wrapper

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

 

  19 марти соли 2026 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Наврӯз дар низоми арзишҳои маънавии халқи тоҷик» баргузор гардид.

  Конференсияро сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳокими Сафар, ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки яке аз рукнҳои муҳими низоми маънавӣ ва идеологии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷашн, ки дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва ҷаҳонбинии ориёӣ мебошад, арзишҳое чун меҳнатдӯстӣ, ваҳдат, созандагӣ ва эҳтиром ба табиатро таҷассум менамояд.

  Ҳамзамон зикр гардид, ки барои миллати тоҷик, ки худро парчамбардори аслии ин мероси тамаддунӣ медонад, танҳо байналмилалӣ гардидани Наврӯз кофӣ нест. Эҳёи ниҳоди вижа барои омӯзиш ва рушди Наврӯз дар сатҳи девон, маркази мустақил ё сохтори давлатӣ метавонад ба таҳкими сиёсати фарҳангӣ ва ҳифзи мероси ғайримоддӣ такони ҷиддӣ бахшад.

  Сипас, директори Институти биологии Помир Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар оид ба арзишҳои Наврӯз суханронӣ намуда, ба аҳамияти ҳамбастагӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ дар ин ҷашни бостонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

  Дар идомаи конференсия, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, номзади илмҳои филология Қурбонхонова Н. М. дар мавзуи «Нақши наврасон дар ҳифз ва таҳаввули сурудҳои анъанавии наврӯзӣ (дар мисоли “Килоғузғуз”)» маърӯза намуд. Ӯ таъкид кард, ки маросими «Килоғузғуз» на танҳо як анъанаи фароғатӣ, балки воситаи муҳими тарбиявӣ низ мебошад. Ин ойин дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши муҳим дошта, арзишҳое чун эҳтиром ба калонсолон, саховатмандӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилиро ташаккул медиҳад.Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи чунин анъанаҳои шифоҳӣ аҳамияти махсус пайдо намуда, омӯзиш ва сабти илмии онҳо барои нигоҳдории мероси фарҳангии ғайримоддӣ зарур мебошад.

  Номзади илмҳои филология Булбулшоев У. дар мавзуи «Тақвими мардумии кӯҳистони Бадахшон ва нақши Наврӯз дар он» баромад намуда, Наврӯзро ҳамчун падидаи мураккаби фарҳангӣ ва замонӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, Наврӯз барои мардуми кӯҳистон на танҳо оғози соли мардумӣ, балки механизми танзими фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ мебошад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки тақвими суннатии «Офтоб дар мард» ҳамчун намунаи дониши мардумӣ мавриди омӯзиши амиқи илмӣ қарор гирифта, ба ҳайси унсури мероси фарҳангии ғайримоддӣ шинохта шавад.

  Дар идома, номзади илмҳои филология Шакармамадов О. Н. дар мавзуи «Маросимҳои шифоҳӣ ва нақши онҳо дар фарҳанги шифоҳӣ» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки фарҳанги шифоҳӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз василаҳои муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, суруду таронаҳо, ривоятҳо, мақолу чистонҳо на танҳо унсури фароғатӣ, балки пояи ташаккули маънавиёт ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб мераванд.

  Ҳамчунин, ходими калони илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ Азорабекова Ш. дар мавзуи «Таҳлили этнолингвистии вожаҳои “Боҷ”, “Барсам” ва “Сукут” дар низоми рамзии анъанаҳои мардуми ориёнасл» баромад намуда, доир ба маъно ва ҷойгоҳи ин истилоҳот дар фарҳанги маросимӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод кард.

  Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои муфассал дода шуданд.