Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва гиромидошти хизматҳои шоистаи забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳрам Файзов конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии конференсия таҳкими ҳамзистии созандаи забонҳои модарӣ ва забони давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина бахшидани он ба хотираи профессор Маҳрам Файзов рамзист. Маҳз таҳқиқоти бунёдии ин олими забардаст дар омӯзиши забонњои забонҳои шарқи эронӣ ва сохтори овозии забони тоҷикӣ заминаи илмиеро фароҳам овардааст, ки имрӯз мо ин ду мероси фарҳангиро дар пайвастагии ногусастанӣ баррасӣ мекунем. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки маҳз бо такя ба чунин дастовардҳои илмӣ забонҳои маҳаллӣ ҳамчун ганҷинаи бебаҳои таърихӣ ва забони тоҷикӣ чун меҳвари иттиҳоди ҳувияти миллӣ дар низоми давлатдории сокинони Кӯҳистони Бадахшон нақши калидӣ мебозанд. Кори конференсия дар ду бахш — пленарӣ ва мавзуӣ идома ёфт.
Бахши пленарии конференсия бо сухани ифтитоњї ва табрикотии директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардид. Доктор Каландариён Њоким Сафар зимни баромади хеш ба масъалаи ҳифзи ҳувияти забонӣ ва ҷойгоҳи забони модарӣ дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба хидматҳои олимони барҷаста ва гиромидошти хотираи бузургони илм дар Институт ба як анъанаи нек ва иқдоми ҳамешагӣ табдил ёфтааст, зеро шинохти мактабҳои илмии гузашта заминаи асосии рушди илми имрӯз маҳсуб меёбад.
Дар бахши пленарии конференсия маърузаҳои зерини илмӣ шунида шуданд, ки заминаи баҳсҳои минбаъдаро фароҳам оварданд: «Забони модарӣ ва масоили мубрами забоншиносии муосир» — д.и.ф. Матробиён С.Қ.; «Ҳамзистии забонҳои маҳаллӣ дар низоми ҳувияти миллӣ» — н.и.ф. Назаршоева Ч.Р.; «Осори Маҳрам Файзов ва рушди забоншиносии миллӣ» — д.и.ф. Аламшоев М.М.; «Масъалаҳои орфоэпияи забони тоҷикӣ дар тадқиқоти М. Файзов» — д.и.ф. Офаридаев Н.; «Маҳрам Файзов – олими варзидаи забоншинос» — н.и.ф. Насрадиншоев А.
Кори конференсия дар бахши мавзуӣ идома ёфта, муҳаққиқон тариқи онлайн ва ҳузурӣ паҳлӯҳои гуногуни забоншиносии муосир ва методологияи таҳқиқро баррасӣ карданд: «Корпусные и онлайн лексикографические методы при изучении малых языков» — н.и.ф. Некушоева Ш.С.; «Научный журнал как инструмент развития и закрепления терминологии» — Ризвоншоева Н.Н.; «Табу ва эвфемизмҳо дар забони шуғнонӣ» — н.и.ф. Броимшоева М.Қ.; «Таҳлили лексикӣ-семантикии ороишоти занона дар забонҳои гурӯҳи шуғнонӣ-рӯшонӣ» — н.и.ф. Ғуломалиева Р.
Дар идомаи ҳамоиш қисмати хотираву ёддоштҳо сурат гирифт, ки дар он ҳамкорон ва шогирдони профессор Маҳрам Файзов аз лаҳзаҳои зиндагӣ ва фаъолияти илмии ин олими забардаст ёдоварии наҷиб карданд. Таъкид гардид, ки профессор Файзов на танҳо ҳамчун як муҳаққиқи сахткӯш ва бунёдгузори соҳаи фонетикаи таҷрибавию лаҳҷашиносӣ, балки ҳамчун инсони фурӯтан, роҳнамои ғамхори ҷавонон ва шахсияти соҳибмактаб дар хотири аҳли илму адаб боқӣ мондааст.
Бо назардошти хидматҳои шоистаи профессор Маҳрам Файзов дар рушди илми забоншиносии ватанӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ, аз ҷониби иштирокдорони конференсия пешниҳод гардид, ки барои гиромидошти номи ин олими забардаст яке аз муассисаҳои таълимӣ ё марказҳои фарҳангии ноҳияи Рӯшон ба номи ӯ гузошта шавад.
Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд сурат гирифт. Пешниҳод гардид, ки робитаи забонҳои маҳаллӣ ва забони давлатӣ ҳамчун модели муваффақи ҳамзистии фарҳангӣ бештар тарғиб карда шавад. Иштирокдорон иқдоми Институтро дар мавриди арҷгузорӣ ба хидматҳои олимони гузашта ва пайванди он бо масъалаҳои муосири ҳувияти миллӣ баланд арзёбӣ карданд.