Навидҳои рӯз

- Ҷумъа, 12 Январ 2024
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – АСОСИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА БА ҲАР НАФАР АҲОЛИИ МАМЛАКАТ
ҒОИБНАЗАРЗОДА С.М.
номзади илмҳои иқтисод, дотсент, ходими калони илмии Шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – АСОСИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА БА ҲАР НАФАР АҲОЛИИ МАМЛАКАТ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Паёми имсола санаи 28 декабри соли 2023 ба кулли мардуми меҳнатқарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян мекунад. Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Паёми Пешвои миллат роҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асосии он метавонад, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд. Дар суханрониашон Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.” Илова бар ин, чуноне ба ҳамаи мо маълум аст, иқтисодиёти кишварамон дар ҳоли рушд буда, қисми даромади буҷети давлат ҳамасола иҷроиши худро ёфта истодааст, аз ҷумла “Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.” Дар Паёми имсолаи худ Пешвои маҳбуби миллат бори дигар ёдовар аз он шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуддаст. Инчунин, Пешвои миллат зимни баромад ба соҳаи маориф низ диққати хоса зоҳир намуданд. Таъкид карда шуд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Мактабҳои олии мамлакатро зарур аст, тамоми шароитҳоро дар таълиму тарбияи донишҷӯён фароҳам оранд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки мутахассисони баландихтисосро омода намоянд, ки донандаи на кам аз 2 забонҳои хориҷӣ бошанд. Таъкид гардид, ки забонҳои англисӣ ва русӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар шумори 6 забонҳои байналмиллалӣ эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ таълими ин забонҳо ба таври муосир ва дастрас ба роҳ монда шавад. Яке аз ҷиҳатҳое, ки дар Паём баён гардид ин рушди илму маориф ва беҳтар намудани шароит барои толибилмон, омӯзгорон, нависандагон, шоирон, олимон ва аҳли зиё мебошад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаанд ва дар Паём низ қайд карданд, ки: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.” Қайд гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлоли сатҳи камбизоатии аҳолии мамлакт ба маротиб паст гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 21,3 фоиз баробар гардид. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки сатҳи камбизоатии аҳолиро дар 7 соли минбаъда, яъне то соли 2030 ба 10 фоиз паст карда шавад. Дар Паём махсусан ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд ва аз тарафи Сарвари мамлакат дастур дода шуд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишҷӯён 40% баланд бардошта шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғиб намоем. Мо, ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, ваъда медиҳем, ки тамоми қобилияти ақливу зеҳнии худро, баҳри боз ҳам тақвият додани соҳаи илму маориф сафарбар менамоем.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 11 Январ 2024
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Д. Фозилов – ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Имрӯзҳо мардуми мо Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор додааст, зеро он як барномаи мукаммал ва мушаххаси рушди кишвар дар соли 2024 ва солҳои оянда маҳсуб мегардад.
Матни Паём дар чаҳорчубаи талаботи илмӣ, бо назардошти таҳаввулот ва дигаргунии мавзӯъҳо омода гардида, нуқтаҳои асосии он бо истифода аз методи муқоисавӣ-таърихӣ асоснок карда шудаанд. Дар Паём баробари ҳидоят намудан, аз ҳар як сохтори давлатӣ ва кормандони масъул ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳо талаб карда мешавад.
Дар робита ба ин дар Паём рақамикунонӣ, вусҳатдиҳии раванди ташкили корхонаҳои саноатӣ, шафофияти иҷроиши босифати вазифаҳо, беҳтаргардонии мазмуни хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароит барои соҳибкорон, ҷорӣ намудани технологияи иноватсионӣ дар коргоҳҳо ва ғайраҳо талаб карда мешавад. Вобаста ба ин ба ҳамаи мо дар Паём чунин вазифагузорӣ шудааст:
- баланд бардоштани обру ва нуфузи омӯзгор, таълимро ба талаботи замон ҷавобгӯ бояд намуд;
- ба омӯзгору донишҷӯй, хонанда шароити бештару беҳтар фароҳам кардан;
- афзоиши аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбад низ зарурияти бунёди муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳониро металабад.
Инчунин дар Паём ба соҳаи хеле муҳимми ҳозира геология аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, Ҳукумати мамлакат ва Саридораи геология вазифадор карда шуд, “ки ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои тақвияти корҳои таҳқиқотиву геологӣ ва мушахассозии захираҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд”. Омӯзиш, ҷустуҷӯ, инкишоф барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд.
Маълум аст, ки сангҳои гаронбаҳои Бадахшон дар бозори ҷаҳонӣ нархи баланд доранд. Истихроҷи конҳои куҳан таваҷҷӯҳ ба сангҳои пурқиммати Бадахшон дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурӣ хеле афзуд. Барои он ки ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад ва буҷаи вилоят ғанӣ гардад, лозим аст, ки коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишии вилоят ташкил карда шуда, зери назорати ҳокимияти давлатии вилоят қарор гирад.
Ҳоло яке аз конҳои пурқиммати бо номи литий дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб маълум аст, ки қиммати он дар бозори ҷаҳонӣ хеле баланд аст. Дар Бадахшон солҳои пеш коркарди саноати сангҳои гаронбаҳо оғоз гардида буд. Аввалин коргоҳи сангтарошӣ дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ба кор шурӯъ карда буд ва корҳои зиёде сомон дода шуд, лекин бо сабабҳои номаълум ин кори муҳим қатъ гардид. Ҷоннок кардани коркарди сангҳои қиматбаҳои он айни мудаост.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 11 Январ 2024
Паёми Пешвои миллат - ҳидояти накӯ барои бунёди ояндаи боз ҳам дурахшону пешрафта
ИМОМНАЗАР ХОҶАНАЗАР ЛУТФУЛЛО
ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
Паёми Пешвои миллат - ҳидояти накӯ барои бунёди ояндаи боз ҳам дурахшону пешрафта
Мазмун ва шакли Паёми моҳи декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироанамудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо бисёр вижагиҳои худ аз паёмҳои пешин фарқ дорад. Зеро, он дар замоне ироа гардид, ки ҳам вазъи сиёсию иқтисодӣ ва молиявию иҷтимоии дохили кишвар ва ҳам ҷаҳон, дар тӯли як соли охир, таҳаввули муайян намуда, муносибатҳои дохили ҷамъиятӣ устувор ва байналмилалӣ муташанниҷу печидатар шуданд.
Тоҷикистони мо, дар асоси сиёсати мутавозуни дохилӣ, ки ҳамаи ҷанбаҳои муҳими он ба вазъ ва талаботи мавҷуда мутобиқат дошта, посухгӯи ниёзҳои аксарияти сокинони кишвар мебошад, ҳаракати амудии худро дар ҳамаи самтҳо идома дода, уфуқҳои нав дар масири рушду равнақи он ҳувайдо гардиданд. Омори дақиқ ва воқеъӣ, ки дар Паём ифшо шуд, тамоми паҳлӯҳои ин сиёсати ба тақвияти созандагӣ ва некӯаҳволии бошандагони кишвар нигарондашудаи Давлату Ҳукуматро, дар ҳамбастагӣ бо меҳнат ва эҷоди мардуми заҳматпешаи мамлакат, инъикос намуда, ифшогари интихоби масири дурусти стратегии мо мебошад.
Пешвои ғамхори миллат, бо эҳсоси гарм ва идроки амиқ, аз комёбиҳои умуман замони соҳибистиқлолӣ, марҳилаҳои муайян ва як соли охири рушд сухан гуфта, ифтихори хешро аз дастовардҳои беназири Ватану ватандорон ва сипоси худро, ҷиҳати ноил шудан ба ин комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанон иброз намуда, холисона, бори дигар, мардуми шарифамонро ба ободию созандагии бештар ҳидоят намуданд.
Маврид ба зикри махсус аст, ки имрӯз, на танҳо шаккокони тараққиёти кишвар, ки замоне роҳу усули интихобнамудаи ташаккулу тараққиёти иқтисоди моро зери шубҳа монда, ба самараи кор бовар надоштанд, ба натиҷаи самарабори фаъолиятамон дар ин самт қоиланд, балки рақибони сиёсии давлат, ки дар хориҷ ҳастанд, аз пешрафти кори мо, аз диди назари танг ва эҳсоси мағшушон, нигаронанд. Чунки музаффарияти давлату ҷамъияти мо, заминаи иҷтимоии онҳоро заиф сохта, бобати амалӣ сохтани манфиатҳои маҳдуд ва ғаразноки онҳову хоҷагони пасипардагияшон монеаи устувор эҷод месозад.
Таҳлилгарони берунӣ низ аз рушди бемайлони иқтисод ва чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон тавсиф намуда, иқрор бар онанд, ки давлати мо, бо назардошти вазъ ва имкониятҳо, эълони принсипи “дарҳои кушод”, пиёда намудани сиёсати либералӣ дар ин соҳа, пешниҳоди имтиёзҳо ва афзалиятҳои зарурию зиёд, дар радифи дигар тадобир, тавонист, дар зарфи каме зиёдтар аз 20 сол, кишвари ҷангзадаю ақибмондаро ба яке аз мамолики рӯбатараққӣ табдил дода, сатҳи азфзоиши иқтисоду ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилиро бемайлон баланду зиёд намуда, сатҳи таваррум ва камбизоатиро ба маротиб поён барад. Заминаи мустаҳками ҳамаи ин ва дигар комёбиҳо, албатта, сиёсати дуруст ва ҷавобгӯ ба талабот буда, роҳбарию роҳнамоии боиродат ва мутавозуну мутносвиби Роҳбарияти Олии Тоҷикистон рукни меҳварии ин сиёсат мебошад.
Ин дафъа, Пешвои миллат, аз ҳарвақта дида, бештар таваҷҷуҳашонро ба иштироки беҳтару бештари кулли сокинони мамлакат дар раванди босуръати ободкорӣ равона сохта, онҳоро даъват ба он намуданд, ки ватан ватани мост ва ба ҷуз мо, дигар нафаре аз берун нахоҳад, барои ободию пешрафти он, домону остин бар занад.
“Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”, - самимона ба мардум муроҷиат намуда, онҳоро барои боз ҳам зебо сохтани Ватану диёр ҳидоят месозанд Ҷаноби Олӣ кам андар кам роҳбари давлат чунин эҳсоси меҳромез нисбати Ватан дошта, суруши қалбӣ ва муҳаббати сириштии худро нисбати инсон, дар маҷмуъ, ва, алалхусус, миллату мардуми худ, ба ин тарз, ошкоро баён созад. Чунин хислати сириштӣ ба он ашхосе хос аст, ки рисолати инсонӣ ва таърихии худро дарк намуда, қавлу амали некашон бо ҳам тавъам бошанд.
Ҳар гоҳе мо ба матни паёмҳои пешини Роҳбари Олии Давлатамон, ки зиёда аз бист сол ироа мегарданд, назар андозем, баръало мебинем, ки бо заҳмати худи Роҳбар ва меҳнати мардуми шарифи Тоҷикистон, мазмуни онҳо, бо ба вуҷуд омадани ҳазорҳо корхонаву бинову иншооти саноатию хизматрасонӣ ва фароғатию варзишӣ, инфрасохтори зарурӣ, инчунин, баландравии сатҳи некӯаҳволии мардум ва мақому манзалати тоҷику Тоҷикистон шакли воқеъӣ мегирад.
Эътимоди комил дорем, ки дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи индафъаинаи Пешвои муътабари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба органи олии қонунгузори мамлакат ироа гардиданд, бо меҳнати ҳалол ва пурмасъули кулли тоҷикистониён ҷомаи амал ба бар намуда, Ватани мо боз ҳам пешрафтаву боломақом хоҳад гардид.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 10 Январ 2024
Илму маориф ҷавҳари рушди давлат ва ҷомеа (дар ҳошияи Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Назаршоева Чилла- номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Илму маориф ҷавҳари рушди давлат ва ҷомеа
(дар ҳошияи Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
«… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили мухимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад» (Эмомалӣ Раҳмон).
Ҳамасола аз ҷониби Сарвари кишвар самтҳои асосӣ, масъалаҳо ва нуктаҳои муҳимтарини фаъолияти ҳама соҳаҳои кишвар ҳамчун роҳнамои асосии рушди соҳаҳои илму-маориф, иқтисодию иҷтимоӣ, саноату технология ва дигар соҳаҳои муҳими стратегӣ ба таври муфассал бо таҳлилу асосҳои бунёдӣ ва дурнамои минбаъда баҳри некӯаҳволии мардуми тамаддунофари тоҷик пешниҳод карда мешавад.
Дар ин радиф, вобаста ба рушди соҳаи илму маориф ва коркардҳои соҳаи илм маҷмӯи дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар қайд карда шуда, доир ба боз ҳам баланд баровардани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй ва барои роҳандозӣ намудани самтҳои коркардҳои дар ҷаҳони имрӯза мубрами илмию технологӣ дастуру супоришҳо дода мешаванд.
Дар воқеъ бе илму маориф пешрафти давлат ва ҷомеа ғайриимкон аст. Чунки инсони бедонишу бефарҳанг тарбияёфта ҳеҷ вақт кори муфиде на барои худаш, на барои ҷомеа анҷом дода наметавонад. Баръакс, барои ҷомеа хатар эҷод карда метавонад. Илму дониш соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлат, субот дар ҷомеа, устувории идоракуниро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, давлату ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро пайваста таҳким ва рушд медиҳад.
Танҳо тавассути касб кардани илму дониш - дониши босифат, метавон ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Бахусус дар замони муосир, ки илму дониш меҳвари калидии тараққиёти ҷомеа ба шумор меравад, «Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри беҳтару хубтар гардонидани зиндагии мардум ба соҳаи илму маориф ва боло бардоштани фарҳанги ҷомеа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда истодааст».
Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим нурӯи асосӣ ва пешбарандаи ҳар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва муҳимтарин самтҳое, ки маҳз илму дониш ва маориф дар рушди онҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд, инҳо:
- Муҳиммияти илму маориф дар рушди иқтисодӣ. Илм ва маориф қувваҳои пешбарандаи рушди иқтисодӣ мебошанд. Мушкилоти марбут ба буҳронҳои иқтисодиро танҳо тавассути илму дониш ҳал мекунанд, ҳолатҳои фавқуллодаро пешгирӣ мекунанд ва оқибатҳои онҳоро бартараф мекунанд. Дастовардҳои илмӣ ба давлат имкон медиҳанд, ки фоидаи бузурги молиявӣ ба даст оварда шуда, эътибори давлат дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шавад, қувват ва қудрати он мустаҳкам ва боиси рушди пешрафти он гардад. Давлате, ки шаҳрвандони соҳибмаърифат ва соҳибихтисос дорад, дар арсаи байналмилалӣ имкони шукуфоӣ ва рақобатпазириро дорад. Маҳз дониши босифат ба шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти душвор ва пешниҳоди ғояҳо ва навовариҳои гуногун кӯмак мекунад. Тавре Президенти кишвар иброз медорад: «… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад» ва дар ин замина дар Паёми имсола мақомотҳои дахлдорро барои тадбир андешидан баҳри ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор намуд: «Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд» ва «Дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад».
- Муҳиммияти илму маориф дар беҳтар кардани сифати зиндагӣ. Пешрафт дар илм ва маориф боиси ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва иҷтимоӣ мегардад, чаро ки маориф сифати зиндагиро тавассути тавлиди қувваи кории босаводу ботаҷриба беҳтар мегардонад. Маҳз онҳое, ки имрӯз донишҷӯ ҳастанд, баъди як-ду даҳсола қувваи асосии корӣ ва зеҳнии давлат маҳсуб меёбанд ва ояндаи давлат аз насли ҷавони имрўза вобаста мегардад. Ҷаҳони муосир, ки аз назари технология хеле пешрафта аст, рӯз ба рӯз ба ин сарват, яъне ба нерўи зеҳнӣ бештар ва бештар ниёз пайдо мекунад. Аз ин рӯ «таҳсилоти босифат», «таҳсилоти сатҳи ҷаҳонӣ» дар замони муосир барои беҳтар кардани сатҳи сифати зиндагӣ махсусан муҳим аст. Ва дар бобати ин масъала Сарвари кишвар таъкид карданд, ки “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем» ва «Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад».
- Муҳимияти илму маориф дар рушди тафаккури интиқодӣ. Мусаллам аст, ки барои рушд додани тафаккури интиқодӣ ҷаҳонбинии васеъ дар самтҳои гуногун доштан, адабиёти илмӣ ва бадеиро мутолиа кардан, дониши расонаии худро мукаммал сохтан ва ѓ. мусоидат мекунад. Бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ѓайриимкон аст. Бахусус, дар асри 21, ки асри илму техника аст ва иттиллооткунии ҷамъият то ба сатҳи баланде расидаст, ки имрўзҳо амалан дилхоҳ маълумотро инсон дар расонаҳои интернетӣ дастрас карда метавонад, рушд додани тафаккури интиқодӣ бо мақсадҳои ҳар гуна вазъиятро равшан арзёбӣ намудану таҳлил кардан, маълумотро қабул ё рад кардан ва мавқеашро оиди ин ё он масъала ба таври дуруст муайян намудан зарур ва ҷоиз аст. Рушди тафаккури интиқодӣ ба ташаккули ҷомеаи таҳаммулпазир, созанда ва мутамаддин оварда мерасонад ва барои арзёбии мушкилот ва қабули қарорҳои огоҳонаи мусолиматомез кўмак мекунад. Бо пайравӣ аз суханони Пешвои миллат, бахшида ба Рўзи дониш, ки: «Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷўву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад», мо аҳли илму маориф, зиёиёни кишвар хуб дарк мекунем, ки илму дониш маҳз ҳамон рукнҳои асосие мебошанд, ки тавассути онҳо мо метавонем чунин як ҷомеаи идеалиро бунёд созем.
Дарвоқеъ илму дониш инсонро дар ҳар замон дар ҷомеа соҳибмақому соҳибэҳтиром гардондааст ва бузургонамон илму донишро омили раҳоӣ аз мушкилот ва азобҳои зиндагӣ донистаанд. Сарвари хирадманди кишвар низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин сиёсати гузаштагони бузурги халқи тоҷикро пеша гирифта, дар тамоми суханрониҳояш самти илму маорифро рушди калидии ҷомеа арзёбӣ карда доиман таъкид менамояд, ки саводу дониши замонавӣ дар ҷаҳони имрўза басо муҳим аст: «Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерўманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд» ва дар суханронии дигараш қайд кардааст, ки «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва минбаъд низ бомаром идома медиҳем» ва ин ѓамхории Сарвари давлат нисбати илму маориф минбаъд ҳам яке аз афзалиятноктарин соҳаҳои кишвар маҳсуб хоҳанд ёфт.
Адабиёт:
- Паёми Президент, 2023 // https: // www.mfa.tj / tg / main / view / 11820 / pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-muhtaram-emomali-rahmon-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri
- Паёми Президент, 2019/ https: // www.mfa.tj / tg / main / view / 11823 / pajomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston-muhtaram-emomali-rahmon-dar-borai-samthoi-asosii-sijosati-dokhili-va-khorijii-jumhuri
- Пешвои миллат: «Рўзи дониш тантанаи хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад». /https://www.jumhuriyat.tj/prezidenti-t/1554-peshvoi-millat-rzi-donish-tantanai-hiradu-marifati-mardumi-kuanbunedi-toik-meboshad.html)