Назрӣ Офаридаев - сарходими шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик
Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филология
ОИД БА ТАЪРИХИ ЧАНД ВОЖАИ МАРБУТИ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, таърихи бостонӣ дорад. Оид ба пайдоиши наврӯз, оинҳои наврӯзӣ, таҷлили ҷашн дар кишварҳои гуногун садҳо мақолаю асарҳо ба забонҳои гуногун ба табъ расидаанд. Дар баробари ин масъалаҳое ҳастанд, ки оид ба ҷашни Наврӯз ниёз ба пажӯҳиш доранд. Яке аз чунин масъалаҳо вожагонии марбути ин ҷашни бостонӣ мебошад. Маълум аст, ки ин ид дар мамолики гуногун таҷлил мегардад ва истилоҳоти марбути Наврӯз низ ба забонҳои гуногун пайдо шудаанд ва омӯзиши ин масъала пажӯҳиши васеъро тақозо мекунад. Дар мақола кӯшиш карда мешавад, ки баъзе аз вожаҳои марбути мавзуъро дар асоси маводи забонҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳем. Таҳқиқи вожаю истилоҳоти бахши Наврӯзро метавон вобаста ба таҷлили он ба гурӯҳҳои гуногуни маъноӣ ҷудо намуд:
- Номи ҷашни наврӯз дар манотиқи гуногун;
- Маросимҳои омодагӣ ба таҷлили наврӯз;
- Лексикаи тақвимҳои мардумӣ;
- Вожаҳои марҳиллаҳои ҷашни наврӯз;
- Номи таомҳои наврӯзӣ;
- Вожагони марбут ба таҷлили наврӯз;
- Бозиҳои наврӯзӣ.
Хидӣр айӯм: Ҷашни Наврӯз дар Кӯҳистони Бадахшон номҳои хос низ дорад, ки дар манотиқи дигари Тоҷикистон дида намешавад. Дар Шуғнон бо номи Хидӣр айём ёд мешавад. Воҳиди хидӣр ба маънои “бузург”, “калон” бештар дар муносибати хешутаборӣ (хидӣр вирод”, “хидар йах”дар забони шуғнонӣ ба кор бурда шуда, дар забонҳои рӯшонӣ ва бартангӣ ба сурати хайди, хайдӣ ба ҳамин маъно ба кор меравад. Ин маъноро дар натиҷаи таҳаввулоти маъноӣ соҳиб гардидааст. Зеро дар фарҳанги муносибатҳои хешутаборӣ хидӣр калон ҳамчун соҳиби хона шинохта мешавад.
Ибораи Хидӣр айӯм маънои “Ҷашни бузург” - ро дорад. Ҷузъи дуюм “айӯм, айом” шакли ҷамъи вожаи арабии “явм” ба маънои рӯз мебошад. Дар забони шуғнони ба маънои “ид”, “ҷашн” ба кор бурда мешавад. Воҳиди луғавии “Хидӣр”инчунин дар шуғнонӣ ҷинси занона “хидар” - ро пайдо намудааст. Дар забони рӯшонӣ вожаи “хайди” нисбати ҳар ду ҷинс (мардона ва занона) мавриди корбурд қарор мегирад. Вожаи хидӣр таърихан бо *xvayatara – и эронии қадим алоқаманд аст. Дар натиҷаи таҳаввулоти минбаъда аз он дар забони тоҷикӣ вожаи “худо” ба маънои “соҳиб” пайдо шудааст. Дар забони шуғнонӣ таҳаввулоти маъноиро аз сар гузаронида маънои “бародарбузург ва хоҳарбузург” - ро соҳиб гардид.
Калимаи хидев дар “Шоҳнома” –и Фирдавсӣ ба маънои “калон, соҳиб, сардор” истеъмол шудааст.
Сиёмак ба дасти чунон зишт дев,
Табаҳ гашту монд анҷуман бе хидев [2, с.4].
Бояд зикр кард, ки решаи вожаи хидев бо решаи хидӣр - (хид) алоқаманд буда, пасванди - ӣр бештар дар вожаҳои хешутаборӣ ба кор меравад.
Шогун. Дар манотиқи гуногуни Бадахшон ҷашни бузурги Наврӯзро Шогунайаём меноманд. Ифодаи “Шогуни баҳор муборак” муборкатии баҳор, табрики наврӯзиро ифода мекунад. Ин вожа густариши васеи ҷуғрофӣ дошта, дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон номҳои хоси мардона ва занона бо ҷузъи шогун сохта мешаванд.
Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” шугун ба маънои “фоли нек, муборак шумурдани чизе” ба кор бурда шудааст, ки дар забони адабиёти классикӣ корбурди васеъ дошт[4, с.658].
Комилони бисоти илму фунун,
Аз вурудаш заданд ҷоми шугун.
Шугун гирифтан” фоли нек гирифтан, чизеро аломати хушбахтӣ шумурдан. Ин маъниро оли Салчуқ шугун гирифта, ӯро Алб-Арслон ном гирифтанд. (Равзат –ус-сафо)
Дар Луғати Айнӣ дар шакли шавгун омада, таъкид карда мешавад, ки дар водии Хингов деҳқони пуртаҷриба ё худ Бобои деҳқонро шавгунӣ меноманд [7, с.66].
Дар “Фарҳанги этимологии забони вахонӣ” – и И.М. Стеблин Каменский оид ба вожаи шогун чунин маълумот оварда шудааст: шогун - иди Соли нав дар рузҳои баҳории баробаршавии шабу рӯз, ки дар бораи он дар осори зиёди забошиносӣ, мардумшиносӣ ва фолклорӣ маълумот дода шудааст: (Бобринской, Андреев, Половсов, Пещерова. Муҳиддиов, Грюнберг, Стеблин-каменский ва ғайра).
Вожаи шогун дар забонҳои помирӣ ва гӯйишҳои маҳаллии тоҷикӣ инчунин маънои “фоли нек”, “нияти нек” - ро ифода мекунад, дар забони яғнобӣ вожаи бешавғунӣ қайд гардидааст, ки маънои “бадбахтӣ” - ро дорад. Муаллиф ба маънои Соли нав кор фармудани ин вожа, таҳаввули маъноии вожаи шугуни тоҷикию форсӣ мебошад, ки ба маънои” фоли нек”, “нияти нек” кор фармуда мешавад. Дар бораи фолбинии соли навӣ дар манбаъҳои илмӣ маълумот дода шудааст. Г. Дёрфер вожаи шугунро иқтибос аз забонҳои муғулӣ ҳисоб мекунад. Дар забонҳои туркӣ вожаи шугун аз забони чинӣ омадааст, шогун маънои “давраи аввал дар 180 соли табиат”-ро ифода мекунад. Дар забони ховар (яке аз забонҳои ҳиндуэронӣ) шугун маънои “некфолӣ”, “барор”, “муваффақият” – ро дорад, ки иқтибос аз форсӣ ё ҳиндии қадим - сакуна – sakuna ба маънои “парранда”, “фоли нек” мебошад. Дар забони вершидӣ (яке аз забонҳои ҳиндуэронӣ) вожаи шагун дар номи суруди солинавӣ дучор мешавад. Дар забони тувӣ (Тува яке аз ҷамоҳири Федератсияи Россия дар Сибир) вожаи шага ба маънои “иди солинавӣ” ба кор бурда мешавад [3, с.438].
Пичирумч: Дар раванди таҷлили Наврӯз баъзе расму оинҳое буданд, ки буданд, ки ба мамнуъ будани баъзе амалҳо далолат мекарданд. Ба ин воҳидҳо вожаҳои пичирумч ва киш дохил мешаванд[7, с.74 - 76].
Вожаи пичирумч аз ду ҷузъ иборат аст: пичи +рӯмч. Дар забонҳои шуғнӣ-рӯшонӣ ва гӯйишҳои тоҷикии Кӯҳистони Бадахшон ба кор бурда мешавад.
Ҷузъи авали он бо решаи эронии қадим * pak- ба маънои нигоҳ дор, нигоҳ доштан иртибот мегирад. Дар навбати худ ба *pek-, *peg- и ҳиндуаврупоӣ алоқаманд аст. Гунаи наздик ба шаклҳои қадим дар асосҳои феъли забони язгуломӣ: pej-pez-, (замони ҳозира) ба маънои “нигоҳ доштан” боқӣ мондааст [6, с.72-76].
Ҷузъи дуюм румч - rumc- ро метавон ба сурати fra + man-aka барқарор карда бо шаклҳои фелии шуғнонӣ rimi -, rimod-, ба маънои “супориш додан” “фармоиш додан, “амр додан” муқоисашавандаанд.
Ҳамин тариқ, аз таҳлили чанд истилоҳи наврӯзӣ бармеояд, ки ин ҷашн ва таҷлили он дар Кӯҳистони Бадахшон таърихи бостонӣ дорад. Пажӯҳиши амиқи вожгонии марбути ҷашни наврӯз имконият медиҳад, ки ба таърих ва густариши он дар минтақа равшанӣ андозем.
Адабиёт
- Карамшоев Д. Шугнанско-русский словарь. Том 2. М.: Наука,- 1991. -613с.
- Луғатномаи Деҳхудо, ҷилди 6, Муассисаи луғатномаи Деҳхудо, Интишороти Донишоҳи Теҳрон, -Теҳрон, 1998. - 9600 с.
- Стеблин – Каменский И. М. Этимологический соловарь ваханского языка. -М.: Наука, 1999. - 578 с.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.2. –М.: Советская энциклопедия. – М. 1969. – 950 с.
- Фирдавсӣ А. Шоҳнома к. 2, - Душанбе: Шарқи озод, 2025. -956 с.
- Эдельман Дж.И. Этимологический словарь иранских языков. Т.6, -М.:Наука, 2020, - 234 с.
- Юсуфбеков Ш. Шоинбеков А. Шогуни баҳор - Душанбе: Эр- граф, 2019.-214с.