wrapper

Тоҳир Садоншоев - Нозири калони кадрҳои Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ

 

Як соли руйдодҳои таърихию фарҳангии кишвар!

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.

    Бешак, соли сипаришаванда аз чанд ҷиҳат барои миллати мо ва кулли сокинони Ҷумҳурӣ таърихӣ ба шумор меравад. Пеш аз ҳама, дар ин сол дастовардҳое бузург дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба даст оварда шудаанд. Барои мисол, аниқ гардидани сарҳади давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя – ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон аз зумраи он дастовардҳои сиёсие мебошанд, ки барои амнияти оммаи мардуми мо ва мардумони кишварҳои ҳамсоя аҳаммияти махсус дорад. 

    Дар ин сол, 10 декабр зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар ш. Деҳлии Нав номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” қабул шуда он ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Ин сана аз муҳимтарин ҳодисаҳои фарҳангии мо аст, ки аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо намуд. Инчунин, ташкили 700-солагии шоири бузурги Шарқ - Ҳофизи Шерозӣ дар Женева ва таҷлили бузургдошти ӯ дар Душанбе бо иштироки намояндагони мамлакатҳои гуногун аз он дигар ибтикороти фарҳангӣ мебошанд, ки дар соли 2025 амалӣ гардиданд.

     Ва аз ҳама муҳим, соли 2025 дари даромадро ба муҳимтарин санаи сиёсии давлати мо – 35-умин солгариди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз мекунад.

     Ҳамаи ин ибтикорот бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шуда истодаанд.

     Назр афкандан ба таърихи начандон тӯлонии истиқлолияти кишвар нишон медиҳад, ки дар тули 34 соли Истиқлолияти мамлакат ва 28 соли Ваҳдати миллӣ мардуми сарбаланди тоҷик маҳз бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Заминаро барои ин пешравиҳо сулҳу ваҳдат, амониву осоиштагӣ фароҳам овардаст, ки аз муҳимтарин амалҳои Сарвари давлат ба шумор меравад. Дар он давлате, ки сулҳу амонӣ набошад пешравӣ дар он ҷо дида намешавад. Аммо дар солҳои басо вазнин, яъне солҳои 1990, бо ҳукми тақдир ва амри Яздон ба бахти мо - мардуми азияткашида ба сари қудрат марди ҷонфидое омад, ки зиндагӣ ва тақдири мардуми тоҷикро куллан тағйир дод ва номи миллати тоҷикро дар тамоми саёраи замин машҳур гардонд. Ин марди худодод тавонист мардуми парокандаи тоҷикро аз тамоми гӯшаву канори дунё ба диёрашон ҷамъ оварад.

    Мо мардуми сарбаланди тоҷик хушбахт ва сарфароз ҳастем, ки чунин Сарварро ба мо худованд ато намудааст. Дар ин бора суханҳо зиёданд ва ҳар як шаҳрванди кишвар онҳоро бо беҳтарин суханон сабт ва иншо мекунад. Шоирон тавсифи хизматҳои Пешворо бо олитарин тавсифҳо анҷом медиҳанд ва барои мисол, шоир Муҳиддин Пайшанбезода дар як рубоӣ ин мазмунро чунин ҷо додаст:

    Андар тани миллати куҳан ҷон омад.

    Бо ҳукми қазо ва амри Яздон омад.

    Аз баъди ҳазор соли навмедиҳо

    Сомонии нав ба тахти Сомон омад.  

    Оре! Ин суханҳои шоири ширинкалом ҳақиқатан дуруст ва ҳақ ҳастанд. Мо агар ба вазъи ҳозира ва гузашта назар афканему онҳоро муқоиса кунем, мебинем, ки мардуми тоҷик бо ин марди худодод ба чи пешравиҳо ва тарақиёт ноил шуд.

    Дар соли 2025 дар худи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амнияти мардум аз ҳарсола бештар таҳким ёфта, шукуфоии ҳаматарафа таъмин гардид. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар қаламрави Виллоят ва худи шаҳри Хоруғ чандин биноҳои баландошиёна, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, роҳҳо, пулҳои мошингузар ва нақбҳо ба истифода дода шуда, садҳо мушкилии мардумро осон намуданд. Ҳамасола Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки халқи тоҷик, асосан ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи расму русуми бегона нагарданд. Мо мардуми тоҷик таърихи ҳазорсолаҳо, фарҳанги бой, забон ва давлати соибистиқлоли худро дорем. Барои ҳамин мо бояд талош намоем, ки расму оини тоҷикона, сулҳу ваҳдат ва аминияти бадастовардаро аз даст надиҳем ва шукронаи сарзамини аҷдодӣ ва давлати миллӣ кунем.

    Соли 2025 барои ҳамаи мо бо дастовардҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ даромад ва баромадаистодааст. Боварӣ дорем, ки соли дигар ва солҳои ояндаро низ таҳти ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон бо дастовардҳои олӣ паси сар хоҳем кард.