wrapper

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВ

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ «КАСБҲОИ ОЯНДА ВА САВОДНОКИИ РАҚАМӢ»

 

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва ташаккули саводнокии рақамӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат ба шумор меравад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологияҳо, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, густариши ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ шарти асосии баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар Паём рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили муҳими ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани шаффофият ва таъмини рушди устувори кишвар арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни баҳрабардори аз ин бахши Паём дар толори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Касбҳои оянда ва саводнокии рақамӣ» баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз ёфт. Мавсуф бо истинод ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки «ояндаи рушди давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва малакаҳои рақамии шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад». Қайд гардид, ки саводнокии рақамӣ омили муҳими рушди ҷомеа мебошад.

Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки дар шароити муосир рушди инфрасохтори рақамӣ барои минтақа аҳамияти махсус дорад. Таъкид гардид, ки бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат,  Эмомалӣ Раҳмон, тавсеаи шабакаҳои интернетӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Зикр гардид, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани шаффофият дар фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат менамояд.

Сипас анҷом Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад дар баромади худ  изҳор доштанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшиши муштарак, раванди рақамикунонӣ дар вилоят босуръат рушд намуда, барои зиндагии шоистаи сокинон заминаи устувор фароҳам меорад.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи низоми ҳукумати электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасониҳои бонкии мобилӣ, бақайдгирии электронии андозсупорандагон ва рақамикунонии соҳаи маориф тадриҷан густариш меёбад.

Дар ВМКБ низ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, инчунин истифодаи системаҳои иттилоотӣ дар идоракунии маҳаллӣ аз ҷумлаи қадамҳои амалӣ дар самти трансформатсияи рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Директори Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар зимни суханрониашон зарурати ҳамгироии илмҳои табиӣ ва гуманитариро дар шароити трансформатсияи рақамӣ таъкид намуд. Қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир рушди устувори илм бидуни истифодаи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла таҳлили додаҳо, пойгоҳҳои иттилоотӣ ва системаиҳои рақамии идоракунии дониш ғайриимкон аст.

Дар ин замина мавсуф ба нуктаҳои муҳими суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ишора намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат рушди илм, инноватсия ва рақамикунониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ карда, зарурати омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро пайваста таъкид менамоянд.

Дар доираи конференсия масъалаҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Мавзуи аввал: «Зарурияти баррасии масъалаҳои рақамигардонии иқтисод: таҳлил ва тамоюҳҳои нави рушди иқтисоди Тоҷикистон» Бо маърӯзаи пурмуҳтаво номзади илмҳои иқтисод, докторанти шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Сайфуллоева Олга Амониллоевна баромад намуд.

Дар маърӯза аҳамияти стратегӣ доштани рақамигардонии иқтисод ҳамчун омили асосии баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ, рушди соҳибкории рақамӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамгироии байналмилалӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифт.

Аз рӯи мавзуи  «Эволюсияи касбҳо дар шароити иқтисоди рақамӣ» бо маърӯза ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон Сабоева Ҷамила Саломатшоевна баромад намуд.

Мавзуъ ба таҳлили тағйирёбии сохтори бозори меҳнат, пайдоиши касбҳои нав, коҳиши талабот ба ихтисосҳои анъанавӣ, инчунин зарурати бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар шароити рақамигардонӣ бахшида шуд.

Раматшоев Далер Айдибекович - докторанти PhD-и курси дуюми ихтисоси «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ»дар доираи масъалаи «Рақобати зеҳни сунъӣ ва инсон дар ҷомеаи рақамӣ: чолишҳо ва имкониятҳои рушд»  баромад намуд.

Дар маърӯза масъалаҳои таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба сохтори шуғл, хавфҳои эҳтимолии автоматизатсия, тағйирёбии муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳамзамон имкониятҳои рушди инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва хизматрасонӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтанд.

Дар конференсия кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, кормандони илмии Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ҷамъбасти кори конференсия таъкид гардид, ки рақамигардонии иқтисод яке аз самтҳои афзалиятноки рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули саводнокии рақамӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи технологияҳои муосир шарти муҳими таъмини пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад.