wrapper

Навидҳои рӯз

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН

Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН

Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон яке аз муваффақиятҳои бениҳоят шоёне буд. Зеро бо ташкили як девори боқувват барои мустаҳкамӣ ва бехатарии давлат, пеш аз ҳама, ба чунин муҳофизон эҳтиёҷ дошту аз уҳдааш ҳам баромада тавонист. Албатта бо саъю кўшишҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар як халқу миллат барои оромиву осудагии Ватан доимо дар ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар кардани ҳифзи меҳани хеш мекўшад, то ки дар ин давраи нооромиҳои ҷаҳони муосир ба мушкилоте рў ба рў нашавад. Шаъну шараф, нангу номус ва ифтихори ватандўстии ҳар миллат ба артиши он вобастагӣ дорад ва хушбахтона дар кишварамон аз замони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ рўз аз рўз қувват гирифта дар тўли 31 –сол ба бисёр пешравиҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, мустаҳкам намудани сарҳади кишвар бо бунёд намудани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи замони имрўза мебошад, то ки сарбозони ҷасуру далер битавонанд дар муҳити созгор адои хизмати модар- ватанро ба ҷо оранд. Инчунини дигар сохтани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбӣ ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки кашварамон дорои тараққиёту пешравиҳои бузурге дар ин ҷода хаст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин қайд карданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».

Муҳофизату ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас меҳнати бисёр, шабзиндадорӣ кардан, мустаҳкамию матонат, тоқатпазирӣ, ҷасурӣ ва ҷоннисорию фидокориро талаб мекунад. Имрўз гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тайёрии комили сиёсӣ ва ҳарбӣ, зиндагӣ ва заҳмати осудагии халқу давлатро муҳайё намуда, дар муқовимат бо ҳама гуна аъмоли зишти ҷомеа омодаи мубориза аст, зеро фарзандони ғаюр намегузоранд, ки қадами нопоки душман ба хоки кишвар гузошта шаваду амну амонии халқро халалдор созад.

Бояд қайд кард, ки заҳмату талошҳои сарбозону афсаронро Ҳукумати кишвар ба назар гирифта, барои беҳтару хубтар адои вазифа кардан барояшон дар дидбонгоҳҳо як қатор чорабиниҳоро ташкил намуданд, аз ҷумла барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, кушодани китобхонаҳо ва ба таълим фаро гирифтани ҳомиёни Ватан аз ҷумлаи ин гуна иқдомҳо мебошанд. Зеро заҳмату ҷоннисориҳои ҷавонмардони Ватан кафили сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азизамон ба шумор меравад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасеанд, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои арзи вуҷуд карданаш аз бисёр сахтиҳову душвориҳо гузашта онҳоро паси сар намуда бо роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикорити сулҳҷўёнаи вай имрўз ба як сохтори пуриқтидори низомӣ мубаддал шуда, тинҷиву амонии кишвар аз дасти ин родмардони меҳан дар амон аст.

Хулоса, мо имрўз дар фазои тинҷиву оромӣ умр ба сар мебарем ва аз он мефахрем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон хеле пуриқтидору бонуфуз ҳастанд ва қудрати ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон дорад.

Муфассал ...

Конференсияи ҷумҳуриявии «Забонҳои миноритарӣ дар партави ҷаҳонишавӣ»

Конференсияи ҷумҳуриявии «Забонҳои миноритарӣ дар партави ҷаҳонишавӣ»

Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ Конференсия бахшида ба 21 феврал – Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти унвони «Забонҳои миноритарӣ дар партави ҷаҳонишавӣ» доир гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти илмҳои гуманитарӣ доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва иқдоми Ҳукумати кишвар дар ин самт ибрози назар намуд.

Дар конференсия 8 маърўзаи илмӣ аз тарафи устодон ва профессорони Институти илмҳои гуманитарӣ: д.и.филол. Офаридаев Н., н.и.филол. Некушоева Ш. ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ)-и ш. Душанбе д.и.филол., профессор Искандарова Д.М., д.и.филол., профессор Давлатмирова М.Б., Козлова О.Л., н.и.филол. Қурбонова Х.Х., Алексеева Д.А. (магистрант) баррасӣ гардиданд. Мавзуи меҳварии баромадкунандагони конференсия таҳия, проблемаҳо, ташаккулу инкишоф ва аҳаммияти корпус барои ҳифзи забонҳо буда, тавассути маърўзаҳои пурмуҳтавои формати онлайн ва офлайн ба масъалаҳои мазкур равшанӣ андохта шуд.

Конференсия бо музокираи байни иштироккунандагон анҷом пазируфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...

НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Ширингул АЗОРАБЕКОВА– ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мақоми зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамчун тарбиятгари насли наврас мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро зан – модар пояҳои аввалини дониши фарзандро ҳамчун инсони фаъол ба роҳ мемонад. Ин нуқта дар Паёми Пешвои миллат низ баррасӣ гардид. Аз ҷумла Пешвои миллат қайд намуданд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Беҳуда нест, ки мутафаккири бузург Абдуррауфи Фитрат ҳамаи пешравию тараққиёт, рушду бонизомии ҳар давлатро дар мақоми модар ва оила мебинад ва чунин менависад: «Дар ҳар ҷо, ки муносибати оила бо қуввати интизом аст, мамлакату миллат низ қавӣ ва мунтазам хоҳад буд». Бояд қайд кард, ки мо дар сохти ҷамъияти иҷтимоӣ фаъолият дорем.

Мутобиқи Паёми имсолаи Пешвои миллат самти иҷтимоӣ бахусус таҳсили духтаронро дар мадди аввал қарор медиҳад. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Нақши занон дар ҷомеа ҳамчун тарбиятгари насли наврас тақозо менамояд, ки ҷавононро аз диди психологӣ ба ташкил намудани оила тайёр намоем. Дида баромадани муносибатҳои оилавии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар байни омма низ андешае мавҷуд аст, ки худи ҳаёт ва оила мактаби асосии оиладорӣ аст. Маълум аст, ки таъсири оила дар инкишофи шахсияти ҷавон, бешубҳа, муассир мебошад, вале наметавон ҳама масъалаҳои оиладориро дар мактаби зиндагӣ омўхт. Барои ҳамин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.

Яке аз мушкилотҳо дар оилаи имрўзаи тоҷик ба инобат нагирифтани характери ҳамсарон мебошад, ки ин омил барои ба вуҷуд овардани тасаввурот дар бораи ҳаёти оилавӣ хеле муҳим аст, зеро ин муносибатҳо на танҳо ба аъзоёни оила, балки ба насли оянда дар маҷмуъ таъсиррасон мебошанд. Бояд қайд намуд, ки кўдак дар оила аввал масъалаҳои муошират намудан бо одамони наздикро аз худ мекунад, намунаҳои рафтори волидайнро дида, тақлид ба он менамояд.

Ҳамин тавр, кўдак, ки минбаъд наврасу ҷавон мешавад, нақшҳои падару модарашро аз худ менамояд. Чунин азхуднамоии нақшҳои иҷтимоӣ ва характери муносибатҳои байнишахсӣ, пеш аз ҳама, аз тарбияи оилавӣ вобаста мебошад. Аз рўи андешаи баъзе тадқиқотчиён, дар оилаи солим ҳаёт ба сар бурдани ҷавон, метавонад ба дараҷаи тайёрии ў ба ақди никоҳ таъсир бахшад.

Бинобар ҳамин, Пешвои миллат ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеаро яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ҳисобид. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медоданд. Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Дар масири масъалаҳои дар Паёми Пешвои миллат оид ба мақоми зан- модар дар тарбияи насли наврас гузошта шуда, зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам ривоҷу равнақ диҳем, то ки тарбияи ҳамаҷонибаи насли ояндаи Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монем.

 

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...

70-УМИН СОЛГАРД МУБОРАК БОД!

70-УМИН СОЛГАРД МУБОРАК БОД!

Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи давлатии ВМКБ бахшида ба 70-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои актуалии номшиносии тоҷик” баргузор намуданд.

Конференсияро директори Институт доктори илмҳои филологӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар конференсия муовини Раси ВМКБ доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар соҳибҷашнро аз номи Мақомоти ВМКБ табрик намуд. Чанд нафар баромадкунанда: Матробиён Саодатшо Қосимзода – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ ба тариқи онлайн соҳибҷашнро табрик гуфта, бо маърўзаҳояшон баромад карданд.

Офаридаев Назрӣ яке аз симоҳои маъруфи илмии на танҳо ВМКБ, балки олими шинохта ва соҳибэҳтироми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давомдиҳандаи кору фаъолияти муҳаққиқони забонҳои помирӣ ва фарҳанги таҳҷоӣ ба монанди Р.Х. Додихудоев, Д. Карамшоев, М. Файзов, Т.Бахтибеков, Н. Карамхудоев мебошад. Устоди муҳтарам дар риштаи топонимия ва ойконимияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки яке аз самтҳои асосии илми забоншиносӣ маҳсуб меёбад, таҳқиҳотҳои назаррасеро анҷом додаасту ҳоло ҳам фаъолияти ӯ дар ин ҷода беназир мебошад.

Профессор Назрӣ Офаридаев яке аз сермаҳсултарин олимони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба қалами ӯ  беш аз 100 асару  мақолаҳои илмӣ оид ба масоили топонимикаи Тоҷикистон, лексикологияи  забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ,  усулҳои  таълими  забон, таҳлили синхронӣ, диахронӣ ва муқоисавӣ-типологӣ  тааллуқ  доранд. Ба сифати муҳарризи расмии даҳҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ баромад кардаанд. Рисолаву маҳолаҳои зиёди ин донишманд аз қабили “Микротопонимияи Ванҷу Дарвоз”, “Ойконимияи таърихии Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон”,  “Ойконимияи Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон”, “Очеркҳо оид ба топонимия ва микротопонимияи Кўҳистони Бадахшон” дар илми забоншиносӣ мақоми хоса доранд.

Саҳми Офаридаев Н. дар пажӯҳиши забонҳои шарқ ва ғарби эронӣ басо арзанда буда, кӯшиши ӯ дар пойдории сулҳу субот ва оромиши кишвар, тарғиб ва тарафдории сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба мақоми забони давлатӣ шуҳрати ин олимро дар байни аҳолии Ватанамон афзудаанд. Теъдоди мақолоти публитсистии устоди муҳтарам дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ, сиёсати хирадмандонаи кишварамон, қонунгузорӣ дар самти забон, илму таҳсилот тавассути Воситаҳои ахбори омавӣ ва шабакаҳои интернетӣ бениҳоят зиёд буда, аз ин ҷиҳат ӯро метавон энсеклопедисти соҳаи сиёсат ва қонунгузории давлатамон низ эътироф намуд. 

Офаридаев Назрӣ дар поягузорӣ ва инкишофи риштаи филологияи  тоҷик, дар Донишгоҳи  давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, хизмати арзандае ба ҷо овардааст.  Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ  ба номи М. Назаршоев ба ҳайси омӯзгор, сипас мудири кафедраи забони тоҷикӣ, декани факултаи филологияи тоҷик кор ва фаъолият намуда, баъдан солҳои тӯлонӣ вазифаи Проректор оид ба илми Донишгоҳро ба уҳда дошт. Кафедрае, ки сарварии онро устоди муҳтарам ба уҳда дошт, ба як маркази илмиву забоншиносии ҳақиқӣ ва махзани кадрҳои забоншинос табдил ёфт.

Дар тарбияи кадрҳои илмии соҳаи филология, яъне муҳаҳҳиҳон, мутахассисони ҷавони забоншинос (ҳамчун роҳбар ва мушовири илмӣ) саҳми баѓоят калон доранд. Дар давоми фаъолияти илмиву омўзгориашон то имрўз устод Назрӣ Офаридаев тавонистаанд чандин шогирдони худро дар роҳи илм раҳнамоиву тарбия намоянд. Шогирдони ин олими барҷаста ҳоло дар рушди илми забоншиносӣ ва пешрафту инкишофи илму фарҳанг дар вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми беандоза гузошта истодаанд.

Ҷашни муборакро барои устоди меҳрубонамон фархундаву ҳумоюн гуфта, ба эшон саломатӣ, офияти рўзгор ва комёбиҳои илмии навро таманно менамоем.

Муфассал ...