wrapper

ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ

МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 Дар Института илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон доир гардид. Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти илмӣ-ташкилӣ, ҷараёни таҳқиқоти бунёдӣ ва бахусус, масъалаҳои муҳими кадрӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

 Яке аз бандҳои асосии ҷаласаро масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда ва тақвияти ҳайати илмии муассиса ташкил дод. Раиси Шӯрои олимон д. и. филол, Қаландариён Ҳ. С. таъкид намуданд, ки сиёсати кадрӣ дар Институт пеш аз ҳама ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди касбии олимон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд нигаронида шудааст.

 Дар ин робита, нахуст масъалаи аз вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим озод гардидани Некушоева Шаҳло Саиднуридиновна мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавсуф бо хоҳиши худ ва ба мақсади тамаркузи комил ба фаъолияти таҳқиқотӣ, анҷом додани корҳои ниҳоии эҷодӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои ҳимояи рисолаи доктории худ аз ин мансаб канор рафт. Раиси Шӯрои олимон саҳми арзишманди Ш.С. Некушоеваро дар рушди равандҳои таълимӣ ва илмии муассиса тайи солҳои фаъолияташ баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ дар ҷодаи кашфиёти нав ва ҳимояи муваффақонаи рисолаи илмияшон комёбиҳо таманно намуданд.

 Ҷиҳати таъмини давомнокии идоракунии илмӣ ва пешбарии нақшаҳои стратегии муассиса, номзадии доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ба вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълим пешниҳод гардид. Тибқи талаботи низомнома, раванди овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Аъзои Шӯрои олимон бо назардошти таҷрибаи ғании илмӣ, малакаҳои ташкилотчигӣ ва дастовардҳои назарраси пажӯҳишӣ номзадии мавсуфро якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Дар натиҷа, Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ба ин вазифаи масъул интихоб гардид.

 Раиси Шӯрои олимон д. и. филол,, директори Институт Қаландариён Ҳ. С. зимни суханрониашон қайд намуданд, ки ин тағйироти кадрӣ ба мақсади таҳкими низоми идоракунии илм, вусъат бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълим дар аспирантураву докторантура (PhD) амалӣ мешавад. Аз муовини нави илмӣ талаб карда шуд, ки ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба илм, сифати нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва назорати қатъии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Шӯрои олимон изҳори боварӣ намуд, ки таҷрибаи А. Абдулназарзода ба рушди минбаъдаи илмҳои гуманитарӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот, коллективи муассиса муовини нави директорро бо ин масъулияти нав табрику таҳният гуфта, ба Абдулназар Абдулқодир саломатии бардавом ва неруи тозаи эҷодӣ таманно намуда, ҳамзамон ба Некушоева Шаҳло Саиднуридиновна барои заҳматҳои шабонарӯзиаш ҷиҳати рушди Институт изҳори сипос намуданд.

 Тамоми масоили дар ҳар як Шурои олимон баррасигардида барои фаъолияти самараноки Института илмҳои гуманитарӣ нигаронида мешаванд.