wrapper

 АЗ НОАДОЛАТИҲОИ ТАЪРИХӢ БА АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

Дар солҳои 20-30-юми қарни гузашта ҳазорҳо нафар дар барпокунӣ, бунёдгузорӣ  ва барқароркунии сохти нави ҷомеавӣ (сотсиалистӣ) ва давлати заҳматкашон ба номи СССР ҷони хешро аз даст доданд. Онҳое, ки дар бунёдгузории ин давлат ҷоннисориҳо карданд, тамоми ҳаёту ҳастии худро ба ин сохту ба ин давлат бахшиданд, оқибат бо тӯҳмату ноадолатиҳои замон ба коми марги ин сохту ин давлат гирифтор шуданд.

Аз ҷумла бунёдгузорони Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Состиалистии Тоҷикистон (соли 1924), Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистии Тоҷикистон (соли 1929), Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва яке аз поягузорони фарҳанги навини сотсиалистии халқи тоҷик Нисор Муҳаммад аз зумраи он шахсоне буданд, ки дучори қурбониҳо (репрессия)-ияи солҳои 30-юми асри гузашта шуданд.

Гарчанде, ки ин абармардон қурбони ноадолатиҳои таърихӣ гаштанду номашон “сиёҳ”гашт,  онҳо бо ҷоннисориҳо дар ин гардиши муҳими таърихӣ, халқу миллати худро аз вартаи гумномӣ ва нестшавӣ наҷот дода, дар харитаи дунё ҷумҳуриеро бо номи Тоҷикистон номнавис намуданд.

Дар солҳои 50-уми қарни гузашта гарчанде, ки номи неки ин шахсон барқарор гашту онҳоро аз нав “сафед” карданд то соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон номи неки онҳо ҳамоно дар “сояи таърих” бе нишон монд.

Расо қариб баъд аз як аср маҳз бо шарофати ба даст овардани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикору ташабусси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи неки ин фарзонафарзандон (Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум) на фақат аз нав зинда гардонда шуд, балки онҳоро ҳамчун бунёдгузорони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистии Тоҷикистон эътироф карда ба онҳо унвони баландтарини фахрии Қаҳрамони халқи тоҷик дода шуд.

Беҳуда нест, ки ибораи ҳикматомезу пандомези халқи тамаддунофари тоҷик “Бузургонро бузургон зинда медоранд” ҳамеша дар миёни мардум вирди забон аст. Ҳақиқатан ҳам фақат бузургон қодиранд, ки бузургонро зинда медоранд.

Маҳз бузургии фарзонафарзанди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва аст, ки Ӯ на фақат бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон, асосгузори сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон, наҷотбахши миллат,  балки ҳамчун шахси бузурги таърихию эҳёгари таърих бузургони миллатро бузург медорад. Ҳақиқатан ҳам вақте ки миллат соҳиб дорад, таърих зинда мемонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як ноадолати таърихиро бо адолати таърихӣ иваз намуд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар таърихи башарият боқимондаҳои устухонҳои шахсони таърихӣ аз қабили Напалеон Бонапарт, Тарас Шевченко, Симон Боливар ба ватанаш баргардонда шуданд. Ё ин ки  капсулаи хоке аз турбати Мустафо Камол Ататурк ва Махатма Ганди гирифта шуда дар гӯшаю канораҳои Туркия  ва Ҳиндустон ҳамчун рамзи якпорчагии давлат бурда шуданд.

Дар фарҳанги ориёиҳо, аз ҷумла тоҷикон низ ҳанӯз аз замонҳои қадим ойине вуҷуд дошт, ки ҳар касе ки ба ҷойи дур ба сафар мебаромад, бо худ мушти хоки ватани худро мегирифт, то ки мабодо дар сафар вафот кунаду аз хоки ватанаш бенасиб монад. Аз ин хотир касоне, ки дар ғурбат вафот мекарданд, мушти хоки ватанро  ба рӯйи турбаташ мерехтанд.

Хушбахтона, имрӯз 19 май Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар маросими истиқболи аз оромгоҳи Донскойи Федератсияи Россия овардани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсус ва чеҳраи барҷастаи фарҳанги таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд.

Пас аз маросими ҷаноза дар Масҷиди марказии ҷомеи ш. Душанбе, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода шуд.

Ин маросим нишонаи равшану возеҳи арҷгузории  бевоситаи Пешвои Миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба хизматҳои таърихии Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсус ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуданд.

Ин иқдоми наҷибона ҳамчун идомаи сиёсати фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, бори дигар собит менамояд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Яке аз рӯзноманигорони варзида Қурбон Аламшоев, ки муҳаққиқи  бевоситаи асарҳои тарҷумаҳолӣ ва фаъолияти сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур аст,  хеле хуб нигоштааст, ки: “фарзандони Тоҷикистон ба оғӯши ватанашон баргаштанд”. Шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” шиори амалии Пешвои миллатамон буда, мо бояд аз  Сарвари давлатамон ибрат гирем ва  ҳамагон ҳеҷ гоҳ қаҳрамонию ҷоннисориҳои фарзонафаррзандони халқи тоҷикро фаромӯш накунем.

Ин амали наҷибонаи Пешвои миллат як бори дигар дар арсаи сиёсӣ робитаи  дӯстию ҳамдигарфаҳмиии Россию Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар гардонд. Хуллас, ин  рӯйдоди муҳими таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати тарихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин  сабт хоҳад гардид.

 

Шоинбеков Аловиддин - ходими пешбари шуъбаи

таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии

ИИГ ба номи академик Б. Искандарови
 
АМИТ, номзади илми таърих