БА ГИРОМИДОШТИ ЗОДРӮЗИ УСТОД ХАЁЛБЕК ДОДИХУДОЕВ: ҶОЙГОҲИ ИЛМӢ ВА РИСОЛАТИ МАЪНАВИИ ЯК МАЪРИФАТПАРВАРИ БАРҶАСТА ДАР ФАЗОИ ФАЛСАФАИ ТОҶИК
Бо эҳсоси андӯҳи амиқ ва эҳтироми баланд, Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров дар рӯзи мавлуди олими барҷаста, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаёлбек Додихудоев (1936–2021), бо камоли хоксорӣ хотираи ин шахсияти илмӣ ва фарҳангиро гиромӣ медорад.
Устод Додихудоев яке аз симоҳои муассири илмии замони муосир, ки бо заҳмати пайваста, диди амиқи фалсафӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ дар ташаккул ва рушди мактаби фалсафаи тоҷик саҳми муассир гузоштаанд. Дар тӯли фаъолияти илмӣ ва идорӣ, устод на танҳо ҳамчун муҳаққиқ ва нависандаи садҳо мақолаю рисолаҳои илмӣ шинохта шуданд, балки ҳамчун устоди бузург, роҳбари ботаҷриба ва шахсияти фарҳангӣ дар хотири садҳо шогирдон ва ҳамкорон боқӣ мондаанд.
Ҳамзамон бо таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи фалсафа, устод Додихудоев дар тӯли ҳаёти бобарори худ вазифаҳои муҳими давлатӣ ва илмиро, аз ҷумла директории Институти илмҳои гуманитарӣ, ректории Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва вазифаҳои роҳбарикунандаи илмӣ дар сохторҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда доштанд. Дар ин масири пурмасъулият устод тавонистанд бо малакаи баланди ташкилотчигӣ ва тафаккури стратегӣ заминаҳои устувори рушду инкишофи илмҳои гуманитарӣ ва фалсафаи муосири тоҷикро таҳким бахшанд.
Фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятии устод бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои олии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ордени «Дӯстӣ», медали «Ветерани меҳнат», унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидаанд, ки гувоҳи саҳми арзишманди эшон дар пешрафти илм ва маориф дар кишвар мебошад.
Имрӯз, дар рӯзи мавлуди эшон, мо бо эҳтиром ва андӯҳи хомӯш аз ёди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, файласуфи равшанзамир ва мураббии шогирдони зиёде, ки имрӯз ҳар кадом дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва ҷаҳон идомадиҳандаи роҳи илмии устод мебошанд, ёд мекунем. Рӯҳи устод ҳамеша равшан ва макони охираташ пурнур бод!
Хотираи устод Хаёлбек Додихудоев дар саҳифаҳои илм ва дар қалби ҳамкасбону шогирдони вафодораш ҷовидона боқӣ мемонад.
Бо эҳтиром,
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров