Санаи 29-январи соли 2024 дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ вакилони палатаи поёнии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳонафзун бо кормандони ИИГ вохӯрӣ гузаронда нуктаҳои асосии Паёми имсоларо баррасӣ намуданд.
Вохуриро директори ИИГ доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ифтитоҳ намуда, ба таври хеле фишурда аз фаъолияти кории ИИГ ахборот дода қайд намуд, ки кормандони ИИГ дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат аз ҷумла Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон сахмгузоранд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзали Идизода баъзе нуктаҳои паёмро оиди илму маориф ва сайёҳӣ ташреҳу тавзеъ дода, дар пешрафти давлат мавқеи калидӣ доштани онҳоро қайд намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Даринг Раҳмон Ҷаҳонафзун бошад доир ба пешниҳоди Ҷаноби олӣ, оиди дар назди Ҳукумати мамлакат ташкил кардани сохтори алоҳида-Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ сухан ронда, масъалаи аҳамияти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди ҳунарҳои мардумиро баррасӣ намуд.
Дар охир баъзе масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби кормандони ИИГ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Санаи 29-январи соли 2024 дар толори Институти илмҳои гуманитарӣ
Матлабҳои дигар аз Институт
- ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИЯТПАРВАРОНАИ ҶАНОБИ ОЛӢ - ТУҲФАИ АРЗАНДА ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «САРВАРОНИ СИЁСӢ» ТАҲТИ УНВОНИ «ОЛИМИ СИЁСАТМАДОР»
- ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА АҲАМИЯТИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН
- АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
- “Усулҳои муосири омодасозии мақолаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ” бахшида шуд.