wrapper

Бо қарори Шурои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ  аз 26 октябри соли 2024, рақами 8 ба чоп тавсия гардид.

Муҳаррири масъул 

доктори илмҳои филологӣ

Қаландариён Ҳоким Сафар

Мураттиб ва мусаҳҳеҳ 

номзади илмҳои филологӣ

Зоолишоева Шамшод Фаросатшоевна

Илм ва маориф: таҷриба, чолиш, дурнамо. –Душанбе: “Сифат-Офсет”, 2025. – 212 саҳ.

Дар маҷмуа суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024 ва мақолаҳои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гирд оварда шудаанд. Муаллифони мақолаҳо  андешаҳои Сарвари давлатро дар бораи вазъи кунунии  илми тоҷик ва дурнамои он, тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ, вазифаҳои олимон дар шароити имрӯза, ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани сатҳу сифати корҳои илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал, мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба роҳҳои амалисозии супоришу ҳидоятҳои Пешвои миллат баён намуданд.

Маҷмуа барои кормандони илмӣ, унвонҷӯён, донишҷӯёну омӯзгорон, ҷомеашиносон ва сиёсатшиносон пешбинӣ шудааст.