Ба он нигоҳ накарда, ки таваҷҷуҳи сайёҳон, мардумшиносон ва фолклору адабиётшиносон ба тарафҳои гуногуни ҳаёту маънавиёти тоҷикони минтақаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX оғоз гардида буд ва онҳо дар ин самт гузориш, мақолаҳо ва осори заруриро ба ҷо гузоштаанд, аксари аҳли таҳқик ба ин манбаъҳо дастрасии комил надошт. Бо шарофати ба истиклоли давлатию миллӣ даст ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти илму технология чунин имконият даст додаст ва “Феҳристи манбаъҳои пажӯҳиши фолклор ва адабиёти Бадахшон” маҳсули ҳамин имконият ба шумор меояд. “Феҳрист...” бо ҳадафи роҳнамоии олимон ва муҳаққиқони ҷавон барои дарёфти осони манбаъҳо таҳия гардида, дар он аксари сарчашмаҳо бо маълумоти зарурӣ дарҷ шудаад. “Феҳрист...” дар доираи Лоиҳаи панҷсолаи Институти илмҳои гуманитарии ба н. Б. Искандарови АМИТ (2021 - 2025) таҳия ва нашр гардида, он барои донишҷӯёни факултетҳои гуманитараи донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистрантҳо ва аспирантҳои соҳаи филология ва ҳамчунон, барои кулли муҳаққиқони соҳа пешбинӣ мешавад.
Матлабҳои дигар аз Институт
- Модар - пояи давлатдории миллӣ ва сарчашмаи ахлоқи ҷомеа
- РУНАМОИИ ЛОИҲАИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ
- Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва гиромидошти хизматҳои шоистаи забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳрам Файзов
- СНОВА В СТРОЮ НАУЧНОЙ МЫСЛИ
- КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ «КАСБҲОИ ОЯНДА ВА САВОДНОКИИ РАҚАМӢ»