Китоби сарходими Шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир таҳти унвони “Тазкираи адибони вахонизабон” аз нашр баромад. Тазкираи мазкур як манбаи муҳим ва арзишманд дар таҳқиқи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Ин тазкира ба муаррифӣ ва таҳлили зиндагӣ, осор ва хусусиятҳои эҷодии шоирону нависандагоне бахшида шудааст, ки бо забони вахонӣ (яке аз шохаҳои забонҳои помирӣ) эҷод кардаанд. Муаллиф дар таҳияи ин тазкира ба манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳии маҳаллӣ такя намуда, кўшиш кардааст, ки симои адабии ин шоиронро аз назари таърихӣ ва бадеӣ баррасӣ намояд.
Дар маҷмуъ дар тазкира шарҳи ҳол, акс ва намунаҳои осори 29 нафар адибон, аз ҷумла 27 нафар шоир ва 2 нафар нависандагони вахонизабонро гирдоварӣ шудаанд.
Дар ин асар на танҳо ҷанбаҳои забонӣ ва услубии ашъори шоирон, балки нақши онҳо дар нигоҳдорӣ ва рушду инкишофи забони вахонӣ ва фарҳанги маҳаллӣ низ таҳлил мегардад. Китоб метавонад ҳамчун як сарчашмаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангшиносии халқи тоҷик хизмат кунад.