АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ
Бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 дар Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров бо иштироки олимону донишмандон, магистрантон ва докторантони муассиса мизи мудаввар таҳти унвони «Раҳнамо барои рушди устувор» баргузор гардид. Иштирокчиён дар ҷараёни чорабинӣ бардошту таассурот, андеша ва назари худро вобаста ба муҳтавои Паём тавассути маърӯзаҳои пурмуҳтаво баён намуданд.
Доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, дар баромади худ ба аҳамияти таъмини ҳамоҳангии сухан ва амал дар Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Мавсуф таъкид кард, ки қуввати асосии Паёми имсола маҳз дар пайвастагии устувори гуфтаҳо бо натиҷаҳои амалии сиёсати давлатӣ ифода меёбад. Ба андешаи ӯ, ҳамин ҳамоҳангӣ эътимоди ҷомеаро тақвият бахшида, Паёмро на танҳо як санади сиёсӣ, балки роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа дар маҷмуъ мегардонад.
Дар идома доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар бо маърӯзаи ҷолибу пурмуҳтаво таҳти унвони «Инъикоси ифтихори бузурги миллӣ дар суханронии берун аз матни Роҳбари давлат дар Паёми имсола» баромад намуд. Мавсуф зимни суханронӣ таваҷҷуҳро ба он нуктаҳо ва суханони самимиву таъсиргузоре ҷалб кард, ки Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём мустақиман ба мардум иброз медоранд, аммо дар матни расмии Паём пурра инъикос намеёбанд. Ӯ ин гуна суханонро ҳамчун ҷузъи муҳими паёми маънавию эҳсосии Роҳбари давлат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки онҳо дар шуури ҷамъиятӣ эҳсоси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати ҷомеаро тақвият медиҳанд. Ҳамзамон, дар маърӯза масъалаи нақши ҳамин гуфторҳои беруназматнӣ дар таъсирнокӣ ва қуввати иртиботии Паём мавриди таҳлил қарор гирифт.
Номзади илмҳои иқтисод Шоидарвозова Марзия дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Влияние цифровых технологий на условия и уровень жизни» масъалаи нақши технологияҳои рақамиро дар беҳтар шудани шароити зиндагии мардум дар иртибот бо муҳтавои Паёми Пешвои миллат баррасӣ намуд. Ӯ бо мисолҳои кӯтоҳ аз ҳаёти рӯзмарра нишон дод, ки рақамикунонӣ метавонад хизматрасониҳоро осонтару дастрас кунад ва самаранокиро боло барад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар баробари паҳлуҳои мусбат, хатарҳо ва ҷанбаҳои манфӣ низ вуҷуд доранд, аз ҷумла истифодаи нодуруст, вобастагӣ ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ. Дар ҷамъбаст, маърӯзачӣ зарурати муносибати масъулона ва татбиқи оқилонаи технологияҳои рақамиро ҳамчун яке аз самтҳои муҳим, ки дар Паём низ таъкид шудааст, муҳим арзёбӣ кард.
Номзади илмҳои филология Некушоева Шаҳло дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Ояндаи давлату миллат дар дасти илму маориф» ба яке аз масъалаҳои воқеан мубрами замони муосири рақамӣ - таҳкими нақши илму маориф дар рушди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ андешаҳои худро дар партави таъкиди калидии Паёми Пешвои миллат баён карда, нишон дод, ки дар шароите ки технологияҳо босуръат пеш мераванд, ниёз ба инсони босавод, донишманд, соҳибмаърифат ва дорои тафаккури солим боз ҳам бештар мешавад. Маърӯзачӣ таъкид кард, ки муҳтавои Паём маорифро на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун омили калидии амният, иқтисод ва бақои ояндаи миллат арзёбӣ менамояд. Аз ҳамин дидгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи насли масъулиятшинос ва рушди тафаккури интиқодӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад. Дар ҷамъбаст, ӯ бар он назар буд, ки ҳар иқдоме, ки имрӯз дар соҳаи илму маориф анҷом дода мешавад, сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.
Ҳамчунин номзади илмҳои таърих Шоибеков Аловидин бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Паём — василаи ҳамгироӣ» баромад намуда, ба моҳияти муттаҳидсозанда ва ҷомеасозии Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ зимни суханронӣ нуктаҳои муҳими марбут ба рӯйдодҳои таърихию фарҳангии кишварро, ки дар Паём инъикос ёфтаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки чунин таъкидҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва тақвияти ваҳдати ҷомеа нақши муассир доранд. Ба андешаи маърӯзачӣ, Паём на танҳо санади сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳамгироии иҷтимоӣ ва рӯҳбаландсозии мардум дар роҳи рушди устувори кишвар ба шумор меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён муҳокимаи фаъол сурат гирифта, саволу ҷавоб доир шуд. Бо истифода аз вақти иловагӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои судманд ироа гардида, натиҷаҳои баррасишуда аҳамияти чунин мубодилаи афкорро дар таҳкими муҳити илмӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ боз ҳам равшантар намуданд.