wrapper

ПАЁМ - ПАЙҒОМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ПАЙҒОМИ УМЕДҲОСТ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалтар аз ҳама, як пайғоми муҳимтарини як кишвари соҳибистиқлол, ба номи Тоҷикистон буд, ки бо Пешвои сарсупурда ва мардуми бостониаш барои ҳар фарди мамлакат ва ба хусус, ҷаҳони берун нигаронида шуда, умеди ҳамаи сокинони онро барои фардои боз ҳам равшантари мамлакат қавитар мекунад. Ин аст моҳияти аслӣ, муҳиммияти асосии Паёми имсола барои камина ва ашхосе, ки мисли мо фикр мекунанд ва онро дарк мекунанд.

Паём тавре шунидем, як таҳлили мукаммали ҳаёти давлату мамлакати мо дар тӯли боз як соли сипаришудаи тақвимӣ аст, як навъ ҳисоботи Роҳбари давлат дар назди мардуми кишвари худ аст, ки дар давоми он ба чӣ дастовардҳо расидаем ва чӣ гуна вазифаҳои дигар дар баробари мо қарор доранд, то давлати худии мо боз ҳам қавитар ва зиндагии сокинони он ба маротиб беҳтар шавад.

Муҳимияти асосиии Паёми имсола, ба амсоли Паёмҳои дигар, ин ба тамоми мардуми мамлакат дар миён гузоштани таҳлилҳои амиқ дар мавриди вазъи кунунии кишвар, мавқеи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ, дастовардҳои беназири дар фурсати кӯтоҳтарини замони истиқлолият, ба хусус замони барои тавсеа ва рушди босубот, ки танҳо 23 сол зиёдтар нест, ҳамчунон таҳлили марҳилаи нави сатҳи рушди он мебошад. Дар мабнои ин воқеият, бо тамоми сокинони  кишвар ва ҷаҳони хориҷ эълом доштани сиёсати иҷтимоии дохилӣ ва сиёсати дарҳои кушоди хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси як кишвари мустақил, соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аз дигар навъҳои суханронии Пешвои миллат, Сарвари давлат бо он фарқ мекунад, ки дар Паём тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳамаҷониба таҳлил шуда, ҳамзамон ба мушкилотҳо ва монеаҳои дохилӣ ва берунии дар сари роҳи он қарор дошта, ҳамчунон вазифаҳои дар баробари давлату миллат қарор гирифта, таъкид карда шуданд. Паём як навъ ҳисоботи муқоисавӣ-таърихии роҳбари олии кишвар назди мардуми худ ва дар айни ҳол, як тарзи муроҷиат ба тамоми тоҷикистониён, ҷиҳати огоҳии бештар аз воқеиятҳои замон мебошад.

Дар мӯҳтавои Паёми имсола, барои камина, мавзуоти хоси зиёд ҷолиби таваҷҷуҳ, ки бештарашон хоси ин кишвари саропо кӯҳсоранд, ба назар расиданд, ки ба таври мухтасар, дар мавриди баъзе аз онҳо изҳори назар  карданием.

Пешвои миллат сари мавзуи асосии ҷаҳони кунунӣ таъкидоти хос ироа карданд, ки барои ҳар сокини мамлакат қобили андешаронии ҷиддӣ мебошанд. Аз ҷумла, вазъи ҷаҳони зуд тағйирёбанда ва ғайри қобили пешгӯиҳо, афзоиши босуръати мусаллаҳшавии бошитоб, хуруҷи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, бархурдҳои чандстандартии мутобиқ ба манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, ба намоиш гузоштани қудрату бартарии худ ба хотири тақсимоти нави ҷаҳон, чанд намунаи он мебошанд. Барои Тоҷикистони кӯҳистон, ба асари тағйирёбии иқлим, хатарҳои муҳитӣ, аз қабили офатҳои табиӣ ҳар сол ба иқтисоди кишвар ва сатҳи зисти мардум хисороти зиёд воридкунанда, авзои ноором дар манотиқи ба мо наздик ва масъалаҳои дигар, зарурат ба ҷораҷӯиҳои иловагӣ доранд.

Дар баробари он, Пешвои миллат, барои омӯхтану бозомӯзии канданиҳои фоиданоки кашфшуд ва кашфшаванда, рушди бештари энергияи сабз, вусъати бештари хоҷагии қишлоқ, ҷиҳати расидан ба мустақилияти ғизоии аҳолии кишвар, ба содирот нигарондани он ва дигар имконоти фаровони кишвари хос, вале ҳанӯз пурра истифоданашудаи Тоҷикистон, таҳлилҳои асоснок ироа доштанд.

Сарвари давлат, тариқи Паёми имсола, бори дигар, садоқати худро дар мавриди идомаи бештари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар нишон доданд, ки дар натиҷаи он тамоми шохисҳои марбут ба ҳаёти иқтисодӣ- иҷтимоии сокинони кишвар, ба хусус, дастгирии давлат ва ҷомеа аз қишри осебпазири он, бо таъкиди хос ба ятимону бе парасторон ва дигар ниёзмандони қобили таҳсинанд. “Ятимон худро ятим эҳсос намекунанд”, яке аз беҳтарин хислатҳои башарии шахси Пешвои миллат, ки барои тамоми ниҳодҳои давлативу ғайри давлатӣ, сокинони кишвар намунаи хоси пайравӣ мебошад.  

Масъалаи дигари вобаста ба истифодаи беҳтари имконоти кишвари офтобӣ, ин рушди иқтидорҳои алтернативии тавлиди неруи барқ мебошад. Бо вуҷуди он, ки дар Тоҷикистон неруи барқ арзонтарин дар ҷаҳон аст, аммо дар асари таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ, қиматҳои афзояндаи бозори ҷаҳонӣ, дар чунин сатҳи паст нигоҳ доштани он хеле душвор хоҳад буд. Аз ҷониби дигар, сохтмони нирӯгоҳи обии бузурги Роғун идома дошта, бо анҷоми он, кишвар ба қатори аввалин кишварҳои “сабз”-и ҷаҳон ворид хоҳад шуд, ки яке аз ифтихороти кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Барномаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, бо вуҷуди  дастовардҳои баланд, ҳанӯз ҳам дар идома буда, дар сатҳи кишвар, аз ҷумла ВМКБ, чанд лоиҳаҳои калону миёнасатҳи он дар ҳоли амалишавӣ мебошанд. Зимни ин таҳлил, Пешвои миллат, ба масъалаи дигари муҳим, яъне сатҳу сифати корҳои анҷомшаванда, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хосатан таъкид карданд. Ишора карда шуд, ки ҳар он кореро, ки анҷом медиҳем, барои худ ва наслҳои баъдии худ анҷом медиҳем. Ин як раҳнамоии воқеӣ ва ниҳоят арзишманд барои ҳамаи сокинон, ба хусус, барои ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад.

Ҳамчун як шаҳрванди одӣ, барои камина таҳлили оммафаҳми Пешвои миллат, дар мавриди масъалаи монеаэҷодкуниҳои иддае аз волидайни хурофотӣ, дар роҳи саводноккунии духтарон, илму донишомӯзии онон, ки барои фарзандон-духтаронашон дар роҳи омӯзишу таҳсилот монеаҳо эҷод карда, онҳоро як умр мӯҳтоҷи дигарон мекунанд, хеле таъсирбахш буд. Зеро ояндаи духтароне, ки пас аз хатми синфи 9, бо ҳар фишор ба шавҳар дода мешаванд, ё бесавод мемонад, торик мешавад, аз ҳаёти воқеӣ барканор мешаванд, ки оқибати бадтари он болои насли оянда (яъне ин гуна фарзандон, мисли модарони бесаводи худ бе саводу ноогоҳ боқӣ мемонад), таъсири хеле бузурги манфӣ хоҳад дошт. Чунки фарзандони бе донишу маърифат, дар фаъолиятҳо ҷиҳати ободиву шукуфоии Ватани худ, шаҳру ҳатто маҳалли худ бенасиб мемонанд, зеро аз қудрати асосии замони муосир, ки илму донишу огоҳӣ аст, бе баҳра мемонанд.

Дар баробари он, нуктаи дигаре аз Паём, барои камина намунаи беҳтарини садоқатмандии Пешвои миллат, дар баробари сарзамину миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик ба назар расид, ки он такя бар покӣ, сарсабзгардонӣ ва шукуфоии ҳар гушаи ин сарзамин буд. Яъне пешрафту шукуфоии Ватани худро моли номуси худ донистан, нишонаи содаи ватанпарастӣ ва фарҳангсолории мардум мебошад, ки он бояд амалан нишон дода шавад.  

Пешвои миллат, саҳми соҳибкорони баномуси кишварро дар ободии бештари он бори дигар зикр доштанд ва ба тамоми ниҳодҳои марбута дар мавриди аз байн бурдани ҳар гуна монеаҳои ҷузъӣ, дар роҳи рушди босуръаттари сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷиҳати саҳмгузории бештар дар ободонии сарзамини аҷдодӣ таъкид ва вазифагузорӣ карданд.

Дар Паём рушди саноату инноватсия, аҳамияти хоси он барои мавқеи ояндаи кишвар, ба маврид таҳлил шуда, масъалаҳои асосии он ҳам нишон дода шуданд. Дар зимн ба масъалаи рушди деҳот ва инфрасохтори он дар баробари шаҳрҳо, низ ҳамчун яке аз масъалаҳои появӣ ба миён гузошта шуд, ки нуктаи боарзиштарини он – вобастагии мустақими рушди деҳот ба сатҳи маърифатнокии сокинони деҳот нишон дода шуд.     

Барои камина таҳлили оммафаҳм ва ҳушдори самимонаи Пешвои миллат ба мардуми кишвар, дар мавриди ҳар гуна пайомадҳои ғайричашмдошти ҷаҳони душвор пешгӯишаванда ва иттиҳоду омодагӣ дар баробари он, хеле боразиш ба назар расид. Яъне имрӯз, касе чизеро пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чиро интизор хоҳем буд, аз ҷумла ҳодисаҳои гароноқибат, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва ё сиёсӣ, аз қабили ноооромиҳо, ё ҷангҳои дар ҷаҳони печидаи муосир дар ҷараёнбуда ва ғайра, аз ҳар яки мо ҳушёрии сиёсӣ, иттиҳод дар атрофи манофеи миллӣ ва арзишҳои миллиро бо тамоми ҷиддият тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ба худ ба имконоти худ ва Ватани худ такя кардан, масъалаи ҳаётӣ боқӣ мемонад, ки ин таъкиди муҳим дар тамоми матни Паём равшан дида мешавад.

Аз ҷониби дигар, Пешвои миллат ба мардуми кишвар умед доданд, ки миллат аз душвортарин мушкилоти замони ҷанги барои он таҳилшуда гузашт ва дигар аз ягон мушкилот нахоҳад ҳаросид, зеро ба ваҳдати воқеӣ ва ба қадри соҳибватанӣ дар сарзамини аҷдодӣ расида тавонист.

Яке аз нукаҳои дигари муҳими дар Паём зикршуда, ин мусоидати ҳамаҷонибаи тамоми сохторҳои давлатӣ ва шарикони давлат дар мавриди таъмини шуғли мардум, тариқи рушди ҳунару касбҳои наву анъанавӣ ва замонавӣ мебошад.

Соли 2023, 15 номгӯи мероси фарҳанги миллӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд, ки боиси ифтихори баланди миллӣ дар ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, бо дар назардошти муҳимияти ин бахши сарвати миллӣ, “Агентии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис доданд, ки нақши баъдии худро дар муаррифии ояндаи кишвар дар ҷаҳон, ҷалби бештари сайёҳон ба он ва ниҳоят ҳамчун арзиши хос, барои худшиносии ҷавонони мамлакат хоҳад бозид.

Ба рушди саромояи инсонӣ ҳам дар Паёми имсола таваҷҷуҳ ва таъкиди махсус ихтисос дода шуд. Омодагии Ҳукумат барои рушди сармояи инсонӣ, аз манзари маблағгузорӣ ва дастгириҳои дигар, таъкид гардиданд. Дар баробари он зикр гардид, ки дар ояндаи наздик, бояд таваҷҷуҳи махсус ба сифати кадрҳои салоҳиятнок, донандагони забонҳо, ба хусус омода кардани кадрҳои техникӣ ва ихтироъкорон равона шавад. Ҳадафи тамоми озмунҳои бо дастури Пешвои миллат ташкилшуда, ин  дарёфти истеъдодҳои оянда мебошад, хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ набояд фақат соҳиби диплом, балки донишу касби мушаххаси барои имрӯзу фардои Ватан зарурӣ, бошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими марҳилаи нави рушди кишвар, ин мубориза бар зидди коррупсия мебошад, ки яке аз монеъаҳои рушд дар тамоми соҳаҳо, ба хусус, дар афзун кардани даромади буҷети кишвар, барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои маорифу илму донишгоҳҳо мебошад ва мубориза бо он, ҳам вазифаи ҳар инсони ватандӯст нишон дода шуд.

Пешвои миллат, бо таъкид ба ҳадафи давлату Ҳукумат, моҳияти иҷтимоии он дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони кишвар, тамоми чораҳои заруриро андешида, барои аз нимаи соли оянда, барои баланд бардоштани музди меҳнати тамоми соҳаҳои буҷетӣ, ба шумули стипендия 40 % ва тамоми намудҳои нафақа 30 % дастур доданд. Ин иқдоми бузург ва ба ин андоза, идомаи ҳамон сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат аст, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ, кори сода намебошад. Дар баробари чунин ғамхории давлат, Роҳбари давлат аз сокинон, кормандони тамоми сохторҳо фақат як чиз, садоқат ва масъулиятро дар баробари анҷоми вазифаву кори худ, дар баробари сарзамини аҷддодӣ ва наслҳои баъдии он тақозо карданд.

Дар Паём нақшу мақоми занон ва ҷавонон дар ҳаёти кишвар, бо таъкиди махсус ва баҳои баланду сазовор нишон дода шуд ва ба нақши мусбати онҳо дар рушди ояндаи неки Ватани аҷдодӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки шоистаи таҳсин мебошад.

Яке аз нуктаҳои  муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба он таъкиди хос гардид, ин муҳимияти мафҳуми волоияти қонун, эҳтиром ва риояи он, ба хусус, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ва барои таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил, ки яке аз беҳтарин конститутсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф шудааст, Пешвои миллат, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданад.

Пешвои миллат дар мавриди мушкилоту вазифаҳое, ки дар марҳилаи нави рушд дар баробари давлату ҳукумат ва миллат қарор доранд, изҳори назар намуда, саҳмгирии содиқонаи ҳар сокини кишварро дар амалӣ кардани онҳо, ҳамчун вазифаи ҷонии ҳар сокини баору номус мушаххас карданд.

Дар Паёмашон Пешвои миллат, ба шароити норром ва душвори замони муосир, хатару таҳдидҳои зиёди вобаста ба он, таҳлилҳои амиқи дурандешона пешкаш карда, роҳи ҳалли берун омаданро дар сабру таҳҳаммул ва муттаҳидӣ дар атрофи манофеи миллӣ ва арзишҳои он нишон доданд. Изҳор додштанд, тамоми фаъолияти  давлату ҳукумат, ба хотири манофеи миллӣ барои ба сатҳу сифати баландтар ва зиндагии шоистатар расондани сокинони кишвар, ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ равона шудааст.

Пешвои миллат, бо арзи сипос ба мардуми кишвар, ба хотири саҳмгирӣ ва ҳиссагузории ҷонибдоронаи ҳар шаҳрванд дар самти рушду ободонии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳои бузурги замони исиқлолияти он ва  саҳмгирии дилсӯзонаи ҳар фарди кишварро дар ободтару пешрафтатар кардани Тоҷикистони азиз тақозо карданд. Таъкид доштанд, ки мо бояд бори дигар ба ҷаҳониён он воқеияти таърихӣ, ки тоҷикистониён таърихан ва ҳақиқатан мардумони бостониву фарҳангӣ мебошанд, собит кунем.

 Моҳияти раҳнамунсоз ва пайғоми аслии Паёми имсола ба тамоми мардуми кишвар ва тамоми ҷаҳониён ин аст, ки он санади сиёсии мамлакат, рамзу нишони давлати соҳибистиқлол ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ ҳам,  Паёми имсола - пайғоми Истиқлолияти давлати худӣ, пайғоми соҳибдавлатӣ ва ниҳоят пайғоми умедҳои нав барои фардои равшантари Тоҷикистони азиз ва сокинони он аст.

 

Имомназар Ҳақназар, ходими илмии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови  АМИТ      

 

Маводҳои дигар дар ин бахш: « ПАЁМИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ