Мақолаҳо

- Шанбе, 06 Май 2023
ТАФРИҚААНДОЗӢ БА МАНФИАТИ МО НЕСТ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақтҳои охир баҳс сари ҷудо намудани “помириҳо” аз миллати тоҷик пайваста роҳандозӣ мегардад. Ҳатто ин масъаларо бархе аз “милатсозони навбаромад” ба дафтари ҳуқуқи башари СММ ва СҲАА бурданд, ки баъзе аз коршиносон низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Гӯё коршиносони дафтари СММ чунин сеҳрангезанд, ки тақдири халқи тоҷикро бо роҳи тика - тика намудан ҳал мекунанд. Барои халқи тоҷик хизмати хирсонаеро анҷом доданиянд, яъне миллати ягонаи тоҷикро пора - пора кунанд. Чанде аз асолатбохтагон, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба халқу ватани худ сангандозӣ мекунанд, ба ҳалли тақдири “помириён” машғуланд. Ин ҷо як нозукие нуҳуфтааст, Онҳое, ки аз ҳисоби грантҳои хоҷагони хориҷӣ ба таҳқиқи ба истилоҳ вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғуланд, наметавонанд гуруҳҳои ҷиноӣ ва ҳомиёни онҳоро, ки вазъро дар шаҳру навоҳии вилоят ноором намуданд, сафед кунанд. Бинобарин истилоҳи бофтаеро фикр карда бароварданд: вазъи ақалияти миллии ба истилоҳ “помирӣ”, ки бо ин мафҳуми нестандарҷаҳон гуноҳҳои шариконашонро каме сабук кунанд ва таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Барои пинҳон сохтани амалҳои ҷиноии шариконашон масъалаҳои нозукеро фикр кардаанд: мисли табъизи “ақалияти забонии помирӣ”, “ақаллияти миллии помирӣ”, “ақалияти динии помирӣ”, то ки бо ин роҳ андак таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кунанд. Аз номи мардуми Кӯҳистони Бадахшон барои ҳувияти ин мардум гӯё ба истилоҳ “статус” гиранд. Пурсида мешавад, ки онҳоро ба ин кор кӣ водор кардааст? Оё ин “статусгирандагон” ва “миллатсозон” дар ин сарзамин пойгоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд? Кӣ ба онҳо ҳақ додааст, ки аз номи халқ гап зананд?!
Зимнан ёдовар шудан ба мавҷрид аст, ки ташаббускор ва илоҳомдиҳандаи ин гузориш ба дафтари СММ Маркази алайҳи табъизи “Мемориал” мебошад. Ин Марказ солҳои пеш дар Маскав, Санкт – Петербург ва дигар шаҳрҳои ИДМ зершуъбаҳо дошт ва чунин гузоришҳои ғаразолуд таҳия мекард. Солҳои пеш низ оид ба Тоҷикистон дар мавриди гӯё табъизи помириён, яғнобиён ва ҷугиён гузоришеро пешниҳод намуда буд (Албатта, бо иштироки чанде аз аъзои диаспори бадахшонии муқими Русия).Вале он солҳо мутаасифона ин гузоришҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои ошкоро пайдо накарда буданд. Соли 2019 барои амалҳои зиддиқонунӣ бо қарори Суди Олии Федератсияи Русия фаъолияти Маркази “Мемориал” қатъ гардида, дафтари он баста шуд. Айни ҳол Макази “Мемориал” дар Белгия фаъолият намуда, гузоришҳои ғаразнокро таҳия карда, ба дафтари ҳуқуқи башари СММ пешниҳод менамояд.
Иддаи дигаре аз назариётчиёни навбаромад ва “миллатсозон” бо суханони пучу бемаънӣ ва дур аз ҳақикат иддао доранд, ки гӯё дар замони Шӯравӣ номи “тоҷик” – ро ба “помириҳо” часпондаанд.
Дар сарчашмаҳои хаттии то инқилобии охири асри XIX ва аввали асри XX мардуми Шуғнону Рӯшон, Вахону Ишкошим ва Язгулом худро тоҷик муаррифӣ кардаанд. Барои исботи фикрамон мо метавонем чанде аз порчаҳоро аз мақолаю гузоришҳои олимон, сайёҳатчиён, намояндагони сиёсии Ҳукумати подшоҳии Русия ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун ба забони асл биёрем, то шубҳае дар хонандагон пайдо нашавад. Бояд ёдовар шавем, ки мафҳуми “помирӣ”- ро дар осори хаттии ин давра ба забонҳои русию англисӣ ба маънии мансубияти географӣ ва этникӣ дучор накардем. Он замон марзҳои ҳудудии худи Помир ҳанӯз муайян нагардида буданд.
Чанд пораи матнро аз осори таърихии ибтидои асри XX меорем:
«“Он чизе ки ба масъалаи динӣ иртибот мегирад, бо мани ғайримусулмон тоҷикон ба ифшои он он қадар моил набуданд, вале ҳама куллан исмоилӣ (панҷтанӣ) буданд ва амалан ба мазҳаби худ содиқ буданд. (Половсов, 1903).
“Бо Помири шарқӣ тоҷикон фақат тиҷорати муовизӣ анҷом медиҳанд. Ба ивази нон намад, пӯст ва арғамчин мегиранд” (А. Е. Сенесарев 1903)
Дар қишлоқи Ривак ба суханони ман бодиққат гӯш карда, тоҷики ҷавоне ба пеш баромад” (А. Черкасова, 1904).
“Водиҳои рӯдхонаҳои Помири Ғарбӣ майдони наздик ба 300 вёрсти мураббаъро ташкил медиҳанд, ки аз он на зиёда аз 10 фоиз кишт шуда метавонад. Дар ин фазо қариб 14500 нафар (душ) кӯҳистониён зиндагонӣ мекунанд, ки онҳо худро тоҷик меноманд”.» (А Черкасов, 1904)
Ин забон инчунин барои мукотиба хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуѓнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд» . (А Черкасов, 1904)
“тоҷикон мисли пештара ба ҳокимони худ муносибати хусуматомез доранд” (Лютиш, 1904).
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо оғоз ёфтани пажуҳишҳои мардумшиносӣ дар осори этнографӣ мафҳуми этнонимии қавмҳои (халқиятҳои) назди Помир (то солҳои 50 уми асри гузашта), қавмҳои (халқиятҳои) помирӣ (аз солҳои 60 уми асри гузашта) ворид гардида буд ва пайваста таъкид мегардид, ки ин қавмҳо ба ҳайати ягонаи миллати тоҷик тааллуқ доранд. Таҳти истилоҳи қавмҳои помирӣ: язгуломиҳо, рӯшониҳо, бартангиҳо, шуғнониҳо, ишкошимиҳо, вахониҳо дар назар дошта мешуданд, ки асоси чунин тақсимбандӣ вижагиҳои забонии онҳо маҳсуб меёфт.
Дар баробари ин бисёре аз пажӯҳишгарони мардумшинос ягонагии этникии мардуми Язгулому Рушон, Шуғнону Вахон ва Ишкошим (Риниҳо) –ро бо мардуми манотиқи дигари Тоҷикистон нишон додаанд ва ба қавмияти тоҷик тааллуқ доштани онҳоро низ пайваста таъкид мекарданд.
Яке аз тоҷикшиносони маъруфи рус М. С. Андреев асари бунёдии этнографии худро “Тоҷикони водии Хуф” номгузорӣ намудааст.кард. М. С. Андреев мушоҳидаҳои худро оид ба худмуррифию худшиносии сокинони водии Хуф, ки ба тамоми сокинони минтақаи болооби Панҷ низ тааллуқ дорад чунин ҷамъбаст намудааст: «Қатъи назар аз он, ки сокинони Хуф дар байни дигар бошандагони водиҳои болооби дарёи Панҷ дар баробари худро чун гурӯҳи алоҳида муаррифӣ кардан, аз тарафи дигар, бо тамоми хуфиён, ки солҳои 1901(дар Тошканд), солҳои 1907, 1929 ҳангоми сафарҳои нахустинам ба водии Хуф мулоқот намудам, бидуни ягон калавиш худро «тоҷикони асил» муаррифӣ намуда, ҳатто нисбат ба он тоҷиконе, ки дар поёноби дарёи Панҷ зиндагӣ мекарданду ба забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд, худро (тоҷики) тозатар ҳисоб мекарданд».
Мардумшиноси дигар Н.А. Кисляков, ки умри зиёда аз 30- солаи худро ба омӯзиши ҳаёти модӣ ва маънавии тоҷикони кӯҳистон бахшидааст, қайд кардааст, ки сокинони Назди Помир, Дарвоз, Қаротегин ва Кӯлоб ҷиҳати этникии ягона дошта, дар гузаштаҳои начандон дур ниёгони онҳо дорои гӯйишу лаҳҷаҳои умумии наздик ва умумияти фарҳангӣ буданд. Инчунин ақидаи Н.А. Кисляковро И. И. Зарубин ва Н. И. Вавилов тақвият дода, мутазаккир шудаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ду минтақаи таърихӣ – фарҳангӣ вуҷуд доштанд: “суғдӣ” (самти шимолу ғарби қиторкӯҳи Ҳисор) ва “тахорӣ” (самти ҷанубу шарқи қаторкӯҳи Ҳисор) ва тоҷиконе, ки дар самти шимоли қарби ин қаторкӯҳ сукунат доранд, бо аҳолии Суғд умумияти этникӣ доштанд, тоҷикони Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва навоҳии Назди Помир бо умумияти фарҳангии худ бо сакинони бостонии ин минтақа - тахориён иртибот доранд. Минотиқи Помило (Помир), Шуғнон, Вахон дар қаламрави Тахористони таърихӣ вақеъ гардида буданд.
Дар китоби “Тоҷикон” академик Бобоҷон Ғафуров оид ба мансубияти нажодии тоҷикон сухан ронда, таъкид шудааст, ки маҳз тозатарин аломати нажодии тоҷикон дар симои сокинони Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мондааст: ”Ба нажоди моваруннаҳрӣ тоҷикон (тозатарин намуди зоҳирии нажоди онҳо дар симои тоҷикони кӯҳистон ва ноҳияҳои даромадгоҳи Помир боқӣ мондааст) мансуб мебошанд”. Исми хоси Помир дар ин ҷо ба самти шарқии Кӯҳистони Бадахшон далолат мекунад.
Муаррихи барҷастаи тоҷик, зодаи Шуғнон, академик Б. Искандаров, ки тамоми умри бобаракати худро сарфи пажуҳиши таърихи ин диёр намудааст, дар натиҷаи омӯзиши манбаъҳои мухталифи таърихӣ оид ба вижагиҳои этникии сокинони минтақа менависад: “Шумораи зиёди аҳолӣ дар водии Вахон – Дарё, Шохдара, Ғунд, Бартанг, Язгулом ва ғ. сокин шуда буданд. Аз ҷиҳати этникӣ аҳолии ноҳияҳои Помири ғарбӣ ягона буданд. Дар инҷо тоҷикон зиндагӣ мекарданд, ки шуғли асосии онҳо заминдорӣ буд”. Оид ба вазъи забонии минтақа аз диди таърихӣ муаллиф навиштааст: “Ҷудоии водиҳои кӯҳистон аз ҳамдигар боиси он гардидааст, ки дар байни сокинон лаҳҷаҳои гуногун боқӣ мондааснд. Сокинони Шуғнон, Вахон, Ишкошим, ба забонҳои хос такаллум мекарданд. Сокинони Рушон ва Бартанг ба лаҳҷаи забони шуғнонӣ гуфтугӯ мекарданд. Вале барои ин қавмҳо ба сифати забони умумӣ – забони тоҷикӣ қабул шудааст, ки на ҳама онро пурра медонистанд”.
Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз масъалаи дигареро, ки ба баъзе доираҳои хориҷӣ низ “ҷолиби таваҷҷуҳ” аст, тафовути динию мазҳабии сокинони минтақаи Помир аз манотиқи дигари мамлакат мебошад. Ин гуна тафриқаандозӣ ба ваҳдату якпорчагии тоҷикони тамоми манотиқи мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Нақши тафриқаандозии дину мазҳаб дар кишварҳои исломӣ назаррас буда, дин дар муносибатҳои майишӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба умумияти қавмӣ (этникӣ) нақши назаррас дорад.
Маҳз чунин тафовутро бархе аз гуруҳҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо дастак нмуда “помирӣ” ва “тоҷик”-ро бо ҳам муқобил гузошта, ду миллати ҷудогона онҳоро муаррифӣ карданӣ мешаванд. Ба ҷуз аз ин рушди нокомили худшиносии миллӣ ва тафаккури миллии ҷавонони манотиқи гуногуни мамлакат ва фаълияти тафриқаангези доираҳои муайяни хориҷӣ ба ваҳдату яупорчагии миллат таъсири манфӣ мерасонад.
Зимнан ёдоварӣ намудан ба маврид аст, ки таҳқиқгарони равандҳои этникӣ (қавмӣ) хеле мушикофона руҳия ва маънавияти ҳар халқро мушикофона ва амиқ баррасӣ менамоянд. Бархе чунин баррасиҳоро ба сиёсат алақаманд намуда, бофтаи бегонагон медонанд. Вале натиҷагириҳо ҳақиқати воқеиро ифода нмуда, ба ақида ва назари ақшори мухталифи мардуми бумӣ асос ёфтаанд. Дар ин маврид хулосаву натиҷагириҳои яке аз муҳаққиқони равандҳои этникӣ дар ВМКБ шодравон Л.Ф. Моногарова, ки қариб тамоми фаъолияти илмии худро ба омӯзиши мардумшиносии сокинони Кӯҳистони Бадахшон бахшидааст, ҳақиқати воқеиро инъкос намудааст. Ӯ навиштааст: “Ҳамин тариқ, қавмҳои Назди Помир, ки забонҳои модарии помирии худро ҳифз намудаанд, дорои вижагиҳои зиндагии хонаводагӣ, баъзе унсурҳои фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мебошанд, бо худшиносии миллӣ тоҷикони помирӣ дар марҳаллаи имрӯзаи рушди қавмӣ гурӯҳи этнографии тоҷиконро ташкил медиҳанд, ки имконияти муттаҳидшавӣ дар гурӯҳи ягонаи этнографии тоҷикон – тоҷикони помириро соҳибанд”.
Дар мақолаи дигар ин мардумшиноси маъруф, ки мардуми моро бисёр дӯст мадошт, хулосаю натиҷагириҳои фавқуззикрро тақвият дода навишта буд: “Банда оид ба мансубияти қавмии помириҳо ба чунин натиҷа расидам: помириҳо дузабонаанд, дар ин маврид кӯдакон то ба мактаб рафтан забони тоҷикиро намедонанд (бо он дар мактаб таълим пешбурда мешавад), онҳо забонҳои гуфтугӯии модарии худро ҳифз намудаанд, дорои баъзе унсурҳои хоси зиндагии маишию хонаводагӣ, дорои вижагиҳои фарҳанги моддӣ ва маънавӣ буда, пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд. Аммо помириён ба ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ ва фарҳангии тоҷикон алоқаманданд. Олимони помирӣ аз илми тоҷик намояндагӣ мекунанд, нависандагон ва шоирони помирӣ аз адабиёти тоҷик намояндагӣ мекунанд, ҳунармандони помирӣ – намояндаи санъати театрии тоҷик мебошанд ва амсоли ин. Онҳо худро тоҷикони помирӣ ҳисоб мекунанд ва дар марҳалаи ҳозираи рушди қавмӣ – миллӣ ҳамчун гурӯҳи этнографӣ ё субэтноси тоҷикон ба шумор мераванд”.
Ҳамин тариқ, ҳангоми баҳс дар мавриди мансубияти миллии сокинони Кӯҳистони Бадахшон ба суханони кӯчаю бозор бовар накарда, ба осори илммии мардумшиносӣ муроҷиат намоем. Вожаи “помирӣ” мансубияти қавмию миллиро ифода накарда, балки ба мансубияти минтақавӣ ва ҷуғрофӣ далолат мекунад. Дар шароити кунунӣ тафриқаандозӣ дар атрофи мансубияти миллии сокинони Кӯҳистони Бадахшон ба манфиати мардум набуда, дасисаи доираҳои муайяни хориҷӣ ба мақсади ноором сохтани вазъ дар чунин минтақаи ҳассоси Тоҷикистон мебошад.
✍️✍️Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

- Сешанбе, 04 Апрел 2023
Об сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам аст
Мутобиқи таҳлили коршиносони масоили об дар ҷаҳон зиёда аз 780 млн нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Зиёдан аз 1 миллард нафар ба оби тоза ниёзманд аст. Ҳамасола ҳазорҳо нафар аз нарасидани оби ошомиданӣ ва надоштани шароити беҳдошт мефавтанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираи бойи об дар минтиқа ва ҷаҳон маълум аст. Роҳбарияти олии мамалкат дар ҳудуди кишвар ба масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дер боз чораҳои амалӣ андешида, аҳолии кишварро бо оби ошомиданӣ таъмин намуда истодааст. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36% аҳолии деҳот ва 87% аҳолии шаҳр ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дорад. Гарчанде норасоии об дар ҳудуди кишвари мо эҳсос намешавад, дар минтиқа ва ҷаҳон як проблемаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дер боз дар созмонҳои ҷаҳонӣ масъали норасоии об дар сайёраро масъалагузорӣ менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, якдилона аз пешниҳодҳои Ҷаноби Олӣ дастгирӣ менамонд. Тавре маълум аст, ки аз санаи 21-уми то 23-юми марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Раиси ин конфронсро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоҳигарии Недерланд ба уҳда дошанд. Ин нишони онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон дорои обрӯ ва эътибори хоса мебошад.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои нарасидани об, обшавии пиряхҳо, таъғирёбии иқлм ва дигар проблемаҳои глобалиро дар ин конфронс масъалагузорӣ намуд. Роҳбари давлат қайд кард, ки: “ ...Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем...”. Аз гуфтаҳои зикргардида бармеояд, ки норасоии об чӣ гуна таъсири мусбӣ ба ҳаёти мо мерасонад. Инчунин роҳбари давлат дар суханронияш қайд кард, ки маҳз об дорои чунин қудрати бузург аст, ки ҳамаи ҷаҳонро дар СММ ба ҳам овард ва муттаҳид сохт. Ин ташаббуси роҳбари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи ба ҳисоб меравад, ки 46 сол пас боз тавонист таваҷҷӯъи ҷомеаи ҷаҳониро ба проблемаи об ҷалб намояд. Имрӯз тамоми шабакаҳои телевизонии маъруфи ҷаҳон раванди баргузории конфронсро нишон дода муҳимияи онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, боз обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи олам баланд бардошта, роҳбарияи ин конфронсро дар созмони бонуфузи ҷаҳонӣ яъне СММ ба ӯҳда гирад. Конфронс барои дар оянда фаъолият намудан нақшаи кориро тартиб дода, маъсулин вазифадор карда шудаанд, ки барои амалӣ намудани он чораҳои мушаххас андешанд. Дар оянда чандин конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмиллалӣ вобаста ба масъалаи об ба нақша гирифта шудаанд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳониро барои иштирок дар конфронси Даҳсолаи байналмиллалии об, ки соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад даъват менамояд.
Баргузории ин конфроси байналмиллалӣ нуфузи Роҳбари давлат ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арасаи олам собит кард.
Ғаёсов А.А ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
акс аз: https://radiotoj.tj/?p=24633
Муфассал ...
- Ҷумъа, 31 Март 2023
Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомали Раҳмон аз 22 то 24 марти соли ҷорӣ дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорк пас аз 46 сол бори аввал таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳӣ ва пӯшидашавии Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамӯҳлати Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони ва такид карданд,ки аллакай соли 1999 Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси аввалини эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза баромад карда буданд.Сипас, бо ташаббуси кишвари мо соли 2013 “Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардид ".
Моҳи декабри соли гузашта Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси навбатии мо Қатъномаи дахлдор қабул кард, ки соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар маросими ифтитоҳӣ Конфоронс қайд намуд, ки дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли гузашта бо ибтикори Тоҷикистон эълон карда буд, мо талошҳои ҳамаҷонибаи худро барои ҳалли мушкилоти об идома хоҳем дод.Дар ин замина дар соли 2025 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор хоҳем кард.
Инчунин Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон даъват ба амал овард,ки Конфронси навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028 дар поёни Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 изҳор доштанд, ки “Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем”.
Дар доираи иштирок дар Конфронси оби СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар чорабиниҳои "Харитаи роҳ 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"; чорабинии "Об моро муттаҳид мекунад";дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ; дар маросими супоридани тӯҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид низ суханронӣ кард.
Дар хотима бояд қайд кард, ки ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтаанд, аз сатҳи омӯзиш ба татбиқи амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ гузаштанд. Якҷоя ин ташаббусҳо ба эҷоди стратегияи нави башарият ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинони сайёра нигаронида шудаанд.
Сарходими илмии шуъбаи
тадкикоти иҷтимоию иктисодии
Институти институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик
Баҳодур Искандаров
доктори илмҳои иктисодӣ Ҷонмамадов Ш.Б.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 30 Март 2023
ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД
Бо ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 ин ҷониб Тоҷикистони кучаки мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳониён муаррифӣ шуда истодааст.
Бисту дуюми марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об « Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, ки дар ин бора Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон аз 26 декабри оли 2018 чунин иброз доштанд:
«Соли 2018 дар аёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз гардид».
Дар ин замина бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Бинобар ин мутобиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, аз соли 2025 дар саросари ҷаҳон се рӯз, аз 21 то 23 март ҷашнҳои вобаста ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард.
Қобили зикр ва ифтихор аст, ки солҳои пеш, агар бештари мамолики дунё шояд, ки дар бораи кишвари мо маълумот андаке доштанд, дар даврони на чандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё мешиносанд ва ташаббусҳои ӯро дастури амал қарор медиҳанд.
Ҳарчанд пешниҳоди Президенти кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид дар мадҳи аввал ҳамчун ба об ва ҳифзи пиряхҳо равона шуда бошад, вале аз тарафи дигар онҳо як ҷаҳон маъниро таҷассум мекунанд.
Бо ин пешниҳодҳо Пешвои миллат сарони давлатҳои абарқудратро ҳушдор медиҳад, ки бидуни нишон додани қудрат ба тариқи силоҳ, ҷанг ва қисмати ҳудуд, башаррият ба ҳалли масъалҳое ниёз дорад, ки оқибати онҳо барои на фақкат умри инсон, балки тамоми мавҷудоти зинда низ хатари ҷиддиро эҷод мекунад.
Бинобар ин муттаҳид шудани мамолики ҷаҳон дар гириди ҳалли чунин мушкилот дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои судманд тарафайнро ба бор меорад. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 иброз доштанд: «Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад».
Оре:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Хулоса Пешвои миллат бо чунин ташаббусҳои хирадмандонаи худ сарони мамолики дунёро ба сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ба қавли худашон «Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!», даъват мекунад.
Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.
Охонниёзов Қ.Д - ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ, АМИТ
Муфассал ...