ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар, директори Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ
ҲАМОҲАНГИИ СУХАН ВА АМАЛ ДАР ПАЁМИ ПЕШВО
Дар даврони пуртазоду бӯҳронии ҷаҳонӣ дар сулҳу оромӣ зистан ва ба ҷаҳониён паёми сулҳ расондан худ далели равшани он аст, ки сиёсати дохиливу хориҷии мо таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат масири саҳеҳу дурустро ихтиёру интихоб кардааст.
Ба илова, дар шароити шадидан номусоиди байналмилалӣ, ки бисёре аз роҳбарони давлатҳои шарқию ғарбӣ аз имкони расондани паёми орому устувор ба мардум маҳруманд, Паёми Пешвои муаззами миллат ҳамчун намунаи ибратомӯзу сабақбахш барои дигарон ҷилвагар мегардад.
Паёми навбатии Роҳбари давлат, ки аз минбари олии давлатӣ ба мардуми кишвар ироа гардид, аз ҷиҳати муҳтаво ва аҳаммияти сиёсӣ дорои ҷойгоҳи хос мебошад. Хусусияти барҷастаи он дар он зоҳир мегардад, ки паём дар фазои орому осуда ва бо таъмини пурраи амнияти аҳолӣ пешниҳод шуда, дар он натиҷаҳои соли сипаришуда ба таври таҳлилӣ баррасӣ гардида, ҳамзамон самтҳо ва дурнамои рушди соли оянда мавриди арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Паём, ба ҷуз аз он ки ҳамчун барномаи мукаммали давлатдорӣ хизмат мекунад, ҳамзамон ойинаи шаффофи фаъолияти ҳамаҷонибаи Роҳбари Ҳукумат ба шумор рафта, бидуни зиёдагӯӣ ва муболиға сатҳи воқеии дастовардҳо, умеду интизориҳои мардум ва роҳҳои амалисозии зиндагии шоистаи онҳоро инъикос менамояд.
Як сол қабл дар Паёми Роҳбари давлат барои соли 2025 вазифаҳо, ҳадафҳо ва мақсадҳои стратегии рушди кишвар ба таври дақиқ муайян гардида буданд. Имрӯз, бо қаноатмандӣ метавон изҳор намуд, ки мутобиқи муҳтавои суханронии Ҷаноби Олӣ татбиқи ин вазифаҳо таъмин гардида, ҳадафу мақсадҳои муайяншуда ба натиҷаҳои амалӣ табдил ёфтаанд. Ин раванд шаҳодати он аст, ки ҳамоҳангии сухан ва амал таъмин шуда, ниятҳо ба натиҷа ва барномаҳо ба пешрафти воқеӣ пайвастаанд.
Паём бо таҳлили ҳамаҷониба ва изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои назаррас дар самти сиёсати муваффақи хориҷии Ҳукумат оғоз ёфта, дар идома ташаббусҳои Роҳбари давлат дар арсаи байналмилалӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуданд. Ба қавли Пешвои миллат, пазируфта шудани ин ташаббусҳо нишонаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни ироаи Паёми Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ маҷмӯи васеи тадбирҳои муҳиму самарабахши амалигардида мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Натиҷаҳои бадастомада бо такя ба таҳлилҳои амиқи оморӣ ва нишондиҳандаҳои мушаххаси иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ гардида, барномаҳои давлатӣ ва соҳавии дар амал татбиқшуда ба таври муфассал баршумурда шуданд. Ҳамзамон, таъсири мусбати ин иқдомот ба устувории рушди иқтисодӣ, тақвияти иқтидори иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ бо далелҳои мушаххас ва таҳлилҳои илмӣ асоснок карда шуд.
Инчунин дар ин бахш зарурати тақвияти фаъолияти Ҳукумати кишвар дар самтҳои калидии рушди иқтисодию иҷтимоӣ таъкид карда шуд. Аз ҷумла, аҳамияти афзалиятноки густариши технологияҳои рақамӣ ва татбиқи васеи зеҳни сунъӣ, суръат бахшидани раванди саноатикунонӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои транзитӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ, инчунин тақвияти дастгирии соҳибкорӣ ва такмили муҳити сармоягузорӣ бо назардошти талаботи иқтисоди муосир мавриди таъкид қарор гирифт.
Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва махсусан дар кишварҳои мо зарурати он дорад, ки Парламент ба хотири фароҳам овардани заминаи қонунии гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ тадбирҳои дахлдорро қабул намояд.
Дар Паёми имсола масъалаҳои ҳаётан муҳим ва самаранок барои таъмини ҳаёти шоиста, аз ҷумла ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва мутобиқсозии низоми молиявӣ ба меъёрҳои муосир мавриди таҳлил қарор гирифта, инчунин самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат баррасӣ шуд. Механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекӣ, таъсиси корхонаҳои нав бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геология, бартарафсозии талафоти неруи барқ ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, ҳамчунин таҳияи қонун ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои аграрӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2026-2030 таҳти баррасӣ қарор гирифтанд. Илова бар ин, масъалаҳои бунёд ва таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ, дастгирии илму маориф, гузариш ба низоми сарикасӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ, баланд бардоштани маоши кормандони муассисаҳои гуногун ва муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ таҳлил шуда, барои амалӣ гардонидани онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Ба мақсади ҳифзи мероси беназири фарҳангӣ, илмӣ ва тамаддунии мардуми ориёӣ, инчунин барои рушди он ва густариши шинохти ҷаҳонӣ аз арзишҳои волои фарҳангӣ ва таърихии мардуми ориёӣ, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки Конуни тамаддуни ориёӣ таҳия ва қабул карда шавад. Ин пешниҳод ба ҳифзи мероси маънавӣ ва моддии ниёгон, тарбияи насли ҷавон бо арзишҳои волои фарҳангӣ ва таҳкимбахшии ҳувияти миллӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, барои шинохти ҳақиқати таърих ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи фарҳанги ориёӣ, ташкили Маркази байналмилалии Наврӯз ба назар гирифта шуд, ки метавонад на танҳо ҷашни қадимии Наврӯзро ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ дар миёни миллатҳои гуногун муаррифӣ намояд, балки ҳамчун майдони мубодилаи илму фарҳанг ва таҳқиқоти байналмилалӣ дар самти тамаддуни ориёӣ хизмат кунад. Ин пешниҳодҳо боэътимодии Пешвои миллатро дар ҷодаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ нишон медиҳанд ва самараи он метавонад барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун маркази фарҳангии ориёӣ нақши муассир дошта бошад.
Яке аз хабарҳои хурсандкунанда барои кормандони илмии Академияи миллии илмҳо ин буд, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” таъсис дода мешавад. Дар оянда, ин институт мақсад дорад, ба яке аз муассисаҳои пешқадам дар соҳаи илмҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон табдил ёбад ва ба таҳқиқ ва омӯзиши пурраи пиряхҳо, криосфера ва равандҳои обшавии яхпӯшҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ равона шавад. Ин марказ на танҳо аз ҷиҳати илмӣ аҳамияти бузург дошта, балки дар пешгӯии тағйирёбии иқлим, баҳисобгирии захираҳои об ва таҳияи стратегияҳои устувори ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Ба ифтихори ҷашни муҳим ва бузурги 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвият ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ яке аз пешниҳодҳои бисёр саривақтӣ, воқеан асоснок ва стратегӣ мебошад. Ин иқдом на танҳо ба таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат мусоидат мекунад, балки ҳамчун рамзи таваҷҷуҳ ба рушди устувор, ҳифзи мероси миллӣ ва тарбияи насли оянда барои худшиносиву худогоҳии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар анҷоми Паём Ҷаноби Олӣ бо изҳори қаноатмандӣ ва дуои нек ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони кишвар ишора намуд, ки бо доштани фарҳанг ва тамаддуни бостонӣ заминаи устувор барои рушди давлат ва ҷомеа фароҳам аст. Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ фаъолият намоянд, пеш аз ҳама хонаву кошона, кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим, озода ва беҳамто нигоҳ доранд. Танзими муҳити зист ва таъмин намудани зиндагии шоистаи наслҳои оянда на танҳо ҳамчун рисолати иҷтимоӣ, балки ҳамчун саҳми арзишманд ба пойдории давлат ва таҳкими ҳувияти миллӣ мебошад.
Хуласи калом, Паём ҳамчун як матни роҳнамои давлатӣ бар пояи ягонагии маром, мақом ва низом шакл мегирад. Мароми паём дар таъини ҳадафҳои стратегии давлат, арзишҳои миллӣ ва ғояи рушди устувор таҷассум ёфта, самти куллии ҳаракати ҷомеаро муайян мекунад. Мақоми паём, ҳамчун натиҷаи ин маром, ҷойгоҳи онро дар низоми давлатдорӣ ва шуури ҷамъиятӣ таъйин менамояд ва сатҳи баланди масъулияти сиёсӣ ва маънавии давлат нисбат ба миллатро тақозо мекунад. Низоми паём бошад, дар сохтори мантиқӣ, пайдарҳамии таҳлилӣ, барномарезӣ ва қонунмандии пешниҳодҳо ифода ёфта, бо такя ба ҳадафҳои эъломшуда натиҷаҳои амаливу устуворро таъмин менамояд. Бо чунин тартиб, Паёми Президент ба Маҷлиси Олии кишвар намунаи равшани ҳамбастагии маром ҳамчун ғоя, мақом ҳамчун натиҷаи бадастомада ва низом ҳамчун механизми татбиқи онҳо дар амал мебошад.