Навидҳои рӯз
- Чоршанбе, 13 Март 2024
Баъзе мулоҳизаҳо оид ба суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Азорабеков С. Қ. - номзади илмҳои филология, ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ
Санаи 9-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ вохӯрии хеле судманд, саривақтӣ, талаби замон ва муҳимеро баргузор намуда, бо суханронии пурмуҳтавои хеш масъалаҳои хеле мубрами рӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Тавре маълум аст ва бо чашмони худ аён дида истодаем, Ҷумҳурии азизамон ба таври бесобиқа ва мунтазам дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт рушду нуму карда истодааст, иншоотҳои азими аср бунёд ёфта истодаанд, шоҳроҳҳо ва пулҳои азими байналмилалӣ ва дохилӣ сохта шуда, сатҳи зиндагонии аҳолӣ беш аз пеш беҳтару беҳтар гардида истодааст. Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии имсола ҳам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, “Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Вале новобаста аз ҳамаи ин ва пойдор будани сулҳу ваҳдати саросарӣ, таъмин будани озодиҳо ва саодати зиндагии мардум, ҳоло зуҳуроти номатлубе дар самти риояи озодии виҷдон, эътиқодоти динӣ ва иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи баъзе шаҳрвандон мушоҳида мегардад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “вале бар ивази ҳамаи ин тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем”. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки гуруҳҳои экстримистӣ ва террористии хориҷи кишвар ҷавонони ноогоҳ ва таҳсилнокарда, ё дар мактабҳои ғайриқонунии динии хориҷӣ таҳсилкардаро гумроҳ ва ба гуруҳҳои худ шомил намуда, ба ин васила мехоҳанд амнияти кишвари ободу зебои моро халалдор ва монади солҳои навадуми асри гузашта ба вартаи ҷангу хунрезӣ гирифтор намоянд. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯйи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.
Илова бар ин, шахсони алоҳидаи мардумфиреб дар дохили кишвар аз содагию камсаводии баъзе афроди ҷомеа истифода бурда, онҳоро бо роҳи таассуб ва хурофот тобеи худ гардонда, бо “муъҷизот” ва “каромот”-и худ ба хештан бузургтароширо раво дида, лақабҳои бардурӯғи “мавлоно”, “мавлавӣ” ва ғайраро ба худ мечаспонанд ва ба ин васила пулу сарвати зиёдеро аз мардум меситонанд. Яке аз амалҳои ташвишовари дигар, ин ба ҷо овардани такрор ба такрои маносики ҳаҷ аз тарафи шаҳрвандон ва истиқболи номатлуби ҳоҷиён ва зиёдаравию худнамоӣ, исрофкории зиёд ва тақлидкориҳои бемаънӣ дар ин самт мебошад. Дар робита ба ин падидаҳо, Пешвои миллат зикр намудаанд, ки “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстримизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки агар ҳамаи зиёдаравию ифротгароӣ дар эътиқодоти динӣ пешгирӣ карда нашаванд, оқибат ба амалҳои экстримистиву террористӣ ва халалдор гардидани амнияти кишвар оварда мерасонад.
Инчунин, Пешвои миллат дар суханронии худ оид ба амалишавии нокифояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини соҳа, аҳли ҷомеаи кишвар ва ходимони динӣ талаб намуданд, ки ба иҷро намудани талаботи қонунҳои мазкур диққати ҷиддӣ равона намоянд.
Дар робита ба ин, бояд таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъд аз қабул гардиданаш санаи 8-уми июни соли 2007 дар самти ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Қонун ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Аммо дар баробари ин, вобаста ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ то ҳоло бархе аз шаҳрвандони кишвар ба хотири худнамоӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан ба исрофкорӣ, хароҷоти зиёди пулию молӣ роҳ медиҳанд.
Чунин камбудию норасоиҳо дар самти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мушоҳида мегардад. Гарчанде мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошад, ҳоло ба таври бояду шояд ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи лозимӣ равона намегардад. Пешвои миллат роҷеъ ба ин масъалаҳо фикрҳои ҷолиб манзур намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд. Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар айёми пирӣ дастгирамон гардад”.
Дар охир, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ин бо мақсади ҳадафноктар ва мукаммалтар амалӣ шудани муқаррароти қонунҳои миллӣ дар таҳрири нав қабул карда шаванд.
Муфассал ... 
								
		  
		  
	  - Сешанбе, 12 Март 2024
МАВҚЕИ ДИН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН Андешаҳо оид ба натиҷаи вохурии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Рӯзи 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот гузаронида, дар рафти он ба масъулин оиди рафъи хурофотпарастӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни ин вохурӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикрҳои навро оид ба ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” иброз карда, аз ходимони дин даъват намуданд, ки дар фаъолияти худ ба масъалаҳои гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ диќќати аввалиндараҷа диҳанд.
Пешвои миллат зарари омили тундгароиро баррасӣ карда, қайд намуданд, ки «имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем». Рӯи кор омадани падидаи хурофотпарастӣ дар чунин шароит ба ҳеҷ ваҷҳ барои обруи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дохилӣ мусоидат намекунад ва баръакс ба ҷомеаи муосир ва раванди инкишофи устувори он зарар мерасонад. Дар ин самт ҳамчун қисми осебпазир ҷавонон маҳсуб мешаванд, зеро аз надоштани таҷриба зуд ба доми гуруҳҳои ифротӣ гирифтор мешаванд. Бинобар ҳамин мо зиёиёнро зарур аст, ки моҳияти манфии гуруҳҳои ифротгароиро барои ҷавонон фаҳмонем ва ин равандро бартараф созем. Чуноне, ки дар суханронии Пешвои миллат дар ин вохурӣ қайд гардид, дар Тоҷикистон бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, аммо «дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст».
Ҷавонони тоҷик фирефтаи гуруҳҳои экстремистӣ шуда, дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба манфиати бегонагон кушта мешаванд, ё беному нишон гум мешаванд. Қисми ҷавонони мо аз тарафи ифротгароён бо баҳонаи таҳсил ба ҳаракатҳои террористӣ ҷалб мегарданд. Бинобар ҳамин таҳсили ҷавонони мо дар хориҷа як проблемаи асосӣ барои ҷомеа мебошад, зеро таълими баъзе мадрасаҳои хориҷӣ мухолифи мазҳабҳои анъанавии Тоҷикистон мебошад. «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд. Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд. Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст».
Бо дарназардошти масъалаҳои дар вохурӣ баёншуда, зарур аст, ки мо зиёиён вазифадорем, ки шуури ҷамъиятии сатҳи пешқадамро рӯи кор оварем, ки дар он манфиати дин, миллат ва давлат ба самти ободии Тоҷикистони азиз яксон бошад.
Муфассал ...
 
								
		  
		  
	  - Сешанбе, 12 Март 2024
РАМЗУ БОВАРҲОИ НАВРЎЗӢ
Броимшоева Муслима – номзади илмҳои филологӣ, ходими калони шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
РАМЗУ БОВАРҲОИ НАВРЎЗӢ
Наврўз яке аз ҷашнҳои қадимтарини ниёгонам аст, ки дорои рамзу аломатҳо, бовару эътиқод, дуову ормонҳои мардумӣ мебошад. Мардуми кўҳистони Помир аз замони қадим ин ҷашнро пос доштанд, то имрўз бештари расму қоидаҳои гузаронидани онро дар хотир нигоҳ медоранду дар аксари маҳалу ноҳияҳои вилоят ба таври ба худ хос мегузаронанд ва кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро бо щодию хуррамӣ ҷашн гиранд, то ки он сол пурбаҳраву пурнишот ояд.
Умари Хайём чандин аср пештар қайд карда буд: Ҳар кӣ рўзи Наврўз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврўзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад (Мирбобо Мирраҳим. Ҷашни Наврўз ва ҷаҳоншиносӣ. – Душанбе: Ирфон, 1992. -236 с. саҳ.9.).
Аз маъхазҳои қадимӣ бармеояд, ки Наврўз пеш аз Ҷамшед низ вуҷуд доштааст ва ў қудрати таслим намудани шайотинро дошта, онҳо ўро бо тахташ дар як рўз аз Дамованд ба Бобул оварданд ва мардум он рўзро ид намуданд.
Чуноне ки Мирбобо Мирраҳим овардааст:… Ва осиёбсанге андар гардани деве афганд ва бар вай нишаст ва ўро андар ҳаво бибурд ва дуо кард:
-То Худои азз ва ҷалл гармову сармо ва беморӣ ва марг аз мардумон бигирад.
Сарчашмаҳои муътамад оиди ин ҷашн асарҳои аллома Абдурайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия» ва «Китоб-ут-тафҳим» ва «Наврўзнома»-и Умари Хайём мебошанд.
Мирбобо Мирраҳим дар китобаш қайд менамояд: Ва хоса, вақте ки сухан аз боби ҷашни Наврўз меравад, ҳаминро таъкид кардан зарур аст, ки рўзи Наврўз дар тўли таърих рўзи оини адлу додгустарӣ, баробарии хосу ом, баробарии ҳамагон, ҳаққу ҳуқуқи хеш талаб кардани одамон буд.
Ва зарур мешуморем, танҳо як рубоии халқиро оид ба рамзҳои наврўзии дастархони «Ҳафт шин», ки бисёр ба мавқеъ аст, биёварем:
Ҷашни Наврўз аз замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон:
Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хон.
Ҳар яки ин рамзҳо дорои хусусиятҳои ифодакунандаи орзуву омоли халқ, деҳқонону ҳунармандон, ҳар як инсони соҳибдилу соҳибзавқ мебошанд:
Шаҳд - ифодакунандаи ҳаёти ширину гуворо.
Шир - нишонаи покию сафедбахтии одамон ва сафедии аввали сол.
Шароби сурхи арғувонӣ чун нишонаи дилхушӣ, барои нест кардани мушкилоту ғаму андўҳи зиндагӣ.
Шакари ноб ва шинӣ ва шарбати мева дар рўи дастархон, аз як тараф рамзи ширинии ҳаёт, аз тарафи дигар чун ҳалкунандаи ғизоҳои вазнини идона ба шумор меравад.
Шамъ-аломати нури Илоҳӣ, рўшноӣ, офтоби парваришдиҳандаи одамону наботот ва ҳайвонот, нишонаи гармии муҳаббати ҳамдигарии инсонҳо, аломати зиндагӣ, раҳнамунсозанда ба сўи мақсаду мароми инсонӣ, инчунин гармии табиат мебошад.
Шамшод навдаест, ки рамзи зиндагиӣ ва сарсабзӣ мебошад.
Шоя дастаест аз растании кўҳӣ, ки ифодакунандаи сарсабзии ҳаёт, аз нав сабзидану зиндашавии гиёҳҳову дарахтон, сабзаву гулҳои гуногун ва ин ду гиёҳ вобастагии инсону табиатро ифода мекунанд.
Мумкин аст, ки ҳарфҳои аввали номи ҳар яки ин ғизоҳо ҳам дорои рамз бошанд.
Ин рамзҳо ва аломатҳо вабаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рўшон ва Ишкошим ба тағйирот дучор гардидаанд, зеро дар ин ноҳияҳои ҷумҳурӣ баъзе меваҳо ба монанди ангур, ки аз он шинӣ (ширинӣ) тайёр менамуданд, набуданд ва инчунин дарахтону гиёҳҳо дертар сабз мешуданд, бинобар ин расму оинҳо ба таври дигар иҷро мешуданд ва мардум мувофиқи шароити зисташон ғизоҳоро тайёр намуда, истеъмол менамуданд. Ғунчаи дарахт низ нишона аз шамшоду шоя мебошад.
Азбаски дар зимистони ниҳоят сарди ин ноҳияҳо мардум дар хонаҳои аз дуди сиёҳчароғ, шамъҳо ва оташдони хона шабу рўз менишастанд, шир дар баробари рамзи покию сафедӣ вуҷуди дохилии одамонро низ пок мекунад.
Чуноне ки дар китоби «Шогуни баҳор омадааст: «Дар Бадахшон асосан дар субҳи рўзи «Хирпичор» ва «Хидир-айẙм» мардум таоми субҳонаро аз анвои ширӣ тайёр мекунанд… Хўроки субҳона, асосан аз шир ва нвои ширӣ аз қабили шир, ширравған, ширбиринҷ, шир бо нон (хувдашав), кочи (атолаи ширдор) иборат буд» (Шодихон Юсуфбеков, Аловиддин Шоҳинбеков. Шогуни баҳор Хидирайўм. -Хоруғ, 2016. -216 с.).
Мардум пас аз ин ба берун мебароянд, то ки аз ҳавои софи баҳорӣ баҳра гиранд ва байни худ ба бозиҳои ланка, шули, чавгонбозӣ, санҷакбозӣ, арғунчакбозӣ ва ғайра машғул мешуданд. Бозиҳо, аз як тараф агар урфу одати мардумиро инъикос менамоянд, аз тарафи дигар чун варзиши бадан ва саломатиии ҷисми инсон дар ҳавои тозаи баҳорӣ мебошанд. Алвонҷхўрон духтарон чунин суруд хонда шўхию бозӣ мекарданд:
Қишқу тар боғен
Холи димоғен
Ту сӣвдти тоғен
Роштен ту кафчен
Кайи ту лоғен,
Налўм ту нозен.
Наврўз ин иди ба ҳамдигар баён намудани дуову фотиҳаҳо ва шод намудани дили ҳамдигар мебошад. Аз ин килоғузғузу идгардак ва туҳфаву ҳадяҳо ба ҳамдигар шаҳодат медиҳанд.
Инчунин дуоҳои зерин ба ҳамдигар изҳор мешаванд:
- Худованд мисли баҳор туро сабз намояд.
- Худоҷон дар ин сол ризқу рўзиатонро фаровон созад.
- Илоҳо ҳосили мо зиёд гардад.
- Дар ин сол ҳаргиз хафагиро набинед.
То имрўз дар байни деҳқонон чунин дуо роиҷ аст:
Фотеҳаи кор, фотеҳаи рўзгор,
Муборакатии шогуни баҳор.
Аз як дона ҳазор,
Ҳазори мо бешумор.
Ба ҳаққи Ҳайдари Карор,
Соли нав моҳи нав,
Ҷамъият ҷамъ, дилҳо беғам,
Оллоҳу Акбар!
Хулоса, Иди Наврўз бузургтарин ид буда, то имрўз рамзу оинҳои нарўзӣ, дуову боварҳои он пурра омўхта нашудааст ва имрўз ҳам тадқиқот оиди ин масъала давом дорад.
Муфассал ...
 
								
		  
		  
	  - Сешанбе, 12 Март 2024
ВСТРЕЧА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ЭМОМАЛИ РАХМОН С ПРЕДСТАВИТЕЛЯМИ ОБЩЕСТВЕННОСТИ И РЕЛИГИОЗНЫМИ ДЕЯТЕЛЯМИ СТРАНЫ
ВСТРЕЧА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ЭМОМАЛИ РАХМОН С ПРЕДСТАВИТЕЛЯМИ ОБЩЕСТВЕННОСТИ И РЕЛИГИОЗНЫМИ ДЕЯТЕЛЯМИ СТРАНЫ
Сабоиева Джамила Саломатшоевна- научный сотрудник отдела социально- экономических исследований Бадахшана Института гуманитарных наук имени академика Б. Искандарова Национальной академии наук Таджикистана
Лидер нации, основатель мира и национального единства Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон 9 марта в городе Душанбе в Кохи Вахдат, в преддверии главного мусульманского праздника - месяца Рамазан встретился с должностными лицами центральных и местных органов государственной власти, активными представителями общественности, учеными и религиозными деятелями.
Своё выступление глава государства начал с искренних поздравлений участников встречи и всего таджикского народа с наступлением месяца Рамазан – месяца благочестия, милосердия, прощения грехов, очищения внешнего и внутреннего мира.
Президент страны, в ходе встречи с активными представителями общества и религиозными деятелями еще раз высказал свое мнение о процессе реализации законов Республики Таджикистан «Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан» и «Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей», требуя от общественности страны строгого соблюдения этих законов.
Также Президент страны упомянул о том, что, к сожалению, в связи с проведением многих мероприятий происходят случаи нарушения закона. В стране некоторые люди все еще допускают расточительность при проведении многих мероприятий. Лидер нации подчеркнул, что несоблюдение закона «Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан», проявленный эгоизм и расточительность препятствуют повышению уровня жизни населения. Лидер нации напомнил собравшимся о том, что в «Заповедях Корана и хадисах Пророка, подчеркнуто, что расточители не любимы Всевышним».
В ходе встречи Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон также обратил внимание присутствующих на многократные поездки некоторых граждан в хадж и умру. Президент страны подчеркнул, что у мусульман совершение хаджа обязательным является только один раз, а многократные паломничества в святые места тоже является расточительством, отметив при этом, что сам Пророк Ислама (с) совершил хадж всего один раз.
В связи с этим, Президент страны высказал предположение о том, что вместо того чтобы совершать многократные паломничества, было бы намного лучше, если бы люди тратили свои средства на нужды семьи, образование детей и внуков, благоустройство страны, строительство предприятий и школ, дорог и мостов, а также на помощь и поддержку сирот, инвалидов, больных и малообеспеченных семей. Президент страны подчеркнул, что совершая эти благотворительные поступки, награда от Всевышнего будет во много раз дороже, чем совершение многоразовых паломничеств
Также глава государства поручил Правительству Республики Таджикистан, исполнительному аппарату президента Республики Таджикистан и другим соответствующим государственным структурам провести предупреждающую работу для выполнения указанных на встрече поручений по обеспечению верховенства закона, предотвращению любых преступлений, правонарушений, растраты и излишеств среди населения и принять конкретные и своевременные меры.
Президент страны Эмомали Рахмон поручил представителям общественности страны по обучению и воспитанию подрастающего поколения, направить молодежь страны на путь самопознания и патриотизма, создать как можно больше современных образовательных учреждений, различных социально-экономических объектов. Обязал всех граждан страны соблюдать законы Республики Таджикистан «Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан» и «Об ответственности родителей за обучение и воспитание детей».
Глава государства призвал общественность страны, соблюдая традиции предков, уделять особое внимание завершению созидательных мер, правильной организации церемонии совершения хаджа и умры. В преддверии праздника Рамазан, оказывать помощь нуждающимся, детям – сиротам, беспомощным старикам, больным и инвалидам, и всем тем, кто действительно нуждается в помощи.
Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что в реализации наших национальных и религиозных ценностей мы всегда должны заботиться об интересах своего народа, ценить независимость нашего государства, сохранять это драгоценное благословение как зеницу ока.
Следует отметить, что все руководящие принципы Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона по осуществлению щедрости по отношению к гражданам страны, поддержке малообеспеченных семей, сирот и бездомных, бережливости и регулированию всех мероприятий и церемоний взяты из лучших воспитательных заповедей Священного Корана.
Муфассал ...
 
						 
						