wrapper

Маҷмуаи мақолаҳои "Дар синаҳои мардуми ориф мазори ӯст" як ганҷинаи муҳими адабист, ки ба зиндагӣ ва эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон - Мирсаид Миршакар бахшида шудааст. Дар китоб зиндагии шоир, аз зодгоҳаш дар кӯҳистоии Бадахшони Тоҷикистон то ба даст овардани унвони баланди давлатӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, ба таври хронологӣ оварда шудааст, ки раванди рушди эҷодии ӯро ба таври муфассал баррасӣ мекунад. Китоб мавзуъҳои гуногуни адабӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла тарбияи ватандӯстӣ дар ашъори бачагона, тасвири зебоии деҳаю Ватан, орзуву ормонҳои мардуми кӯҳистон баҳри зиндагии шоиста, ифтихори миллӣ ва дигар мавзуъҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва инсонгароиро фарогир аст. Ин мавзуъҳо ва гояҳо дар ҳар давру замон аз ҷихати таърихӣ ва иҷтимоӣ муҳим ва арзанда буда, дар паёму ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста муаррифӣ ва таъкид мегарданд. Ҳамчун манбаи бебаҳо ва раҳнамо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои волои миллии тоҷик барои наслҳои ҷавон хизмат мекунанд.

Китоби мазкур манбаи бебаҳои илмию маърифатӣ буда, дар ташаккули тарбияи инсонсолорӣ, тақвияти ифтихор аз рушду пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ва ҳифзи арзишҳои бузурги умумимиллӣ хизмат мехунад. Дар баробари мероси адабӣ ва таърихӣ буданаш, китоби мазкур барои омӯзгорону муҳақкиқон дар рушди ҷомеаи муосир ва омӯзиши ҳаёту эҷодиёти шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ҳамчун маводи роҳнамо муҳим арзёбӣ мегардад.