wrapper

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ

ҶАШНИ САДА – РАМЗИ РУШНОӢ ВА ГАРМӢ ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

   Имрӯз 29 январи соли 2025 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров бо ҳамкории Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва Маркази илмии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷашни Сада — рамзи рушноӣ ва гармӣ дар фарҳанги тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло, инчунин намояндагони муассисаҳои илмӣ ва доираҳои вобаста иштирок намуданд. Бо иштироки муовини Раиси ВМКБ чорабинӣ аҳаммияти хосаро ба худ қабул кард, зеро ин ҳузур нишонаи таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти вилоят ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии миллӣ буда, ҳамзамон ба густариши ҳамкории ниҳодҳои илмӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати эҳё ва таҳкими анъанаҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид.

   Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикоти директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров (АМИТ), доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар ва директори Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков (АМИТ), доктори илмҳои биологӣ Абдулназаров Абдулназар расман оғоз ёфт.

   Қаландариён Ҳ. С. зимни суханронии худ аҳамияти таҳқиқи этимологии калимаи «Сада»-ро таъкид намуда, зикр карданд, ки дар сурати таҳлили решаи вожа аз лиҳози этимологӣ бисёр паҳлуҳои арзишманди ин ҷашни ниёгон барои мо равшантар мегарданд ва бархе саволҳои марбут ба маъно, рамз ва ҷойгоҳи Сада дар низоми фарҳанги миллӣ метавонанд посухи мушаххас пайдо кунанд. Устод гуфтаҳои худро бо истинод ба абёти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ тақвият бахшида, Садаро ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо рӯшноӣ, гармӣ ва неруи созанда шарҳ дод. Ҳамзамон, оид ба сарчашма ва пайдоиши ҷашни Сада як силсила ғояҳои ҷолибу дорои аҳамияти таҳқиқотӣ пешниҳод намуданд, ки бар пояи муқоисаи далелҳои манобеи таърихӣ, ишораҳои адабӣ ва таҳлилҳои забоншиносӣ ба шарҳи генезис ва густариши ин суннати куҳан равона гардида буданд; муҳим он аст, ки чунин дидгоҳҳо то имрӯз дар сарчашмаҳои адабӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба ин шакл ба таври мукаммал матраҳ ва во нахӯрдаанд.

   Директори Институти биологии Помир, доктори илмҳои биологӣ Абдулназаров Абдулназар, қайд намуданд, ки арзиши ин ҷашн аз қадимулайём дар соҳаи кишоварзиву зироаткорӣ мақоми хоса дошта, он ҳамчун паёми оғози гармӣ ва бедории табиат барои деҳқон рамзи умед ба соли ҳосилхез, фаровонии ризқ ва муваффақияти корҳои саҳроӣ маҳсуб мешуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки Сада на танҳо ҷашни маросимӣ, балки таҷассуми таҷрибаи ҳазорсолаи мардум дар шинохти гардиши фаслҳо, эҳтироми табиат ва фарҳанги меҳнат мебошад; ҳамин гуна анъанаҳо имрӯз низ метавонанд дар таҳкими маърифати экологӣ ва муносибати масъулона ба сарватҳои табиӣ нақши муассир дошта бошанд.

   Ҳамчунин аз номи муовини Раиси ВМКБ Амирбекзода Ҳабибулло суханони табрикотӣ садо дода, ҷойгоҳи Садаро ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва мероси маънавии тоҷикон таъкид намуданд. Ӯ иброз доштанд, ки эҳё ва гиромидошти чунин ҷашнҳои бостонӣ барои пойдории ваҳдати фарҳангӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва ҳифзи мероси ғайримоддӣ аҳамияти калон дорад, ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ дар ин самт метавонад ба муаррифии арзишҳои миллӣ дар сатҳи ҷомеа ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

   Таъкид гардид, ки маҳз арзишҳои нодиру мардумии Сада сабаб шуданд, ки ин ҷашн дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардад. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо саъйу талоши Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Сада зимни баргузории иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касенеи Ҷумҳурии Ботсвана (аз 5 то 9 декабри соли 2023) расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардид.

   Дар ҷараёни мизи мудаввар маърӯзаҳои зерин шунида ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

   Исмоилов Мутриб, номзади илмҳои кишоварзӣ, котиби илмии Институти биологии Помир, дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Сада: рамзи ҷовидонаи хуршед, оташи муқаддас ва нек омадани баҳор барои кишоварзӣ» Садаро аз дидгоҳи табиатшиносӣ ва кишоварзӣ маънидод намуд. Ӯ нишон дод, ки ин ҷашн ҳамчун нишонаи оғози гармӣ ва ҳаракати нави табиат дар тафаккури мардумӣ бо умеди ҳосили нек ва баракати ризқ пайванд дорад. Баромадкунанда ҳамчунин таъкид кард, ки арзишҳои Сада метавонанд имрӯз ҳам барои тақвияти маърифати экологӣ ва муносибати масъулона ба замин аҳамияти амалии худро нигоҳ доранд.

   Шоинбеков Аловидин, ходими калони илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, дар маърӯзаи «Ҷашнҳои мушобеи Сада» масъалаи ҳамсонӣ ва умумиятҳои ҷашни Садаро бо баъзе суннатҳои ҷашнӣ дар фарҳангҳои минтақаӣ таҳлил намуд. Ӯ хусусиятҳои маросимӣ, унсурҳои рамзӣ ва заминаҳои таърихии чунин ҷашнҳоро муқоиса карда, ба нақши онҳо дар ҳифзи хотираи фарҳангӣ ва пойдории ҳувияти миллӣ ишора кард. Дар натиҷа, баромад як тасаввури фарохтарро аз ҷойгоҳи Сада дар низоми ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод пешниҳод намуд.

   Қудратбекова Нилуфар, мудири шуъбаи чорводорӣ ва чарогоҳҳои Маркази илмии кишоварзии Помир (Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон), дар маърӯзаи «Сада – мужда диҳад аз Наврӯз» робитаи мантиқии Садаро бо давраи омодагӣ ба Наврӯз ва оғози фасли кори саҳроӣ шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар фарҳанги анъанавӣ Сада барои аҳли чорводорӣ ва кишоварзӣ як навъ “нишонаи тақвимӣ” буда, ба танзими корҳои хоҷагидорӣ, истифодаи чарогоҳҳо ва тадбирҳои мавсимӣ мусоидат мекард. Баромадкунанда ҳамчунин ба аҳамияти эҳёи суннатҳои дурусти муносибат бо чарогоҳ ва табиат дар шароити имрӯз ишора намуд.

   Тошмамадова Фарзона, ходими хурди илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, дар маърӯзаи «Инъикоси ҷашни Сада дар роман “Сарои санг”-и Ато Мирхоҷа» паҳлуҳои адабӣ ва бадеии ин ҷашнро баррасӣ кард. Ӯ нишон дод, ки чӣ гуна унсурҳои Сада — рамзҳои нур, оташ, гармӣ ва умед — дар матни роман ба ҳайси василаи ифодаи ҷаҳонбинӣ ва хотираи фарҳангӣ истифода шудаанд. Баромад таҳлили далелноки пайванди ҷашн бо тасвирҳои фолклорӣ ва маъноофаринии бадеиро пешниҳод намуд.

   Мизи мудаввар бо мубодилаҳои илмӣ, саволу ҷавоб ва баҳсу баррасӣ дар бораи ҷойгоҳи ҷашни Сада дар ҳаёти инсон, арзишҳои ин ҷашни бостонӣ дар фарҳанги кишоварзӣ ва инъикоси он дар адабиёти тоҷик аз ҷониби иштирокдорон анҷом пазируфт.