АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИЛҲМОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВ
Соли 2025 варақи навбатии таърихи моро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, навбати созандагиро ба соли фарорасандаи 2026 вогузор мекунад.
Бовар дорем, ки баракат ва суботи соли 2025, дар зиндагии ҳар як хонадони мардуми кишварамон нақши созанда гузошта, файзу нусрат ва осоиштагиро боқӣ мегузорад.
Инак қадамҳои устувору босуръати соли нави 2026 ба гӯш мерасанд. Хеле рамзист, ки оғози ин сол дар кишвари маҳбубамон ба иқдоми наҷиби “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” тавъам омадааст. Чун асп дар солшумории мардуми машриқзамин рамзи пешрафти беист, озодӣ, қатъият ва азми қавӣ барои фатҳи қуллаҳои нав мебошад, умедворем, ки ин сол барои ҳар як хонадон, барои ҳар як фард соли амалишавии нақшаҳои далерона ва даврони расидан ба ормонҳои беназир хоҳад буд.
Бигзор нерӯи шикастнопазири ин рамзи бостонӣ ба мо қувват бахшад, то дар роҳи ободии Ватан ва шукуфоии рӯзгори худ бо суръат, нерӯ, қарорҳои қавӣ ва гомҳои устувор пеш биравем.
Дар фарҳанги бостонии мардуми Шарқ аспро ҳамчунин ҷонвари баризқ ва тимсоли садоқату вафодорӣ низ тасвир мекунанд. Ин мавҷуди наҷиб таҷассуми озодихоҳӣ ва истиқлол буда бо нерӯву тавоноии фитрӣ ҳамеша дар ҳаракату талоши беист аст. Бошад, ки ин сифатҳои олӣ дар вуҷуди ҳар яки мо ҷой гирифта барои расидан ба қуллаҳои муроди шахсӣ ва саодати миллӣ нерӯву тавони тоза бахшанд.
Бо истифода аз фурсати нек, ҳамкорону ҳамкасбону ҳамандешон ва тамоми мардуми шарифи кишварамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрику таҳният мегӯем. Боварӣ дорем, ки агар хислатҳои неки асп - заҳматдӯстӣ, вафодорӣ ва қатъиятро шиорамон созем, соли 2026 ба яке аз солҳои пурбаракату дурахшони рӯзгори мо табдил хоҳад ёфт.
ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ