АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллати тоҷик ба шумор меравад ва бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз, 21 ноябри соли 2025 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров бо ҳамкории Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Парчам сарфарозӣ аз таърихи миллат аст» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ анҷом ёфт ва ба таҳлили нақши Парчам дар таърихи миллат ва фарҳанги мардумӣ бахшида шуд.
Конференсия бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикотии директори Институти биологии Помир, доктори илмҳои биологӣ Абдулназарзода Абдулназар Ғоибназар ва муовини директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров, номзади илмҳои филологӣ Шаҳло Некушоева расман оғоз ёфт. Дар баромадҳои худ сухангӯён таъкид намуданд, ки қабули Парчами давлатӣ дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ - яъне давраи ташаккули давлати миллии тоҷикон - ба ҷомеа неруи тоза, рӯҳияи умед ва итминон бахшид. Маҳз ин рамзи давлатӣ мардумони кишварро муттаҳид намуд, ки дар зери парафшонии он тартиботи конститутсионӣ барқарор гашта, сулҳу субот дар ҷумҳурӣ таъмин гардид.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи муттаҳидкунандае мебошад, ки дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор месозад. Бинобар ин, ҳифз ва арҷгузорӣ ба парчам нишонаи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба шумор меравад ва дар рушди ҷамъияти муттаҳид нақши муҳим мебозад.
Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои зерин пешниҳод гардиданд: Ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров Ширингул Азорабекова бо мавзуи «Нақши ранг дар Парчам ва мақоми он дар фарҳанги тоҷикони Бадахшон» суханронӣ намуда, дар баромади худ ҷойгоҳи ранги Парчамро дар ҳифз ва бозтоби мероси фарҳангии маҳаллӣ аз дидгоҳи илмӣ мавриди таҳлил қарор дод.
Ҳамчунин, ходими пешбари илмии Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, Рустам Фелалиев маърӯзаашро таҳти унвони «Парчам - рамзи асосии давлатдории миллӣ» пешкаши ҳозирин намуда, ҷиҳатҳои таърихӣ ва марҳилаҳои ташаккули Парчамро ҳамчун яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдорӣ ба таври илмӣ шарҳ дод.
Ин конференсия ба сифати як минбари мубодилаи илмӣ имконият дод, ки натиҷаҳои арзишманди таҳқиқотӣ дар бораи ҷойгоҳ ва нақши Парчами давлатӣ дар таърих, давлатдорӣ ва фарҳанги миллати тоҷик муаррифӣ гарданд. Дар ҷараёни он мавқеи Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои меҳварии ҳувияти миллӣ, унсури устувор дар раванди давлатсозӣ ва омили муҳим дар таҳкими худшиносии ҷамъиятӣ аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ баррасӣ гардид. Чорабинӣ, ки бо иштироки сершумори олимон, муҳаққиқон, докторантон, аспирантон ва магистрантони ин муассисаҳои бонуфузи илмии минтақа баргузор шуд, фазои воқеии гуфтугӯи академиро фароҳам овард.
Конференсия бо мубодилаи саволу ҷавобҳои созанда, пешниҳоду тавсияҳои илмӣ дар самти такмили тадқиқоти оянда ва ташкили ҳамоишҳои минбаъдаи байналмилалӣ дар мавзуи рамзҳои давлатӣ ба анҷом расид. Иштирокчиён таъкид карданд, ки тадқиқоти мунтазам дар бораи Парчами давлатӣ метавонад ба таҳкими худшиносии миллӣ ва омӯзиши ҳастии фарҳангӣ дар шароити муосир такони нав бахшад.