wrapper

ОХОННИЁЗОВ Варқа - доктори илмҳои филологӣ
 
 
МАН АЗ УСТОД НИСОРМАМАД ШАКАРМАМАДОВ
ИЛМИ ОДАМГАРӢ ОМӮХТАМ
     Исми Нисормамад Шакармамадовро борҳо аз устодони донишгоҳиям мешунидам, вале нахустин дидорбинии ман бо устоди зиндаёд моҳи августи соли 1990 рух дода буд. Дар ҳамин сол ман Донишгоҳро хатм карда будам ва дар он замонҳо анъана ин буд, ки муассисаҳои илмӣ, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олӣ ба таври пешакӣ ба донишгоҳҳои дигар мактубҳои дархостӣ баҳри ҷалби мутахассисони ҷавон мефиристоданд. Ман, дар қатори дигар бародарону хоҳарони бадахшонӣ, кайҳо зери назари устод Додхудо Карамшоев қарор гирифта будам, зеро ҳамагӣ як сол пеш, яъне соли 1989 шуъбаи помиршиносии назди Институти забону адабиёти ба номи устод Рӯдакиро ба маркази маъмурии ВМКБ – ш. Хоруғ кӯчонда буданд ва ин шуъба ҳам моил ба ҷалби мутахассиони ҷавон буд.
     Устод Карамшоев, ки пешакӣ бо ӯ шиносоӣ доштам, ин пешниҳодро бароям карда буданд. Банда, ки мисли аксари бачаҳои кӯҳистон азм доштам то ба деҳа баргардам ва модари яккаву танҳоямро ҳамроҳ бошам, аз ин пешниҳод қаноатманд будам. Аммо, пас аз ҳимояи рисолаи хатми Донишгоҳ маро ба аспирантура тавсия доданд. Бар замми ин, чанд рӯз пас аз дифои рисолаи хатм, устодамон Мукаррама Набиевна Қосимова, ки роҳбарии кафедраи забони тоҷикии факултетро ба уҳда доштанд, маро ба кафедра даъват намуда, изҳор карданд, ки Донишкадаи Самарқанд аз факултети мо дархости мутахассисони ҷавон намудаст, чӣ шавад агар ман розигиамро барои ин кор диҳам. Бадеҳист, ки ман сарпечӣ кардам ва иснод бар танҳо будани модарам дар деҳа овардам.
      Алқисса, роҳхате, ки ба ман дода буданд, бояд ба шањри Хоруғ ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 1, ба қавле мактаби аэропорт, равам. Ҳангоме ки ба Хоруғ омадам, боз ҳам устод Карамшоев миёнрав шуданд ва бо раёсати маорифи вилоят маслиҳатҳо карда, роҳхати маро лағв карданд ва ман ҳамчун лабаранти калони шуъбаи помиршиносии Базаи помирии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудам. Ана дар ҳамин ҷо миёни устодон Карамшоев ва Шакармамадов роҷеъ ба самти фаъолияти банда баҳс ба миён омад, яъне ман бояд ба кадом равия - забон ё фолклор ҷалб шавам. Албатта, устод Карамшоев шавқи маро ба адабиёт ва шеършиносию шеъргӯӣ, хосса эҷоди шеър ба забонҳои маҳаллӣ, ки аллакай дар он то ҷое шуҳратёр ҳам будам, медонист ва ба осонӣ маро таслими устод Шакармамадов намуд. Аз тақдир ва аз устод Карамшоев андар ду ҷаҳон миннатдорам, ки маро ба дасти шахсе чун Шакрамамадов Нисормамад супориданд. Ман аз он кас натанҳо илм, ҳамчунин одамгариро омӯхтам.
      9 - уми сентябри соли 1991, бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва миллӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ низ ифтитоҳ гардид ва самтҳои фаъолияташ афзуд. Аз ҷумла, шуъбаҳои забонҳо ва фолклору адабиёт ба таври мустақил фаъолият кардан гирифтанд. Баракат ва файзи шуъбаи фолклору адабиёт устод Шакармамадов буданд. Банда ифтихори онро дорам, ки нахустин шогирди устод будам ва зери роҳбариву роҳнамоии бевоситаи он кас ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докториамро кор карда дифоъ намудам. Дар радифи камина, устод шогирдони болаёқаттареро мисли марҳум Гулнисои Ризвоншо (номзади илмҳои филологӣ), Ҳайдармамад Таваккалов (докторанти Донишгоҳи давлатии Хоруғ), Нуриҷаҳон Қурбонхонова (номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ), Ориф Шакармамадов (номзади илмҳои филологӣ) ва даҳҳо магистрону аспирантонро ба камол расонд.
      Яке аз хислатҳои наҷиби устод ин буд, ки он кас шогирдонро пойбанди хеш намесохт, балки ба қавле, дасташонро дар илми фолклоршиносӣ рост карда, онҳоро ба устодону муҳаққиқони дигар месупорид. Новобаста аз он, ки ин шогирдон таҳти роҳбарии кадом олиму муҳаққиқ рисолаҳошонро дифоъ намуда ба ҷодаи илм раҳсипор мешуданд, онҳо нахуст тарбияи мактаби фолклоршиносии устодро мегузаштанд.
     Воқеъан, Шакармамадов Нисормамад олими соҳибмактаб буданд. Риштаи илмро аз даст надодан ва тавассути эҷоду тарбия ба вуҷуд овардани мактаби фолклоршиносии Бадахшон дар замон ва дар муҳите, ки устод ба сар мебурданд, хеле мушкил буд. Ҳангоме ки устод Шакармамадов ҳамчун олими комил ва пухта ба воя расиданд, дар кишвари азизамон бесарусомониҳо ба вуқуъ пайвастанд ва дар як муддати муайян илмро силоҳ иваз намуда буд. Бовуҷуди ин, шахсиятҳое чун устод Нисормамад нагузоштанд, ки занҷири илми тоҷик канда шавад ва завол ёбад.
       Муҳаққиқ Нисормамад Шакармамадов инсоне буданд ба зоҳир хоксор, вале ба ботин пурҷӯши ташнаи илм. Ӯ бо заҳматҳои бемислаш дар раддаи аввали фолклоршиносони тоҷик ҷой гирифтааст. Ба қалами ӯ то 300 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мансуб буда, монографияҳо ва маҷмуи мақолаҳои барои илми филологияи тоҷик пешниҳодкардаи ӯ: “Назми халқии Бадахшон” (Душанбе: Дониш, 1975), “Даргилик – жанри махсуси фолклор” (Душанбе: Адиб, 1992), “Сурудҳои тӯии Помир” (Хоруғ, 1993), “Бадахшон - дар масири таърихи тамаддуни умумибашарӣ” (Душанбе: Дониш, 2007), “Остонҳо - осори таърих ва фарҳанги мардум (Хоруғ: Логос, 2011), “Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон” (Душанбе, 2012) аз нодиртарин осори таҳқиқӣ дар илми фолклоршиносӣ ба ҳисоб мераванд.
     Чанд муддат пештар, банда бо маҳсули сафарҳои ду нафар намояндаи кишвари Лаҳистон Б. Белкевич ва З. Блайет ба Тоҷикистон ва пажӯҳишҳои онҳо тавассути интернет шиносоӣ пайдо намудам. Ин пажӯҳиши онҳо асосан ба фолклор ва махсусан зиёратгоҳҳои ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон иртибот доштанд ва бадеҳист, ки бе зикри исми устод онҳо ноқис мебуданд. Боз ҳам, мушк он, ки худ бибӯяд на он ки аттор бигӯяд ва ман аз зикри ном ва хизматҳои ин симои бузурги илми тоҷик дар пажӯҳишҳои олам ифтихор кардам.
      Хислату рафторе, ки устод доштанд, аз ҳазор яктоаш мансуби мо нест. Яке аз хислатҳое, ки устод Шакармамадов ҳамчун олими асил ва пухтакор аз худ нишон медод, дақиқ, тозакор ва аз рӯи виҷдон оғозу анҷом бахшидани ҳар амале, ки пеша менамуд, буд. Муносибати поквиҷдонона дар кори таҳқиқ яке аз талабот ба кори илм мебошад, ки барои Нисормамад Шакармамадов хислати азалӣ маҳсуб мешуд. Ӯ намунаи ибрат барои ҳамаи мо дигарон, ки шогирд ва пайравонашон ҳастем, дар роҳи илми воқеӣ ва таҳқиқи ҳақиқӣ буд.
     Соли 1910 рисолаи докториамро омода намуда барои таҳриру тавсия ба устод фирситодам. Тавсияҳо ва пешниҳодҳое, ки аз устод гирифтам, воқеъан арзиши илмии корамро тақвият доданд. Устод маслиҳату тавсияҳояшро бо чунон як муҳаббате дар шакли мактуб изҳор дошта буданд, ки тасвираш мушкил аст. Ният аст, ки роҷеъ ба он мактуби пур аз муҳаббат ва садоқати устод, ки боз ҳам шоҳиди инсони наҷиб буданаш аст, дар вақтҳои наздик як мақоларо таҳия кунам. Дар ин ҷо бошад, аз охирин дидорбинӣ бо устод ёдовар мешавам, ки ҳам бароям ширин ва ҳам талх аст.
       Бо устод дар тамос шудам ва барои ширкат дар раванди дифои рисола он касро даъват кардам. Гуфтанд, ки тоқати роҳи Хоруғ-Душанберо надорад. Гуфтам, тавасути ҳавопаймо биёед, гуфтанд, фишори хун баъзан ҳуҷум мекунад ва гумон аст, ки баландиро тоб оварда тавонам. Зиқ шудам, вале боз ҳам саломатии устод бароям қиматтар аз ҳузурашон дар раванди дифоъ буд. Аммо дили меҳрубон ва хайрхоҳии устод ӯро нагузоштанд, ки дар чунин рӯзи барои ҳардуи мо муҳим ӯ дар Хоруғ бошаду ман дар Душанбе.
       Омаданд, бо мо буданд, чанд рӯзи дигар ҳам ҳамроҳ чойнӯшӣ кардем. Раванди дифои камина сари забонашон буд ва касеро медид, фақат аз ҳамин ҷода сухан мекард. Баъдтар ҳам дӯстон бо ҳазл мегуфтанд, ки устод Нисормамад гӯё дар Душанбе ба ҷуз аз дар дифои рисолаи шумо будан, дигар ҷое нарафта бошанд; фақат дар ҳамин бора сухан мегӯянд.
Пас аз он вақт дигар дидани устод ба ман муяссар нагардид ва ҳамагӣ баъд аз 5 моҳ хабари марги нобаҳангомашон расид...
Имрӯз бояд устоди зиндаёди мо 90-умин баҳори умрашонро паси сар меандохтанд, вале афсӯс ин санаро мо бе ӯ қайд мекунем. Агар худашон мебуданд, боз чӣ қадар осорро таҳия ва чӣ қадар шогирдро дар ҷодаи илм роҳнамоӣ мекарданд.
Дар ҳар сурат, ному осори устоди азиз Нисормамад Шакармамадов намирандаанд!
Руҳашон орому манзили охираташон обод бошад!