Бо иштироки Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар толори Институт бо муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло семинари илмӣ доир гардид.
Муҳтарам Раҳматуллоҳзода С.Р. доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, имлои нави забони тоҷикӣ ва масъалаҳои марбут ба он изҳори назар намудаанд.
Муҳақиқони ИИГ Қаландариён Ҳ.С., Офаридаев Н., Ризвоншоева Н. ва дигарон низ дар бораи қоидаҳои имлои забони давлатӣ андешаронӣ намуданд.
Институти илмҳои гуманитарӣ имруз яке аз муассисаҳои марказӣ дар ВМКБ мебошад, ки дар густариши забони давлатӣ саҳми боризи худро гузошта истодааст.
Ҳамчунин вобаста ба иҷрои БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030 мубодилаи афкор карда шуд.
Инчунин директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. ва сарходими шуъбаи забонҳои помирии ИИГ доктори илмҳои филологӣ, профессор Н.Офаридаев бо “СИПОСНОМА”- и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди забони давлатӣ қадрдонӣ карда шудаанд.