wrapper

Навидҳои рӯз

МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН -БОНУВОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 Зоолишоева Ш. Ф.  –  номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандарови АМИТ

МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН -БОНУВОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Паёми ҳамасолаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як раҳнамоест бораи рушди ҷомеа ва давлат.

Ҳурмату эҳтироми самимонаи Пешвои муаззами миллат нисбати зан-модар дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояшон, ки  мо шоҳиди он ҳастем, нишонгари он аст, ки ин масъала барои роҳбари давлат чи қадар муҳим аст.  Сарвари давлат дар  паёмашон нуқтаи аз ҳама муҳимро дар бораи баланд бардоштани мақому манзалат, соҳиби донишу маърифат гардидани бонувонро таъкид намуданд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардаем”.

Имрӯзҳо, баробарҳуқуқӣ бо мардон ва озодии занон аз он шаҳодат медиҳад, ки  онҳо тавонистанд ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат фаъолона ворид гардида, дар  тараққиёти мамлакати маҳбубамон саҳми назарраси худро гузоранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон занон-бонувонро қувваи созанда ва боэътимоди ҷомеа меҳисобанд. Бонувон ин дастгирии пешвои миллатро бо як дилгармӣ пазируфта, дар мақомотҳои мухталифи ҳокимият кору фаъолият карда истодаанд. 

Мақому манзалати зан-модар дар тамаддуни миллати тоҷик аз давраҳои пеш то ба имрӯз мавқеи муҳимеро ишғол мекунад ва ҳар як панду андарз, ҳар як сухани  шоиру нависандаҳои гузашта ва  имрӯзаи мо аз тавсифу таърифи ин олиҳаи бузург холӣ нест.

Кобили қайд аст, ки  таваҷљуҳи махсуси Пешвои миллат чиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон пурра амалӣ гашта истодааст ва онҳо дар баробари мардон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои хизмат намуда истодаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш иброз даоштанд, ки: “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.

Занону ҷавондухтарони тоҷик инчунин дар баробари мардон дар ҷодаи соҳибкорӣ низ фаъоланд. Онҳо чандин корхонаҳои хизматрасониву истеҳсолиро таъсис дода бомуваффақият меҳнат мекунанд ва мунтазам аз ҷониби Пешвои миллат мавриди дастгирии ғамхорона қарор мегиранд: “Кредитҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд”.

Бояд зикр намуд, ки Роҳбари давлат ба масъалаи муҳими тарбия ва соҳиби дониш гардидани фарзандонамон, аз кӯдакистонҳо сар карда то ба Донишгоҳҳову донишкадаҳо, тавваҷҷуҳи махсус изҳор мекунанд. Диққати асосӣ ба соҳибмаълумот гардидани духтарон дода мешавад, зеро онҳо  тарбиятгар, мураббӣ ва муаллимони насли ояндаамон мебошанд. Ҳамасола барои духтароне, ки мактабро дар деҳот хатм менамоянд квотаи президентӣ дода мешавад, то ки онхо ба мактабҳои олии мамлакат дохил шуда таҳсили илм намоянд, соҳиби маълумоти олӣ гарданд, ва барои халқу миллат хизмати арзандаи худро расонанд: “Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”. 

Нуқтаи дигари муҳимеро, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ин буд, ки, хушбахтона, љавондухтарони тољик на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он –дар давлатҳои хориља низ таҳсил карда истодаанд: “аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”. Ё ин ки дар ҷои дигар қайд карда гузаштанд, ки: “Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути маркази барономаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф  ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд”.

Роҳбари давлат дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд борҳо таъкид карда гузаштанд, ки: “Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд фаъол бошанд, фарзандро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати  мост, риоя кунанд, ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд”.  

Дар охир, гуфтан ба маврид аст, ки мо-занону бонувони мамлакат, аз ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат, барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, барои  дастгирии ҳаматарафаашон бениҳоят миннатпазирем. Аз Паёми навини Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд ҳам  барои пешрафту гулгулшукуфии  Ватани маҳбубамон софдилона хизмат хоҳем кард.

 

Муфассал ...

муаллима Ризвоншоева Нуринисо Нуралишоевна зодрӯз доранд.

Имрӯз яке аз шахсиятҳои донишманду бомаърифат, котиби илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаллима Ризвоншоева Нуринисо Нуралишоевна зодрӯз доранд. Нуринисо Нуралишоевна аз зумраи ходимони бовиҷдону масъулиятноки Институтамон буда, дар пешбурди корҳои идориву илмии муасиссаамон саҳми бениҳоят калоне гузошта истодааст. Дониши чуқуру маърифатнокии ӯ боис гардидааст, ки Нуринисо Нуралишоевна дар байни ҳамаи кормандону ходимони илмии Институтамон ҳурмату эҳтироми хосаеро касб намудааст. Вобаста ба ин рӯзи шодӣ баро аҳлу оилаи мавсуф ва ҳам кормандони муассисаамон, Раёсати Институти илҳмои гуманитарӣ ва ҳайати ходимони илмӣ Нуринисо Нуралишоевнаро ба муносибати зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама барояш саломатии бардавом, муваффақиятҳо дар ҷодаи илму таълим, хушбахтӣ дар зиндагии шахсяиаш хоҳонанд!

Нуринисоҷон ҳама вақт хушҳол, сарбаланд ва бо мо ҳамроҳ бошед!

Муфассал ...

Аз Паём то Паём

Мирзоев Шоҳназар- номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. искандарови АМИТ

Аз Паём то Паём

Инак 32 сол пур шуд, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистон арзи худро дорад ва  аз тарафи ташкилоти муттаҳидаи миллатҳо эътироф шудааст. Чи хеле ки маълум аст, пас аз муноқишаҳои зиёди солҳои 80 ва 90 -уми асри гузашта  давлате, ки 15 чумҳурии сотсиалистӣ аъзои он буданд, аз байн бурда шуд. Ҷуҳурияҳои ин иттиҳод якояк истиқлолияти миллии худро эълон намуданд, ки ин маънои онро дошт, ки онҳо аз узвияти иттиҳод мебароянд.  

9- сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳурияҳо соҳибистиҳлолии худро эълон намуд. Ин барои халқи тоҷик, ки асрҳо боз дар орзуи истиқлолияти ватани худ буданд, як  хушбахтии калон буд. Аммо дар ин ин давра аллакай қувваҳое дар Тоҷикистон буданд, ки мехостанд Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз байн баранд. Ин қувваҳое буданд, ки ҳанӯз дар солҳои 20-30-юми асри гузашта намехостанд, ки Тоҷикистон  як ҷумҳурии мустақил бошад. Он замон ин қувваҳо ба мақсади худ нарасиданд. Парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин қувваҳо илҳом бахшид, то ки онҳо ниятҳои худро амалӣ созанд. Барои ҳамин ҳам онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, то ки сокинони ноҳияҳои ҷумҳуриро ба ҳам шӯронанд ва ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зананд. Ин нияти ғайриинсонии онҳо ҷомаи амал пӯшид.  Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ ба коми худ кашид. Дар ноҳияҳо дастаҳои мухолифин ташкил шуданд, ки ҳар кадоми онҳо қумандонҳои худро доштанд. Ин қумандонҳо як накшаи мушаххас надоштанд ва дар хизмати хўҷаинони хориҷӣ ва дохилӣ буданд ва амру фармонҳои онҳоро иҷро мекарданд.

Ниҳоят моҳи ноябри соли 1992 дар вилояти Суғд Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҷавони боирода, ватандӯст ва бомасъул Эмомалӣ Раҳмонов дар назди вакилон ва мардуми тоҷик вазифаи вазнинро бар дӯш гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки Тоҷикиистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун мебарорад, гурезагонро ба Ватан бармегардонад ва Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои гулгулшукуфон табдил медиҳад. Қисми вакилон ба ин ҷавон боварӣ доштанд, қисми дигарашон на онқадар.     

Лекин ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки вадаҳояшро амалӣ созад. Мардуми тоҷик дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид шуданд, гурезагонро ба  Ватан боз хонданд ва бо саъю кӯшиши бевостаи роҳбарашон алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карданд. Байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафту омади мардум барқарор гардид. Тоҷикистон оҳиста-оҳиста ба як давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил меёфт ва дар миқёси ҷаҳонӣ мақоми худро ишғол мекард.

Пешвои миллат, ассосгузори сулҳу ваҳдат, президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳар охири сол бо паёми худ ба вакилони маҷлиси миллӣ ҳисобот медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳар паёми навбати ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба таври саҳеҳ инъикос мегардад. Дар паёми навбатӣ аз 28 декабри соли 2023 низ пешрафту камбудиҳои ҷойдошта объективона таҳлил гардиданд.

Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок, яке аз минтиқаҳои бойи саёраи замин ба ҳисоб меравад, бояд аз ин боигарии табиии худ оқилона истифода барад, то ки дар оянда ба қатори давлатҳои аз љиҳати иқтисодӣ пешрафта дохил шавад. Барои амалӣ гардондани ин мақсад соҳаи геологияи Тоҷикистон бояд бо мутахассисони соҳибихтисоси ин равия таъмин гардад. Инчунини дигар Тоҷикистон, ки дорандаи потенсиали калони энергетикӣ мебошад, метавонад завод ва фабрикаҳои коркарди ашёи хомро амалӣ созад. Боварии комил аст, ки ҳамаи равияҳои дар паём баёнгардида амалӣ мешаванд.

Муфассал ...

Азорабеков Сардорбек Қишқорович. Занони суханофари Бадахшон- Душанбе, Ирам. 124 с.

Азорабеков Сардорбек Қишқорович. Занони суханофари Бадахшон- Душанбе, Ирам. 124 с.

Зери назари доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар

 

Китоб оид ба ҳаёту осори занони шоир, ки дар қаламрави Бадахшон зиндагиву эљод намудаанд, иттилои мухтасар медиҳад. Мўҳтавои китоб ба тарзи тазкиранигорӣ мураттаб гардида, оид ба ҳар як бонуи шоир аз таърихи қадимтари адабиёти Бадахшон сар карда, то ҳоло ба тартиби алифбо маълумот дода шудааст.

Муфассал ...