wrapper

Навидҳои рӯз

НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Некушоева Ш.С. номзади илми филология,

муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти илмҳои гуманитарии ба номи

Б. Искандарови АМИТ

 

НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

       Дар шароити талоши кишвар барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ диққати ҳамаҷониба ба беҳбуди сифати захираҳои зеҳнӣ равона шуда истодааст, ки ин албатта, иқдоми муассир барои рушди ҳамаҷонибаи давлат ва ҳам такмили соҳаи илму маориф хоҳад буд. Ба фикри мо, рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии давлат замоне мумкин хоҳад буд, ки модернизатсияи таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани эҳтибору нуфузи ҳайати педагогии ҳам макотиби таҳсилоти умумӣ ва ҳам олӣ ва тағйир додани муносибати ҷомеа ба  захираҳои зеҳнии давлат фароҳам оварда шаванд.

       Чаро маҳз ба ҳамин критерияҳо барои рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар мо афзалият додаем? Зеро агар маънои мафҳуми рушди устувори давлат тавони бардошт намудани таъсироти манфӣ аз дохил ва беруни кишвар, рушди динамикӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии кишварро дар назар дорад, пас танҳо рушди устувори илму маорифи кишвар метавонад чунин вазъиятро дар давлат муҳайё созад.

       Барои тақвияти ҳамин фикр мехоҳем гуфт, ки нақши илм ва маориф дар рушди устувори давлат бениҳоят бузург аст, ки дар суханронии Президенти кишварамон аз 30.05.2024 ба ин нукта таъкиди махсусе шуда, ироя гардид, ки “... дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”. Чун агар вазифаҳои илму маорифро таҳлил намоем, мебинем, ки маҳз ҳамин вазифаҳо заминае барои рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар хоҳанд буд. Мо дар назар дорем вазифаҳои зерини илму маориф, ки амалӣ намудани онҳо аз пайдарҳамии татбиқ намуданашон вобастагӣ дошта, дар умум онҳо таъминкунандаи рушди устувори тамоми соҳаҳои кишварро муҳайё месозанд:

  1. Маориф ҳамчун омили фарогир: Таъмини таҳсилоти дастрас ва босифат ба ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, коҳиш додани нобаробарӣ ва камбизоатӣ, ки дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ба назари мо, ин вазифаи илму маорифи ҳар давлат аввалиндараҷа маҳсуб меёбад, чун донишомӯзӣ ва маърифатнокии ҳар шаҳрванд таъсиргузор бар рушди устувори кишвар хоҳад буд. Маълум аст, ки ба фарогирии дониш инсон бояд аз овони кӯдакӣ ҷалб гардад, зеро ин айёме ҳаст, ки дониши зиёд бо суръати тез аз худ карда мешавад. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки барои кӯдакон дониши дуруст тавассути усулҳои инноватсионии муосир пешниҳод гардад. Дар акси ҳол, чун кӯдак ба воя расад, тафаккуру ҷаҳонбинии нодурусти ӯро ислоҳ кардан мушкил хоҳад буд. Дар ин асно, роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо ишора ба ду ниҳоди муҳими кишвар – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф таъкид бар он доштанд, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Бо назардошти он, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд гардидани зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада ба қайд гирифта шудааст, бояд сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи педагогӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ баланд бардошта шавад. Зеро кӯдакон бояд аз давраи таҳсилот дар мактаб дониши дурусти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва малакаҳои ба ном “малакаҳои асри XXI” (пешсаф будан, тафаккури интиқодӣ, ҳамкорӣ, уҳдабарорӣ, навоварӣ, муошират, ҳалли мушкилот, ба нақшагирӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва ғ.)-ро гирифта ба донишгоҳои олии касбӣ дохил шаванду он дониши фарогирифтаро дар самтҳои интихобшудаи баъдинаашон сайқал дода тавонанд.
  2. Нерӯи кории соҳибихтисос: Таҳлили вазифаи аввали илму маориф нишон медиҳад, ки амалӣ намудани вазифаи дувуми он, яъне омода намудани нерӯи кории соҳибихтисос аз он вобастагии мустақим дорад. Зеро, ба фикри мо, омода намудани нерӯи кории соҳибихтисос дар доираи макотиби олӣ оғоз намешавад, балки заминаи дурусти онро мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода мекунанд. Агар он замина, ки дар давоми 11 соли таҳсили кўдакон ва наврасон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ касб мегардад, заиф бошад, дар давоми 4 соли донишгоҳӣ хеле мушкил хоҳад буд, то мутахассисони комили соҳаҳои мухталифро омода созем. Аз ин рӯ, ин вазифаи илму маориф дар омода намудани нерӯи кории соҳибихтисос на аз зинаи донишгоҳӣ, балки аз давраи таҳсилоти ибтидоиву таҳсилоти умумӣ оғоз гардида, яке аз вазифаҳо калидӣ буда, амалӣ шуданаш дар ҳамбастагӣ бо вазифаи аввали соҳаи илму дониш имконпазир аст. Зеро танҳо мутахассисони баландихтисоси давлат дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ метавонанд саҳм гузоранд ва рушди устувори кишварро нигаҳ доранд.
  3. Рушди захираҳои зеҳнӣ вазифаи савуми илму маориф ба шумор рафта, дар асоси ду вазифаи баёнгардида муҳайё мегардад. Омода намудани захираҳои устувори зеҳнии кишвар аз устувории таҳсилот дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ вобастагии зич дорад. Илму маориф на танҳо донишҳои техникӣ фароҳам меоваранд, балки тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва малакаҳои муоширатро инкишоф медиҳанд, ки танҳо дар заминаи донишҳои пешинаи одамон бунёд мегарданд. Танҳо дар ин маврид шароит барои эҷод намудани як ҷомеаи устувор ва мутобиқшуда ба замона пайдо мегардад, ки ин дар навбати худ барои муқовимат нишон додан дар рӯ ба рӯи тағйирот ва мушкилоти дохилӣ ва беруна мусоидат мекунад.
  4. Навоварӣ ва пешрафти технологӣ, ки вазифаи навбатии илм ва маориф шинохта мешавад, барои тавсияи навоварӣ ва технологияҳои ҷадид мусоидат мекунад, ки ин дар навбати худ просессҳои истеҳсолотӣ ва истифодаи манобеъро беҳбуд мебахшад ва заминаҳои нав барои рушди иқтисодӣ фароҳам меоварад. Ин вазифаи меҳварии илм ва маорифро танҳо мутахассисони баландихтисос ва захираҳои зеҳнии кишвар, ки донишу малакаҳои рушдёфтаву ҷавобгӯ ба талаботи муосир доранд, метавонанд бар души худ гиранду амалӣ созанд. Бо ибрози он, ки “имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир тараққӣ карда истодаанд” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин вазифаи муҳими илму маориф ишора намудаанд. Дар идома изҳор доштанд, ки “Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар мо соли 2021 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030-ро қабул намудем. ... Татбиқи сифатноку самарабахши стратегия метавонад рушди инноватсионии кишвар ва пайванди илм бо истеҳсолотро густариш бахшида, коркардҳои нави технологиро ба вуҷуд оварад”;
  5. Тадқиқот ва рушд, ки низ вазифаи муҳими илм ва маориф дониста мешавад, дар таҳияи стратегияҳои рушди устувор ва дар муайян ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ нақши калон дорад. Тадқиқотҳои илмӣ дар муайян кардани таҷрибаҳо ва самтҳои бехатару беҳтарин барои ноил шудан ба рушди устувор кумак мекунанд. Зинаи муҳимтарини амалӣ намудани ин вазифаи илму маориф дар эҷод намудани робитаи тадқиқотҳо бо истеҳсолот мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба таври дуруст амалӣ нашудани ин вазифаи муҳими илму маориф нигаронии хешро изҳор намуда, таъкид бар он доштанд, ки “Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. ... Мо соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ»-ро қабул намудем. Татбиқи қонуни зикршуда метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд”. Ин суханони Президенти кишварамон маҳз бар муҳиммияти вазифаи мазкур ва ба вуҷуд овардани робита миёни илму истеҳсолотро таъкид намуда, нақши олимону зиёиёнро дар амалӣ намудани он калидӣ донистаанд.

       Умуман, илм ва маориф унсурҳои асосии рушди устувори кишвар мебошанд, зеро онҳо барои инноватсия, рушди сармояи инсонӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ замина фароҳам меоранд. Рушди устувори илм ва маориф бошад аз пайдарҳамии амалӣ шудани панҷ вазифаи таҳлилгардида вобастагии мустақим дошта, рушди устувори шаҳрвандон ва ҷомеаро фароҳам меоварад. Аз ин бармеояд, ки рушди устувори давлат такя бар рушди доимии илму маорифи кишвар дошта, танҳо дар ин маврид давлат метавонад дар рӯ ба рӯи чолишҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд.

 

 

 

Муфассал ...

СОВРЕМЕННЫЕ ПРОБЛЕМЫ НАЦИОНАЛЬНОЙ ЭКОНОМИКИ.

Автор и составитель:

 

кандидат экономических наук

Шоидарвозова Марзия Саидвалишоевна

 

 

Сборник рекомендован для публикации ученым советом Института гуманитарных наук имени академика Б. Искандарова Национальной академии наук Таджикистана протоколом № 4 от 03.05.2024 г.

 

Рецензент:

доктор экономических наук

Комилов Сироджиддин Джалолиддинович

 

Издание подготовлено при непосредственной поддержке директора Института гуманитарных наук, доктора филологических наук Каландариена Хокима Сафара.

 

 

СОВРЕМЕННЫЕ ПРОБЛЕМЫ НАЦИОНАЛЬНОЙ ЭКОНОМИКИ. (СБОРНИК СТАТЕЙ) – Душанбе: «Сифат-Офсет», 2024. - 344 с.

 

     В сборнике рассмотрены основные содержательные, методологические и методические проблемы современной теоретической и прикладной экономики. Представлены результаты исследования современной национальной экономики с наибольшим акцентом на такой регион как ГБАО. Автором проведено интересное в научном и практическом отношении исследование, которое призвано привлечь внимание к проблемам современной национальной экономики, оказать научно-методическую помощь в определении приоритетов в процессе реализации политики совершенствования рынка труда и миграционных процессов, развития цифровизации экономики, стимулирования малого бизнеса и среднего предпринимательства с увязкой приоритетных отраслей, таких как сфера туризма и услуг.

     Сборник предназначен для специалистов в области экономики и управления, преподавателей и студентов экономических специальностей, а также всех, кто интересуется современными проблемами развития национальной экономики.

Муфассал ...

РОҲИ ИЛМРО БА ХОТИРИ РУШДИ КИШВАР БОЯД ИНТИХОБ НАМУД

Назаршоева Чилла, мудири шуъбаи забонҳои помирии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик

Б. Искандаров, номзади илмҳои филологӣ

 

РОҲИ  ИЛМРО БА ХОТИРИ РУШДИ КИШВАР БОЯД ИНТИХОБ НАМУД

 

      Мулоқоти имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф аслан тамоми самтҳои бурду бохти илми кишварро дар 30 - соли Истиқлолият матраҳ намуда, ба дарёфти роҳҳои ҷавобгў будани илми тоҷик ба талаботи замони муосир аз ҷониби олимону аҳли маориф нигаронида шуда буд.

      Сарвари давлат изҳор намуданд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба ин ду ҷанбаи меҳварии ҷомеа: ба илму маориф ҳамчун ба яке аз омилҳои асосии рушду пешрафти кишвар ва ба олимон ҳамчун ба захираи бузурги зеҳнии ҷомеа таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

      Аксаран, ҳар як давлат мехоҳад, ки аҳолии он соҳибмаълумот ва дорои сатҳи баланди зеҳнӣ бошад, алалхусус ҷавонон, ки нерўи тақвиятдиҳандаи рушду пешрафти ҷомеа ва давлат ҳастанд, бояд аз силоҳи илмию маърифатӣ пурқувват бошанд. Зеро танҳо равиши илмӣ имкон медиҳад, ки тағйироти беҳтаре ба вуҷуд оварда шавад ва ба он дар навбати аввал бояд ҷавонони аз нигоҳи илмӣ камолёфта саҳмгузор бошанд.

      Дарвоқеъ, имрўз ҷавонони тоҷик кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчӣ бештар аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техникии давлатҳои пешрафта, ба хусус, технологияи муосири коммуникатсионию дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор бошанд ва худашон низ дар ин ҷараён ҳиссагузор бошанд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки насли ҷавони муосир, бахусус ҷавонписарон ба илм чандон майл надоранд ва бисёре аз хатмкунандагони донишгоҳҳову донишкадаҳои олии кишвар баъди хатми мактабҳои олӣ қисме агар ба тиҷорату савдо машғул гарданд, қисми дигарашон ҳатман рў ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Ҳатто агар баъди хатми бакалавриат дар зинаи магистратура таҳсилашонро идома бахшанд ҳам, он ҳам танҳо ба хотири гирифтани дипломи дараҷаи олӣ ҳаст, на машғул шудан ба илму пеш бурдани корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ дар самти муайяни касбӣ.

     Ва шояд сабаби ин падида он бошад, ки онҳо медонанд, ки пеш гирифтани роҳи илм кори заҳматталабу пурмашаққат аст ва барои қисмати дигар он душвору дилгиркунанда ба назар мерасад. Вале бояд иқрор шуд, ки дар байни ҷавононе, ки шояд бо сабабҳои мухталифе ҳанўз ба ҷаҳони илм ворид нашудаанд, потенсиалҳои бузургро метавон дарёфт кард. Ва вазифаи муассисоти олӣ низ аз он иборат аст, ки бояд усулу воситаҳоеро пайдо намоянд, ки чунин ҷавонони боистеъдодро ба илм ҳидоят намоянд, ба таври дигар гўем муассисаҳои олӣ дар маъмулгардонии илми муосир дар байни ҷавонон бояд саҳим бошанд.

      Аз ин рў дар ниҳоди шогирдон ташаккул додани майлу рағбат ба илм ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бояд аз курсии донишҷўӣ бо раҳнамоиву ҳидояти омўзгор - роҳбар замина гузошт ва минбаъд низ ин анъана дар зинаҳои дигари омўзиш: магистратура, аспирантура ва докторантура бо ҷиддияту азму иродаи қавӣ идома ёбад.

     Дар ин масоил мо бояд давомдиҳандаи анъанаи “мактаби устоду шогирд”-ро маҳз аз курсии донишҷўӣ бошем. Сарвари давлат ба ин масъала ишора карда, изҳори норозигӣ аз он карданд, ки «барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор-панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд» ва таъкид карданд, ки ин анъана қарзи ҳар як олими соҳа аст, ки дар назди шогирдони худ бояд онро адо намоянд: «Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд». Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқати таърихро нишон медиҳанд, зеро ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар хусуси ин масъала соҳиби анъанаи тўлонии чандинасра ҳаст.

     Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, ин муносибати олимон, бахусус олимони ҷавон роҷеъ ба бетаваҷҷуҳӣ намудан ба унвони илмии сазоворгаштаашон мебошад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё ҳамаи он кормандони илмие, ки сазовори унвони олим гардидаанд, дар рушд ва такомули минбаъдаи илм саҳмгузор ҳастанд? Дар мадди аввал мо – олимони ҷавон бояд ба худ савол диҳем, ки мо то кадом дараҷа илмро рушд медиҳем, агар давомнокии онро бо ҳимояи рисолаамон ба охир мерасонем, ё ки агар мо ба илм танҳо ба хотири манфиати худамон ва гирифтани унвони илмӣ ворид мегардем, ё ки бо ин роҳ мо танҳо барои талоши мавқеъеро дар ҷомеа гирифтан ҷӯё мешавем. Инҳо саволҳои кушодае ҳастанд, ки ҳар яки мо – олимон бояд дар атрофи онҳо тафаккур намоем ва аниқу устувор  посух дода тавонем, ки интихоби мо аз роҳи илм пешрафту рушди он аст. Илм дар ҳамон вақт рушд мекунад, агар ҳар як олим бо тамоми вуҷудаш ба он ворид шаваду онро дўст дорад ва давлату Ҳукумати кишвар дар навбати худ барои дастгириву ҳавасмандкунии олимони ҷавон роҳу воситаҳоро муҳайё намояд.

     Боварӣ дорем, ки баъди мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маорифу илм мо - олимони ҷавон масъулияти олимии худро бештару бештар дарк намоему дар рушди илми тоҷик корҳою дастовардҳои муфиду назаррасро анҷом диҳем. Зеро роҳи  илмро танҳо ба хотири рушди кишвар бояд интихоб намуд.

 

Муфассал ...

РУШДИ ИЛМ ДАР МАЪРАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ

Умед Мамадшерзодшоев -

ходими илмии шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии

ИИГ АМИТ

 

РУШДИ ИЛМ ДАР МАЪРАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ

       Рушди илм ва техника дар инкишофи соҳоти гуногуни ҳар як давлат нақши калидӣ мебозад. Зеро ин қудрати илм аст, ки тавассути он паҳлӯҳои мухталифи зиндагии аҳли ҷомеа инкишоф дода мешавад. Ба ин хотир  Ҳукумати мамалакат бо сарварии Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар мадди аввал ба рушди илми тоҷик диққати аввалиндараҷа дода онро ҳаматарафа маблағгузорӣ карда истодааст.

       Тавре маълум аст, 30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки сархати онро суханони Пешвои миллат оиди он ки илми тоҷик ҳамеша таҳти назорат ва ҳимояти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дораду ҳамеша дастгирӣ мешавад, иборат аст: “Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст”.

       Бешак, қобили таъкиди махсус он нукта аст, ки маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Масалан, маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 он ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.

       Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.

      Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки ҳарчанд Ҳукумати Тоҷикистон барои соҳаи илм шароити мусоидро фароҳам овардааст, вале мутаассифона дар системаи он ҳанӯз баъзе норасоиҳо ҷой доранд: “Таъкид месозам, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад”. Агар мо ба бахши тарбияи насли нави олимони ҷавон ва рушди илмии онҳо назар андозем, ба суханони Роҳбари кишвар дар хусуси он ки “сабаби сари вақт ҳимоя накардани ҷавонон ин бетарафӣ ва камтаваҷҷуҳии роҳбарони куҳансол нисбат ба шогирдон”-ро пурра тарафдорӣ менамоем. Тавре Пешвои миллат мефармоянд:“Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор-панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд?

       Аз ин лиҳоз, ба ҷойи дастгирӣ кардани ҷавонон нисбат ба онҳо кӯтоҳбиниву тангназарӣ зоҳир намудан кори тамоман нодуруст мебошад”.

       Ин суханони сарвари кишвар олимонро вазифадор месозад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сабабҳои ин равандро ошкор созанд.

       Ба андешаи мо сабаби дигари ин норасоӣ паст будани сифати рисолаҳои илмии унвонҷӯён мебошад ва дар ин нукта низ ба суханони Пешвои миллат дар хусуси он ки: “... вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой доранд” ҳамовоз мегардем.

       Пас барои бартараф намудани тамоми норасоиҳои аз ҷониби Сарвари мамлакат қайдгардида чӣ бояд кард? Ба андешаи ман ба ҳар як норасоию камбудии қайдгардида дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо чораҳои фаврӣ андешида, диққати лозима дода шавад:

  1. Ба тайёр намудани аспирантон ва унвонҷӯён аз ҷониби роҳбарони илмӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷавононе, ки шавқи олим шудан надоранд, набояд ба кори илмӣ ҷалб карда шаванд. Он ҷавононе, ки пазируфта мешаванд, роҳбарон бояд дар муҳлати муайяншуда онҳоро барои ҳимоя омода созанд ва ба роҳи илм ҳидоят намоянд.
  2. Дар бинои пажуҳишгоҳҳо бояд китобхонаҳо (бахусус китобхонаи электронӣ) ва бойгонии илмӣ таъсис дода шавад, то ин ки унвонҷӯй, аспирант ё доктору номзад китоб ё маводи илмии худро ба зудӣ пайдо намуда, барои таҳқиқоти худ истифода баранд. Зеро имрӯз на ҳар як пажуҳишгоҳ бойгонӣ ва китобхонаи зарурӣ дорад.
  3. Тамоми пажуҳишгоҳҳо ва мутахассисон бояд барои анҷом додани кори илмӣ аз компютерҳои замонавӣ, принтерҳо, дурбини аккосии рақамӣ, диктофонҳо, барномаи антивирус ва дигар лавозимоти навиштафзор таъмин карда шаванд. Имрӯз на ҳамаи пажуҳишгоҳҳо бо ин лавозимот таъмин мебошанд.
  4. Барои мусофиратҳои таҳқиқотӣ ба ноҳияҳо барои кормандон маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад. Зеро тавре мушоҳида мекунем, ба сабаби ҷамъоварӣ накардани маводи илмӣ-таърихӣ аз миёни мардум, сол то сол ин маводи муҳим аз байн меравад.
  5. Мо бояд аз системаи илмии кишварҳои пешрафта ба мисли кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои пешрафта пайравӣ намоем. Ки ин давлатҳо ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
  6. Пажуҳишгоҳҳо бояд кормандони илмии худро барои омӯхтани таърих, адабиёт, фолклор, осори мардумшиносӣ, фарҳанг ва санъат ба минтақаҳои мухталифи кишвар сафарбар намоянд, то фарҳанги ҳамдигарро омӯхта, дар ин замина асарҳои пурарзиши илмиро таълиф намоянд.
  7. Кормандони илмии болаёқат, ки забонҳои хориҷиро ба дараҷаи кофӣ медонанд, барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳҳои пешрафтаи дигар давлатҳо фиристонда шаванд.

       Дар сурати ба назар гирифтану таснифу таҳлил гардидани дархосту пешниҳодот, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони кишвар иброз мегарданд, метавон сифат ва самаранокии корҳои илмиро ба нафъи илми тоҷик баланд бардошт.

  

   

 

 

 

 

 

 

 

  

 

 

Муфассал ...