29 апрели соли 2025 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ҲАМЧУН ПАРАДИГМАИ НАВИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ: ХУСУСИЯТҲО, ТАМОЮЛҲО ВА ТАТБИҚИ ИМКОНИЯТҲО» бо шукуҳ ва сатҳи баланд баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар баён намуда, зарурати рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи технологияҳои навро дар таҳкими пояҳои иқтисодиёти миллӣ ва рушди ҷомеа таъкид намуданд.
Қисмати маърӯзаҳо бо баромадҳои сатҳи баланд ва муҳтавои илмӣ оғоз гардид.
Сайфуллоева О.А., ходими калони илмӣ, дар мавзӯи «Барномаҳои хурд ва усулҳои инноватсионии технологияҳои рақамӣ дар идоракунии системаи маориф» суханронӣ намуда, роҳҳои татбиқи технологияҳои рақамиро дар низоми таҳсилот муаррифӣ намуданд.
Елчибеков Хушбахт, мутахассиси соҳаи бонкдорӣ, маърӯзаи «Пешрафти рақамисозӣ: вазъи кунунии хизматрасониҳои бонкӣ»-ро манзур намуда, имкониятҳои рақамӣ дар рушди хизматрасониҳои молиявӣ ва саҳми онҳо дар иқтисоди муосирро шарҳ доданд.
Наврузбекова Ф.И., роҳбари Console Academy, дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи зеҳни суннӣ: ChatGPT дар ҳаёти шахсӣ ва кори ҳаррӯза» доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар самаранокии фаъолияти шахсӣ ва корӣ маърӯзаи ҷолибу омӯзанда пешниҳод карданд.
Ҳар як маърӯза бо муҳокимаҳои фаъоли илмӣ ва саволу ҷавобҳои ҷолиб давом кард.
Иштирокчиёни конференсия, ки бештар аз донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон иборат буд, бо саволҳои мушаххас ва баҳсҳои созанда ҷараёни конференсияро ғанӣ гардонд. Мавзӯъҳои муҳокимашуда аз масъалаҳои ҷорӣ ва мубрами рушди рақамисозии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фарогир буданд.
Натиҷаҳои асосии конференсия умедбахш ва таъсиргузор арзёбӣ мегарданд.
Эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва зарурати ҳамқадам шудан бо ҷаҳони рақамӣ яке аз паёмҳои аслии конференсия гардид.
Мавзӯъҳои баррасишуда барои ташаккули ҷомеаи инноватсионӣ ва рақобатпазир дар заминаи бозорҳои ҷаҳонӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.
Конференсияи имрӯза нишон дод, ки рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон на танҳо як зарурат, балки шарти асосии пешрафти устувор ва фарогири кишвар мебошад.
Ҳамчунин, таҷрибаи созанда ва муҳокимаҳои омӯзанда заминаи хубе барои ташкили чорабиниҳои минбаъдаи илмӣ ва амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фароҳам овард.