wrapper

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШАҲРАКИ АКАДЕМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

 

    Имрӯз 14 ноябри соли 2025 дар шаҳраки академии маҳаллаи Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ аз тарафи ду институти академӣ Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти илмҳои биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков конференсияи илмии назариявӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент: аз гузашта то ояндаи миллат” баргузор гардид. Ин чорабинии сиёсӣ-давлатӣ дар фазои пур аз ҳисси ватандӯстӣ ва эштиром ба рошбарияти кишвар ҷараён гирифт. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини директори ИИГ АМИТ, н.и.филол. Некушоева Ш.С. ва муовини директори Институти биологии Помир, н.и.б. Хуҷаназарова Г. оғоз ёфта, таъкид гардид, ки Рӯзи Президент на танҳо иди миллист, балки рамзи ягонагии халқи тоҷик ва рамзи роҳи устувори рушди давлатдории Тоҷикистон мебошад.

    Зимни ин ҷамъомади илмӣ ходимони ходимони илмии ҳар ду институт бо далелҳои илмӣ, баромадҳои ҷолибу муҳимеро пешкаш намуданд, ки дар онҳо масъалаҳои асосии рушди устувори миллат, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиат, инчунин нақши роҳбарият дар пешрафти илм ва техника мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода А.А. бо мавзуи «Баъзе нуқтаҳо аз ояндабинии стратегии Пешвои муаззами миллат (бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024)» бо мисолҳои мушаххас ва далелҳои таърихӣ қайд карданд, ки ин ояндабинӣ на танҳо барои рушди устувор ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки барои таҳкими ҳувияти миллии Тоҷикистон дар асри XXI муҳим аст.

    Ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров Ақназари Имомназар бо мавзуи «Президенти мардумӣ - эҳёгари давлатдорӣ, ҳуввияту ваҳдати миллӣ» суханронӣ намуда, бо истифода аз мисолҳои таърихӣ ва воқеияти имрӯза шарҳ доданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳамчун роҳбари мардумӣ на танҳо давлатдории миллиро эҳё кард, балки ҳуввияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро дар шароити мураккаби минтақавӣ таҳким бахшидааст.

    Ходими илмии шуъбаи мевапарварии Институти биологии Помир, Озодбекова Сабоат дар мавзуи «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -ҷашни бузурги давлатдории тоҷикон» баромад намуда, қайд карданд, ки ин сана рамзи ягонагии миллат ва нишонаи роҳи давлатдорӣ мебошад, ки дар он Президенти кишвар ҳамчун роҳбари оқилу пешқадам нақши муҳимро иҷро мекунад ва ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат менамояд.

    Дар анҷом конференсия бо қабули як қатор тавсияҳо ва эълони нақшаҳои минбаъда барои таҳқиқоти муштарак ба поён расид, ки ин гувоҳи он аст, ки роҳбарияти кишвар ҳамчун сарчашмаи илҳом барои ҷомеаи илмӣ хизмат мекунад.