wrapper

Навидҳои рӯз

Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таҳти унвони “Неруи илм”

Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таҳти унвони “Неруи илм”

Сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар таърихи 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст, ҳамеша дар ҳолати тавсеа қарор дошта, ҳайати аъзоёни он ҳаррӯза зиёд мегарданд. Афзоиши шумораи аъзои ин ҳизб нишондиҳандаи мақоми хуб ва эҳтироми он дар ҷомеа аст.

Имрӯз як ташкилоти ибтидоии дигари ин ҳизб дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Неруи илм” бо 22 нафар аъзои навворидгардида  таъсис ёфт.

Дар чорабинии таъсисёбии ташкилоти ИИГ АМИТ директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ишора ба аҳамияти чунин ташкилотҳои ибтидоӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо ба ҳайси асоси як ҳизби сиёсӣ такондиҳандаву таблиғгари сиёсати давлат мебошанд.

Ҳамчунини дигар дар чорабинӣ Раиси ҲХДТ дар сатҳи шаҳри Хоруғ Париноз Азизӣ дар баромади худ аъзоёни нав интихобшуда ба ҲХДТ-ро табрику таҳният намуда, оиди зиёд намудани сафи ташкилоти навбунёди “Неруи илм” аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва ашхоси арзанда, инчунин сидқан талош намудан барои тарбияи насли наврас ибрози ақида намуданд.

Дар доираи чорабинӣ Раиси ташкилоти ибтидоии “Неруи илм” ва муовини раис тасдиқ гардида, кортҳои ҳизбӣ дар як фазои тантанавӣ ба аъзоён тақдим гардиданд. 

 

Муфассал ...

Бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.

Д.и.и. Ҷонмамадов Ш.Б.

 

Бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.

 

   30 май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

   Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

   Чунонки дар му­лоқот таъкид гардид, соҳаи маориф ва илм дар сиёсати маърифатпар­варонаи Пешвои миллат ва Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бартарӣ дошта, илм ба масобаи “яке аз омилҳои асосии рушди кишвар” ва олимон ҳамчун “захираи бузурги зеҳнии ҷомеа” эътироф гардида, ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва “беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм ҳамаи имкониятҳо” муҳайё гардидаанд. Дар ин росто Президенти кишвар қайд карда буданд, ки: “Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.

   Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд”.

   Масъалаи нигаронкунандаи дигар ва мубраме, ки дар мулоқот аз ҷони­би Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, ба тақозои замон ҷавобгӯ набу­дани вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯйи баъзе ихтисосҳо мебо­шад. Дар ин росто президенти кишвар қайд карданд, ки “дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”.

   Дар ин замина таъкид шуд, ки “санҷиши вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул карда шудааст. Вале, аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 нафар докторант рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст”.

   Идомаи суннати устоду шогирд яке аз масъалаҳои муҳимми дигарест, ки дар мулоқот таъкид шуд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”. Дар ин росто  пешниҳод шудани ду меъёри зерин “дар арзё­бии фаъолияти илмии ҳар як олим, махсусан, доктори илм” асосу асл ва комилан дурусту мантиқист: а) “посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисо­дию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар” будани натиҷаҳои таҳқиқот; ва б) “тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. 

   Дар мачмӯъ, ҳамин нуқтаро қайд менамоям, ки ин суханронии  таърихӣ барои аҳли зиёи кишвар дастури раҳнамо қарор гирифта, ба пешрафти илму маориф, рушди тафаккури техникиву технологӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи тоҷикистонӣ мусоидат хоҳад кард

 

                                                                                                      

Муфассал ...

ТАШАККУЛЁБИИ ИЛМИ МУОСИРИ ТОҶИК

Шакармамадов О. ходими илмии шуъбаи

фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ

ба номи академик Б. Искандаров

 

ТАШАККУЛЁБИИ ИЛМИ МУОСИРИ ТОҶИК

    Агар ба таърихи начандон дур назар афканем ҳануз зиёда аз сад сол пеш муҳаққиқону сайёҳҳони хориҷ ба таърих, забон, расму оин ва уруфу одати, фарҳанги бои қадимии халқи тоҷик таваҷҷуҳи калон зоҳир намуда, ба ҷамъоварию омўзиши ин сарвати пурғановати маънавӣ шуруъ намудаанд.

    Нахустин муҳаққиқони рус дар Осиёи Марказӣ аз ин анъанаҳои илмии халқи тоҷик бохабар буданд ва дар солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ масъалаҳои муҳимтарини тарққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани дараҷаи маориф ва илмро ба нақша гирифтанд. Соли 1924 дар Тошканд “Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои Эрон” ташкил гардид. Дар маҷлиси якуми муассисони Ҷамъият олимони намоён, ба монанди географ  ва сайёҳ Н. Л. Корженевский, муаррих А. А. Семёнов, филолог ва этнограф М. С. Андреев ва дигарон шомил буданд. Шарқшиноси барҷастаи рус В. В. Бартолд, ки дар омузиши таърихи халқи тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст, аъзои фахрии ин Ҷамъият шуд. Фаъолияти Ҷамъият, ки аз соли 1925 то 1929 идома дошт, барои омӯзиши сарватҳои табиӣ, таърих, мардумшиносӣ, забон ва адабиёти Тоҷикистон аҳамияти калон дошт.

    Конфронси байналмилалии илмӣ, ки соли 1999 дар шаҳри Санкт-Петербург дар мавзуи “1100 солагии таъсиси Давлати Сомониён” гузаронида шуд, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаи худ маҳз саҳми ин муҳаққиқонро дар рушди илми тоҷик ишора карда гуфтанд, ки “тоҷикон ҳеҷ гоҳ хизмати бузурги олимони рус аз қабили В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, А. П. Окладников, И. С. Брагинский ва дигаронро аз ёд намебароранд”.

    Илми муосир дар Тоҷикистон аз аввалин экспедитсияи, ки дар солҳои 20-30-юми асри сипаригишата гузаронида шуда буд, сарчашма мегирад. Экспедитсияи комплексӣ, ҷидду ҷаҳди геологҳо, биологҳо, иқтисодчиён ва олимони дигар ихтисосро, ки дар он солҳо дар ҳудуди Тоҷикситон фаъолият доштанд, муттаҳид намуда, дар натиҷа маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ гардид, ки минбаъд барои пажуҳиши перспективӣ ва мақсадноки илмӣ ҳамчун асос хизмат намуданд. Онҳо доим баъд аз худ секторҳои базавиро боқӣ мегузоштанд, ки дар оянда онҳо ба марказӣ илмӣ табдил меёфтанд. Ҳамин тавр, соли 1932 базаи тоҷикистонии АИ ҶИШС ташкил карда шуд, ки он соли 1941 ба филиали тоҷикистонии АИ ҶИШС табдил дода шуд. Мартабаи филиал аз база бо он фарқ мекард, ки ба он институтҳои алоҳида дохил шуда метавонистанд. Масалан, Институтҳои таърих, забон ва адабиёт, геология, зоология, ботаника дар асоси ҳамон секторҳои амалкунанда таъсис ёфта буданд.

    Дар ибтидои солҳои 50-уми садаи 20 маълум шуд, ки иқтидори илмии Тоҷикистон аз статуси филиалӣ доштааш болотар рафт ва роҳбарияти ҳамонвақтаи Ҷумҳурӣ бо сардории академик Бобоҷон Ғафуров дар назди Маскав масъалаи оиди таъсис додани Академияи илмҳо гузоштанд.       

    Дар ин давра илми тоҷик аз ҷиҳати методологияи омўзишу таҳқиқот дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар радифи илми пешрафтаи ҷаҳон қарор гирифта буд.

    Сессияи якуми Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, ки 14 апрели соли 1951 баргузор гардид, ба фаъолияти он ибтидо гузошт. Нависандаи барҷаста ва олими маъруф устод Садриддин Айнӣ аввалин президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Ва ин боиси рамзӣ ҳам буд, зеро илми тоҷик, ки аз Ависенна оғоз ёфт, аз ин пайроҳа берун нарафата минбаъд ҳам бо ҳамин роҳ идома хоҳад дод.

    Ташкил ёфтани Академияи илмҳои Тоҷикистон яке аз қадамҳое муҳиме буд дар кори ба вуҷуд овардани самтҳои нави инкишофи илмҳои бунёдӣ ва амалӣ бо назардошоти масъалаҳои васее, ки онро пешравии иқтисодиёт ва инкишофи фарҳангу маориф тақозо мекард.

    Дар солҳои аввали Истиқлолият “доктрина”-и рушди илм дар Тоҷикистонро аз сари нав дида баромадн лозим буд. Лоиҳаҳои илмии олимони тоҷик, ки то аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як ҷузъи барномаи калон ба ҳисоб мерафт, дигар имкони баррасӣ карданро надошт. Дар ин давра афзалиятҳои тадқиқоти илмӣ низ тағир ёфтанд. Лекин пеш аз ҳама сохтори системаи илмиро ҳал кардан лозим буд ва дар мадди аввал Академияи илмҳоро. Аз ин ҷиҳат 29 феврали соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳо мулоқот намуд. Бо эъломи муқаррароти асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва технологияи муосир Эмомалӣ Раҳмон аз аъзоёни Академияи илмҳо даъват кард, ки аз масъулияти таърихии худ берун нараванд, ҳамеша омода бошанд то ин бори гарони шаҳрвандӣ ва илмиро бар дӯши худ бигиранд.

    Ҳадафу вазифаҳои илм дар шакли “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, баррасӣ ёфтаанд.

    Мақсади “Стратегия” аз он иборат аст, ки системаи самарабахши дастгирии давлат ва рушди илмро таъсис диҳад, то ки диққати неруи илмро барои самтҳои аввалиндараҷаи тадқиқоти илмӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тезонидани ташаккулёбии инфрасохтори инноватсионӣ ва дар амал истифода намудани онҳо равона созад.

     Вақте ки сухан дар бораи инноватсия дар соҳаи илм меравад, мо бояд дарк кунем, ки инноватсия фаъолиятест барои татбиқ намудани кашфиёти илмӣ дар саноату истеҳсолот равона шудааст. Маҳз бо роҳи ба талаботи истеҳсолот наздик кардани илм бозори умум ҳам барои илм ва ҳам барои истеҳсолот имконпазир мегардад. Фаъолияти инноватсиониро метавон ба се марҳила тақсим кард. Аввал, тавлиди ихтироъоти илмии бунёдӣ, дуйум татбиқи ин кашфиётҳо дар сатҳи амалӣ намудани ин ҳадфҳо ва охирон натоиҷи ин кашфиётҳо истеҳсоли маҳсулоти мушаххас ва фурӯши он ба истеъмолкунанда мебошад. Чунин таҷрибаро дар кишварҳои мутараққӣ истифода мебаранд ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин самтро пеш гирифта истодааст. Ҳалли ин гуна вазифа зоҳиран хеле мушкил аст ва бешубҳа, на танҳо сафарбар кардани қувваҳои худ, балки дастгирии ҷиддии давлатро низ тақозо мекунад. Ва чунин дастгирӣ дар “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология” дида мешавад. Он баҳри баланд бардоштани дараҷаи таъсири илм ва техника ба тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, мустаҳкам намудани иқтидори илмӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои инкишофи минбаъдаи тадқиқоти илмӣ нигаронида шудааст. Дар ин ҳуҷҷати асосӣ таъкид карда мешавад, ки истифодаи захираҳои зеҳнӣ ва ташаккул додани базаи илмӣ-техникӣ яке аз вазифаҳои муҳимми умумибашарӣ буда, ба вуҷуд овардани технологияи рақобатпазир, талаботи истеҳсолот, бизнес, соҳибкорон ба кашфиётҳои илмӣ, ташкил намудани шароити мусоид барои тайёр намудани олимони ҷавон ва мутахассисон, боло бардоштани неруи зеҳнии ҷомеа ба он дараҷае, ки барои тараққиёти кишварамон ва ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мусоидат кунад.

 

Муфассал ...

Забондонӣ – роҳкушои ҳаёти имрӯзу фардо

Зоолишоева Ш.Ф.

 Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, аз 30.05.2024, ш.Душанбе.

 

Забондонӣ – роҳкушои ҳаёти имрӯзу фардо

 Илму маориф, ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа, ҳама вақт дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон дар мадди аввал меистанд. Ва дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли илму маориф, Пешвои миллат олимонро “Захираи бузурги зеҳнии давлат” номида, таъкид намуданд, ки онҳо бояд дар пешрафти ҳамаҷонибаи давлат ва ҷомеа саҳми арзишманди худро гузоранд: “Дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад”.

 Дар баробари баррасӣ шудани дигар масъалаҳо, масъалаи аз ҳама муҳим, ин аз худ кардани забонҳои русӣ ва ангилисӣ буд. Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки маҳз забондонӣ роҳкушоест барои беҳбудии зиндагӣ ва тарақиёти давлату ҷомеа.

 Бояд гуфт, ки дар баробари ба забономӯзи даъват кардани аҳли ҷомеа, Пешвои миллат аз гиромидошти забони тоҷикӣ - модарӣ доимо суханҳои беҳтаринро ироа мекунанд: “Мо бояд забони шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳо ҳифз кунем..”.

 Барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, лозим ва муҳим аст, ки забони давлатиро ҳаматарафа аз худ кунанд, то ки дар аз худ кардани забони хориҷӣ бо мушкилие дучор нашаванд.

 Омӯзиши забонҳои хориҷӣ англисӣ ва русӣ ин талаботи замонӣ муосир аст, чунки ин забонҳо пояи забони техника ва технология ҷаҳонӣ мебошанд, ва ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин масъала тамоми шароитҳои замонавиро муҳайё сохтаанд.

 Қобили қайд аст, ки дар муддати чанд соли охир, барномаҳои давлатии Вазорати маориф такмил ёфта, дар баланд бардоштани сатҳи забондонии аҳолӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Пешрафти асосӣ дар ин ҷода, дар ташкил кардани барномаи “Кӯдакии барвақт” ё “Маркази инкишофи кӯдакони синни то мактабӣ” дида мешавад. Мақсад ва вазифаи асосии ин барнома тайёр кардани бачагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ва асосан, аз худ кардани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Ин гуна барномаҳо ҳамҷун поягузор дар ин самт фаъолият мекунанд. 

 Барои такмил ва равнақ додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ барномахои таълимии мактабҳои миёна низ мунтазам, пурра ва муккамал гардида истодаанд ва аксари хатмкунандагонӣ ин боргоҳи маърифат, мактабро ҳамчун забондони забонҳои англисӣ ва русӣ хатм мекунанд. Ва имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавонони кишварамон дар беҳтарин мактабҳои олии чаҳон таҳсили илм мекунанд. Ва дар оянда чун кадрҳои баландихтисос ба халқу Ватани маҳбубамон хизмат хоҳанд кард.

 Хушбахтона имрӯзҳо, на танҳо хонандагони муассисаҳои давлатӣ, балки тамоми шаҳрвандони мамлакат низ имконияти интихоби аз худ кардани забонҳои хориҷӣ - ба монанди: забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, форсиву арабӣ, ҷопонӣ ва хитоиро доранд.

 Донистан ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, дар ҳақиқат муҳим ва ниҳоят дараҷа зарур мебошад: аввалан, барои муккамал кардани илму дониши касбии худ, дувум, барои огоҳӣ ёфтан аз фарҳангу маданияти дигар халқҳо, савум, бе ягон мамоният тарҷума ва навиштани китобу мақолаҳои илмӣ ва ғайра.

 Вале, мутаассифона, на ҳама ба забономӯзӣ диққати зарурӣ медиҳанд. Ҳатто олимон ҳам, одатан бо донистани як забонӣ хориҷӣ қонеъ мегарданд. Пешвои мамлакат дар ин бора дар баромадаш таъкид карда гузаштанд, ки: “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд.

 Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб машавад”.

 Лекин, ногуфта намонад, ки дар баробари камбудиҳо, пешравиҳои назаррас ҳам дар забоншиносӣ ва забондонӣ мавҷуданд. Бисёр олимони забондонӣ мо, пеш аз ҳама ҳамчун муаллим, баъзеҳо ҳамчун тарҷумон барои халқу ватани худ хизмат мекунанд. Тарҷума кардан ва тарҷумон будан ҳам, ин як масъулияти ниҳоят дараҷа баланд аст. Зеро, онҳо халқу миллатҳои дигарро бо  фарҳангу тамаддуни мо ошно месозанд.

 Бояд қайд намуд, ки  тарҷумонони номдори ватанамон, аз ҷумла д.и.ф. профессор, узви Иттифоқи тарҷумони кишварҳои ИДМ ва Балтика Давронов Абдувалӣ Усмонович (тарҷума аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ, аз забони арманӣ ба тоҷикӣ, аз забони доғистонӣ ба тоҷикӣ), забоншинос, нависанда ва  тарҷумони забони арабӣ Уктами Холиқназар, нависанда ва тарҷумон русӣ-тоҷикӣ Абдуғаффор Абдуҷаббор, д.и.ф., луғатнигор ва тарҷумони тоҷик профессор Мамадназаров А., д.и.ф. профессор Правона Ҷамшедов ва дигарон, ки дар тарҷумаи маводҳои илмӣ, умуман китобҳо, саҳми арзанда гузоштаанд ва ин хизматҳои илмии онҳо, аз мадди назарӣ Пешвои миллат дур нестанд.

 Масалан, корҳои тарҷума кардаи профессор, доктори илмҳои филологӣ, луғатнигор ва тарҷумони тоҷик Парвона Ҷамшедов далели ин гуфтаҳо мебошанд, ки Устод, тавонистанд, бо маводи тарҷумакардааш, чаҳониёнро бо забон, таърих, фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошно созад.

 Устод Парвона Ҷамшедов китоби 2 ҷилдаи “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Нигоҳе дар таърихи тамаддуни ориёи” - и роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “Ориён: фарҳанг ва тамаддун"- и Мухсин Умарзод, “Наврӯзнома”- и Умари Хайемро аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума кардааст, ки ин нишонаи хизмати шоистаи Устод ба Ватан ва миллат мебошад. 

 Дар охир бояд, қайд кард, ки дар ҳақиқат забондонӣ воситаи муҳимест, барои барқарор кардани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона байни халқу миллатҳои дунё на танҳо дар соҳаи илму маориф, балки барои ривоҷу равнақи тиҷорату сайёҳӣ низ хеле муҳим мебошад. Ва умед аз он дорем, ки тамоми маъсулини корхонаву идораҳо, ва асосан, ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайравӣ намуда, ба аз худкардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Муфассал ...