Навидҳои рӯз

- Чоршанбе, 07 Феврал 2024
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШУРОИ ОЛӢ “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ”
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШУРОИ ОЛӢ “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ”
Ҷонмамадов Шермамад – доктори илмҳои иқтисод, ходими пешбари илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.И.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатиашон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 баргузор гардид, таъкид доштанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад”.
Иқтисоди сабз модели рушди иқтисодӣ мебошад, ки муносибати масъулиятноки одамонро нисбат ба захираҳои Замин пешбинӣ мекунад. Он ба пайдо кардани созиши оқилона байни афзоиши шукуфоӣ ва нигоҳ доштани сарватҳои табиӣ нигаронида шудааст.
Дар ояндаи наздик метавон гуфт, ки яке аз нишондиҳандаҳое, ки аз рӯйи он Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба гурӯҳи “кишварҳои сабз” дар ҷаҳон ворид кардан имконпазир мегардад, ин рушди бахши энергетика мебошад.
Дар ироаи Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “…бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст”. Қайд кардан зарур аст, ки баъди ба кор даромадани агрегати якуми нерўгоҳи барқии обии “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои худ яъне истиқлолияти энергетикӣ расида, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид намуданд, ки “…соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли нерўи барқ 22 миллиард киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт соат ё 28 фоиз зиёд мебошад”. Вобаста ба ин қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз танҳо 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал аст. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро 95 фоиз ва бештар аз он нерӯи обӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи ҳиссаи истеҳсоли “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.
Гарчанде ки мо ба таъмини истиқлоли энергетикї ноил гардида бошем ҳам, бо назардошти афзоиши босуръати аҳолї,талабот ба қувваи барқ зиёд гашта истодааст. Дар робита бо ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки “...барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии нерўгоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад”.
Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ояндаи наздик сохтмони НОБ-и Нуробод-1 (460 мвт), НОБ-и Нуробод-2 (400 мвт), НОБ-и Фондарё (300 мвт), НОБ-и Айнї (160 мвт), НОБ-и Зарафшон (150 мвт) дар назар дошта шудааст. Инчунин сохтмони маркази гармидиҳии барқӣ (ТЭЦ) Шуроб (300 мвт) ва Фон Яғноб (700 мвт) дар нақша аст.
Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд карданд, ки “....дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти нерўи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.
Бояд зикр намуд, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро низ фароҳам меоварад: содироти нерӯи барқи зиёдатӣ; имконияти содироти нерӯи барқ ба ҷануб; имконияти содироти нерӯи барқ ба шимол; эҷоди иқтидорҳои нав; пӯшонидани норасоии барқ дар фасли зимистон; огоҳӣ ба дигар лоиҳаҳои минтақавӣ.
Мо боварии комил дорем, ки ҳадафҳои гузошташудаи Президенти мамлакат дар самти энергетика амалӣ мегарданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муваффақ дар бозори энергетикии ҷаҳон мақоми хосаро пайдо менамояд.
Муфассал ...

- Сешанбе, 06 Феврал 2024
МУҲИМИЯТИМИ САВОДНОКИИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Давлатбеков Лоло - доктори илмҳои филологӣ, ходими пешбари шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
МУҲИМИЯТИМИ САВОДНОКИИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар Паёми навбатӣ доир ба сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа боз диққати ҷиддии Президенти кишвар равона гардид.
Имрӯзҳо дар соҳаҳои афзалиятноки раванди иҷтимоишавии ҷомеаи Тоҷикистон бо баробари ҳамаи ин дастовардҳои дар боло зикргардида нақш ва мақоми занон барои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишвар низ аз мадди назари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур набуда, ҳанӯз ҳам мавқеи занро мо дар оила медонем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромади хеш гуфта буданд, ки “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад”.
Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «Бачаро тарбия намоед инсонро тарбия менамоед ва духтарро тарбия намоед миллатро ботарбия менамоед». Сарвари давлатамон нақши маорифи занонро дар эҳёи миллат ва дар рушду такмили минбаъдаи он ҳамаҷониба дарк намуда, дар баромаду паёмҳои худ ба шаҳрвандони кишвар оид ба рушди маорифи духтарон борҳо хотиррасон намуда, ташаббуси рушду таҳкими он ва бо тамоми воситаҳо таъмин намудани онро ба ҳамаи сохторҳои дахлдор сари вақт супориш медиҳад. Бисъёре аз маорифпарварон ва равшанфикрон дар чунин ақидаанд, ки “бе саводнокии занон маорифи халқ вуҷуд дошта наметавонад».
Дар Паёми имсолааш оид ба сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи Раисиҷумҳури кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеа ҷалб карда шуд. Президенти кишвар аҳаммияти занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзанд дар оила баҳои баланд дода, арзиши волои онро барои миллат бо дараҷаи баланд арзёбӣ кард. Бешубҳа, имрӯз дар кишвар ягон қаламраве нест, ки дар он вазъи занон барои рушди афзалиятнок мусоид ҳисобида нашавад.
Дар он ҷомеаҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи зану модар маҳдудиятҳои зиёд муқаррар карда мешавад, пас дар ин кишварҳо ҳамеша бадбахтиҳо ва низову хушунат ҳукмфармост. Чунин вазъро дар мисоли бархе аз ҷомеаҳои исломии тундрав мебинем, ки дар онҳо фарёди қалби модарон “осмонҳоро рахна менамоянд”.
Шукри Худованди мутаол, ки бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ва тоҷикистониён тавонистанд ба кўшишҳои ҷонибдорони исломгароёни тундгаро аксуламал нишон дода, роҳи дурусти дунявии рушдро барои миллату давлат интихоб кунанд. Чи хеле ки ба мо маълум аст, ин роҳи хеле душвор ва пурталотум буд.
Сарфи назар аз душвориҳои солҳои аввали истиқлолият ва нооромӣ дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа ва баланд бардоштани нақши занон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шуданд. Аз солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон ба занон барои дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар солҳои истиқлолият дастгирии занон аз ҷониби Сарвари давлат боиси иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид. Пешвоёни миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки зани босавод метавонад на танҳо мавқеи пешсафро ишғол намояд, балки ҷомеаро тарбият намояд. Ин аст, ки имрўз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занону духтарон, занони соҳибмаълумот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас нишон дода, дар самти роҳбарӣ сафи онҳо сол то сол меафзояд.
Саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маорифи занон ҳамчун самти маърифат ва ободии кишвар нигаронида шудааст. Дар натиҷаи чунин талошҳо симои зани тоҷик ҳамчун сиёсатмадор, соҳибкору тоҷир, директору ректор дар чомеа маъмул шудааст, яъне духтарону занон дар баробари рисолати модару зан, рисолати роҳбариро ҳам баробари мардон иҷро карда метавонад.
Баланд бардоштани нақши занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани сафи занону духтарони лаёқатдор дар вазифаҳои роҳбарӣ, таҳкими мавқеи сиёсию иҷтимоии занон дар маркази сиёсати давлат қарор дошта, ба масъалаҳои зикршуда алоқаманд аст.
Дар Паёми худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ мо мақоми занро дар ҷомеа тадриҷан баланд бардошта, барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам овардем. Имрӯзҳо занону духтарони тоҷик барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат мекунанд.
Ҳоло ҳазорон нафар духтарони боистеъдоди мо дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷа таҳсил мекунанд. Аз 41 ҳазору 232 донишҷӯи тоҷик, ки ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, дар солҳои истиқлолият беш аз 256 ҳазор нафар духтарон мактабҳои олиро хатм карданд, яъне маълумоти олӣ гирифтанд. Имрӯз занону духтарони мо дар баробари кор дар хизмати давлатӣ корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намуда, ҳамчун соҳибкори муваффақ обрӯю эътибор пайдо кардаанд ”.
Тайи солҳои истиқлолият ба хизмати давлатӣ ва идораи давлатӣ теъдоди зиёди занони соҳибистеъдод ва соҳибихтисос ҷалб гардиданд ва ин раванд идома хоҳад ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстӣ ва масъулиятшиносӣ дар кўдакон, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки «Бовар дорам, ки занону модарону духтарони гиромии мо дар оянда низ риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд», мустақилона ба ҳаёт тайёр кардани фарзандон, инкишофи ҳунарҳои халқӣ ва беҳбудии зиндагии ҳар як оилаи мамлакат саҳмгузор хоҳанд буд.
Барои шахси мутараққӣ, бофарҳанг зани таҳсилкарда ё духтари босавод матлубтарин ва боэътимодтарин, шарики бовафои зиндагӣ ва шарики нек аст. Маҳз ҳамин падару модарон фарзандонеро тарбия мекунанд, ки аз онҳо ҷомеа, давлат ва умуман миллат фахр карда метавонад. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки аҳаммияти таҳсилу саводро барои занон инкор мекунад, на танҳо нисбат ба зан беэҳтиромӣ мекунад, балки нисбат ба ояндаи фарзандони худ, рушди давлат ва сарнавишти миллат низ бетаваҷҷуҳии худро нишон медиҳад. Ин гуна шахс дар зери ниқоби ягон хурофот ва ё таассуботи беасоси динӣ нодонии худро нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки муаммои зӯроварӣ дар оила нисбати занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-марти соли 2013, № 954 ба тавсиб расидааст.
Муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.
Ҳамин тариқ, Сарвари давлат дар Паёми худ нақши таҳсили занон ва саводнокии духтаронро барои кишвар ва тамоми ҷаҳон баҳои баланд дода, шарҳ додааст. Охир, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият бевосита ба ҳамин вобаста аст.
Муфассал ...

- Душанбе, 05 Феврал 2024
МАСЪАЛАИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
САФАРОВА ЗАМИРА СУҲРОБОВНА – докторант (PhD)-и шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
МАСЪАЛАИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Мутобиқи банди 1-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар доираи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян месозад, ки он қисман дар паёмҳои ҳамасолаи Cарвари давлатамон низ инъикоси худро ёфта истодааст. Паёми Президент ба Парлумон яке аз муҳимтарин шаклҳои муоширати сарвари давлат бо намояндагони мақомотҳои миллӣ мебошад.
Паёми солонаи Президент ҳамҷун ҳисоботи расмии солона бахшида ба вазъи кишвар дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат буда, дар он нуқтаи назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои стратегии рушди Тоҷикистон дар ояндаи наздик ифода мегардад. Паём ҳамчунин дар баробари муқаррароти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ дарбаргирандаи пешниҳодҳои мушаххас, ки ба фаъолияти қонунгузории парлумон дахл доранд, мебошад.
Дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Паёми Президент аҳаммияти хоса дорад. Он на танҳо вазъи кишвар ва мавқеи он дар ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, балки афзалиятҳои дарозмуддат, аз ҷумла дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисод, сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, дар соҳаи маориф, амният ва мудофиаро муайян менамояд. Қобили зикр аст, ки дар ба амал баровардани ин афзалиятҳо талошҳои буньёдкорона ва ҷидду ҷаҳди тамоми ҷомеъа тақозо карда мешавад.
Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳиме, ки ба таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат мусоидат мекунад, ин танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба мебошад. Аз ин лиҳоз, қонунгузорро мебояд талошҳояшро пайваста ба такмил додани қонунгузорӣ ва ҳамқадами ислоҳотҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будани қонунгузорӣ равона созад.
Дар паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархе аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ ифода шудаанд. Алалхусус, ин ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ин масъалаи калидӣ дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Ҳамчун мутахассиси соҳаи таърих ва ҳуқуқшиносӣ гуфта метовонам, ки ин ташаббус хеле ҳам ба маврид аст, зеро таҷрибаҳои ҳаррӯзаи кориамон шаҳодат бар он медиҳанд, ки шаҳрвандони кишвар, алалхусус гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа дар масъалаи болозикр бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Огоҳ набудан ва надонистани қонунҳои амалкунандаи кишвар ба он оварда мерасонад, ки шаҳрвандон ва гурўҳҳои осебпазири ҷомеа дар вазъиятиҳои барои онҳо муҳим дар ҳолатҳои ногувор мемонанд. Ҳамзамон паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ба баланд бардоштани нишондоди қонуншиканиҳо дар ин ё он соҳа оварда мерасонад. Зеро саводнокии ҳуқуқӣ ин маънои донистани уҳдадориҳои худ ва роҳҳои ҳифзи онҳо мебошад. Дар ин ҷаҳони бо суръати баланд тағйирёбанда ва раванди беисти муҳоҷирати глобалӣ ҳар як шахс бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро мушаххасан донад. Танҳо маърифат ва саводнокии ҳуқуқии инсон гарави боз ҳам мустаҳкам гардидани қонуният ва эҳтироми он аз тарафи шаҳрвандон хоҳад буд. Ин нуктаи муҳим аз тарафи Пешвои миллат чунин иброз гардид: “Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд”. Дар ҳақиқат ҳам, ба шарофати маърифату саводнокии ҳуқуқӣ шахс метавонад ба таври созанда мушкилотеро, ки ҳангоми муошират бо дигарон ба миён меоянд, ҳал кунад. Танҳо дар асоси саводнокии ҳуқуқии ҳар як шахс муносибатҳои шаҳрвандон дар ҷомеа ба як низоми ҳуқуқӣ мубаддал хоҳанд гашт ва заминае барои барпо намудани як давлати дорои имкониятҳои устувору ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта хоҳад шуд.
Таъминоти волоияти қонун яке аз масъалаҳои дигари калидӣ дар низоми ҳуқуқии давтал ба ҳисоб меравад. Зеро волоияти қонунро ҳамчун меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шуморидан мумкин аст. Дар ин самт, Пешвои миллат хеле бамаврид қайд намудаанд, ки “Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”. Бе шубҳа, технологияи муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо ва дигар сохторҳои дахлдор яке аз дигар равандҳои басо ба маврид ва актуалӣ шуморида мешавад. Зеро ин раванд ба муроҷиати шаҳрвандон ба ин ё он мақомоти дахлдор ҳам аз ҷитаҳи сарфаи вақт ва ҳам аз ҷиҳати сарфаи молия мусоидати калон хоҳад расонид ва ҳам як шаффофияти муайянеро дар ин ҷода эҷод хоҳад кард.
Аз ин лиҳоз пешниҳоди Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон кардани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" хело ҳам бамаврид буда, итминони комил дорем, ки ин иқдом дар такон бахшидани рушди устувори кишвар ва низоми ҳуқуқии он мусоидати зиёд хоҳад кард.
Интизориҳо аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси “маърифати ҳуқуқӣ”:
- Бо эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” донишу малакаи кормандони мақомоту сохторҳои гуногун, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои судӣ ва прокуратура такмилу тақвият дода шуда, дар фаъолияти кории ин сохторҳо усулҳои нави корӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқанд, ворид хоҳанд гашт ва таваҷҷуҳи бештаре ба волоияти қонун дода шуда, соҳаи қонунгузории кишварамон ҳамрадифи ислоҳотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа бештар такмил хоҳад ёфт.
- Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” такони ҷиддӣ барои тақвият ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии тамоми шаҳрвандони кишвар ва, алалхусус, гурӯҳҳои осебпазри ҷомеа хоҳад буд. Чунин иқдом, бори дигар тамоми сохтору мақомотҳои давлатро, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқуро водор месозад, ки дар иҷро намудани масъулиятҳояшон вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар талошҳои зиёдтар аз худ нишон диҳанд.
Бе шаку шубҳа, маърифату саводнокии ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои калидӣ барои мустаҳкам гардонидани ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар мебошад. Бо такя ба суханони Сарвари кишварамон бояд бори дигар таъкид намуд, ки ҳар фарди дорои номусу дид, андешаву афкори шахсӣ дар зебову обод намудани кишварамон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқамон ва иртифо бахшидани обрӯи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро гузорад.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 02 Феврал 2024
ПАЁМ: МАЪНО, МАЗМУН, ҲАДАФ ВА АРЗИШИ ОН
Варқа ОХОННИЁЗОВ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
ПАЁМ:
МАЪНО, МАЗМУН, ҲАДАФ ВА АРЗИШИ ОН
Калимаи “паём” дар луғот ва фарҳангҳо ба маънои “хабар”, “пайғом”, “расолат” ва амсоли инҳо омадааст. Инчунин, ба мазмуни “аз забони касе матлабе (катбӣ ё шифоҳӣ)-ро ба дигаре расондан” низ истифода мешавад. Аз ин ҷост, ки барандагони паёмро “паёмбар”, “пайғомбар” ё “пайамбар”-у “пайғамбар” мегуфтанд.
Бузургтарин расолате, ки дар мавриди эътиқод анҷом пазируфт, аз ҷониби Расули Акрам Муҳаммади Мустафо дар расондани паёми Худованди аззаву ҷалл ба инсоният буд. Ҳазрати Расолатпаноҳ ин масъулияташро дар назди Офаридгор ва офаридаҳои ӯ бо сарбаландӣ адо намуд ва паёми Худоро аз аввал то ба охир ба онҳо мунтақил сохт. Паёми Худо саропо панд, саропо рамз ва саропо равшанӣ буд барои онҳое, ки ба мафҳум ва ботинашон сарфаҳм рафтанду амал намуданд ва ин паём саропо оташ, саропо гиреҳ ва саропо торикӣ буд барои онҳое, ки аз такаббуру ҷаҳлу нодонӣ ба он сарфаҳм нарафтанд ва ё сарфаҳм рафтан нахостанд. Пас, ҳадафи паёми Худо раҳоии инсоният аз ҷаҳлу торикию нодонӣ будааст. Инсонҳо ҳамеша ва ҳама вақт ба он ниёз доранд, аз он мустафод мекунанд ва ба он эътиқоду эътимод мебанданд.
Ҷои тазаккури махсус аст, ки Паёми мавриди эҳтирому зикр асосан бар тақвияти ва таҳкими руҳонияти одамон тамаркуз мекунад. Аммо инсонҳо инчунин зиндагии моддӣ ва дунявӣ низ доранд. Онҳо дар доираи вазъҳои таърихӣ ва рукнҳои фарҳангӣ, баромади миллию иҷтимоии худ ба гурӯҳҳою халқҳову миллатҳо ҷудо шуда, ҳар қисмате аз ин мардум давлатҳои миллии худро фароҳам меоранд ва онро ҳаматарафа рушд мебахшанд. Давлатҳои миллӣ дар чаҳорчўби ахлоқу одоб, тамаддуну фарҳанг, ҳуқуқу масъулият ва қонунгузориҳою низоми давлатии ба худ хос ҳаёт, фаъолият ва рушди худро ба роҳ мемонанд. Ба унвони мисол, давлати тоҷикон, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистони мо дар асоси рукнҳои дар боло зикршуда ва инчунин бар арзишҳо ва ҳадафҳои умумимиллӣ пойдор буда, дар ҳар марҳилаи ҳаёт ва рушд ба нақшаҳои муҷаддад ва паёмҳои мукаммал эҳтиёҷ пайдо мекунад. Паёми Сарвари давлат ба намояндагони халқ маҳз олитарин дастур дар сатҳи Давлат, Ҳукумат ва Намояндагони халқ аст, ки ҳадафи он роҳнамоии мардум ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии шоиста мебошад. Паёми Президенти кишвар ҳуҷҷатест, ки раванди рушди кишвар ва таҳаввули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардумро зина ба зина, сол ба сол, давра ба давра ва соҳа ба соҳа таҳлилу пешгӯӣ менамояд. Таҳаввулоти ҳаматарафаи оламу одамро ба инобат гирифта, ин Паём ҳар сол ироа мешавад, зеро олам мутағайир аст ва мушкилоту пешравиҳо метавонанд дар давраҳои гуногун ҷойгузини якдигар бошанд.
Акнун чанд сухан аз сохтор, муҳтаво ва ҳадафи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро рӯи қоғаз меорем, то гуфтаҳои боло ташреҳ ва собит гарданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии љумҳурӣ” ном дошт. Унвони Паём муъҷаз, вале воқеан паёмдиҳанда аст. Муҳтавои асосии Паём дар ду калима маҳафуз аст: самтҳо ва сиёсатҳо. Ин ду калима кулли маъно, мазмун ва ҳадафи Паёмро дар худ паноҳ додаанд. Ба сухани дигар, “Самтҳои асосӣ” ва “Сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”-и мамлакат ҳамоно кулли соҳаҳои ҳаёти мардуми кишварро дар назар доранд.
Паём расман аз таҳлили арқом ва омори соли 2023 оғоз мегардад, вале дар бисёре аз муқоисаҳо Пешвои миллат ба санаду омори солҳои пешин, махсусан ҳафт соли пеш ба такрор муроҷиат мекунад. Ба фикри ин ҷониб, муроҷиат ба омори ҳафтсола ва муқоисаи он бо соли 2023 рамзӣ набуда, балки асоси илмӣ ва таърихӣ дорад бо чанд сабаб, ки дутошон инҳоянд:
Аввалан, дар ҳафт соли охир имтиҳонҳои сахти пешбининашуда бар сари инсоният, бо шумули аҳолии Тоҷикистон, омаданд ва сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати мамлакати мо бо сарварии Пешвои миллат устувор будани хешро ба ҳар гуна пешомадҳои номатлуб собит сохт. Инро Президенти муҳтарам ба таври оқилона чунин ба таъкид гирифт: “Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем”.
Дуюм, шумораи 7 то андозае рушди иқтисодии мамлакатро ба давраҳо табақабандӣ мекунад ва бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро метавон дар муқоисаи се ҳафтсолаи ҳаёти мамлакат таҳлилу хулосабандӣ намуд. Худи Президенти кишвар зикр менамояд: “Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шуруъ кардем”. Бо такя ба ин суханони Сарвари давлат, метавон хулоса кард, ки соли 2024 ҷамъбасти 7- солаи сеюми рушди воқеии иқтисоди кишвар маҳсуб мешавад.
Зикр бояд кард, ки таҳлилу муқоисаҳо дар Паём инчунин вазифагузориҳоро дар пай доранд. Президенти мамалакат дар асоси пешниҳоди омори соҳаи мушаххаси хоҷагии халқ, вазорату идораҳои марбутаро вазифадор месозад, то роҳҳои зиёд намудани ин ё он маҳсулот ва ё рушду равнақ додани ин ё он соҳаро дар давоми солҳои минбаъда таъмин намоянд. Барои мисол, дар хусуси яке аз мушкилоти даврони муосири сайёра ҳарф зада, Президенти кишвар масъулинро ба ин сон роҳнамоӣ мекунад: “Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд”.
Чунин таъкиду роҳнамоӣ, масъалагузорӣ ва вазифасупориҳои мушаххас нисбати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар Паём зикр гардидаанд ва онҳо воқеан ояндаи беҳтарро барои мардуми мамлакат муаррифӣ менамоянд. Аллакай, чунон ки бояд бошад, вазорату идора ва кумитаву муассисҳои дахлдор, ҳар яке дар алоҳидагӣ ва ҳамаашон дар якҷоягӣ, нақшаҳо ва стратегияҳои амалҳояшонро тибқи таҳлилҳои Паём таҳия намуда истодаанд ва дар наздиктарин фурсат ба роҳандозии онҳо шуруъ мекунанд. Аз ин рӯ, шакке дар дуруст ва оқилона амалӣ шудани ин нақшаҳо нест, зеро мутахассисони беҳтарини миллат ба таҳияву амалигардонии онҳо вобаста шудаанд.
Ҷои тафаккур бар сари ду-се ҷанбаи дигари Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурӣ барои мо мемонад, ки аз назари шаҳрванди қатории мамлакат ба онҳо муносибат ва аз онҳо пайравӣ кардан моро ба ояндаи боз ҳам шукуфотар мерасонад.
Яке аз масъалаҳо, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола ба он тамаркуз намуд, “ташаккули маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон” аст. Сухани Президенти кишвар дар ин ҷода ин буд: “Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”. Дар идомаи ин суханон Президенти кишвар талаби такмили системаи судии давлат, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳоро намуд.
Аммо зарур аст бояд донист ва кӯшиш кард, ки ҳар яки мо ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурӣ низ ба донистани ҳуқуқ ва масъулиятҳои хеш ҷавобгар ҳастем. Агар савияи дониши ҳуқуқии мо дар сатҳи паст қарор дошта бошад ва мо аз моҳияту талабҳои қонунгузории расмӣ бехабар бошем, пас “бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар” мушкил хоҳад буд. Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, то қонун ва қарорҳои тоза ба тавсибрасида бояд бохабар бошем ва онҳоро дар зиндагии ҳарсоатаамон риоя намоем. Боз бармегардам ба Паём, ки дар он аз ин хусус омадааст: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Боз ҳам ба хотири таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва 30- солагии қабули нахустин Қонуни асосии малакати соҳибистиқлоли мо Президенти кишвар соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуд.
Дуюмин масъалае, ки моро бояд ҳамчун шаҳрванд ва ба тариқи дастҷамъона барои ҳалли мудаввоми он сафарбар намояд, мусоидати бевосита дар таҳкими саривақтӣ ва навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Агар Давлат ва Ҳукумати мо бо лавозимоту техникаи нав, тармиму тартиб ва таъмини шароити беҳтарин барои мудофеони Ватан сари кор гирад, мо шаҳрвандон ва падарону модарон бояд фарзандонамонро дар сафарбар намудан баҳри ҳифзи марзу буми Ватан дилгарм ва дастгирӣ намоем. Мо набояд аз дастрасӣ ба “ҳадафи азнавсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ”, ки баҳри боз ҳам “беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад” дар канор бошем.
Ва билохира, ҳама гуна хайрхоҳӣ, дастгирӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ танҳо ва танҳо дар чаҳорчӯби арзишҳои миллӣ ва ба хотири таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор амалӣ мегарданд. Ин аст як ҷанбаи дигари муҳим, ки дар Паём аз он ёд гардидаст, чунончи: “Мо аз ҳамкориҳои худ бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд қаноатманд мебошем ва минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро бо онҳо густариш медиҳем”.
Ҳамин тариқ, Паём дар замони муосир роҳнамое аст ба сӯйи ояндаи нек, ояндаи шукуфо ва ояндаи шоиста. Паёмро бояд бо ҳамин маъно шинохт ва бо ҳамин ҳадаф амалӣ намуд.
Муфассал ...