, ба қалби пурмеҳри ҳар як ватандор роҳ ёфта, ҷовидона ҷойгузин гардид.

  Зиҳӣ бод Пешвои муаззаму фарзонаи миллат, ва ҷовидон орому мунаввар бод рӯҳи поки қаҳрамонони сарсупурдаи Ватан, ки номи онҳо дар саҳифаҳои таърих ва қалби мардум абадан зинда хоҳад монд.

 

АРДАБАЕВА Мадина – ходими илмии шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои

гуманитарии ба номи акдадемик Баҳодур Искандарови АМИТ