АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ
Хосият Худоёрбекзода - журналист, унвонҷуйи шуъбаи фолклор
ва адабити Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Баҳодур Искандаров
МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ БАЪД МУСАЛМОН
“Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон”. Гуфтаест, ки имрӯз вирди забонҳост. Ҳар як инсони худогоҳ тибқи фаҳмишу диди хеш ба ин суханҳо баҳогузорӣ намуда, таҳлил менамояд ва аз он ҳикмат мегирад. Ҳамчун фарзанди ин сарзамин, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони азиз ва ҳамчун як модар, ки ояндаи Ватан - ояндаи фарзандону наберагони ману мо аст ва нисбати он беэътино будан наметавонам, мехостам чанд андешаи худро дар таҳлили ин мавзӯъ манзур намоям. Таҳлили бандаи камтарини хокӣ аз нигоҳи як модар аст, диди як бонуе, ки дили ӯ барои ояндаи ҳар як наврасу навҷавони ин сарзамин месузаду метапад.
Нахуст мехоҳам иброз намоям, ки шукронаи ин фазои тинҷу орому обу хоки муқаддасро дорам ва шукронаи он, ки миллати ман дар ин айёми бархурди тамаддунҳо ва геополитикаи тезу тунди ҷаҳон ба сони мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои сиёсии хирадманду дурандеше дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузашти солҳову қарнҳо низ ҳамчун Пешвои миллати тоҷик ёд хоҳад шуд. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анушервони асри 21 аст, Куруши бузурги даврони худ ва ӯро Сомонии сонӣ мегӯянду ватандустии ӯ намунаи олиест баҳри ҳифозати манфиатҳои миллӣ.
Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сухани ҳикматомезро - «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» зимни мулоқот бо ходимони дини мамлакат 9 майи соли 2024 баён намудаанд. Маълум аст, ки мӯътавои ин суханон баёни ҳуввияти миллӣ аст, баёни садоқату арҷгузорӣ ба фарҳанг, забон, таърих ва расму ойинҳои тоҷикона.
«Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон»- садои қалби Пешвои миллати куҳантаъриху некбунён аст ва мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонест, ки бо маънои том қалби ӯ чароғи раҳнамои ҷомеа аст. Дар ин суханон дурандешиву ояндабинии фазои ваҳдаторои Ватан ва манфиатҳои миллӣ таҷассум ёфтаанд.
Инсони худогоҳ ҳеҷ гоҳ ин баёнияро зидди фаҳмишу эътиқоди динӣ қабул кардан наметавонад, зеро дар он ҳикмате аст, ки чун дину ойин баҳри бародарӣ, рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ, осудагиву оромиву сулҳу салоҳи ҷомеа, ки асоси онро ақлу заковат ташкил менамояд, равона аст. Чунончӣ Худованд низ дар ояте мефармояд, ки “...гирмитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст” ва парҳезгорӣ дур будан аз амалҳо ва рафторҳои нодуруст, пайравӣ кардан ба одоб, ахлоқ ва рафтори нек, эҳтироми дигарон ва покии ботин аст.
Олимону коршиносони зиёд ин суханони Пешвои муаззами миллатро аз ҷиҳати илмиву динӣ таҳлил кардаанд, ки ҳоҷат ба такрор нест. Танҳо мехоҳам чун як бонуи кӯҳистон андешаи худро оддитар карда баён созам.
Имрӯз дар ин даврони ҷадид, ки даврони пешрафтатарини таърихи башарият мебошад ва инсон бемамоният ба коинот парвоз мекунаду, Одам худ одамсозӣ дорад, ҳатто зеҳни сунъӣ кашф гардида, дар хизмати инсон қарор дорад, дар бархе аз давлатҳо ҷангҳо дар асоси тафовутҳои эътиқодиву нобаробариҳои мазҳабӣ давом доранд. Давлатҳою тамаддунҳо рӯ ба нестӣ оварда истодаанд, ки сабаби он кашмакашҳои диниву эътиқодӣ мебошанд ва ин амал дар асри 21,- дар ин даврони волоияти ақлу заковат барои фарзанди Ҳазрати Одам нобахшиданист.
Бояд гуфт, ки бештари тоҷикони Тоҷикистони азиз пайрави дину мубини ислом астанд, дар байни онҳо теъдоди гуногуни тоҷикон мутаалиқи равияҳову мазҳабҳои гуногуни ин дини бузург мебошанд. Инчунин тоҷикон пайравони дини насронӣ, яҳудӣ, зардуштӣ низ ҳастанд, ки муқими Тоҷикистон мебошанд. Шояд намояндагони ойинҳою динҳои дигари дунё ҳам дар Ватани азизи ман зиндагӣ доранд, ки инро аниқ намедонам, вале яқинан ҳамаи онҳо аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷодаҳои ҷомеа ҳуқуқи баробарро доранд. Дар эътиқод озод астанд. Ҳамаи онҳо зери ҳимояи Қонуни асосии мамлакат мебошанд. Намояндагони ҳамаи ин дину ойинҳои гуногунро як миллат будани онҳо, тоҷик будани онҳо муттаҳид месозад. Такя на бар бартарияти дине, мазҳабе, ойине ҳаст, балки бартарият дар тақвияти ҳуввияти миллист ва ин аст ҳикмати сухани Пешвои муаззами миллат.
Айёму даврони гузарон гувоҳ аст, ки нотинҷиҳои бештари кишварҳои мусалмоннишин, чӣ дар гузашта ва чӣ дар имрӯз натоиҷи мухолифатҳои динист, инчунин дар боло гирифтани манфиатҳои шахсиву динӣ нисбат ба манфиатҳои миллӣ маънидод аст. Агар манфиатҳои миллӣ омили баҳамоӣ ва ҳамдилӣ шуда натавонанд, манфиатҳои динӣ ҳеҷ гоҳ омили ҳамрайъии эътиқодмандони динҳои гуногуни як ҷомеа шуда наметавонанд ва баръакс мӯъҷиби нофаҳмиҳову норозигиҳо мегарданд, ки билохира ҷомеаро ба шикаст мувоҷеҳ месозанд. Худи дину ойин муҷиби ҷудоандозӣ нест, вале ишора сари фанатизми диниву сатҳи пасти маънавияти эътиқодмандон мебошад. “Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон”-худшиносии миллист ва худшиносӣ як раванди Худошиносӣ мебошад.
Ҳадафи ибрози «Ман аввал тоҷикаму баъдан мусалмон» як тири нишонрас алайҳи бадхоҳону бадбинони миллати тоҷик аст, ки дар пайи ҷудоандозиҳои мазҳабиву динӣ дар Тоҷикистон астанд, вале бар рағми ин бадниятон миллати тоҷик дорои фарзонафарзандест, ки Пешвои кулли тоҷикони ҷаҳон шинохта шудааст, дурандешу хирадманд ва муҳофизи манфиатҳои миллӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин баёния изҳор медорад, ки асоси ҳастии ӯ миллаташ,-тоҷик буданаш аст.
Мо нахуст тоҷикем, дорои таъриху фарҳанги куҳан ва пеш аз дини ақлгарои ислом низ давлату марзу ҳастӣ доштем. Аз ин рӯ худшиносии миллӣ аз дину мазҳаби мо вобаста нест. Мо тоҷикон ғояи бузурги миллӣ дорем, ки асрҳо ғунуда шудааст ва маҳз ин маънавияти бузурги миллӣ боис аст, ки ҳар бор , баъди шикастҳои масири таърих аз нав эҳё мегардем. Замони имрӯза басо ҳассос аст. Айёми муборизаи ғояҳо ва манфиатҳост. Барои дар гӯшаи фаромушии аҳли башар намондан, айёми худмуаррифиҳост. Арзишҳои волои инсонӣ, ки тарбиятгари аҳли ҷомеа мебошанд, дар ҳар давру замон тибқи муҳимияти худ ҳамеша пируз ҳастанд ва мо - тоҷикон низ дар ин ҷода неруманд ва пируз ҳастем, зеро фарҳанги миллати мо таъсиргузор ба фарҳнги умумибашарист. Наврузи мо, чакану адрасу атласи мо ҷаҳонӣ шуд. Пиряху обу кӯҳу роҳҳои мо, табиату ҷойҳои қадимаю таърихии моро ҷаҳониён таваҷҷуҳ доранд ва ин тоҷикияти мост. Дорои забон, хат, либоси миллӣ, урфу одат, гӯишҳои бузурги мардумӣ астем ва ин низ тоҷикияти мост.
Тибқи касбу корам, ки фаъолияти журналистӣ дорам, ҳамеша бо мардум-сокинони шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар сӯҳбат астам ва борҳо дар ин мавзуъ нақлу андешаронӣ низ намудаем. Аз афкору гуфтори ҳамсӯҳбатони хеш хулоса баровардаам, ки мардуми ин минтақаи куҳӣ, - тоҷикони асилу худогоҳ бо чунин андешаҳои Пешвои сиёсии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамфик астанд, комилан дастгиру ҷонибдор мебошанд. Хуб дарк доранд, ки ҳадафи ниҳоии ин гуфта, мутаҳҳид намудани мардуми кишвар мебошад; сарҷамъ намудани намояндагони дину ойинҳои гуногун зери як ғояю манфиати умумимардумӣ ва миллӣ.
Набояд фаромӯш сохт, ки ин таъкид аз забони инсоне гуфта шудааст, ки дар ин асри ҷаҳонишавии тезу тунд ва марҳилаи нави тақсимоти ҷаҳон дорои мавқеи устувор мебошад ва ҳар як сухани ӯ дар арсаи байналмиллалӣ вазн дорад; инсоне, ки барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ шаҳкитоби бузуги “Тоҷикон”-ро барои ҳар як хонадон эҳдо намудааст; барои афзун намудани ҳисси ватандорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ “Шоҳнома”-и безаволро барои мардум тақдим кардааст.
“Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон” ҳадафмандона гуфта шудааст. Ин таъкид на танҳо барои миллати тоҷик гуфта шудааст, балки барои гӯши шунавои кулли мардуми ҷаҳон; ин сухан гӯшрас намудани тамоми нерӯҳои некхоҳу бадхоҳро аз он лиҳоз, ки миллати тоҷик муттаҳид аст ва дар ин даҳри таззодҳо медонад чӣ амал барои манифати миллист, чӣ кор кунаду ба куҷо равона бигардад.
Аҳсан ба чунин падари миллат, Пешвои сиёсии тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Чун як модари диёри кӯҳҳои Ватан хоҳарона дуояш мекунам ва самимона аҳсан мехонам.